«Бухорои Шариф»: Нахустҷаридаи тоҷикӣ, ки умри бештар аз яксола дошт
Чоп шуд: 26/01/2016Аввалин нашрияи сирф тоҷикӣ, ки 11 марти соли 1912 (4 рабеъ-ус-сонии 1300) дар ҳаҷми чор саҳифа аз чоп баромад
Муассиси он ҷавонбухориён ва ташаббускорони аслӣ аз онҳо роҳбарони ҳамонвақтаи ҷунбиши ҷавонбухорӣ-Мирзо Муҳиддин ва Мирзо Сироҷ буданд. Мирзо Муҳиддин аз тоҷирони сарватманди қароқўлфурўши Бухоро ва Мирзо Сироҷ аз табибони шинохташудаи Бухоро маҳсуб мешуданд.
«Бухорои шариф» дар Когон, тақрибан 15 километр дуртар аз Бухорои кўҳан бо
Шинос шавед: САФАР ҲАҚДОДОВ
Чоп шуд: 20/01/2016Таҳсилкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Вале майлу рағбати беандоза ба синамо роҳи ӯро баъди анҷоми таҳсил ба самти кино тағйир дод. Бо талошҳои аввалинаш дар офариниши саҳнаҳои хотирмон дар маҷаллаи синамоии “Калтак” роҳашро ба сӯйи синамо бозтар кард.
Сафар Ҳақдодов - сенариянавис, актёр, муҳаррир, продюсери тоҷик ва ҳамзамон раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон аст.
Вай 5-уми августи соли 1961 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дида ба олам
Рассоми халқии Тоҷикистон Михаил Мухин
Чоп шуд: 20/01/2016МУХИН Михаил Митрофанович аз ҷумлаи рассомони бомаҳорати кишвар буд. Вай 8-уми декабри соли 1915 дар шаҳри Омски Федератсияи Русия ба дунё омадааст.
Рассоми халқии Тоҷикистон (1974), Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ (1957) буд.
Омўзишгоҳи рассоми шаҳри Самарқанд (1941) ва Институти рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории ба номи И.Репини шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)-ро (1950) хатм кардааст.
Аз соли 1950 рассом, 1954 саррассоми Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи
Малика Қаландарова
Чоп шуд: 19/01/2016Аз ҷумлаи маъруфтарин раққосаҳои кишвар буд, ки дар даврони Шӯравӣ шуҳрати беандоза дошт. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон ба Амрико рахти сафар баст ва имрӯз ҳам муқими он кишвар аст.
Калонтарова Мазол Яшуваевна 2-уми феврали соли 1950 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1973), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1976), Артисткаи халқии СССР (1984), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ (1984).
Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ
Чоп шуд: 19/01/2016Мутобиқи «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020», ки дар таърихи 31 майи соли 2012, №263 аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, зарурати тартибу таҳияи Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ ба миён омадааст. Соли 2003 Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба Ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ қабул шуд ва то ба имрўз кишварҳои зиёде, аз ҷумла Тоҷикистон (с. 2010) шомили он гашта, намунаҳои беҳтарини фарҳанги ғайримоддии худро дар феҳристҳои ЮНЕСКО сабт кардаанд. Ҳар як кишвар
Созу навои даврони Сосониён:
Чоп шуд: 19/01/2016Аввали соли 220 милодӣ ҳукмрони вилояти Истахр (дар қаламрави Форс) Ардашери I Бобакони Сосонӣ ҳокими тамоми Форс эълон шуд ва чор сол баъд вай охирин намояндаи ашкониён Ардавони I-ро шикаст дод ва дар як қаламрави бузург давлат ташкил намуд. Бо вуруди Ислом дар миёнаҳои асри YII милодӣ ин давлати муқтадир ба ҳастии худ поён дод.
Давраи Сосониён як давраи ташаккули миллатҳои ин қаламрав маҳсуб мешавад ва як бахши азими қаламрави имрӯзаи Осиёи Марказӣ низ тобеъи ҳамин империя буд.
Саидқул Билолов
Чоп шуд: 19/01/2016Аз ҷумлаи сарояндагони навсаро ва соҳибмактаб аст. Ҳарчанд намояндаи мардум дар парламон буд ва сарварии Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маълумот, фарҳанг ва сиёсати ҷавононро ба ӯҳда дошт, аз курсии парламон боз ба ҳамон дастаи “Дарё” баргашт, вале рӯ ба сиёсат наовард. Ҳатто замоне ҳам, ки парламоннишин буд, ҳарфаш бӯи сиёсат надошт.
Мавлудаш 5-уми декабри соли 1953 будааст ва макони таваллуди ӯ ноҳияи Данғара. Вале касе нашунидааст, ки аз данғарагӣ будан нозад. Худро шахсияти эътирофшуда
Photo gallery #1
Чоп шуд: 18/01/2016Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 97
- 98
- 99
- 100
- 101
- 102
- 103
- 104
- 105
- следующая ›
- последняя »