УМРЕ ДАР ҶУСТУҶӮ Назаре ба рӯзгор ва фаъолияти ромишгари шинохта Ҷӯрахон Обидов

…Мутриб бо шӯру шавқ рубоб менавохт. Дар анҷоми ҳар оҳанг сомеон ба ҳунари ӯ каф мекӯфтанду аҳсан мехонданд. Бахусус, писараке, ки дар қатори пеш менишаст, мафтун шуда, мекӯшид аз шунидани ҳар як садои парда, дидани ҳар як ҳаракати ангушт баҳра бигирад, ҳар як навои шунидаашро дар хотир дорад. Мутриб менавохту дар пеши чашми писарак манзараҳои нотакрори кӯҳсори диёраш, боғҳову даштҳои сарсабзу хуррам, чашмаву дарёҳои босафо ҷилва мекарданд. Мутриб аз «Гулноз» ба «Фалак» мегузашту аз «Фалак» ба «Ушшоқ»… ва писарак низ аз таъсири ҳар наво ба ваҷд меомаду орзуи навозанда шудан дар дили ӯ бештар реша медавонд…

Рубобаке сохта буд аз тахтаву ришта ва гоҳо ҳамсолонашро гирдаш ҷамъ оварда, бо он ҳунар менамуд… ва ба ҳайрат меафтод, ба ғам фурӯ мерафт, ки «соз»-и ӯ садои хуш намедиҳад…

Пири деҳ ӯро таскин медод: «Қалам чӯбу сиёҳӣ обу коғаз хоку мистар хас, ба ин асбоби нолоиқ чӣ гуна хат нависад кас» - гуфтаанд гузаштагон. Албатта ягон рӯз сози ҳақиқиро соҳиб мешавӣ ва бо он дилҳоро тасхир хоҳӣ кард. Ғам махуру кӯшиш кун…

Ва ин чанд сухан панди пири торие буд дар деҳ, бобои Қурбон ном. Назди ӯ рафт ва ба шогирдӣ гирифтанашро хоҳиш кард. Назди ӯ доиразанӣ омӯхт. Назди ӯ ба олами пурафсуни мусиқӣ қадамҳои аввалин гузошт…

Соли 1953 бинобар муттаҳид гаштани колхозҳо оилаи онҳо аз Мӯъминобод ба Лағмон кӯчид. Боре ба ин деҳа дастаи санъаткорони ҳаваскори Мулкамоновҳо омад. Бародарон маҳорати писаракро санҷида, ӯро ба дастаи худ гирфтанд ва қариб як сол бо онҳо ҳамкорӣ кард. Дар ҳамон ҷо бародарон ба ӯ маслиҳат доданд, ки ба Душанбе равад ва дар омӯзишгоҳи мусиқӣ хонад. Ҳайрон шуд. Наход барои мусиқачӣ шудан низ хонанд?

Акнун ҳарчи зудтар ба Душанбе рафтану дар мактаби навозандагӣ хондан орзуи ягонаи ӯ буд ва…

Ва солҳо сипарӣ гаштанду ӯ ба Душанбе омад. Ин соли 1956 буд. Аксар ҳамсолонаш дар интихоби касб дудила буданд. Вале ӯ бо азми қатъӣ ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи мусиқӣ супурд. Зери роҳбарии донишманди мусиқӣ Ходими хизматнишондодаи санъати ҷумҳурӣ Д. С. Айрапетянтс ҳунари наваозандагӣ омӯхт.

МУРАББӢ МУДИРИ кафедраи соҳои халқии факултети мусиқии тоҷики Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, дотсент Ҷӯрахон Обидов дар давоми 22 соли фаъолияти илмиву омӯзгориаш зиёда аз сӣ шогирдонро тарбия карда касб омӯхтааст.

Аз рӯзҳои аввали ба омӯзгорӣ пардохтанаш Ҷ. Обидов қарор дод, тамоми илму дониши андӯхтаашро барои шогирдон сарф мекунад. Он таҷрибаеро, ки аз дигарон омӯхт, ба кор бурд, роҳхои нави таълимро ҷустуҷӯ кард ва ба он муваффақ шуд, ки дарсҳои ӯ нисбатан соддаву равшанфаҳм бошанд. Вале мушкилии ягона ва асосӣ – набудани китоби таълимие ба забони тоҷикӣ ба амалӣ гаштани тамоми орзуҳои ӯ монеъ мешуданд. На танҳо барои рубоб, барои дигар созҳои халқии тоҷикӣ низ китоби дарсӣ набуд ва Ҷӯрахон Обидов аҳд кард ҳатман дар ин кор саҳме гузорад.

Соли 1969 аз тарафи нашриёти «Ирфон» ба табъ расидани нахустин китоби таълимӣ ба забони тоҷикӣ - «Дарси рубоб» дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ ҳодисаи фараҳбахше буд. Ин асари пурқимати мусиқӣ ба китоби рӯимизии тамоми навозандагони касбиву ҳаваскор табдил ёфт.

Ҷои қайд аст бигӯем, ки дар тӯли 13 сол ин китобро на танҳо барои рубобнавозон, балки барои таълими дигар созҳои халқӣ низ истифода мебурданд, аз он на танҳо дар донишкадаи санъат, балки дар тамоми мактабу омӯзишгоҳҳои ҷумҳурӣ сабақ меомӯхтанд ва муаллифи ин китоб Ҷӯрахон Обидов ҳақ дорад бигӯяд, ки дар таълими ҳазорон шогирд ҳисса гузоштааст.

Ин қадами аввалин буд ва Ҷӯрахон Обидов  дар бораи такмил додану аз нав кор кардани ин асар пайваста фикр меронд. Ин буд, ки соли 1982 китоби «Дарси рубоб» бо такмилу иловаҳо ва ҷавобан ба талаботи бешумори мардум дуввумбора нашр гардид.

… Ҷӯрахони ҷавон соли 1960 баъди хатми омӯзишгоҳ баҳри идома додану бештар омӯхтани дониш ба Консерваторияи давлати Тошканд дохил шуд. Олами мусиқи дар ин ҷо ба чашмонаш бо рангҳои нав ба нав ҷилва мекард. Вай дар ин ҷо аз донандагони машҳури мусиқӣ рубобнавозон дотсент С. Зокиров, профессор И. В. Тахалов ва дар соҳаи дирижёрӣ аз профессор Ф. Назаров сабақ омӯхта, дар бораи мусиқӣ ҳамчун илм тасаввуроти бештар пайдо карда, паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти бастакорони машҳури ҷаҳон монанди Бах, Шопен, Штраус, Мотсарт, Брамс, Чайковский, Рахманинов ва дигаронро омӯхт. Дарёфт, ки олами мусиқӣ чи қадар бою зебост. Ва дар баробари навохтани асарҳои бастакорони миллӣ аз санъати ҷаҳониён низ худро канор намегирифт, пайваста машқ мекард ва дар як муддати муайян дар навохтани асарҳои бастакорони Аврупо низ чирадаст шуд. Инро барои худ имтиҳоне меҳисобид, ки аз он бомуваффақият гузашт.

Соли 1965 консерваторияро хатм карда, ба Душанбе баргашт ва ба таълиму тарбия пардохт. Дар баробари ин намегузошт малакаи навозандигиаш заррае коста гардад…

МУҒАННӢ БАРАНДА эълон кард:

- Оҳанги Фаттоҳ Одинаев «Фалак» . Оркестри созҳои халқӣ иҷро мекунад. Яканавоз дар рубоб Ҷӯрахон Обидов.

Бале, дар баробари мурабби хуб будан Ҷ. Обидов дар бисёр консертҳои дар ҷумҳурӣ ва берун аз он барпошуда худро ҳамчун муғании бомаҳорат нишон додааст, дар тарғиби мусиқии тоҷик ва шунавандагони гуногунмиллат расондани он ҳиссаи бузурге гузоштааст. Москва, Киев, Тошканд… Шарт нест ҳамаи шаҳрҳоеро, ки ӯ дар онҳо назди тамошобинон баромад кардааст, ном гирем. Ҳаминро гуфтан кофист, ки ба ҳунарнамоии ӯ намояндагони қариб ҳамаи миллатҳои Ватани паҳноварамон каф кӯфтаанд.

Дар хазинаи мусиқии радиои тоҷик ҳабдаҳ навори овоз мавҷуд аст, ки дар онҳо устод Ҷ. Обидов дар ҳамовозӣ бо оркестри созҳои халқӣ дар ҳашт навори дигар дар дастаҳои рубобнавозон мусиқи навохтааст.

Соли 1972-ро ӯ ҳаргиз фаромӯш карда наметавонад. Он сол як гурӯҳ ҳофизону мутрибони тоҷик тахти роҳбарии ӯ ба ҷумҳурии Полша сафар карда, мусиқии тоҷикро барои лаҳистониён армуғон бурданд. Дар барономаи ҳунарии онҳо вохӯрӣ бо аскарбачагони тоҷикистонӣ низ пешбинӣ шуда буд. Вақте ки Ҷ. Обидов рубоб дар даст ба саҳна баромада, оҳанге навохт, он аскарбаччагони пазмони ёру диёрро хеле ба ваҷд овард ва онҳо баъди ҳар баромади ӯ дуру дароз кафкӯбӣ мекарданду ӯро боз ва боз ба саҳна мехонданд…

… Ба санъаткор лозим аст давра ба давра маҳорат ва дониши худро такмил дода, аз падидаҳои наве, ки дар санъати мусиқии халқиву ҷаҳонӣ рӯй додаанд, бархурдор бошад.

Ҷӯрахон Обидов низ бо дониши доштааш қаноат накарда, барои такмили он мекӯшад. Ин буд, ки ӯ соли 1974 дар институти мусиқӣ – педагогии ба номи Гнесинҳои шаҳри Маскав, соли 1983 дар Консерваторияи давлатии ба номи М. Ашрафии Тошканд ва соли 1989 дар Консерваторияи давлатии ба номи П. И. Чайковскии Киев ихтисоси худро такмил дод. Ҳар дафъа барои худ чизи наве кашф мекард, ҳар як давраи ихтисосомӯзиро самаранок истифода бурда, дар корҳои минбаъдааш ба онҳо такя мекард.

Бисёр саҳифаҳои дурахшони санъати донишкада ба номи ӯ алоқамандад. Дар давоми даҳ соли мавҷудияти оркестри созҳои халқии донишҷӯён ӯ сарварии онро ба ӯҳда дошт.

Соли 1979 бо ташаббуси ӯ дар донишкада ансамбли рубобнавозон ташкил ёфт. Кор бо чунин ансамбл осон нест. Чун дар ҳамаи гурӯҳхои ҳунарии дигар ба он низ ғамхорӣ ва сарвари кордоне лозим аст. Ва азбаски он танҳо аз ҳисоби донишҷӯён иборат аст, дар мавриди донишкадаро хатм карда рафтани яке аз аъзоёни он барои ҳайати ансамблро пурра кардан заҳмати зиёде мебоист ба харҷ дод, то аз байни донишҷӯёни солҳои аввал ҷойгири лаёқатманде дарёбӣ. Вагарна хавфи пароканда шудани он аз эҳтимол дур нест. Гап аз хусуси як ансамбли оддии донишҷӯён меравад. Вале устод Обидов кори худро ба хурду бузург, аҳамиятдору беаҳамият ҷудо намекунад, ҳар як кори ба зиммааш гирифтаро мекӯшад бенуқсон то ба охир барад. Аз шогирдон кӯмаку ёрии худро дареғ намедорад ва дар лаҳзаҳои душвор ҳамеша дар паҳлӯи онҳо истода дилпурашон мекунад. Ва шогирдон низ аз доштани чунин устод фахр мекунанд. Борҳо шудааст, ки дар озмунҳои ҷумҳуриву минтақавӣ маҳорати баланд нишон дода боиси сарбаландии устод гаштаанд.

Соли 1978 дар озмун- азназаргузаронии мутрибони созҳои халқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон, ки дар шаҳри Фрунзе барпо шуд, яке аз шогирдони ӯ номбардории ҷои аввалро сазовор гашт, соли 1986 шогирди дигари ӯ А. Нормуҳаммадов дар Озмуни якуми мутрибони созҳои халқи ҷумҳурӣ ҷои аввалро соҳиб шуд, худи ҳамон сол аз озмуни минтақавии дар шаҳри Боку баргузоршудаи мусиқачиён шогирди дигари ӯ Х. Ӯлмасов сарбаланд баргашт. Соли равон ба муносибати 1400 солагии поягузори мусиқии форсу тоҷик Борбади Марвазӣ Озмуни дуввуми мутрибони созҳои халқии ҷумҳурӣ баргузор шуд, ки дар он аз байни даҳхо довталабон шогирди умедбахши ӯ Хушвақт Ӯлмасов пешдастӣ карда, номбардори ҷои аввал гашт. Ин ҳама натиҷаи кӯшишу заҳматхои устод Ҷ. Обидов низ аст.

Натиҷаи ин ҳама буд, ки соли 1986 дар байни рубобнавозон аввалин шуда унвони дотсентиро соҳиб гашт, соли 1989 бошад ӯро мудири кафедраи созҳои халқии тоҷик таъин карданд…

МУАЛЛИФ ОҲАНГСОЗӢ қисмати калони фаъолияти ӯро дар бар мегирад. Дар бораи он меарзадмуфассалтар сухан ронем.

Чун дар мактабҳо дар бораи мусиқӣ ва оҳангсозон маълумотҳои нахустин гирифт, донист, ки оҳангро низ касе эҷод мекардааст, тавре ки шоир шеър мегӯяд, рассом расм мекашад. Оё ман низ оҳангсоз шуда метавонам? – мепурсид аз худ ва ба ёд меовард, ки чи тавр ба шеъру ғазалҳои дар хурдӣ шунидааш оҳанг мебофту онҳоро замзама карда мегашт.

Пас метавонам – меандешид ба худ ва дар ин ҷода низ хост қувваи худро санҷад. Ягон шеърро мегирифту ба он оҳанге мебаст, то ба табъаш мувофиқ шудан дар болои он кор мекард ва нота навишта ба омӯзгорон нишон медод. Онҳо кӯшишу ғайрати ҷавонро дида, то ҳадди имкон ба вай маслиҳату кӯмаки худро даре ғ намедоштанд.

Ва имрӯз устод Ҷ. Обидов муаллифи зиёда аз сад суруд, мусиқии хориву эстрадӣ ва песаҳо барои созу оркестр мебошад. «Нури Октябр» ном оҳанги ӯ, ки барои хор навишта шуда бар матни Ҳ. Қурбонова  эҷод шудааст, дар озмуни ҷумҳурӣ барои эҷоди беҳтарин хор бахшида ба шастсолагии ташкилёбии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Партияи Комунистии он ба мукофоти сеюм мушарраф  гардидааст.

Оҳангҳои эҷодкардаи вай монанди «Гулсуман», «Чаманоро», «Суманоро» ва дигарон асосан дар репертуари консертии озмунҳо ҷой дода мешаванд. Онҳо хеле фораму дилнишин буда, ба шунаванда лаззат мебахшанд. Бештари оҳангҳои ӯ барои суруд эҷод шудаанд. Сурудҳои ӯро ҳофизони машҳури ҷумҳурӣ монанди Нуқра Раҳматова, Нигина Рауфова, Дона Баҳромов ва дигарон месароянд. Ин сурудҳоро қариб ҳама медонанд, бисёриҳо қариб азёд кардаанд. Масалан суруде, ки шодравон Муқаддас Набиева мехонду «Тоҷикистон» ном дошт, бо чунин байтҳо оғоз мешуд, кӣ нашунидаву азёд накардааст:

 

Тоҷикистони зи ҷон ширинтарам,

Тоҷикистони ҷавону дилбарам.

Қуллаҳоят ошёни бахти ман,

Бо ту ҳастам сарбаланд, эй кишварам…

 

Ҷӯрахон Обидов ҳам барои гурӯҳҳои эстрадӣ оҳанг эҷод кардаасту ҳам барои созҳои халқӣ. Оҳангҳои вай бо ҷаззобиву дилкашиашон фарқ карда меистанд. Сурудҳои «Ташна», ки Махфират Ҳамроқулова мехонад, «Бути тоҷик», ки Тоҷиддин Муҳиддинов сурудааст. «Бе ёр чунӣ?», ки Хурмо Ширинова месарояд, ба писанд нест? Сурудҳои «Диламро машкан»- у «Эй дил» дар иҷрои Нуқра Раҳматова, «Парвози дил» ва «Зеби Фахробод», дар иҷрои Нигина Рауфова , «Мапӯшон рӯйро» ва «Хобам наомад» дар иҷрои Мастона Эргашова, «Сарвиноз» дар иҷрои Давлатманд Холов, «Медонӣ» дар иҷрои Сурайё Қосимова ва садҳои дигар, ки ҳофизон ва овозхонони тоҷик месароянд, барои ҳар яки мо шиносанду дилнишин…

…Устод Ҷӯрахон Обидов имсол баҳори 50-уми ҳаёташро аз сар мегузаронанд. Вале он кас ба ин синни муборак нигоҳ накарда, мудом дар ҷустуҷӯ, такопӯ, ёфтани роҳхои нав ба нави эҷоди мусиқӣ ва таълими донишҷӯён ҳастанд. Синни 50-солагиро давраи  камоли эҷодиёт ҳисобида, дар фикри онанд, ки ба дӯстдорони суруди мусиқии тоҷик оҳангҳои тозаву дилкаш офаранд. Имсол маҷмӯаи нави асарҳои устод бо номи «Савтҳои Борбадӣ» аз чоп мебарояд. Дар солҳои наздик боз чопи чанд маҷмӯаи дигари оҳангҳои дилнишини ин марди шариф ба нақша гирифта шудаанд. Мо устодро бо синни пуршарафи панҷоҳсолагӣ табрик мегӯем ва дар роҳи таълиму тарғиби санъати мусиқии халқи тоҷик бурдбориҳо орзу карда, ҷустуҷӯҳои нав ба нави эҷодӣ хоҳонем.

 

Бахтиёри ВОҲИД

хабарнигори «Паёми Душанбе»

25.07.1990

барчасп: