ИҶЛОСИЯИ XVI ОҒОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МАРДУМИ ТОҶИК БУД Сӯҳбат бо ходими давлатӣ Адолат Раҳмонова ба муносибати 30 –юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ

- Адолатбону, чуноне мегӯянд, дунёи хотирот касро бо роҳи тайшуда бармегардонад, ки он пур аз шебу фароз, комгориву нокомӣ, шодиву нороҳатист ва гоҳо дили инсонро тазйиқ медиҳаду гоҳо саршори фараҳ мегардонад. Шумо ҳамчун вакили мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ фаъолона ширкат доштед. Аз он рӯзгор чӣ хотираҳое боқӣ мондааст?

- Дар ҳақиқат, бароям ҳамчун зан, модар он лаҳзаҳоро ба ёд овардан душвор аст. Дар натиҷаи нофаҳмиҳои байни гурӯҳҳо, ки мехостанд дуруст будани ақидаҳои худро исбот намоянд ва шояд дарк накардани демократия, ки қисмате аз онҳо бо номи демократ баромад мекарданд, дар кишвари мо бародар бо бародар даст ба гиребон шуд ва хун рехт. Гурӯҳҳои мухолиф бо ҳар восита мехостанд, сохти конститутсиониро тағйир дода, бо роҳи зурӣ ба сари қудрат оянд. Шояд онҳо на фақат аз дохил ба иштибоҳҳои сиёсӣ роҳ доданд, балки хоҷаҳое низ доштанд, ки аз берун онҳоро маблағгузорӣ мекарданд ва мехостанд Тоҷикистонро ба қисматҳо ҷудо намоянд ва ё мардуми сарбаланди тоҷикро мутеъ созанд. Аз ҳамин ҷиҳат нофаҳмӣ дар байни як миллати   кӯҳанбунёд пайдо шуд.

- Дар арафаи Иҷлосияи XVI чунин ба назар мерасад, ки баъзе аз вакилони мардумӣ дар сари дуроҳае қарор додштанд ва намедонистанд кадом роҳро интихоб намоянд. Вале шумо қотеъона ақидаҳои хешро баён кардед ва гӯё аз пешомадҳо иттилоъ доштед.

- Охири солҳои 80-и асри гузашта китоберо бо номи «Духтари шарқ», ки муаллифаш Беназир Бҳутто, собиқ сарвазири Покистон, чандин маротиба хондам. Вазъи онрӯзаи ҷумҳурии мо айнан ба ҳамон воқеаву ҳодисаҳои дар китоб нигошта шабоҳат дошт. Бинобар ҳамин, медонистам, ки оқибати чунин ихтилофоту кашмакашиҳо ба чӣ оварда мерасонад. Ин нуктаро ҳанӯз аз иҷлосияи дувоздаҳ сар карда, чандин маротиба таъкид доштам, ки ақли солимро кор фармуда, аз гузашта ибрат омӯзем ва пеши роҳи чунин нобасомониҳоро гирем. Агар мо ба он ноил мегардидем, шояд чун дигар ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ бемамониат аз як сохт ба сохти дигар мегузаштем.

Хушбахтона, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 16 ноябри 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид. Аз рӯзҳои аввал ба мо даст намедод, ки рӯзномаи иҷлосияро тасдиқ намоему онро пеш барем, то роҳбарияти Шӯрои Олӣ ва мақомоти роҳбариро интихоб кунему Тоҷикистони  азизи худро аз вартаи ҳалокат раҳонем. Зеро ҳамон лаҳзаҳо  тақдири кишвари мо ҳал мешуд. Рӯзи сеюми иҷлосия собиқ раиси вилояти Суғд зимни баромад бо баҳонаи он ки вакилони мардумӣ омода нестанд, таклиф намуд, ки кори иҷлосияро ба моҳҳои оянда вогузор намоем.

Баъди суханронии ӯ дигар тоқат карда натавонистам. Ҳамон лаҳза ба минбар баромада, ҳамчун зан –модар дилсӯзона таъкид намудам, ки манфиатҳои шахсиву гурӯҳиро бояд ба як тараф гузошт. Лаҳзае расидааст, ки мо бояд раиси Шӯрои Олиро интихоб намоем, вазорату кумитаҳоро таъсис диҳем, то тавонем Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳонем.

Дар он рӯзҳои ҳассос сухан гуфтан осон набуд. На ҳар кас ҷуръат дошт, ки фикру ақидаашро ба хотири дифоъ аз сохти конститутсионӣ, нигоҳ доштани давлат ва ҳифзи миллат баён созад. Шояд он лаҳзаҳо Худованд ин суханҳоро ба дили ман андохт, ки назари мардуми азизамро баён намоям. Имрӯз ман аз он шукрона мекунам, ки ба кадом гӯшаи Тоҷикистони азиз наравам, мардум он суханҳоро фаромӯш накардаанд. Ман аз он хурсандам, ки дар ҳамон иҷлосия баромади банда, Қурбон Мирзоалиев, Шариф Ҳайдар, Ғайбулло Афзал, Ҳабибуллои Табар ва дигарон маҷрои он вазъро тағйир дод. Мо он қадар бисёр набудем, вале тавонистем, ки зарурати доир гардидани иҷлосияро исбот намоем. Дар ҳақиқат, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ оғози сулҳу ваҳдати мардуми тоҷик буд. Дар иҷлосия шахси фидоии миллату Ватан Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ интихоб намудем.

Ба тамоми маънӣ ин шахс фидоист, зеро аз лаҳзаҳои нахуст иброз дошт, ки «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва то охирин  тоҷике, ки дар диёри бегонагон хору забун аст ва номи гурезаро гирифтааст, ба Тоҷикистон барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам».  Сарвари давлат дар он солҳои вазнин борҳо ба Афғонистон сафар кард, ки на ҳар кас ин ҷуръатро дошт. Фақат шахси фидоӣ, ки ҷонашро барои сарҷамъии миллату якпорчагӣ ва оромиву осудагии кишвараш дареғ намедошт, ба ин кор қодир буд. Ҳақ ба ҷониби онҳоест, ки Иҷлосияи XVI- умро иҷлосияи сарнавиштсоз ва тақдирсоз меноманд. Маҳз ба шарофати ин марди фидоӣ мо натанҳо ҷанги шаҳрвандиро хомӯш кардем, балки миллати кӯҳанбунёди тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ бо симои тоҷикона ва шарқиёнаи Президентамон муаррифӣ намудем. Баргузор гардидани анҷуману ҳамоишҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ гувоҳи ин гуфтаҳост, ки Сарвари давлат то чӣ андоза обрӯи мардуми тоҷикро баланд бардошт ва худ дорои чӣ арзишҳост. Хидмати Президенти мамлакат оид ба худогоҳию хештаншиносӣ, хоса ҷашнҳои бузургдошти арбобони давлатию сиёсӣ ва адабӣ хеле бузург аст. Он бунёдсозиҳое, ки бо роҳбарӣ ва ҳидояти Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 20 сол дар Тоҷикистон ба сомон расид, дар замони як давлати муқтадир карда натавонистем. Ин бунёди роҳи оҳани Қӯрғонтеппа- Кӯлоб, сохтмони роҳи Кӯлоб- Қалъаи Хумб – Кулма- Қароқурум, нақби Истиқлол, таҷдиди роҳи Душанбе- Айнӣ-Хуҷанд- Чанак, ки орзуву омоли садсолаҳои аҷдодони мост. Ҳамчунин, сохтмони силсиланерӯгоҳҳои барқи обии хурду калон, аз ҷумла, «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Роғун» ва ғайра, ки бо итмоми онҳо Тоҷикистон истиқлолияти пурраи энергетикии худро ба даст меорад аз дастовардҳои миллати мост. Ва имрӯзҳо, ки мо дар арафаи ҷашнгирии Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олӣ қарор дорем, орзу менамоям, ки сатҳи зисти мардуми мо боз ҳам баланд гардад ва зиндагии гуворо дошта бошанд, зеро миллати мо ба ин сазовор аст.

- Баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки тақдири давлату миллатро ҳал мекард, як амри зарурӣ ва ногузир буд. Зеро Тоҷикистон ба гирдоби талотумҳо кашида шуда, айёми даҳшатборро ба сар мебурд. Ба таъхир гузоштани иҷлосия хавфи аз байн рафтани якпорчагии кишвар ва нестии миллатро лаҳза ба лаҳза зиёд мекард. Баромади Шумо ва дигар вакилони мардумӣ на танҳо ба иштирокчиён, балки ба тамоми сокинони кишвар нақши муассир гузошт. Шояд он замон лаҳзаҳое буданд, ки аз нақши хотиратон зудуда намешаванд?

-Бале, он лаҳзаҳо зиёданд. Ҳамон рӯзе, ки оши оштӣ медоданд, як гурӯҳ занҳои вилояти Суғд омада хоҳиш карданд, ки бо онҳо мулоқот намоям. Маро ба маҷлисгоҳе бурданд, ки дар он ҷо қариб 400 нафар зан ҷамъ омада буданд. Иброз доштанд, ки мехоҳанд Адолат Раҳмоноваро аз наздик бубинанд. Маро ба оғӯш мегирифтанд ва мегуфтанду мегиристанд. Ман ҳам баробари онҳо ашк мерехтам. Онҳо аз ман мепурсиданд, ки оқибат чӣ мешавад ва занҳоро чӣ қисмате интизор аст? Ман бо боварии комил гуфтам: шахсеро, ки мо интихоб кардем, бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорат кишварамонро аз бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ мебарорад. Барои ба эътидол овардани ҷомеаи мо, бахусус, ба занҳо шароит фароҳам меорад, ки дар баробари мардон кору зиндагӣ кунанд.

Хушбахтона, 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расид. Ҳамчунин, «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари  мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001- 2010» қабул карда шуд.

Ман хеле хурсандам, ки имрӯз занҳои бомаърифат ва арзандаи мо дар вазифаҳои басо масъул, аз вазир сар карда, то раису муовинони раиси кумитаҳо, ноҳияҳо, шаҳру вилоятҳо ва дигар созмону муассисаҳо фаъолият доранд. Итминони комил дорам, ки занҳо дар тамоми соҳаҳо хидмати сазовор ба ҷо меоранд.

 Мунаввари Сафар

барчасп: