Баргузории мизи мудаввар дар ПИТФИ

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, ҳамасола моҳи ноябр дар саросари ҷумҳурӣ ду ҷашни пуршукӯҳ, солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешаванд. 10-уми ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори шуъбаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашри Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Тасвири сохтмонҳои азим дар публитсистикаи муосир» бо иштироки васеъи кормандону меҳмонон аз дигар муассисаҳои илмиву таълимӣ, баргузор гардид.

Ҳамоишро директори ПИТФИ н.и.ф. Аминов Абдуфаттоҳ ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҷашнҳои дар боло зикргардида фикру ақидаҳояшро мухтасар баён намуд. Мавсуф зикр кард, ки бунёди иншоотҳои азим бо корномаҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам буда, аз дастовардҳои замони Истиқлол маҳсуб меёбанд. Баъдан аз тарафи д.и.ф. профессор М. Муродӣ маърӯза таҳти унвони «Таҷассуми НБО-и Роғун дар публитсистикаи муосир» ироа гардид, ки дар он осори публитсистии марбут ба мавзуъ бо зикри муаллифон гуруҳбандӣ ва маълумоти муфассал дода шуд.

Пасон маърӯзаи ходими калони илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашр, н.и.ф. Охунзода Н. дар бораи «Нақши Пешвои миллат дар бунёди сохтмонҳои азим» ба ҳозирин маърӯза қироат намуд. Ӯ қайд кард, ки дар пасманзари бунёду тасвири роҳу нақб ва нерӯгоҳҳои азим дар публитсистикаи муосир нақш ва саҳми Пешвои миллат дар ҷойи аввал меистад. Ӯ барои тақвияти гуфтаҳояш аз суханрониҳои Пешвои миллат, осори публитсистон Бахтиёри Муртазо, Раҷабалӣ Аҳмад, Шералӣ Мӯсо, Ҷамолиддин Тошматов ва дигар нависандагон мисолҳо овард.

«Роғун дар публитсистикаи Раҷабалӣ Аҳмад» чунин унвон дошт маърӯзаи н.и.ф. ходими пешбари илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашр Ҷумъаев М.О. мавсуф зимни баромадаш қайд намуд, ки НОБ-и Роғун дар осори публитсистии нависанда Р. Аҳмад мақоми махсусеро ишғол мекунад. Ҳамчунин як қатор асарҳои нависанда мазкур аз қабили «Роғун – бахти рӯзафзун», «Роғун – ифтихори миллат», «Наврӯзи Роғон» ва амсоли ин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Баъдан н.и.ф. ходими калони илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашр Баҳромзода М. маърӯзаашро зери унвони «Матбуоти даврӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон марбут ба об» ироа намуда, дар бораи нақш ва саҳми матбуот оид ба баррас ва интишори яке аз ташаббусоти байналмилалии Тоҷикистон – об маълумоти умдае дод. Мавсуф дар такя ба масоили чопшудаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» маводи дигар матбуоти давриро мавриди ҳаллу фасл қарор дод.

Дар мубодилаи афкор бошад, Нависандагони халқии Тоҷикистон – публитсистон Бахтиёри Муртазо ва Шералӣ Мӯсо, профессорони факултаи рӯзноманигории ДМТ Азимов А., Бозоров Н. ва дигарон суханронӣ намуда, фикру андешаҳояшонро дар мавзӯи мавриди назар баён намуданд. Мизи мудаввар барои ҳамагон хотирмон ва манфитаовар буд.

 

Ифтихор Юсуфӣ

мудири шъбаи ВАО ва

 табъу нашри ПИТФИ

 

барчасп: