То нек надонӣ, ки сухан айни савоб аст...

Аввали урдибиҳштмоҳи ҳар сол (баробар ба 20 апрели соли масеҳӣ) Рӯзи бузургдошти паямбари шеъри форсӣ, орифу ҳакиму фарзонаи бузург – Афсаҳу-л-мутакаллимин Шайх Саъдийи Шерозист. Саъдӣ тахаллусаш аст ва ӯ Муслиҳуддин Абумуҳаммад Абдуллоҳ писари Мушаррафуддин Абуабдуллоҳ ибни Муслиҳ ибни Мушаррафи Шерозӣ, аз қабилайи Банӣ Саъд, аз наберагони Саъд ибни Уббодаи Хазраҷийи Ансорӣ, саҳобайи машҳур ба Саъди Ғаюр мебошад.

Пажуҳишгари тоҷик Обид Шакурзода ҳар гуна иртиботи тахаллуси Саъдиро ба Атобак Музаффаруддин Саъд рад мекунад ва менависад: “Пиндоре ки гӯё ин тахаллусро ба ифтихори Атобак Музаффаруддин Саъд ибни Абубакр ибни Саъд ибни Зангӣ (ҳокими иқлими Форс) гирифта, ғалат аст. Ибни Уббодайи Ансорӣ – яке аз наберагони Ибни Саъд, пеш аз садаи панҷуми ҳиҷрӣ ба Форс омадаву дар Шероз иқомат гузида, тоифае аз уламои диниро дар он шаҳр бо нисбати Саъдӣ ба вуҷуд оварда будааст. Дар адаби форсӣ, балки дар ҷаҳон наметавон назири Саъдиро намуна овард, ки чун ӯ ҳанӯз дар айёми зиндагӣ шуҳрати офоқ гашта ва дар имтидоди садсолҳо пас аз зиндагияш бад-ин дараҷа бузургномӣ касб карда бошад”.

Ба навиштаи ин пажуҳишкори тоҷик  “дар радифи назми оламгири ӯ ду шоҳкораш – «Бӯстон»-у «Гулистон» дар саҳнаи баруманди ҳунар аз нодиркориҳои ҳунарӣ, ҳамчун осори безаволи адабиёти ҷаҳонӣ ба шуҳрат расидаанд, ба ҳадде ки Бинҷомин Франклин, сиёсатмадор ва физикдони амрикоӣ ва яке аз пешвоёни озодиву истиқлоли Амрико дар арзёбийи «Бӯстон» мефармояд, ки қисматҳое аз ин китоб бояд «аз ҷумлаҳои мафқудшудаи ашъори Таврот бошанд». Дар асри 16, осораш, ки баргардон шуд, Саъдӣ бо латофати сухану ҳикмати баланд дар Фаронса ҷамол бинмуд ва чеҳраи мушаъшаъи ин офтоби ирфон тадриҷан самои маърифати инглису олмону русу аврупоро нурполо кард”.

Дар бораи Шайх Саъдӣ хеле метвон ҳарф зад, аз он ки ин бузургвор назире дар адабиёту фалсафи асри миёна надорад, яке аз маъруфтарин чеҳраҳои фарҳангии миллат ва тамаддуни форснажодон аст.

Мақола, ки ҳоло мехоҳем манзури назаратон бинмоем, баргирифта аз шумораи 2 (30) “Паёмномаи фарҳанг” аст ва “Одоби муошират аз назари Шайх Саъдӣ” ном дорад.

“Одоби муошират аз назари Шайх Саъдӣ”

Яке аз омилҳои асосӣ ва муҳимми ҷозибаноки осори Саъдӣ дар тарзу усули муоширати байни симоҳои офаридаи ўст. Шайх Саъдӣ ба ин аркони гуфторсанъату маҳорати баланди суханофаринишро ба харҷ додааст. Мусоҳибаи симоҳои ҳикояҳои Саъдӣ дар мавриду ҳолатҳои мухталифи равонӣ ба вуқуъ мепайвандад. Мутафаккир бештар усули муколамаро истифода бурда, дар аксар маврид худ ҳамчун (сомеъ) шунаванда, шоҳид ё мусоҳиб амал мекунад.

Ҳамчунин образҳои офаридаи мутафаккир ба ҷуз одамӣ, ҳайвоноту наботот низ ҳастанд, ки дар тимсоли инсон сухан мегўянд ва пандпазироянд.

Шайх Саъдӣ ҳарфи мутакаллимро бо аъмолу афъол ва сурату сираташ ба қиёс мегирад ва аз сухани ў дараҷа ва мартабаи ўро муайян ва музайян месозад. Саъдӣ боби ҳаштуми китоби “Гулистон”- ро дар одоби муошират бахшидааст. Ў чунин нигоштааст: ”Фасле дар ҳамон рўз иттифоқи баёз афтод(покнависӣ шуд) дар ҳусни муошират ва одоби муҳовират дар либосе, ки мутакаллимонро ба кор ояд ва мутарассилонро балоғат бияфзояд”[1, c. 32]. Яъне, суханро ба ҳайате гуфтам, ки ҳам гўяндагонро судманд афтад ва ҳам чиразабонию сухандонии номанигоронро афзун кунад. Сухан ва арзишу мавриди он, мусоҳиб ва дарку фаҳмиши он, одоби муошират ва риояти шеваи гуфтору рафтор дар “Гулистон”-и Саъдӣ аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа тахминан ба даҳ рукн қисмат мешавад:

Якум, Саъдӣ шахсро тавассути сухан-такаллум мешиносад, қобилияту фаъолият ва появу қадри онро муайян мекунад. Нутқу суханро мизони ифшои хирадмандӣ ва савияи илму дониши инсон маҳсуб медонад:

Забон дар даҳон, эй хирадманд чист?

Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.

Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,

Ки ҷавҳарфурўш аст ё пилавар [1, c. 30].

Зеро ки:

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад [1, c. 40].

Дуюм, Саъдӣ ҳарчанд хомўширо дар ҷамъияти хирадмандон авлотар донад ҳам, ҳангоми зарурат дар сухан кўшиданро раво медонад, зеро шахс бояд бо тақозои ваъият рафтор намояд ва ҳангоми муошират одоби ҳамнишиниро нигоҳ дорад:

Агарчи пеши хирадманд хамўшӣ адаб аст,

Ба вақти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кўшӣ.

ду чиз тираи ақл аст: дам фурў бастан,

Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомўшӣ  (1, c. 30].

Сеюм, Саъдӣ дар одоби муошират ростгў, ҳақиқатҷў будан ва аз ҳарфҳои дурўғу беҳуда, хушомадгўйӣ, тамаллуқкорӣ, маддоҳӣ, таърифҳои барзиёд парҳез карданро хислатҳои неки одоби гуфтор донистааст. ”Ҳар кӣ дар гуфтор сухан насанҷад, аз ҷавобаш биранҷад!”:

То нек надонӣ, ки сухан айни савоб аст,

Бояд, ки ба гуфтан даҳан аз ҳам накушоӣ.

Гар рост сухан гўию дар банд бимонӣ,

Беҳ з-он ки дурўғат диҳад аз банд раҳоӣ  [1, c. 254].

Ё ин ки: ”Дурўғ гуфтан ба зарбати шамшер монад, ки агар низ ҷароҳат дуруст

шавад, нишон бимонад”:

Якеро, ки одат бувад ростӣ,

Хатое равад, даргузоранд аз ў.

В-агар номвар шуд ба қавли дурўғ,

дигар рост бовар надоранд аз ў [1, c. 255].

Ҳатто нисбати дўст низ сухани ҳақро бояд гуфт. Шайх Саъдӣ аз дўсте, ки камбудӣ ва нуқсони ўро бо сабаби дўстӣ пинҳон медорад, “душмани бебок”-ро авлотар медонад:

Аз суҳбати дўсте биранҷам,

К-ахлоқи бадам ҳасан намояд.

Айбам ҳунару камол бинад,

Хорам гулу ёсуман намояд.

Ку душмани шўхчашми чолок,

То айби маро ба ман намояд [1, c.164].

Ё ин ки “Айби худ аз дўстон мапурс, ки бипўшонанд, тафаҳҳусе кун, ки душманон чӣ мегўянд?”[1, с. 335]. Ин андешаи Саъдӣ ба гуфтаи Искандари Макдунӣ шабоҳат дорад, ки “Ман на ҳамеша манфиат аз дўстон ёбам, балки аз душманон низ ёбам, аз он ки агар дар ман феъли зишт бувад, дўстон бар муҷиби шафқат бипўшонанд, то ман надонам ва душман бар муҷиби душманӣ бигўяд, то маро маълум шавад, он феъли бад аз хештан дур кунам. Пас он манфиат аз душман ёфта   бошам, на аз дўст [3, с.14].

Чорум, ҳарфи суханвар бояд бо далелу аснод бошад:

Нагуфта надорад касе бо ту кор,

Валекин чу гуфтӣ, далелаш биёр  [1, c.164].

Панҷум, ҳангоми муошират психологияи шунаванда, дарку қабули он, дараҷаи фаҳмиш ва қуввату неруйи мусоҳибро эҳсос бояд кард ва дар ҳамон сатҳу поя  сухан гуфт:

Фаҳми сухан чун накунад мустамеъ,

Қуввати табъ аз мутакаллим маҷўй.

Ё ин ки:

Ҳикоят бар мизоҷи мустамеъ гўй,

Агар хоҳӣ, ки дорад бо ту майле [1, c. 253].

Шашум, шахси фозилу заковатманд ва оқилу хирадманд набояд бо каси аблаҳу коно ва бехираду нодон сари баҳс бошад. Ва баръакс, ашхосе, ки дараҷаи фазилати хешро надониста бо  донишмандон сари баҳс меороянд, нодон мешуморад. Ба андешаи ў, “ҳар кӣ бо донотар аз худ баҳс кунад, то бидонанд, ки доност, бидонанд, ки нодон аст”.

Чун дарояд беҳ аз туе ба сухун,

Гарчи беҳ донӣ, эътироз макун.

Саъдӣ барои исботи ин матлаб чунин ҳикматеро далел меоварад: “Ҳакиме, ки бо ҷуҳҳол дарафтад, таваққуи иззат надорад ва агар ҷоҳиле ба забоноварӣ бар ҳакиме ғолиб ояд, аҷаб нест, ки сангест гавҳар ҳамешиканад:

Гар ҳунарманд аз авбош ҷафое бинад,

То дили хеш наёзораду дарҳам нашавад.

Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,

Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад [3, c. 244].

Ҳафтум, Саъдӣ яке аз омилҳои одоби муоширатро дар имконият додан ба мусоҳиб медонад, ки фикри хешро баён созад. Ҳарчанд ки сухани ў мақбул набошад ҳам, сабр намуда, ҳарфи гўяндаро то анҷом шунавад. ”Ҳар кӣ дар пеши сухани дигарон афтад, то мояи фазлаш бидонанд, яқин, ки пояи ҷаҳлаш шиносанд”:

Надиҳад марди ҳушманд ҷавоб,

Магар он гаҳ к-аз ў суол кунанд.

Гарчи барҳақ бувад мизоҷи сухан,

Ҳамли даъвеш бар муҳол кунанд [1, c. 254].

Ин амалро Шайх кори савоб, нишони одоби гуфтор ва фазилати инсон мешуморад ва ҳамчунин дар миёни суханони ҳамнишинон сухан ба миён оварданро одоби муошират намедонад.Чунончӣ: Якеро аз ҳукамо шунидам, ки мегуфт: “Ҳаргиз касе ба ҷаҳли худ иқрор накардааст, магар он кас, ки чун дигаре дар сухан бошад, ҳамчунин ногуфта сухан оғоз намояд”:

Суханро сар аст, эй хирадманду бун,

Маёвар сухан дар миёни сухун.

Худованди тадбиру фарҳангу ҳуш,

Нагўяд сухан, то набинад хамўш [1, c.161].

Нуҳум, Дар муошират боодоб будан, мавзуну пурмаъно ва бо ҳикмату зарофат ҳарф заданро мутафаккир хислату сифатҳои хуҷастаи инсон мешуморад ва касе, ки нисбати Шумо бо лутфу  меҳрубонӣ ҳарф мезанад, сазовори ҳурмату эҳтиром асту бо тавозуъ хоксори вай бош, вале бо ту ба пайкор бархезад, дидагонашро аз хок пур кун. Яъне, бо ашхоси тундхўй ба меҳру  ҷавонмардӣ муошират оғоз макун, ки ин амал ба он монад, ки суҳони нарм аз зангзада занг натавонад зудуд:

Касе, ки лутф кунад бо ту, хоки пояш бош,

В-агар ситеза барад, дар ду чашмаш оган хок!

                                                                     Сухан ба лутфу карам бо дурушхўй магўй,

          Ки зангхўрда нагардад ба нармсўҳон пок!  

Саъдӣ Саҳбони Валиро суханвари мумтоз ва дар фасоҳат беназир мешуморад,

ба ҳукми он ки бар сари ҷамоат соле сухан гуфтӣ ва лафзе муқаррар (такрор)

накардӣ ва агар ҳамон мазмун иттифоқ афтодӣ, ба иборате дигар бигуфтӣ:

Сухан гарчӣ дилбанду ширин бувад,

Сазовори тасдиқу таҳсин бувад.

Чу як бор гуфтӣ, магў бозпас,

Ки ҳалво чу як бор хўрданд, бас [1, 161].

Мутафаккир зимни гуфтор аз такрорҳои бемаврид ва суханҳои беҳуда парҳез карданро ба мухотаби хеш таъкид менамояд:

Садафвор гавҳаршиносони роз,

даҳан ҷуз ба лўълў накарданд боз.

Фаровон сухан бошад оганда гўш,

Насиҳат нагирад магар дар хамўш.

Чу хоҳӣ, ки гўйӣ нафас бар нафас,

Ҳаловат наёбӣ зи гуфтори кас [1, c.34].

Даҳум, Саъдӣ яке аз рукнҳои асосии одоби муоширатро дар қадр намудану таҳаммулу андеша кардан ва ҳарфи хуб задан медонад. Дар чанд ҳикоя ба лаҳну овози хуш ва садои дилкаш доштани мутакаллим ишора менамояд.  Ба андешаи ў, сухане ки, бе андеша баён мешавад, номаҳкам ва бебунёд аст ва ғайр аз пушаймонӣ дигар чизе ба бор намеорад:

Сухандони парварда пири куҳан,

Бияндешад, он гаҳ бигўяд сухан.

Мазан бетаамммул ба гуфтор дам,

Накў гўй, агар дер гўйӣ, чӣ ғам.

Биандеш, в-он гаҳ баровар нафас,

                                                           В-аз он пеш бас кун, ки гўянд бас [1, c.34].

Ё ин ки:

Нахуст андеша кун, он гоҳ гуфтор,

Ки номаҳкам бувад беасл девор.

Дар чакидаҳои хомаи ин шайхи ҷаҳонгашта ва мураббии бузург вазъу ҳолатҳои мухталифи равоншиносиро мушоҳида мекунем. Саъдӣ равони инсонро ба он мувоҷеҳ ва мувозеҳ месозад, ки дар олам дар радифи бадиву зиштӣ, некиву накўкорӣ, зебоию созандагӣ ва сўзандагӣ низ ҳаст. Инсон бояд ба ҳамаи гирудорҳои зиндагӣ тоб оварад ва обутоб ёбад. Дар “ Гулистон” ҳаёти инсон бо тамоми нишебу фарозаш, шўру шангаш ва табу тобаш дар ҷилвагарист. Яке аз ҷилваҳои вай хотир, идроки қавӣ ва озмоишҳои Саъдӣ дар зиндагӣ ва мардумшиносии ўст ва маърифати вай ба руҳиёти афроди башар, ки ба сувари мухталиф ба назар мерасад. ”Гулистон” дар пешорўйи ҳар як инсон чун оинаест, ки ҳаёти рангину ҷабҳаҳои муҳимми ҷомеаи воқеии иҷтимоиро аксандозӣ менамояд. Ў баъзан ҳолатҳои нармӣ ва нармгуфторӣ бо хасм ва парҳез аз хашму дуруштиву дағалиро авлотар медонаду мухотаби хешро ба ҷавонмардиву бахшандагӣ ва олиҳимматӣ ҳидоят менамояд:

Чу нармӣ кунӣ, хасм гардад далер,

В-агар хашм гирӣ, шаванд аз ту сер.

дуруштиву нармӣ ба ҳам –дар беҳ аст,

Чу рагзан, ки ҷарроҳу марҳамнеҳ аст.

Ҷавонмарду хушхўю бахшанда бош,

Чу ҳақ бо ту бошад, ту бо банда бош [1, c. 27].

АДАБИЁТ

1. Саъдии Шерозӣ. Куллиёт. Иборат аз чаҳор ҷилд, ҷилди 3.-Душанбе, 1990.-

368 с.

2. Обид Шакурзода.  Шарҳи “ Гулистон”-и Саъдӣ.-Душанбе, 2014.- 540 с.

3.Унсурулмаолӣ Кайковус. Насиҳатнома.- Душанбе, 1968.- 143 с.

“Паёмномаи фарҳанг”