Жанри симосоз

Жанр қолаби устувору ноҷунбон ва поянда надорад, балки ҳамеша дар таҳаввул аст. Махсусан, дар олами наср дар давраҳои гуногун таҳаввулу та­наззули жанрӣ ба назар мерасад.
Насри мустанад вобаста ба муҳит ва фазои фарогири замонҳо ҳамин хусусиятро дорад.
Очерк дар олами насри мустанад садсолаҳо боз мавқеъталаб аст. Замона ва замонасозиҳо ҳамеша дар рушди ин  таҳрик бахшидаву мебахшанд. Дар тавсифи очерк ҳукму андешаҳои зиёде вуҷуд доранд. Дар баробари се навъи газетавии очерк даҳҳо навъи мавзўии онро дар Аврупову Русия то ҳол эътироф менамоянд. Як навъи маълуму маъмули он очерки портретӣ аст, ки ҷойгоҳи устувори худро ҳамеша нигоҳ медорад.

Очерки портретӣ бо тасвири образноки ҳаёти инсон бо хусусиятҳои умдаи худ ҳамеша диққати хонандаро ҷалб менамуд. Дар шинохти он бояд нигоҳи амиқе дошт. Дар навбати аввал бояд эътироф намуд, ки очерк нақл нест, балки тас­вир аст. Тавсифи болохонадор низ очерк набуда, тарбия ва ҳикмати муайяни ин тавсиф ҳадафи аслӣ аст. Очерке, ки иттило ва моҳияти иҷтимоиро дар худ фаро намегирад, очерк нест. Тарҷумаи ҳоли як нафар ҳатто бо дарёфти даҳҳо факту асноди нав очерк буда наметавонад ва на ҳар як фард низ қаҳрамони очерк буда метавонад. Бо ин чанд шинохти умумии жанри мазкур чанде аз навиштаҳои рўзномаи «Адабиёт ва санъат»-ро дида мебароем.

Дар саҳифаҳои нашрияи «Адабиёт ва санъат» ин жанри «тавзеҳкунандаи ҷаҳон ва одамшиносӣ» даҳсолаҳо боз чун анъана маълум аст. Очерки ин рўзнома аз оғоз то имрўз аз очерки нашрияҳои дигар фарқ мекунад, зеро ин нашрия аз оғоз то ҳамин рўз баландтарин минбари эҷодкорони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин тафовут дар қиёс бо дигар нашрияҳо имрўз низ ба назар мерасад. Як навъ шиносоии умумии мо дар ин самт ба таври интихобӣ сурат мегирад.

Навиштаи Мунира Ашурова таҳти унвони «Ҳамдами аҳли қалам» (2015, 09. 09.) очеркгуна аст. Ба назари аввал чунин хулоса ҳосил мешавад, ки ин ни­гошта барои ҳафтаномаи мазкур мувофиқ нест, аммо чун дар он ному насаби баъзе адибону олимони шинохта ҳамчун ҳамнишинону дўстони қаҳрамон зикр мешаванд, даричаи хурди дарке бароямон пайдо мешавад. Яъне, нашрия «Мин­бари эҷодкорон…» буд ва ҳаст. Шояд ба ин ҷиҳат дар саҳифаҳои нашрияи мазкур дарҷ ёфтани он ҷоиз шудааст.

 Дар гузашта, дар саҳифаҳои нашрияҳои маҳалливу музофотӣ рубрикаву саҳифа ва гўшаҳое маъмул буданд, ки корномаи қаҳрамонони набардҳои ҷанги ватаниро инъикос менамуданд. Нигоштаи мазкур анъанаи ҳамон солҳои шуравиро ба ёд меорад. Бояд ба ваҷҳи як навъ фирор аз он қолабҳои маҳдуд, навиштаи муаллиф яке аз ҷабҳаҳои робитаи қаҳрамонро бо адибон нишон дода метавонист. Дар домани тасвири ҷолиб нишон дода тавонистани саҳифаҳои яке аз қаҳрамониҳои давраиҷангии образи матраҳшуда низ як чизи зиёдатӣ ба ҳисоб намерафт. Ин аст, ки ҳар қадом паҳлу низ хушк боқӣ мемонад. Ба назар чунин мерасад, ки гуфтаҳои муаллифро ҳама кас иншо карда метавонад, зеро дар он аз як ҷониб шеваи баёни журналистӣ бештар пайдост, аммо он қолаби такрор буда, омилҳои иҷтимоиро ба таври умумӣ нишон медиҳад. Маълумотномаи умумии сифатбахш дар бораи як нафарест, ки ў адабиётро дўст медорад. Хусусияти муҳими жанри очерк эҳсосу рўҳ бахши­дан аст. Ин эҳсос дар сурате ҳосил мегардад, ки агар дар он қаҳрамони дуюм - муаллиф низ фаъол бошад. Дар ҳолати фаъол будани муаллиф чун қаҳрамони дувум, қиёси воқеаву рухдод ба роҳ гузошта шуда, дар заминаи онҳо хулосаву шарҳи маҳдуд пайдо мешавад. Дар навиштаи мазкур ин махсусиятҳо хеле кам ба назар мерасанд. «Ман»-и муаллиф шахси хеле канорбудаву бегона ба ҷило меояд. Дар умум ба истиснои ҷузъи маҳдуди тарбия дар ин навишта моҳияти иҷтимоии амиқ ба назар намерасад.

Навиштаи Зулфия Атоӣ таҳти унвони «Роҳи ҳаёт, роҳи наҷот» (2015, 05.11) ба очерки сафарӣ хеле монандӣ дорад. Зулфия Атоӣ шоираи шинохта аст. Хеле гуворову писандида аст, ки баъзан адибони мо қолабҳову пайроҳаҳои хосаро тарк намуда, ғайриинтизор ба навиштани эссеву очерк ва ёдномаҳо рў меоранд. Аҷиб ё табиист, ки ин гуна навиштаҳо аксаран хеле ҷолиб мебароянд. Муҳаққиқони аврупоӣ чунин андеша доранд, ки эссе дар як тавсифи шартӣ жанри таҷриба мебошад. Дарвоқеъ фарде, ки қуллаҳои камолоти эҷодиро фатҳ кардааст, бидуни мушкилоту монеа дар навиштани эссе муваффақ аст. Нави­сандаи мумтоз Ҷаллол Икромӣ дар вопасин солҳои зиндагӣ қайд карда буд, ки дигар роману повест наменависам, агар фурсат ёбам ёддошту хотира менависам. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Бист роману повести ў олами дигар асту «Он чи аз сар гузашт»- аш олами андешаҳои дигар, ки баъдан барои хонанда маълум гардиданд.

Дар саҳифаҳои маҷаллаи «Садои шарқ» низ эссеву сафарномаҳои ҷолиби адибони шинохтаро дар давоми чанд соли охир дида метавонем, ки ҷолибу хонданӣ ва мондагоранд. Ба он ваҷҳ аз эссе ишора намудем, ки жан­ри мазкур аз хонадони очерк рўида дониста мешавад. Дар баъзе мавридҳо муҳаққиқон онро жанри мустақил ҳам намеҳисобанд ва дар ҳақиқат қаробати онро бо очерк мо низ мункир нестем… Сарлавҳаи навиштаи боло оҳанги ба­деияту тахайюл надорад. Бо хусусияти шиормонанди худ рисолати таблиғиву ташвиқиро зери пардаи ҳарир нигоҳ медорад. Албатта, таблиғу ташвиқ барои адиб ҷузъи бегонаву нолозим нест, агар дар ифодаи он нигоҳ аз коргоҳи адабӣ сурат гирифта бошад. Ба назари муҳаққиқини насри мустанад «..ҳанўз таблиғу ташвиқ на илм, балки санъат аст…» То дараҷае муаллиф ин қоидаи «сабтношуда»-ро риоя менамояд ва нахустин моҳияти иҷтимоии навиштаи маз­кур дар аввалин ҷумлаҳо пайдост, ки ў қиёс кардан мехоҳад. Тасвири саҳнаи сафар тариқи Шодмондара ҷолибу табиӣ аст. Як лаҳза хонанда ҳамсафари му­аллиф мешавад. Дили хонанда низ чун дили ҳамсафарон метапад. Муколамаҳо диққати хонандаро ҷалб медоранд. Ба эҳсоси хонанда нохун зада мешавад. «Таваққуф дар баландии қулла», «чашмаҳои ҷории шириноб», «обу ҳавои мусаффои диёр», «қуллаҳои осмонбўс» ва амсоли ин ибороту тавсифҳоест, ки он нерумандии сабки нигориши муаллифро бозгў менамояд. Ҳамсафарон бо сифатҳои гуногуни худ дар ифшои мақсади муаллиф кўмак мерасонанд. Яке пир асту дигаре ҷавон ва сеюмӣ миёнасол. Ҳар кадом ба зиндагӣ ва авзои иҷтимоии имрўза равзанаи хоси нигоҳ доранд. Мўйсафеди кўҳансол роҳи навро «Роҳи Эмомалӣ» меномад  ва андеша дорад, ки талошҳои роҳбари давлат роҳи наҷоти миллат аст. Дар ифшои воқеияти рўз ин мушоҳидаи муаллиф созгор аст. Дар як саҳнаи бадеӣ муаллиф муваффақ шудааст, ки дар ҳақиқат илму адабиёту фалсафаро ба ҳам омезиши кўтоҳе диҳад, ки аз қонуниятҳои очерк ва, умуман, ҳар асари публитсистӣ ба шумор меравад. Дар очерки сафарии мазкур ба истиснои «ман»-и муаллиф симои марказии тавсифшаванда вуҷуд надорад. Муаллиф талош дорад, ки факту рақамҳои алоҳидаро бо шеваи адабӣ таҳлил намуда, натиҷагириҳояшро дар пояи таблиғ савқ бахшад. Ин навишта ҳамагӣ  як саҳнаи тасвирӣ дорад ва агар ба ҷои баъзе қисматҳои ночаспон, ки аз забони қаҳрамонони берун аз воқеа пеш оварда мешавад, ду ё се саҳнаи дигари сафар ин таблиғу тавсифро дар оғуши худ нигоҳ медошт, навишта мондагор мегашт. Равшан эҳсос мешавад, ки муаллиф проблемаро матраҳ кардан мехоҳад. Ба ин ваҷҳ аз рўи таъиноти дигар ин навиштаро очерки беадрес низ метавон гуфт. Дар очеркҳои беадрес масъала ва проблемаи муҳими иҷтимоӣ пайгирӣ карда мешавад. Дар навиштаи боло чеҳраи муайян маълум нест. Бояд проблема дар партави чанд тасвири дигар таҷаллӣ менамуд. Дар шохаҳои тасвир нишон до­дану бозгў кардани проблемаҳои иҷтимоӣ ҳамеша таъсирбахш ба шумор ме­раванд, ки мо инро дар осори С. Улуғзода, Ф. Муҳаммадиев, М. Наҷмидинов, Ш. Ҳаниф, И. Файзуллоев ва дигарон бараъло эҳсос менамоем.

Нигоштаи Шаҳло Абдуллоева бо номи «Саломи ростин» (2015,30.05.) тавсифу кашфи ботини як қаҳрамон мебошад. Нишон додани хислати қаҳрамон ҳадафи аслии муаллиф аст. Аммо ин раванд хеле хушк ва якнавохту як навъ сард сурат мегирад. Нигошта бо ишораи лавҳа муаррифӣ шудааст. Чун дар он тавсифи шахс сурат мегирад, дар ҳақиқат хосияти лавҳаро касб мекунад. То оғози солҳои ҳафтодум лавҳа як навъи очерк дониста мешуд, ки онро матбуоти маҳаллӣ чун жанри мустақил дар доираи фарогирии худ ба камол расонидааст. Гўё лавҳа як чизи осону содабунёд аст. Баёни содаву ҷолиби лавҳа аз муаллифон ҳамеша маҳоратро тақозо менамояд. Лавҳаи мазкур анқариб саҳнаи мустақил надо­рад. Муаллиф зимни чанд факт ботини қаҳрамонро кашф кардан мехоҳад, ки барояш муяссар нашудааст. Муҳаққиқ И. Усмонов дуруст таъкид мекунад, ки бо ҳукми «фалонӣ одами нағз аст, гуфтан», лавҳа ҳосил намешавад. Муваффақ он лавҳанавис аст, ки дар тасвирҳо нағз будани ҳамон як нафарро нишон дода тавонад. Ин навишта ба як хислатнома монанд шудааст. Дар он муҳаббату эҳтироми як нафар ба як нафари дигар ифода гаштааст. Ҳамчунин навишта ба рўзҳое рост меояд, ки қаҳрамон мавлуд дорад. Зимнан, имрўз дар арафаи зодрўзу солгардҳои афроди мухталифи соҳаи фарҳангу санъат дар саҳифахои нашрияҳо очеркгунаҳо зиёд мешаванд, ки «Адабиёт ва санъат» низ истисно нест. Ҳатто ин анъана боис гаштааст, ки берун аз солгарду зодрўзҳо дар бораи онҳо чизе навишта намешавад. Анъанаи солҳои шастуму ҳаштодуми асри гузашта, ки «…образи публитсистӣ чун тимсоли ҳақиқат» буд ва беҳтарин симоҳои кору пайкору шинохта берун аз ҷашну солгардҳо қаҳрамони саҳифаҳои матбуот буданд, қариб ки фаромўш гаштааст.

Навиштаи Саъдулло Раҳимов зери унвони «Руҷўи фалсафӣ тору пуди эҷоди ўст» (2015, 06.08) очеркгунаест, ки саросар созмону тартиби баланди хронологӣ дорад ва ба гуфтаи боло далел аст. Ба назари мо қаҳрамони асил ва симои шинохта танҳо дар мавсимҳои хос ниёз ба таблиғу тавсиф надорад, балки дар саҳифаҳои рўзномаҳо баррасӣ гаштани зиндагиву талошҳои ў барои дигарон ибратомўзу хотирмон ва қобили пайравӣ мегардад. Ба ин ваҷҳ дар роҳи офа­риниши чеҳраҳо тавре бояд қадам гузошт, ки очерки фаношаванда аз нав эҳё шавад. Ин навиштаи зери рубрикаи «Чеҳраи ҳунар» ба табъ расидааст. Ин ном ва ин ибора рисолату ишорати бузургеро дар вуҷуди худ нигоҳ медорад. Яъне бояд симое дар пеши назари хонанда ба ҷилва ояд. Ин симо бояд дар кунҷи дили хонанда ҳаваси ба ў монанд шуданро бедор намояд. Зикр ва нақл ҳадафи ин жанри чеҳрасоз нест. Факту рақамҳои ҳамелшуда чеҳрасоз намешаванд. Ё шумори хислату рафтор низ ҳеҷ гоҳе ба тори эҳсоси хонанда нохун зада на­метавонанд.

Навиштаи Робияи Холмирзо бо номи «Сурурбахши дилҳо» (2015, 29.10) асалан лавҳаи портретӣ аст. Ҳам ҳунарманд ва ҳам ҳунари ў метавонад омиле барои ҷалби хонанда бошад. Элчибойи карнайнавоз бо ҳунару маҳораташ Тоҷикистонро дар Амрикову Фаронсаву Олмону Чин муаррифӣ кардааст. Ин лавҳа низ тасвир надорад, балки услуби нақл ғолиб аст. Хеле муассир мешуд, агар муаллиф симои қаҳрамони худро дар ягон саҳнаи тасвирӣ нишон медод. Дар ин самт баъзе руҷўҳои лирикӣ навишта таъсирбахшанд ва гўё хоҳони кашфи олами ботинии қаҳрамонанд.

Навиштаи Атахон Сайфуллоев зери унвони «Дўстонро гум макун» (2015, 05.11.) дар нишондоди зери сарлавҳа ҳикояи воқеӣ касб кардааст. Дар матн тавсифу ҳикмати тарбиябахш зиёд аст. Тавре дар боло ишора кардем, имрўзҳо қолабҳои жанрӣ як навъ омехтагиеро пайдо кардаанд. Шаклҳои нав ба наве падидор гашта истодаанд, ки пажўҳишу таҳқиқро талаб менамоянд. Дар ни­гоштаи мазкур унсур ва хосиятҳои жанри очерк бараъло ба назар мерасад. Ҳарчанд онро метавонем, эссе ё ба қавли худи муаллиф ҳикоя номем. Чун дар навишта типпикунониву тахайюли амиқ нест ва дар он қаҳрамонону рухдод воқеӣ мебошанд, хоҳу нохоҳ рукни публитсистӣ ҷойгоҳи амиқро пайдо менамояд. Муаллиф бо ёди гузашта қалам рўи саҳифа меронад. Сил­силаи маҳдуди қаҳрамонон амал менамоянд ва воқеаҳои якшаба дар пеши назари хонанда ба ҷилва меоянд. Муаллиф дар пояи нақли воқеияти комил маҳдуд нест ва дар партави тахайюлу андешаи худ рухдодро ҷолиб тасвир кардан мехоҳад. Муҳимтарин ҷузъе, ки ин навиштаро моли публитсистика мегардонад, ин кашфи як паҳлуи ботини қаҳрамон мебошад. Дар навбати аввал таҳаммул ва фаросати адибе нишон дода мешавад, ки ў қаҳрамони миллии кишвар аст. Мушоҳидаи муаллиф низ барои хонанда хулосабахш аст: «Мирзо Турсунзода, ки ба ғазаб меомаданд, мувофиқи одати деринаи худ бо нўги нохун андак-андак холи лаби болои худро меканданд». Ин ҷузъ агар ҳунари дида тавонистани муаллиф бошад, баъдан хулоса ва ҳукми ди­гар онро пурратар менамояд: «Устод марди баодоб, батамкин, дурандеш, хушсухан буданд». Ин падида дар ҷараёни нақли муаллиф паи ҳам такрор мешавад ва дар партави онҳо оҳанги иҷтимоӣ низ тантана дорад. Ба таври мисол муаллиф аз он афсўс мехўрад, ки дар симои роҳбари ноҳия дар солҳои 60-70-уми асри гузашта, нафареро мебинем, ки ҷоҳил ва аз адабиёту фарҳанг дур аст. Шоири замонро барои манфиати фардӣ - барои тавсифу таърифи худ андармон кардан мехоҳад ва оқибат тинати тору надоштани донишу фароса­таш боис мегардад, ки худ ва хозиринро дар ҳолати ногувор мононад. Дар асари публитсистӣ имкон, ки муаллиф ба воситаи образҳо ба хонанда бидуни монеа муроҷиат ва «…хонандаро як навъ барои фикр кардан водор менамо­яд».   Навиштаи боло аслан эссе аст, ки дар заминаи пешниҳоди сода хонанда хулосаи худро мебарорад. Ба он ваҷҳ онро эссе меномем, ки дар он воқеият ва гузаштаи таърихӣ матраҳ аст. Ҷои инкор нест, ки он «…хотираи эҷодкор дар бораи воқеае аст, ба эҷодкорони дигар тааллуқ мегирад». Очерк, ҳикоя ва эссе сарҳадҳои ҳаммонанд доранд. Бадеияти баланд дар очерк канорагириро аз баёни воқеӣ, ё публитсистика ба вуҷуд меорад. Сужаи озод ва ноайён гаштани «ман»-и муаллиф ҳикояро созмон медиҳад. Ёди гузашта ва ҳамел кашидани ёддошту хотираҳо эссеро ба вуҷуд меорад. Ин махсусиятҳо қолабҳоро ноустувор месозанд ва хусусиятҳои жанрӣ махлут мешаванд. Аммо ҳамон рисолати «…воқеияти реалии замон ва ҳақиқати ҳол» асли ҳадаф боқӣ мемонад. Эссеи боло кўшиши дигар дар ифшои ботини қаҳрамон, шиква аз муҳити як даврон ва дигар воқеиятҳои замони мушаххасро бозгў менамояд.

Ба ин монанд метавон навиштаи Алиризо Раҳмонқуловро бо номи «Чарх аз ў дар чарх буд» (2015, 09. 09) мисол овард. Сарлавҳаи матн дар худ бадеиятро нигоҳ медорад. Аммо дар қиёс ба навиштаи Атахон Сайфуллоев саҳнаҳои ба­деиятдошта ва муколамаҳо камтар аст. Қаҳрамони муаллиф алҳол дар қайди ҳаёт нест ва баҳову ҳукмҳои муаллиф хусусияти умумӣ доранд. Созмони хронологӣ бештар боло меравад ва «…тавсифи воқеа ва рухдодҳои зиндагии инсонӣ мутобиқи замони вуқуи он» нишон дода мешавад. Дар ёдномаи мазкур мантиқ ғолиб аст ва маҳз ин ҷиҳат онро аз ҳикоя ва эссе дар тафовут мегузорад. Ҳамзамон зикри таърихи солҳову саҳнаороиҳои як раққосаи машҳур бо номи Ашура Носирова навиштаро ба як маълумотнома табдил додааст.

Алиризо Раҳмонқулов дар гиромидошти чеҳраҳои шинохтаи санъат, ки феълан дар қайди ҳаёт нестанд, хеле фаъол аст. Ин иқдоми ў амали хайр аст, ки ҳамчун як омили тарбияву омўзиш зиндагиномаи рафтаҳоро зикр кардан мехоҳад. Аммо қолаби навиштаи ў эссе нест. Чунончи дар он «ман»-и муаллиф ба назар расад ҳам, аммо саҳнаофарӣ сарфи назар карда мешавад. Раванди нақл бо як низоми маълум ҷараён меёбад ва озодии эҷодкор коста аст. Дар навишта симои Аҳмад Бобоқулов матраҳ аст, ки дар ҳама доираҳо шоиставу арзанда ба шумор рафта метавонад. Яъне «очерки таъсирбахш» бояд симои ин фардро амиқан ҷило дода тавонад. Дар ин самт эҷодкори муваффақ он нафарест, ки дар тасвири ду ҷанбаи симо - инсон ва кор комёб гардад.

Навиштаи Абдухолиқ Набавӣ бо номи «Умри барқ» (2015, 09.09) дар бораи Обидхон Исматӣ як навъ очерки таҳқиқӣ аст, ки дар адабиёту публитсистикаи муосир бештар ба назар мерасад. Муаллиф заҳмату нақши як нафарро дар пешрафти як соҳа бо силсилаи нишондоду арқом бозгў месозад. Заминаи илмӣ дар навишта бештар ба назар расида ва ин ҷиҳат оммавияти навиштаро пахш месозад.

Дар навиштаи Алии Муҳаммадии Хуросонӣ - «Асари хайр гузошт» (2015, 29.10.) (дар бораи дабиётшинос А. Афсаҳзод) махсусияти хронологӣ ғолиб ва хосияти тарҷумаҳолии қаҳрамон бештар падидор гаштааст. Аммо доманаи фарогирии очерк чандон маҳдуд нест, балки майли таҳқиқиаш бештар аст. Танҳо бадеияту тахайюл ва оммавияти очерк аст, аз муаллиф маҳорати маъ­лумеро тақозо менамояд. Ба қавли пажўҳишгарони жанри мазкур нависандаи очерк қаҳрамони асосии он аст, ки «..аз дунболи худ қушуни бузургеро мека­шонад».

Хотираҳои Аъзам Мўсоев «Вахш, эй сарчашмаи илҳоми ман», (2015,24.09) як навъ эҳтироми муаллиф нисбати шоиру публитсисти шинохта М. Миршакар аст. Дар он пайраҳаи адиби садоқатманд дар пайроҳаҳои ҳаёт барои халқу миллат заҳматписанд нақл карда мешавад. Ҳарчанд дар ин асар хусусияти эссе камтар ба назар расад ҳам, нақлҳои кутоҳ ба хонанда маълумоти хронологӣ дода метавонад.

Дар навиштаи Диловари Мирзо «Ду ёр аз ду диёр», ки қиссаи ҳуҷчатист си­мои фарди санъатдўсте баррасӣ мешавад, ки ботинан нисбати атрофиён меҳру муҳаббати бепоён дорад. Қисса аз нақли пири рўзгордида гирифта шудааст. Азбаски пояи баланди воқеиятро дар худ нигоҳ доштааст, барои хонанда аз одаму одамгарӣ мужда медиҳад. Бовар кунонидан ва шеваи таблиғ муаллифро бештар ба дунболи худ мебаранд.

Мегўянд, ки «берабтӣ ва бенизомии сухан аз ҳама бештар дар шеър ҳувайдо мешавад». Шояд дар наср ин падида дар ҳақиқат ноайён боқӣ монад, аммо ҷаҳони босуръат пешравандаи имрўз низ дар матнҳо ҷузъи нолозим ва халалдорро ба таври аъло ба назар намудор менамояд. Зеро имрўз афкор ва ах­бор дар рақобати шадиде қарор доранд. Афкори ҷолиби таъсирбахш бо андозаи махдуди худ сангари устувор пайдо кардан мехоҳад. Мисли он ки кутоҳбаёниву сареъият ба навиштаҳои бадеиятдошта таъсири равшани худро гузоштаанд, дар як нигоҳи сар-сарӣ ҳам хонандаи зирак ҳар як норасоиро зуд дарк менамояд. Ин ҳукми худро мо дар ҳамбастагӣ ба мутолиаи чанд мавод аз саҳифаҳои ин нашрия баён менамоем. Мо дар таҳлили худ бештар ба маводи муаллифоне такя намудем, ки дар арсаи эҷод маъруфияти баланд надоранд, ё ба қавле насли на­ванд. Муҳаққиқи шинохта М. Черепахов чунин андешаи ҷолибро чандин даҳсола қабл ироз дошта буд: «…агар ба мавзўъ адиби баркамол даст занад, навиштаи ўро фавран ба асари адабиёт дохил мекунанд, аз он образ меҷўянд, вале агар проблемаро як ходими қатории газета ба таҳлил гирад, ин таълифотро моли муқаррарии журналистика меҳисобанд. Ҳардўи ин амал саргумӣ асту аз он ама­лияи публитсистика зарар мебинад». Манзури мо низ он аст, ки насли замони нав чун муаллифони воқеиятбин таборўз намоянд. Ҷои инкор нест, ки феълан низ бори асосии насри мутанадро насли замони шўравӣ ба дўш дорад. Дар ин самт маълум аст, ки сохтҳои иҷтимоӣ ва ҳатто давраҳои муайяни як сохт қонуниятҳову гардишҳоро дар тамоми соҳаҳо ба миён меоранд. Очеркҳои солҳои сиюм, замони ҶБВ, солҳои 60-70 ва солҳои ҳаштодуми асри гузашта бо давраҳои хосашон аз ҳам тафовутҳои ҷиддӣ доранд. Шўравӣ бо фазои хоси худ насли эҷодкорро тарбия менамуду ба камол мерасонид ва паҳлуҳои мусбати сохти сипаришуда низ истисно нест, ки қадамҳо садоқатмандона буданд. Таъбири маъ­луми Мариэтта Шагинян дар асри гузашта вобаста ба форматсияҳои иҷтимоӣ ба ҳар як эҷодкор ишораҳои мантиқӣ дода метавонад, ки гуфта буд: «..дар ҷаҳони сармоя моҳияти инсон аз байн меравад, неруи ў сарфи кўчагардӣ мешавад, ки ин аз мараз ҳам бадтар аст». Феълан ҷомеаи башарӣ худ ба як ҷаҳони сармояи тангу тира табдил ёфта истодааст. Таҳаввули иттилоотӣ бо ангезаҳои ҳарлаҳзаинаи худ ҷомеаро ба ҳар манзил мебарад. Маҳз ин омил боис аст, ки насли ҷавони эҷодкору воқеиятнавис нахуст дар пайдо намудан ҷойгоҳи хоси худ  мушкилӣ мекашад. Албатта, як мактаб бо як насл доиман поянда намемонанд ва бояд дар замони истиқлол низ пояҳои устувори мактаби нав гузошта шаванд, зеро алҳол чандон вақти тўлонӣ сипарӣ нагаштааст ва эҷодкорони мо гўё дар саргаҳ қарор доранд. Насли нави очеркнависон бо тарбияву таълими собиқадорон дар ин роҳ бояд қадамҳои устувори худро гузоранд. Очерк имрўз дар саҳифаҳои «Адабиёт ва санъат» камшумор бошад ҳам, аммо очеркгунаҳо дар ин нашрия зиёданд. Дар таҳқиқи кўтоҳамон як чиз ошкор мешавад, ки дар навиштаҳои ун­сури публитсистидоштаи чеҳраофар бештар симоҳое матраҳ мешаванд, ки феълан дар қайди зиндагӣ нестанд. Эҳтирому эътирофи гузашта рисолати доимии аҳли зиёву эҷод гардидааст. Дар ин самт беҳтар мешавад, ки ин афродро дар зинда­гияшон бештар дарёфт намоем. Боиси афсус аст, ки дар қиёсу шумор очерки имрўза аз очерки даврони пешин костагиҳо дорад. Вассофиҳо қолабӣ шудаанд. Нуқтаҳои меҳварӣ барои муаллифон бо душворӣ ҳосил мегардад. Комёбиҳо шумурда мешаванд. Дарёфти воқеият тавассути тасвир гўё як амали мураккаб мебошад. Таблиғу ташвиқҳо камтаъсиранд. Дар баробари ин маълум аст, ки мавзўоти очерк танҳо таблиғу тавсиф набуда, балки бо рўҳияи интиқодӣ нишон додани падидаҳои носолими ахлоқӣ низ мебошад. Ин омил ҷавҳари навиштаи таъсирбахшро такмил дода метавонад. Ба жарфноҳо нигаристани очерккнави­сони имрўза ба як падидаи ночиз табдил ёфтааст. Аз чизе дидаву дониста роҳи гурез пеш гирифтани қаламкашон эҳсос мешавад. Ин дар ҳолест, ки феълан дар ҷомеаи мо «методи реализми адабиёт» ва дигар нишондоду марзҳо дар қолаби сензураҳо вуҷуд надоранд. Дар замони шўравӣ сарфи назар аз монеаву сарҳадҳо адибони мо бо маҳорату донишҳои фаррохи худ тавассути очеркҳояшон дар иҷрои вазифаи асосӣ – такмили шахсияти инсон муваффақ мешуданд.

Очеркҳои «Дар размгоҳ»-и С.Улуғзода, «Кабири Ҳоитӣ»-и Фотеҳ Ниёзӣ, «Писарҷон»-и Р. Ҷалил, «Писари газета»-и Ф. Муҳаммадиев, «Султони дуздҳо»- и М. Миршакар ва даҳҳои дигар дар замони худ ғулғулафкан буданд. Дар ҷаҳони имрўза талошу мубориза барои вақти холии аудитроия аввалин шиори ниҳону ошкори соҳибони нашрияҳост. Имрўз он талабот, ки «барои пешниҳоди кўтоҳу содаи таъсирбахш аз даҳ калима якеро бояд интихоб намуд» боз ҳам шадидтар гаштааст. Албатта, гилаву интиқод танҳо ба як ҷиҳат равона намешавад. Завқи коҳидаи аудиторияи имрўза низ монеаи бузурге аст, ки барҳам задании он фурсатҳо мехоҳад. Барои мутолиаи васеъ хонанда торафт камшумор гашта истодааст. Ва ҳамаи ин дар маҷмўъ рақобатест, ки феълан дар миёни ҷаҳони ахбору афкор ҷараён дорад. Бо он асареву эҷоде метавон фотеҳ гашт, ки рақобатпазир, ҷолибу мутобиқ ва мувофиқ ба табъу завқи хонандаи имрўза бошад. Дар маҷмўъ «Адабиёт ва санъат»-ро минбари хоси баёни публитсистӣ эътироф менамоем. «Адабиёт ва санъат» минбари муқадасси адибони кишвар аст, ки бо офаридаҳои худ ба омма роз мегўянд. Ба неруи имрўзаи нашрия низ қоилем, ки дар ҳайтаи эҷодии он қаламкашони моҳир қарор гирифтаанд ва қудрат низ доранд, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ таҳаввулоти тоза ба тозаеро дар олами эҷоди воқеиятдошта ба вуҷуд оранд.

Муаллиф: А. Қутбиддинов
Баргирифта аз маҷаллаи “Паёмномаи фарҳанг”, 2015, № 4 (32)

барчасп: