Нашрияҳо

Публитсистикаи ҳаҷвӣ

     Рисола ба пажўҳиши масъалаҳои пайдоиш, ташаккул ва инкишофи ҳаҷви публитсистӣ бахшида шудааст. Дар он масъалаҳои умумии ташаккул ва инкишофи ҳаҷви публитсистии тоҷик бо назардошти омилҳои таърихиву иҷттимоӣ, давраҳои гуногуни рушди матбуоти даврӣ, анъанаву навоварӣ, махсусияти жанрӣ, иртиботи мавзўву матн, воситаҳои образиву типӣ, ҳачвсозу танзовар, фаъолияти публитсистон-ҳаҷвнигорони алоҳидаи дар инкишофи ин навъи эҷод саҳмгузор ва амсоли ин мавриди таҳқиқу таҳлили илмӣ қарор гирифтааст.

барчасп: 

«Шуълаи инқилоб»: Нашрияе, ки аз беҳбудӣ ва ҳоли ситамкашон сухан мегуфт

«Шуълаи инқилоб» аввалин нашрияи тоҷикии баъдиинқилобӣ буд, ки бо сардабирии Саидризо Ализода аз 10-уми апрели соли 1919 то соли 1921 дар як ҳафта як маротиба дар ҳаҷми 8 саҳифа, бо теъдоди қариб 4 ҳазор нусха чоп мешуд.
Дар шумораи якуми нашрия мақсаду мароми он чунин баён гаштааст: «Мо сухан мегўем барои беҳбудӣ ва хайрияти ҳоли ситамкашон. Мо ҳарф мезанем ва ҷиҳати ба даст омадани ҳуқуқи поймолшудаи мазлумон. Барои расидан ба мақсади муқаддаси худ мо қалами худро тир карда, бо душманон ва мухолифин то охирин нафасамон

барчасп: 

«Бухорои Шариф»: Нахустҷаридаи тоҷикӣ, ки умри бештар аз яксола дошт

Аввалин нашрияи сирф тоҷикӣ, ки 11 марти соли 1912 (4 рабеъ-ус-сонии 1300) дар ҳаҷми чор саҳифа аз чоп баромад
Муассиси он ҷавонбухориён ва ташаббускорони аслӣ аз онҳо роҳбарони ҳамонвақтаи  ҷунбиши ҷавонбухорӣ-Мирзо Муҳиддин ва Мирзо Сироҷ буданд. Мирзо Муҳиддин аз тоҷирони сарватманди қароқўлфурўши Бухоро ва Мирзо Сироҷ аз табибони шинохташудаи Бухоро маҳсуб мешуданд.
«Бухорои шариф» дар Когон, тақрибан 15 километр дуртар аз Бухорои кўҳан бо

барчасп: 

Страницы