Мо чанд Дарвеш дорем?

Адабиёти пурғановати форсӣ-тоҷикӣ ва фарҳанги оламшумули миллати мо номҳои ҳамсоне дорад, ки ҳар кадом дар пажуҳишу офариниши асарҳои илмиву адабӣ нақши шоиста доранд. Баъзан аз он ки зери як ном аз чанд нафар ёд мешавад, метавонад хонандаро ба гумроҳӣ барад.

Бо як дид мо ҳашт Дарвешро аз миёни шахсиятҳои маъруфи фарҳангӣ пайдо кардем, ки ҳар кадом дар риштае маъруфият доранд.

барчасп: 

Субҳони Сайид-овозхони саршиноси тоҷик даргузашт

Субҳони Сайид-овозхони саршиноси мусиқии поп дар синни 56-солагӣ, баъди бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт. Ҳамчуноне писари марҳум Амиршои Субҳон, гуфт, падараш панҷ рӯзи охир дар бемористони маъруф ба “Медгородок” бистарӣ буд ва аз бемории асаб ранҷ мекашид.
Фурқати Сайид, овозхони номдори тоҷик ва яке аз шогирдони муваффақи Субҳон Сайид хабари марги бармаҳали устодашро аз аввалинҳо шуда дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод. Бино ба навиштаи ӯ Субҳони Сайид субҳи бармаҳали рӯзи сешанбе...

барчасп: 

Баъзе проблемаҳо дар баргузории нишастҳои матбуотӣ

Дар ин таҳқиқ моҳият ва аҳамияти Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон  «Дар бораи ташкил ва баргузар кардани нишастҳои матбуотӣ»  ва дар заминаи он ташкил намудани нишастҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф  дар асоси мушоҳида ва таҷрибаи шахсӣ  нақши ин Амрро дар баланд гардидани мақоми журналистон дар ҷомеа ва беҳтар шудани дастрасии иттилоот нишон медиҳад. Ҳамзамон ў зимни баррасии мавзўъ баъзе камбудиҳоро дар усули ташкили нишастҳои матбуотӣ, муносибати

Гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Шуғнон

Баъди ифтитоҳи мактаб дар деҳаи Кушки Ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маркази ноҳияи Шуғнон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг ҳусни оғоз бахшид.
Замина барои бунёди маркази нави маъмурӣ ва нуқтаи замонавии истироҳату фароғати маънавӣ бо муосиртарин бинои Қасри фарҳанг бо гузоштани санги асос аз ҷониби Пешвои миллат дар маркази ноҳия муҳайё гардида, корҳои сохтмонӣ бо тарҳи ғайри

Ба нола дол бувад, қомати хамидаи чанг...

Чанг, сози мусиқиест, ки дар мамлакатҳои Шарқ ва Шарқи наздик маъмул аст, 72 тори металлӣ ва ҳамон миқдор гўшак дорад. Системаи қаторовозиаш аз 24 пардаи диатоникӣ ва хроматикӣ иборат аст. Чанг ба қатори созҳои якканавозӣ дохил шуда, дар оркестр ва ансамбли созҳои миллӣ васеъ истифода мешавад.
Чанг таърихи тўлони дорад. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои қадимӣ ҳанўз дар давраи шумериҳо ( ҳазораи 4-3-и то милод) ин соз бо шаклу намуди мухталиф маъмул будааст. Тавре дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ омадааст: чангнавози шоҳ...

барчасп: 

Фарҳанги сулҳофарии пешвои миллати тоҷикон

Дар ин пажўҳиш нақши сулҳофаринии пешвои миллати тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф дар заминаи таҳлили марҳилаҳои раванди сулҳи тоҷикон, иқдомҳои давлату ҳукумат дар роҳи эҳёи анъанаву суннатҳои мардумӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, барқарор намудани мавзеъҳои таърихӣ ва амсоли ин нақши калиди доштани Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули фарҳанги сулҳофарӣ, арҷгузории фарҳанги миллӣ ва ба ин васила бедор намудани ҳисси ватандўстӣ, худшиносӣ

Рубоб дар тӯли таърих

Рубоб, рубоб сози торӣ –мизробии мусиқиест, маъмул дар байни халқҳои шарқ, алалхусус тоҷикон мебошад. Бино ба маъхазҳои адабӣ рубоб шакли муарраби қадимаи паҳлавии «Равода» буда, маънои «Овози ҳазин бароваранда»-ро доштааст.
Дар шарқ ва Европаи ғарбӣ бо шаклҳои рабоб, ребаб, ребак ва ғайра интишор шудааст.
Сарчашмаҳои адабӣ рубобро дар шаклҳои гуногун тасвир менамоянд. Аввали асрҳои миёна дар сарзамини Эрон ва кишварҳои атрофи он рубобро бо камонча менавохтанд. Он косаи секунҷа (як кунҷ аз тарафи даста) иборат буда, яктора ё 2-3 тора мешудааст.

барчасп: 

Романс: аз оғоз то ба имрӯз

Романс  (аз исп.romance-романӣ) асари  мусиқии камеравӣ барои овоз бо ҳамовозии созҳост. Истилоҳи мазкур дар асрҳои миёна дар Испания пайдо шуда, аввалан сурудҳои дунявӣ бо забони испанӣ (романӣ) эҷодшударо ифода мекард (хилофи сурудҳои калисоӣ, ки ба лотинӣ иҷро мешуданд).
Баъдтар дар дигар мамлакатҳо низ маъмул гардид. Романс бо шеър нисбат ба суруд  робитаи зичтаре дошта, дар худ натанхо  хусусияти умумӣ ва сохти бадеӣ, балки воситаҳои ифодаи алоҳида ва ҷузъҳои  оҳангию вазнии шеърро низ инъикос мекунад.

барчасп: 

Страницы