Маҳфили адабӣ ба хотири гиромидошти Ҷалолиддини Балхӣ

6-уми апрели соли равон соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷ.Т. маҳфили «Гулбоғи адаб», таҳти унвони «Андешаҳои инсонпарваронаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ», баргузор шуд. Дар маҳфил роҳбарият, ходимони илмии Пажӯҳишгоҳ ва ҳаводорону дилбохтагони каломи бадеъ аз дигар муассисаву корхонаҳои тобеи Вазорати фарҳанги Ҷ. Т ширкат варзиданд.

Нахуст роҳбари маҳфил, мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Фарзон Назрӣ дар мавзуи «Ҷалолиддини Балхӣ ва андешаҳои инсонпарваронаи ӯ» суханронӣ кард. Ӯ зимни суханронии хеш иброз дошт, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ шоир ва орифи бузургу беназирест.ки шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. «Девони кабир» ва «Маснавии маънавӣ»-и ӯ бо чандин забонҳои қавму миллатҳои гуногуни рӯйи олам тарҷума ва нашр шудаанд. Дар ашъори Мавлоно инсон ҳамчун бузургтарин офаридаи Худованд мавриди ситоиш қарор гирифтааст ва андешаҳои инсонпарваронаро метавон, ҳангоми мутолиа, аз ҳар сатру байти ашъори ӯ дарёфт кард. Дар поёни суханронии хеш Ф. Назрӣ чанд ғазали дилошӯби Мавлоноро қироат кард.

Номзади илмҳои филологӣ Шарофат Мирзоева оид ба қиссаву ривоятҳое, ки мардум дар асоси баъзе аз бахшҳои «Маснавии маънавӣ» бофтаву сохтаанд ва ин қиссаву ривоятҳо зиндагиву фаъолияти адабии ибратомӯзу ифтихорбарангези Мавлоноро бозтоб мекунанд, ҳарф зад. Ш.Мирзоева дар ҷараёни суханронии хеш пораҳои ҷолиберо аз «Маснавии маънавӣ» ва ғазалиёти мавлоно мисол оварда, маънидод кард.

Суханронии ходими илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашр Ифтихор Юсуфов «Ситоиши одамият дар «Маснавии маънавӣ»-ро дар бар мегирифт. И. Юсуфов суханрониашро бо чанд байт аз «Маснавии маънавӣ» шурӯъ кард ва зикр намуд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо таълифи ин маснавии хеш, ки онро «Қуръон бо забони паҳлавӣ» низ мегӯянд, на танҳо тоҷикону дигар форсизабонон, балки ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузоштааст.

Ҳамин тавр дигар аъзои маҳфил, аз ҷумла Шамъигул Каримова, Шодӣ Қурбонов, Ораз Муродалиев ва дигарон оид ба ҳаёту фаъолияти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ суханрониву шеърхонӣ карданд. Дар интиҳо миёни ҳозирини маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифт.

Мавриди зикр аст, ки баргузор кардани чунин маҳфилу нишастҳои фарҳангӣ, ба хотири бузургдошти ниёгони тамаддунофарамон, қарзу фарзи мо ворисон аст ва мо бовар дорем, ки бо баргузор кардани маҳфили адабие, таҳти унвони «Андешаҳои инсонпарваронаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ», мо рӯҳи Мавлонова дигар бузургони шеъру адаби гузаштаамонро шод кардем,

 

                                                              Ифтихор Юсуфов

                                        ходими илмии шуъбаи

ВАО ва табъу нашр