Ҳунаркада

Форум ва намоиши байналмиллалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Исфара

Форум ва Намоишгоҳи байналмиллалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ субҳи рӯзи 30-уми июн дар шаҳри Исфара сухани муқаддимавии Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин оғоз ба кор кард. Дар кори он ҳамчунин Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова ва раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода ширкат карданд.

барчасп: 

Оҳангарӣ: гузашта ва имрӯз

Ҳоло  вобаста ба тағйир ёфтани шароити моддии зиндагӣ ва бо молҳои истеҳсоли фабрикӣ таъмин гардидани аҳолӣ эҳтиёҷ ба устоҳои оҳангар кам шудааст. Вале дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон мардум ҳоло ҳам ба баъзе маҳсулоти оҳангарони маҳаллӣ эҳтиёҷ доранд. Бинобар ин оҳангарӣ ҳамчун касби авлодӣ ҳоло ҳам дар баъзе шаҳру деҳоти Тоҷикистон, бахусус дар ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Конибодом, Хуҷанд, Панҷакент, Ашт, Шаҳринав, Ҳисор, Рудакӣ, Турсунзода, Кулоб, Данғара, Балҷувон, Ховалинг,

барчасп: 

Ҳунари кокулбофӣ дар Восеъ

Аз асрҳои пеш мафҳуми “кокул” дар байни тоҷикон бо истилоҳҳои ҷамолак, пилта, пўпак, пилик ва ғайра номбар шуда, истифодабарандагони он, асосан, занону духтарон мебошанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Восеъ онро чолбандак ва шаддае (пўпак), ки дар давомаш пайваст мекунанд, чолбандгирак меноманд.

Оро додани мўйҳо, бофтани кокул ва овехтани зеварҳои ороишӣ байни занону духтарони тоҷик суннати дерина буда, дар ҳар минтақа бо тарзҳои мухталиф роиҷ аст.

барчасп: 

ШАШМАҚОМ ДАР ЗАМОНИ ИМРЎЗ

Дар мақола таърихи шашмақом бо зикри эҷодиёти бархе аз донандагон, ҳофизону мусиқанавозони мумтози тоҷик баррасӣ гардидааст. Муаллиф дар ин макола давраҳои таърих ва аҳамияти шашмақомро дар замони ҳозира ифода мекунад. Аз Авесто то замони имрўз ин шоҳасари мукаммали мусиқӣ ҳаматарафа омўзонида нашудааст ва муаллиф дар айни замон маҷалаҳои ривоҷу равнақ дошта, дар илм ва санъат дар ансон олимон ва иҷрокунандагон ба роҳ монда шудааст.

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ТАБАҚТАРОШӢ

Раҳматии падарам мегуфтанд, ки вақте ки пайғамбар Нуҳ алайҳисалом хабари зери об мондани дунёро аз Ҷабраил мешунавад, аз пайи сохтани киштии калон мешавад. Дар он вақтҳо оҳан набудааст ва Ҳазрати Нуҳ (а) киштиро аз чўб месозад. Киштии сохтаи Ҳазрати Нуҳ (а) хеле калон будааст. Чун ки дар он махлуқоту ҷонварони зиёде аз марг наҷот ёфтаанд. Барои сохтани он киштӣ дарахтони зиёд ва гуногун истифода шудааст. Пас аз анҷоми тўфон Ҳазрати Нуҳ (а) мебинад, ки дар ҷои сохтаи киштӣ, ки онҷо тарошаҳои зиёди чўб боқӣ

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ЧАКДОНСОЗӢ

Дар замонҳои пеш вақте ки семент набуд, мардум регро бо хоки сафед шўрида мезаданд, ки он қадар босифат намеомад. Ҳоло семент аз ҳар ҷиҳат барои мустаҳкам шудани чакдон мусоидат мекунад. баъди регро дар чакдон задан, сементро бо об маҳлул мекунанд, бо ибораи худи онҳо тунукова  карда мешаканд. Ҳамин тариқ се рўз ва ё зиёда аз он вобаста аз боду ҳаво, хушк мешавад, дар баъзе ҷойҳо рўяшро бо ягон чодар мепўшонанд, ки танаҳои девори чакдон ҷо-ҷо накафад. Бинобар ҳамин чакдонро амалан, дар тирамоҳ ё

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ЧАКАНДЎЗӢ

Дар чакан гулдоира, гулбандина, шоҳбаргҳо, баргакҳо, дилак, себарга, нақшҳои хурмоӣ ва рангҳои муҷалло ба ҳам омада, чун рамзи зиндагӣ рўи пироҳан тасвир мешаванд. Офтобу моҳ, ситораҳо ва салибу нақшҳои ҳандасӣ бошад, яке аз ҷузъҳои нақши чакандўзӣ буда, аз бовару эътиқоди мардуми тоҷик дарак медиҳанд. Гули анору нилуфар рамзи файзу баракат ва фаровониро ифода мекунад. Нақшҳои гулдўзишудаи куртаи чакан хусусиятҳои хос дошта, вобаста ба таъйиноти худ фарқ мекунанд.

барчасп: 

Қамчинбофӣ – яке аз ҳунарҳои анъанавии тоҷикон

Қамчинбофӣ ҳам яке аз ҳунари маъмул ба ҳисоб рафта маҳсули дасти ҳунармандони моҳир ҳисобида мешавад. Қамчин афзорест, ки асосан барои рондани асп истифода мешавад. Вале дар баъзе сарчашмаҳо қамчинро барои рондани хар, гов, уштур ва дигар ҷонварҳои хонагӣ низ ишора намудаанд. Номи дигари қамчин тозиёна буда, дар забони мардум хеле кам истифода бурда мешавад.

барчасп: 

Страницы