Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

14.06.2018 08:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Фардо моҳи шарифи Рамазон – айёми раҳмату мағфират, бахшидани гуноҳҳо, поксозии қалбҳо ва анҷом додани амалҳои хайру савоб поён меёбад ва иди саиди Фитр фаро мерасад.

Дилшод Раҳимӣ: «Бояд бештар ба мушкилоти ҳунармандон расидагӣ намоем»

Дастрасӣ ба ашёи хом мушкили дигари баъзе аз ҳунармандон мебошад. Моҳи март мо дар шаҳри Хуҷанд ба омӯзиши истеҳсоли адрасу атлас машғул будем ва шоҳид гаштем, ки бисёр адрасбофон аз нарасидани ришта ё калобаи ресмони бофандагӣ шикоят мекарданд. Дар робита ба адрасбофӣ қайд кардан лозим аст, ки ҳунари абрбандӣ асосан, дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он рушд кардааст. Дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҳунармандоне, ки абрбандӣ мекунанд, ангуштшуморанд. Адрасбофони ҷануби кишвар калобаҳои абрбандиро бештар

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ТАБАҚТАРОШӢ

Раҳматии падарам мегуфтанд, ки вақте ки пайғамбар Нуҳ алайҳисалом хабари зери об мондани дунёро аз Ҷабраил мешунавад, аз пайи сохтани киштии калон мешавад. Дар он вақтҳо оҳан набудааст ва Ҳазрати Нуҳ (а) киштиро аз чўб месозад. Киштии сохтаи Ҳазрати Нуҳ (а) хеле калон будааст. Чун ки дар он махлуқоту ҷонварони зиёде аз марг наҷот ёфтаанд. Барои сохтани он киштӣ дарахтони зиёд ва гуногун истифода шудааст. Пас аз анҷоми тўфон Ҳазрати Нуҳ (а) мебинад, ки дар ҷои сохтаи киштӣ, ки онҷо тарошаҳои зиёди чўб боқӣ

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ЧАКДОНСОЗӢ

Дар замонҳои пеш вақте ки семент набуд, мардум регро бо хоки сафед шўрида мезаданд, ки он қадар босифат намеомад. Ҳоло семент аз ҳар ҷиҳат барои мустаҳкам шудани чакдон мусоидат мекунад. баъди регро дар чакдон задан, сементро бо об маҳлул мекунанд, бо ибораи худи онҳо тунукова  карда мешаканд. Ҳамин тариқ се рўз ва ё зиёда аз он вобаста аз боду ҳаво, хушк мешавад, дар баъзе ҷойҳо рўяшро бо ягон чодар мепўшонанд, ки танаҳои девори чакдон ҷо-ҷо накафад. Бинобар ҳамин чакдонро амалан, дар тирамоҳ ё

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ЧАКАНДЎЗӢ

Дар чакан гулдоира, гулбандина, шоҳбаргҳо, баргакҳо, дилак, себарга, нақшҳои хурмоӣ ва рангҳои муҷалло ба ҳам омада, чун рамзи зиндагӣ рўи пироҳан тасвир мешаванд. Офтобу моҳ, ситораҳо ва салибу нақшҳои ҳандасӣ бошад, яке аз ҷузъҳои нақши чакандўзӣ буда, аз бовару эътиқоди мардуми тоҷик дарак медиҳанд. Гули анору нилуфар рамзи файзу баракат ва фаровониро ифода мекунад. Нақшҳои гулдўзишудаи куртаи чакан хусусиятҳои хос дошта, вобаста ба таъйиноти худ фарқ мекунанд.

барчасп: 

Қамчинбофӣ – яке аз ҳунарҳои анъанавии тоҷикон

Қамчинбофӣ ҳам яке аз ҳунари маъмул ба ҳисоб рафта маҳсули дасти ҳунармандони моҳир ҳисобида мешавад. Қамчин афзорест, ки асосан барои рондани асп истифода мешавад. Вале дар баъзе сарчашмаҳо қамчинро барои рондани хар, гов, уштур ва дигар ҷонварҳои хонагӣ низ ишора намудаанд. Номи дигари қамчин тозиёна буда, дар забони мардум хеле кам истифода бурда мешавад.

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ҚУРОҚДУЗӢ

Дар Восеъ қисме аз занони ҳунарманд махсус ба дўхтани қуроқ машғул буда, маҳсулоти қуроқиро барои кўдакон ва арўсон ҳамчун ҷиҳози арзандаю муқаддас мешуморанд. Сабаби боқӣ мондани ин ҳунар пеш аз ҳама, таҳияи ҷиҳози гаҳвораи кўдак, арўс ва дигар ашёи рўзгор бо ин усул мебошад. Ҷиҳози қуроқӣ дар ин ноҳия монанди дигар ноҳияҳои кишвар баёни орзуву омоли мардум буда, қадру қимати махсус дорад.
Ҳунари қуроқдўзӣ дар байни сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо номҳои

барчасп: 

Тасаллияти Пешвои миллат ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат

Имрӯз, 18 - уми майи соли 2018 Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмин Қаноат дар синни 86 - солагӣ аз олам даргузашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори

Страницы