Унвони “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон” ба Шералӣ Ҷӯраев

Имрӯз дар арафаи таҷлили ҷашни умумимиллӣ - 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ӯзбекистони ҳамсояро бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардониданд.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2018 шахсони

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои

Шаҳрсозӣ ва фарҳанги шаҳрдорӣ дар замони кушониён

Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ, доктори илмҳои таърих Давлатхоҷа Довудӣ аз 23 июл то имрӯз дар ёдгории Сайёдқалъа бо ковишҳои бостоншиносӣ машғуланд, ки дар ҷараёни он шумораи зиёди асбобу афзори бостонӣ ёфт шуданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шаҳрсозӣ ва фарҳанги шаҳрдорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар замони кушониён хеле тараққӣ карда буд.
Тавре Давлатхоҷа Довудӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар ҷараёни

барчасп: 

Мизи мудаввар дар мавзўи “Истиқлолият ва рушди фарҳанги миллӣ”

24 августи соли 2018 дар  Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар мавзўи “Истиқлолият ва рушди фарҳанги миллӣ” бо иштироки васеи ходимони илмии пажўҳишгоҳ, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма мизи мудаввар баргузор гардид.

Онро бо сухани ифтитоҳӣ директори ПИТФИ, номзади илми педагогӣ, дотсент Шариф

барчасп: 

Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ

Дастнависҳои мавҷуд дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии, соҳаҳои мухталифи илму дониш, аз ҷумла таърих, ҷуғрофия, фалсафа, фиқҳ, илоҳиёт, адабиёти бадеӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, мардумшиносӣ, дину мазҳаб, тасаввуф, мусиқӣ, нуҷум, маъданшиносӣ, тиб, байторӣ, варзиш, ҳуқуқшиносӣ, таббохӣ, хулоса тамоми ҷанбаҳои мухталифи илму фарҳангро фаро мегиранд. Дар ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ, теъдоди зиёди китобҳои чопи сангӣ (литография) мавҷуданд, ки дар Лакҳанав, Бомбай (ҳоло Мумбай), Пешовар,

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: НАЙ

Найро бештар аз қамиш месозанд, вале навозандагони най найи аз чўби тару тоза сохташударо истифода мебаранд. Фарқи найи қамишӣ аз найи чўбӣ дар он аст, ки дар найи қамишӣ танҳо  чанд мақом иҷро мешавад, вале дар найи чўбӣ мубарқа ном дошт, ки парда (сўрох)-и 8-уми он низ бо ҳамин ном машҳур буд. Бинобар ин аз мақомҳо бо ин най мақоми «Рост», шуъбаҳои «Панҷгоҳ», «Наво», дар як гом (октава) ва  «Сегоҳ» навохта мешуд. Аз ин рў онро низ «Найи рост» мегуфтанд».

барчасп: 

Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди саиди Қурбон

20.08.2018, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати иди Қурбон, ки аз ҷумлаи суннатҳои неку писандидаи дини мубини ислом буда, пагоҳ фаро мерасад, самимона табрик мегӯям.

барчасп: 

БАДЕҲА ЧИСТ?

Бадеҳа (арабӣ, сухани закитабъона), сухан ё шеъри закитабъонаи шавқангез, ки бадоҳатан гуфта мешавад. Дар фолклор яке аз навъҳои  суруди халқӣ мебошад, ки аз тарафи  ду нафар дар ҳузури тамошобинон иҷро карда мешавад. Иҷрокунандагон бояд зану мард бошанд, ки бо хондани суруди шўх рақскунон лавҳае аз зиндагиро тасвир намуда, камбудиҳои ҷомеаро бо ҳазлу танз интиқол мекунанд.
Бадеҳа
асари бадеии шавқангез, диққатҷалбкунанда ва қадимитарини халқи тоҷик

барчасп: 

Страницы