10-уми сентябр Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз худкушӣ

АФЗОИШИ ХУДКУШӢ РОҲИ ПЕШГИРИИ ОН КАДОМ АСТ?

Худкушӣ падидаи зишту номатлубест, ки он аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар ҷомеаи инсонӣ ташвишовар боқӣ мондааст. Ривоят аст, ки дар Рими қадим худкушӣ, бахусус, дар байни духтарон ва ҷавонзанон, новобаста аз чораҳои пешгирӣ, хеле афзуд. Шаҳрдор фармон дод, минбаъд ҷасади урёни онҳое, ки худкушӣ кардаанд, дар маркази шахр ба намоиш гузоранд. Воқеан, баъди ба намоиш гузоштани ҷасади чанд ҷавонзан, худкушӣ дар кишвар тамоман коҳиш ёфт.

БОЗ ЯК ХУДКУШӢ

Моҳи июни соли равон Санъат Ғаффорова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров худ ва ду кӯдаки хурдсолашро ба дарёи Сир афканд. Аз ин пештар модари ҷавоне дар Панҷакент аввал се тифл, баъд худашро ба дор овехта кушт.

Санаи 8 августи соли гузашта зани 27 сола аз деҳаи Калкоти Ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара худро ҳамроҳи духтарчаи шашсолааш Омина худро аз болои пули Норак ба дарё партофт.Ҷасадҳои модару кӯдаки ғурамаргашро танҳо баъди 7рӯз пайдо карданд ва рӯзи15 август дар деҳаи Экизаки ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара, ки Шаҳригул зодаи ҳамин деҳа асту хонаи падариаш он ҷост, ба хок супурданд. Дар мавриди худкушии ин зан маълумоти дақиқе дар даст нест. Нафарони наздик ба ин хонавода сабаби фоҷеаро ба ҷангҷоли оилавӣ рабт медиҳанд.

ИСЛОМ ХУДКУШИРО МАҲКУМ МЕСОЗАД

Дини мубини Ислом худкушӣ ва умуман, қатли бегуноҳонро қатъан маҳкум менамояд. Он аз ноогоҳӣ ва надонистани муқаддасоти дини Ислом, Қуръони азимушшаън ва ҳадисҳои Паёмбар (с) сурат мегирад.

Он шахс ба ғазаби Худо ва азоби рӯзи қиёмат гирифтор мешавад. Чунончи, Равоҳ ал-Бухорӣ  ва Муслим дар ҳадисе аз Паёмбар(с) меоранд: “Шахсе, ки худро аз баландӣ чун, кӯҳ афканд ва  ҳалок сохт, ба оташи абадӣ афканда хоҳад шуд. Касе заҳр нӯшиду худро кушт ва боқимондаи заҳр дар даст бошад, ба оташи ҷаҳаннам абадӣ афканда хоҳад шуд. Ва касе, ки худро бо оҳане кушту он оҳани ба бадан халонда дар дасташ бошад, ба оташи ҷаҳаннам абадӣ хоҳад шуд”. Ҳамчунин онҳое, ки худро месӯзонанд ё меовезанд, ба ғазаби Худо ва оташи ҷаҳаннам гирифтор мешаванд. Аз чумла, дар ояти 29-и сураи Нисои Куръони карим омадааст: “Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ ки Худо ба шумо Меҳрубон аст”. Дар ояти 195-уми сураи Бақара бошад таъкид шудааст: «Ва худро бо дасти худ ба ҳалокат наяндозед» 

Чунон ки мебинем, дини Ислом қатлу худкуширо қатъан маҳкум месозад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаҳои 5 ва 18-и худ ҳаёти инсонро чун дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯ дахлнопазир шуморида, муқаррар намудааст, ки ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад. Ҳуқуқи инсон ба ҳаёт,  дар моддаи 3 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон таҳкими бевоситаи худро пайдо намудааст.

Ҳамзамон, қонунгузории ҷиноятӣ ҳаёти инсонро чун яке аз объектҳои асосии ҳифзи ҳуқуқи ҷиноятӣ шуморида, дар моддаи 63  Кодекси ҷиноятӣ барои шахси дигарро қасдан ё аз беэҳтиётӣ аз ҳаёт маҳрум намудан ҷазоҳои гуногун ва то ба ҳадди якумра маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ намудааст.

ОМИЛҲОИ БА ХУДКУШӢ ДАСТ ЗАДАН ДАР ЧИСТ?

Маҳмадсабур Бобоев, прокурори калони Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прократура, зимни суҳбат иброз дошт, ки санҷиши ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он нишон дод, ки дар аксарияти ҳолатҳо сабабу шароитҳои мусоидаткунанда хусусияти якхела дошта, бештар ба муносибатҳои оилавӣ байни волидону фарзандон, муноқишаҳои ночизи оилавӣ байни зану шавҳар, набудани ҳамдигарфахмӣ дар байни аҳли оила, рашк, сатҳи пасти зиндагӣ, бекорӣ ва ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ машғул набудан, гирифтори бемории рӯҳӣ ва дигар бемориҳои вазнин, танҳоӣ, ҳолати депрессивӣ, бо баҳонаи ночиз асабонӣ ва ғамгин шудан, бо сабаби майзадагӣ, шарму ҳаё, инчунин паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон алоқаманд мебошанд.

Масъалаи мазкур ҳатто мавриди муҳокимаи ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шуда, бо қарори Шӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор карда шуданд, ки корро дар ин самт ҷоннок намуда, ҳар як ҳолати худкушӣ ва суиқасд ба онро мавриди санҷиши пурра ва дақиқ қарор дода, сабабҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон, хусусан занон, ноболиғон ва ҷавононро муайян ва қабули қарори қонуниро бо онҳо таъмин намоянд.  

Қайд бояд кард, ки ҳаёти инсон арзиши ҷуброннопазир буда, неъматест, ки ҳамаи дигар неъматҳои моддиву маънавӣ аз он сарчашма мегиранд.

Дар соли 2020 ва 6 моҳи соли 2021 оид ба ҳодисаҳои ба худкушӣ расонидан ҷамъ 66 (42 ва 24) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шуда, парвандаҳои ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба судҳо фиристода шуда, гунаҳгорон маҳкум карда шуданд.

 Соли 2021 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 518 ҳодисаи худкушӣ ва қасди худкуширо сабт кардааст ва нисфи чунин афродро занон ташкил додаанд. Ба ҳисоби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва Анҷумани байналмилалии пешгирӣ аз худкушӣ  соле 700 ҳазор сокини сайёра даст ба худкушӣ мезанад ва 77 дарсади ин ҳодисаҳо дар кишварҳое бо даромади миёнаву поин сабт мешаванд. Фаъолони анҷуман, ки барои боло бурдани сатҳи огаҳӣ аз ин мушкил 10-уми сентябри ҳар сол Рӯзи ҷаҳонии пешгирӣ аз худкуширо барпо мекунанд, мегӯянд, ин талошҳо ба хотири таъмини солимии фазои ҷомеа ва тарбияи солими кӯдакон хеле муҳиманд.

ЧАРО ВАЗОРАТУ КУМИТАҲО ҚАРОРИ ҲУКУМАТРО ИҶРО НАМЕКУНАНД?

 Бояд тазаккур дод, ки яке аз санадҳои муҳими меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти мазкур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 304-8 аз 1 июли соли 2004 «Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ» мебошад, ки новобаста аз сипарӣ шудани қариб 16 сол аз қабули он муқаррарот ва талаботи он муҳим ва рӯзмарра боқӣ мондаанд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №304-8 аз 1 июли соли 2004 «Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ» раёсату шуъба ва бахшҳои дахлдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои маориф ва илм, адлия, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио ва раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда баҳри пешгирии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он задани шаҳрвандон тадбирҳо андешанд.

Бо мақсади тақвият бахшидани Қарори мазкур дар мувофиқа бо Вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаҳои телевизион ва радио, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази исломии Тоҷикистон “Барнома дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ барои солҳои 2019-2023” таҳия ва он бо имзои Прокурори генералӣ аз 19.07.2019 сол тасдиқ шуда, барои маълумот ва иҷро ба мақомотҳои номбаршуда, прокуророни поёнӣ фиристода шуда, зери назорат қарор дода шудааст.

Новобаста аз чораҳои андешида ҳодисаҳои даст ба худкушӣ ва сиқасд ба он задани шаҳрвандон  дар вилоятҳои Хатлон, Суғд,ВМКБ, шаҳри Душанбе ва баъзе  ноҳияҳои тобеъ ба назар мерасад. Шаҳрвандон бештар бо роҳи худовезӣ, заҳролудшавӣ ва расондани зарари ҷисмонӣ даст ба худкушӣ ва суиқасд ба он мезананд. Инчунин ҳолатҳои худсузӣ ва худро ғарқ намудан низ ба чашм мерасад. 

ХОДИМОНИ ДИН АЗ ПЕШГИРИИ ИН ЗУҲУРОТ ХУДРО КАНОР МЕГИРАНД

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе имомхатибони масҷидҳои ҷомею панҷвақта ва дигар ходимони дин аз пешгирии ин зуҳурот худро дар канор гирифтаанд. Маҳз масъулини ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаҳои маҳал, имомхатибҳо дар бораи шароити зисту зиндагонии ҳар як оила, муноқишаҳои оилавӣ бохабар буда, оид ба мушкилоти ҳаррӯзаи аъзои он маълумот доранд, вале вобаста ба ин масъала чораҳои лозима намеандешанд.

       Баҳри аз байн бурдани ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, пеш аз ҳама зарур аст, ки маънавиёти шаҳрвандон баланд бардошта, бо ин мақсад корҳои таблиғотию тарғиботи дар байни ҷомеа пурзур гардонда шавад. Маҳз тарбияи маънавии шаҳрвандон омили асосии аз байн бурдани ҳодисаҳои марбут ба худкушӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа баромад карда метавонад.

        Пӯшида нест, ки аксарияти аҳолии кишварро мусулмонон ташкил дода, таваҷҷӯҳ ба таълимот ва суханони пешвоёни ислом бештар аст. Маҳз сарчашмаҳои файёзи ганҷинаҳои гаронбаҳои ислом, ҳамчун дарёи ҳикмат, роҳнамоӣ саломату саодати ҷомеа, метавонанд мардумро ба сарманзили камол ва хушбахтии комил раҳнамун созанд.

Бинобар ин, қатъиян метавон гуфт, ки аз тарғибу ташвиқи бомавриди ислом, натиҷаҳои кор бештар аст ва ин амал метавонад дар пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ таъсири амиқ гузорад.

Аз ин рӯ, бо мақсади пешгирии зуҳуротҳои худкушӣ ҷалб намудани ходимону дини ислом, имомхатибон ва паҳн кардани маводи марбутаи динии хусусияти тарбиявӣ дошта ва бо ин роҳ баланд бардоштани маънавиёти сокинони ҷумҳурӣ аз аҳамият холӣ намебошад. Танҳо масъулини бахш оид ба корҳои динро зарур аст, ки ҷиҳати амали сохтани ин чорабиниҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. 

          Бояд тазаккур дод, ки маҳз андешидани чораҳои маҷмӯӣ метавонад барои пешгирии амали худкушӣ, ки хилофи меъёрҳои ахлоқи инсонӣ буда, боиси кулфат ва бадбахтии наздикону пайвандони мақтулон мегардад, мусоидат намояд.

ҶОИ ТААССУФ АСТ

Ҳанӯз аз хотирҳо зудуда нашудааст, ки сокини шаҳри Норак З. Маҳмуродова   бо муносибат ва рафтори хоҳари шавҳараш тоқат накарда, 5 феврали соли 2016 бо  4  нафар фарзанди хурдсолаш ба болои купруки дарёи Вахш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Кибил, шаҳри Норак рафта аввал кӯдакон ва баъдан худашро ба дарё партофта, ба ҳалокат расонд.

Сентябри соли 2015 Саломат Пирова сокини 23- солаи ноҳияи Вахш се фарзанд ва худашро  ба нахр партофт.

Моҳи апрели соли гузашта модари ҷавоне аз деҳаи Негноти  Панҷакент се фарзанди хурдсол ва худашро  дар боғ овехт.

Моҳи июни соли равон Санъат Ғаффорова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров худ ва ду кӯдаки хурдсолашро ба дарёи Сир афканд.

Ҷои таассуф аст, ки вазорату кумитаҳои дар боли номбаршуда, бахусус фаъолияти бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳои номатлуб назаррас нест. Чорабиниҳои ба накша гирифтаи кумитаҳои номбурда дар ин самт ба таври лозима ва самарабахш гузаронда нашуда, хусусияти расмиятчигӣ доранд. Ҳатто робита байни Кумита ва шӯъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо  оид ба ин масъала умуман ҷой  надорад.

Баъзе ноболиғону ҷавонон аз ҷиҳати рӯҳӣ ва маънавӣ такомул наёфта, дар мавриди дучор шудан ба мушкилиҳои зиндагӣ ба сустиродагиву кӯтоҳандешӣ роҳ дода, дар баъзе ҳолатҳо даст ба худкушӣ мезананд.

 Ҳодисаҳои даст ба худкушӣ ва суиқасд ба он задани шахсони мубталои бемории руҳӣ низ ташвишовар мебошад.

Аз тарафи муасссисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури барои ошкор кардани шахсони ба бемории рӯҳӣ гирифторшуда ва табобати доимии онҳо чораҳои зарурии профилактикӣ гузаронида намешаванд. Дар натиҷа теъдоди зиёди ин гуна беморон дар қайд қарор дошта бошанд ҳам, дар лаҳзаҳои хуруҷи бемориҳои рӯҳӣ мавриди табобати зарурӣ қарор дода намешаванд. Ҳамчунин, ашхоси бемории рӯҳи дошта сари вақт муайян ва ба табобат фаро гирифта намешаванд. Дар натиҷа чунин ашхос даст ба худкуши ва суиқасд ба ҷони худ мезананд.

Санҷиши ҳодисаҳои ба худкушӣ ва сӯиқасди он даст задани  шаҳрвандон асосан дар доираи хешу табор, яъне онҳое, ки эҳтимол шахси худкушӣ кардаро ба ин кор расонидаанд, маҳдуд шуда, барои муайян намудани сабабҳои худкушӣ ё сӯиқасди он дар доираи васеътар ҳаракатҳои дахлдори санҷишӣ гузаронида намешаванд.

Зиндагӣ ба дасти Холиқи яктост. Ҳеҷ кас ҳаққи ба он таарруз кардан надорад, ҳатто ба ҷони хеш! Инсон аз тамоми мавҷудоти зинда бо ақлу хираду  идрок фарқ мекунад. Мутаассифона, баъзеҳо бар он ақидаанд, ки тақдир ҳамин будааст ва чунин ҳодисаҳоро ба он ҳавола менамоянд. На! Офаридгор моро офарид ва ду роҳро ба ихтиёри мо гузошт: роҳи раҳмонӣ ва роҳи шайтонӣ. Зиндагӣ ин як имтиҳонест барои омодагӣ ба ҷаҳони дигар. Чуноне ки инсон дар батни модар муддати муайян афзоиш ва ташаккул ёфта ба дунё меояд. Пас ҳар як инсон, ки қобили тафаккур аст, ало рағми ҳама гуна душвориҳо бояд зиндагӣ кунад, ташаккул ёбад, аз роҳи шайтонӣ парҳез намояд ва поку сафед,  беолоиш ба сӯи Парвардигори хеш бозгардад ва ҳақиқати абадиро бипазирад, ки Хоҷа Ҳофиз гуфта:

 

Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст,

Ҳолиё ғулғула дар гунбади афлок андоз.

Мунаввари Сафар

барчасп: