Дорбозӣ

Тибқи ривоятҳо, дорбозӣ дар замони ҳазрати Алӣ низ маъмул будааст ва худи ў ҳунари дорбозиро медонистааст. Аз ин сабаб дорбозон ҳазрати Алиро пири касби худ меҳисобиданд. Ривоят мекунанд, ки то замони ҳазрати Алӣ қалъаи даҳшатноки шаҳри Хайбарро, ки атрофашро шахҳои баланду ҳавзҳои амиқ иҳота карда буданд, касе фатҳ карда натавонистааст. Алӣ лашкарашро назди он қалъаи фатҳнопазир оварда, аз ресмони борике дор сохтааст ва ҳамаи лашкариёнаш ба воситаи он ба қалъа гузаштаанд.

барчасп: 

Назаре ба ҳунарҳои бонувон (Бахши аввал)

Ҳангоми таҳқиқ маънии рамзҳо, рангу бор, нақшу нигори ҷиҳозҳо низ омўхта шуд. Вақте ки рамзҳоро мепурсидем, баъзе аз ҳунармандони ҷавон тасвирҳое, ки дар сўзаниҳо буд, то ҳадди имкон шарҳ медоданд: гули лола,  пахта, оба, давраҳо, тасвири олами атроф, чор унсур (об, оташ, хок, ҳаво) бо тарзҳои гуногун акс ёфтааст, ки ҳар яки он маъниву рамзи махсусеро ифода мекунад.

барчасп: 

Муаррифии “Намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” дар як ҳамоиш

Дирӯз дар ҳамоиши “Омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик”, ки дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, китоби “Намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” низ муаррифӣ шуд.
Ҳамоиш бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажуҳишгарон ва донишомӯзон баргузор шуд ва масоили зиде, ки ба мероси ғайримоддии миллат иртибот доштанд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин Конфронс Шариф Комилзода-Директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти

барчасп: 

Дувоздаҳмақом дар китобҳои қадим

Наҷмуддини Кавкабӣ дар баёни мавзӯъи фаслҳои рисолааш донишу таҷрибаи хуби эҳсоси ҳунариашро ба кор бурда, дар тавзеҳи бисёр муаммоҳои мусиқӣ (мақомҳо) назари нави тавсифиро пеш овардааст. Ин рисолаи шаклан манзуму насрӣ аз манобеъи нодири назарӣ, бадеӣ, зебоишиносии мусиқӣ буда, дар рушди тафаккури назарию бадеии мусиқии асрҳои баъдӣ нақши мондагор гузоштааст.
Дувоздаҳмақом, ки аз маъруфтарин мусиқиҳои классикии тоҷик мебошад,

барчасп: 

Диди қирғизии Наврӯзи Аҷам

Бо фарорасии айёми хуши баҳорӣ дилҳо аз фараҳу шодкомӣ лабрез мешаванд, ҷашни суннатии ниёкони некноми мо Наврӯзи Аҷам бо бағали пур аз сабзаву гул вориди диёр мегардад. Аз қудумаш хонаву кошона рушан, боғу роғ сабзу тар, оби чашмасору дарё мусаффост. Замини хотиротамон шукуфазор мешавад, ёдҳои наву кӯҳан ба ҳам меоянд ва моро лаҳазоте аз ин олам ба олам рӯъёҳо партов мекунад ва дар пеши назар ин лаҳазот танҳо гулу сабза меояд, ки рамзи хуррамииву нишот аст.

барчасп: 

“Ба номи Ҳурмуз” аввалин филми мустанади тоҷикӣ дар бораи Наврӯз

Таърихи Наврӯз куҳан аст. Аммо Наврӯзи замони мо ҳам таърихи худро дорад. Замони Шӯравӣ на ҳамеша ин ҷашни ниёкон таҷлил мешуд ва дар баъзе мавридҳо ҳатто ба мушкил аз он ёдовар мешуданд.
Аввалин филми мустанад дар Тоҷикистон дар бораи бораи Наврӯзро коргардони маъруф Сафарбеки Солеҳ ба навор бардоштааст. Ин ҳам замоне буд, ки Наврӯз дар Тоҷикистони сотсиалистӣ эҳё мешуд. Бо талошҳои пайгирона филми мазкур бо унвони “Ба номи Ҳурмуз” рӯи навор омад.

барчасп: 

Донишманди пуркори тоҷик Атахон Сайфуллоев дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт

Атахон Сайфуллоев

Атахон Сайфуллоев, як тан аз адабиётшиносони шинохтаи кишвар, шоир, нависанда, драматург, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагон субҳи имрӯз, 17-уми март дар синни 84-солагӣ дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дида аз олам барбаст. Соати 12 имрӯз маросими видоъ бо марҳум дар назди ҳавлиаш баргуор шуд. Атахон Сайфуллоев замоне сарварии Кумитаи радио ва телевизиони мамлакатро ҳам ба уҳда дошт, вале фаъолияти ӯ дар пажуҳишҳои илмиаш барҷастатаранд, то ки дар маҳорату

Баррасии рамзҳои наврўзи тоҷикон

Орзуву омоли мардум на танҳо ба тарзи шифоҳӣ бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо, балки тавассути иҷрои амалҳои суннатӣ, расму ойинҳо ва инчунин дар сурати ашё, ҷонварон, меваю ғизоҳо, рангҳо, аносири табиат ва амсоли инҳо дар шакли рамз ё намодҳо низ баён мегарданд. Ҳар як ҷашну маросими тоҷикон моломоли рамзу маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихӣ, унсурҳои асотири бостонӣ ва мазмунҳои печидаи ҳаётӣ мебошанд.
Рамз як навъ баёни иҷтимоӣ  маҳсуб аст, ки дар шаклҳои лафзӣ, хаттӣ, тасвирӣ, иҷроӣ

Страницы