Тавзеҳи бархе аз бозиҳои бачагона дар ноҳияи Панҷ

Тарбияи дурусти насли наврас дар шароити кунунӣ аз самтҳои муҳими давлат ба ҳисоб меравад. Пояи мустаҳками давлатдориро маҳз дар чеҳраи ҷавононибоору номус, меҳнатдӯсту қавиирода, зираку доно ва аз ҷиҳати ҷисмонӣобутобёфтаю солим пайдо кардан мумкин аст. Феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории давлат нисбати насли наврас ва дуруст ба камол расондани онҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Пеш аз ҳама барои ҷисман обутоб ёфтан, солиму бардам нигоҳ доштан ва бамашғулиятҳои шавқовар ҷалб намудани кӯдакон корро аз оила ва боғчаю муасиссаҳои томактабӣ огоз намудан аз манфиат холӣ нест. Варзиш, ки аз он инкишофи бадан, ҳифзи саломатӣ ва инчунин ташаккули фикрии на танҳо кӯдак, балки калонсолон вобаста мебошад, як рукни асосии ҳаёти инсон ба шумор меравад. Ба ибораи дигар метавон гуфт, ки варзиш қисмате аз мероси пурғановати фарҳанги суннатии ғайримоддии тоҷиконмебошад. Бояд дар қатори бозиҳои умумбашарӣ (универсалӣ) аз қабили теннис, баскетбол, футбол ва ҳоказо, ки шумораашон зиёд асту имрӯзҳо иҷрои онҳо дар байни ҷавонон фаъолтар ба назар мерасанд, бозиҳои бачагона ва навъҳои варзиши суннатӣ бештар ба роҳ монда шаванд. Дар баробари бозиҳои универсалӣ бозиҳои суннатии миллӣ ба мисли бузкашӣ, гуштинг, хӯрусчанг дида мешаванд, ки дар ҷашнҳои расмии давлатӣ иҷрои онҳо амалӣ мегарданд. Аммо барои тамоми қишри ҷомеа чунин бозиҳо мувоффиқ нест.

Тибқи талаботи Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба Ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки Тоҷикистон соли 2010 ба он шомил шуда буд, “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ” аввалин маротиба соли 2010 таҳия гардид. Феҳристи мазкур минбаъд дар ду сол як маротиба такмил ёфтан гирифт, ки маротибаи охир бо тағийру иловаҳо соли 2018 нашр гардидааст.Он аз 7 бахшу 535 унсури фарҳангиғайримоддии тоҷиконро дар бар мегирад.[1] Бахши ҳафтуми феҳрист “Варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона” мебошад, ки аз 82 унсуриборат аст. Солҳои охир ба роҳ мондани экспедитсияҳои мардумшиносӣ рӯз то рӯз зиёд ба назар мерасанд, ки барои эҳёи ҳунарҳои анъанавӣ ва фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик хеле муфид аст. Таърихи гаронбаҳои ориёитаборон аз он дарак медиҳад, ки тоҷикон аз қадимулайён мардуми ҳунарманд, чорводор, зироаткор, соҳибтамаддун ва ҳатто дорои варзиши суннатии махсуси худ буданд, ки чавгонбозӣ, подшоҳбозӣ, найзазанӣ, аспсаворӣ, шамшербозӣ, шоҳмотбозӣ ва ҳоказо аз қабили онҳоянд.

Машғулиятҳои ҷисмонӣ ва ё фикрӣ – ақлонӣ ҳам як раванди таълим ҳисоб меёбад, ки дар рӯҳу ҷисми кӯдак бедор сохтани хислатҳои зиракӣ, ҳушёрӣ, чустучолокро ба вуҷуд меорад. Тарона ё шеърҳое, ки дар ягон навъи бозӣ хонда мешавад, матни онҳо аслан аз мазмунҳоипанду ахлоқӣ иборат мебошанд, ки бевосита ба кӯдакон таъсири худро мерасонад. Сарчашмаи тамоми бозиҳо аз оила ва хешу ақрабои наздик шурӯъ мегардад. Зеро ҳангоми ба воя расидани тифл машғулиятҳои гуногун ва таронаю сурудҳои форами кӯдаконагузаронида мешавад, ки тифл аз он завқ мебарад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар он лаҳзаҳо навозишу қироат ба рӯҳияи қудак ҳатман таъсир мерасонадва онҳо бо як хомӯшие ба дарки он фурӯ мераванд, гӯё чизеро пай мебурда бошанд. Дар шароити кунунӣ иҷрои бозиҳои суннатии бачагона бештар дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳою деҳаҳои кӯҳистон ба чашм мерасанд. Иҷрои бозиҳо дар ноҳияҳои кишвар мухталиф мебошанд, вале баъзе аз навъҳои бозӣ ба якдигар монанд буда, танҳо тарзи иҷрои он аз ҳамдигар тафовут доранд. Бо сабаби интишор ёфтани техникаю техналогияҳои муосир, яъне глобализатсия дар бисёр маҳалҳо бозиҳои аҷдодӣ рӯ ба костагӣ оварда истодаанд. Шавқу рағбати мактаббачагон бештар ба бозиҳои компютерӣ,истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ, тамошои фитаҳои номуносиб зиёд гаштааст. Чунин раванд кӯдаконро ба танбалию нодонӣ ва завқӯ рағбатро дарвуҷудашон нобуд месозад ва аз ҳама таасуфовараш он аст, ки асаби онҳоро коста намуда, ба саломатиашон зарари ҷиддӣ мерасонад.

Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон варзиши суннатӣ ва бозиҳои анъанавии бачагона то кунун дида мешаванд. Аммо иҷрои онҳо дар ин ноҳияи дурдаст ҳам кам ба назар мерасанд. Бештар дар рӯзҳои ид ва ҷашнҳои миллӣ, аз он ҷумла дар иди  Наврӯз  байни мардҳо мусобиқаҳо човандозӣ, гӯштингирӣ ва дар байни наврасон пойга (пешкунакон), бандкашӣ, хӯрусҷанг, кабкҷанг иҷро мегарданд. Дар рӯзҳои муқаррарӣ миёни духтарону писарони хӯрдсол  амали бозиҳои мухталифи замонавӣ мушоҳида мегардад, вале байни наврасон бозиҳои суннатӣ хеле кам иҷро мешаванд. Ҳангоми мусоҳиба бо мардуми ин ноҳия аз чунин навъҳои бозиҳои аҷдодӣ огаҳӣ пайдо намудем: лулак – лулаки хокӣ, тутикал, чиликдангал, пойга, тӯт пӯхт – ҷав расид, лӯхтакбозӣ, сангчилакбозӣ, офтоб – маҳтоб, сафедор - сафедор, туктукакбозӣ (баҷошавакон), подшоҳбозӣ, каминобозӣ, тӯгмабозӣ, арӯсбозӣ, ҷуфту тоқ, ҷанбулакбозӣ, ҳойшавакон, педнабозӣ, бандпарак, тухумҷангаг, оббозӣ, афсонахонӣ, байтбарак, қолбозӣ, шир ё ҷурғот, свечабозӣ ва ғайраҳо. Аз рӯи номгузорӣ тахмин меравад, ки  аксари бозиҳои мазкур таърихи қадима доранд ва боиси хушнудист, ки то имрӯз бо ҳамин номҳо маъмуланд. Бинобар ин тасмим гирифтем, ки оид ба рафти иҷро ва ҷараёни баргузории онҳо дар ин мақола маълумоти тавсифи ироа намоем. Мо дар бораи бозиҳои фавқуззикр маълумотро аз сокини деҳаи Вахиёи ҷамоати Нури Ваҳдат Назаров Ҳоҷиқурбон собиқ омӯзгори муасиссаи №6 – и  ҳамин деҳа, ки аз шахсони масъули ҷамоат мебошанд, гирифтем. Оид ба мавқеи бозиҳои бачагона номбурда  чунин ибрози андеша намуд: “Бозиҳои бачагона аслан аз замонҳои қадим, аз гузаштагони мо мерос монда, дар таълиму тарбияи насли наврас нақши муҳим мебозанд. Василае мебошанд, ки зиракӣ, ҳушёрӣ ва зеҳну идроки бачаҳоро ташаккул медиҳанд. Аз хӯрдӣ маҳз тавассути бозиҳо дар вуҷуди тифл бедор сохтани муҳаббат, дӯстию муттаҳидӣ, якҷоягии миллат, садоқат ба Ватан ва ҳимоя аз марзу буми хеш  амали бисёр муҳим мебошад.

 Бо ворид гардидани техникаю техналогияи замони имрӯза, иҷрои бозиҳои бачагонаи миллӣ кам ба назар мерасанд. Бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то бозиҳои миллии аҷдодиамон аз байн нараванд. Мо танҳо метавонем, рафти чунин бозиҳои тарбиявиро дар ҷадвали дарсии мактаббачагон ҷорӣ намоем, то ки дар амал иҷро шуда, аз байн рафтани он дигар ғайриимкон бошад”.[2] Дар рафти сӯҳбат дар бораи чанде аз бозиҳои дар боло зикршуда маълумот гирифтем. Аз ҷумла, усули иҷрои бозии тутикал чунин будааст:        

Тутикал, аз бозиҳои бачагонаи мардуми тоҷик ба шумор рафта, бо номи тали тал низ маъмул аст, ки таърихи қадима дорад. Ин бозиро бештар бачаҳои синни то 15 – сола иҷро менамоянд, ки ташкили бозӣ аз гурӯҳи бачаҳо иборат буда, 10 – 12 нафарро дар бар мегирад. Аз рӯи фаслҳои сол,  дар тобистон гурӯҳи бачаҳо дар дашт ё ин ки дар майдончаи варзишӣ бозии мазкурро иҷро менамоянд. Як мавзеъро интихоб намуда, дар рӯи замин мобайни давраро муайян карда, заминро каме чуқурча карда, чӯби дарози калтакмонандеро рост гузошта, гирдашро мустаҳкам менамоянд. Дар нӯги чӯб тоқиро гузошта, ба шакли давра ҳар ду  пойҳояшонро ба пеш дароз карда мешинанд. Яке аз иштирокчиёни фаъол бо суруд бозиро шурӯъ намуда, ҳангоми бо ҳиҷо ва оҳиста хондани матни суруд ангушти ишоратиашро ба болои пои ҳар  як иштирокчӣ расонида, давр задан мегирад. Дар болои пои касе аз бозигарон тарона ба охир расад, пойҳояшро ба қафо кашида, аз давраи бозӣ мебарояд. Ҳамин тариқ, матни суруд чанд маротиба такроран хонда мешавад. Ширкаткунандагон ба навбат, аввал як пояшонро ва баъдан пойи дигарашонро гирифта, аз бозӣ мебароянд. Шахси охирмонда, мағлуб дониста шуда, дар назди чӯби давра барои ҳимояи тоқии сари чӯб, посбон мешавад. Агар нафаре аз бозигарон тоқиро аз посбон гирифта тавонаду гурезад, боз шахси посбонбуда, мағлуб ҳисоб шуда, такроран посбон мемонад. Лекин дидбон нафаре аз шикаркунандагонро ҳангоми майл кардану гирифтани тоқӣ, дастгир намояд, ҳамон фард мағлуб ҳисоб меёбад. Бозӣ  ба ҳамин тарз давом мекунад. Бояд гуфт, ки матни суруд танҳо дар аввали бозӣ чанд  маротиба хонда мешавад ва то ба итмом расидани бозӣ дигар хонда намешавад. Дар бештари бозиҳои бачагона шеър ё таронаҳое барои интихоби нафари посбон хонда мешавад, ки муҳаққиқон онро шуморак номидаанд.

Тути кал,

Пудмони кал,

  • а парешон шакар.
  • афтодро, ҳаштодро,

Мех мехи оҳанӣ.

Дар сандуқи тиллоӣ,

Андар кашу,

  •  

Пои чапу рости худро,

Бар бикаш.

Дар фасли зимистон, амали бозӣ бе чӯбу тоқӣ,  дар хона гузаронида мешавад. Шахси мағлубшуда,  мутобиқи хоҳиши ҳузурдоштагон,  яке аз амалҳои сурудхонӣ, латифагӯи, шеърхонӣ, қиссагӯӣ, тақлидкорӣ, рақсидан ва афсонагӯиро иҷро менамояд. Барои идомаи бозӣ, боз аз аввал матни суруд хонда мешуд.

Дар мобайни баъзе аз бозиҳои дигари бачагонаи ҳамин деҳа, хусусан, дахтарбачаҳо иҷрои ин бозиротанҳо ба шакли дар зимистон иҷро мешуда доир менамоянд. Аммо матни тарона каме тафовут дорад.

 

Тути кал,

Тутмони кал.

Панҷа парешони шакар,

Ҳафтодро ҳаштодро.

Мех мехи оҳанӣ,

Дари дегдони Самарқандӣ.

Силсиламоҳ кулча биёр,

Аз даҳони мурча биёр.

Андар кашу,

Мандар каш.

Дасту пои чапу ростро каш,

 

  •  

Дар рафти мусоҳибаҳо аз бошандаи дигари ҳамин деҳа Носиҳова Рӯшан (с. т. 1967) вохӯрда аз ҷараёни бозии дигаре маълумот гирифтем.Мавсуфро замоне дарёфтем, ки бо наберааш саргами бозии лулаклулаки хокӣ буду  кӯдакро бо ин машғулият  аз гиристан ором карда, механдонид. Бозӣ хеле сода ва кӯтоҳ бошад, ҳам дар умқи он мазмуни бисёр васеъ ниҳон аст. Ин бозиро калонсолон барои тифлони хӯрдсол, ки то 2, 2,5 сола ҳастанд, иҷро менамоянд. Тифле, ки ғаш карда, ғам медиҳад бо ин бозӣ ӯро андармон менамоянду хӯшҳол карда, механдонанд. Рафти бозӣ чунин аст:

Ҳангоми гиря калонсоли оила, аслан модар, модаркалон ва ёбобои тифл як дасти кӯдакро гирифта, дар кафи дасти он нӯги ангушти ишоратиашро чарх занонда, матни суруди “Лулак, лулаки хокӣ” – ро мехонад.

Лулак, лулаки хокӣ.

Дашти кураки боқӣ,

Аз боло санг омад.

Пеши бӯзи ланг омад,

Деворака кофтем.

Сӯзанака ёфтем,

Пеши подшоҳ партофтем.

Аз ин даста бар он даста,

Шоҳони камарбаста.

Аспҳоро дар куҷо бандем?

Дар бедҳои қатор.

Чӣ бихӯранд?

Сангу сафол!

  •  

Донаи анор!

 

Баъдан навбат ба ангуштакони кӯдак, ки расад, аз ангуштаки хӯрдиашто ангуштаки ишорати он як-як дар болои кафаш қат карда,гӯё сухани гӯяндаҳое сар мешуда бошад, чор матни дигари таронаро мехонад:

  •  

Дигараш мегӯяд, аз Худои олам наметарсӣ!

Сеюмаш мегӯяд, мегирему мегурезем.

Чорумаш мегӯяд, мебинанмон!

 

Дар фарҷомангуштаки охир, яъне сарангуштаки онро ба пушти гарданаш расонида, матни охири бозиро мехонад:

 

Панҷумиаш мегӯяд, чулулулу барги каду,

Пушти каллаи Шоҳина. (номи кӯдакро зикр мекунанд).

 

Кӯдак ин ҳолатро дида, ба завқ меояду механдад. Ҳангоми ба маънои аслии матни суруд диққат додан, пай бурдан мумкин аст, ки ин бозиҳо машғулиятҳои таълимӣ буда, аз хӯрдӣ дар рӯҳия ва ҷисму ҷони кӯдак талқин кардани роҳи дурусти зиндагонӣ мебошад. Ба воситаи ин бозӣ зиракӣ, ҳушёрӣ, доноӣ, меҳру муҳаббат ба табиат ва атрофиёнро дар рӯҳияи тифл бедор кардан мумкин аст. Мусаллам аст, ки тифл аз мазмуни муҳтавои суруд чизе нафаҳмад. Аммо аз гуфтори шахсе ки бо ӯ чунин машғулиятҳоро мегузаронад, ҳаловат бурда, гӯё дарк мекарда бошад, завқ мебарад. Баъди иҷрои ин бозӣ гӯянда дар бораи мазмуни аслии тарона андешаҳояшро чунин баён намуд: “Ин намуди бозӣ дар асл бозии тарбиявӣ мебошад. Дар матни суруд маънои чуқуре ҷой дода шуда, дар бораи таърихи пайдоиши одам қисса менамояд. Чунончи, аз чӣ сохта шудани одам ва чӣ бардоштани ӯ аз дунёро инъикос менамояд. Масалан“Лулак лулаки хокӣ” худи калимаи “лулак” тифли навзод буда, калимаи хок бошад, яъне аз хок пайдо шудани одамро ифода мекунад. Дигар мисраи суруд “Дашти кураки боқӣ”, амалҳои солеҳу аз худ номи нек монданро таҷассум мекунад. Ба монанди ин бозӣ, бозиҳои дигар низ мазмунҳои баланди хуби таълимӣ доранд, ки барои тарбияи кӯдак хеле манфиатовар мебошанд. Бояд ба наслҳои оянда низ ин гуна машғулиятҳои пурмуҳтаворо талқин намуда, аз техналогияҳое, ки истифодаи онҳо дар бисёр ҳолат бемаврид аст, худорӣ намоем”. [4]

Аз сарчашмаҳо бармеояд, ки бозии зикр гардида дар дигар навоҳии кишвар ҳам дида мешавад ва ҳатто бо дигар номҳо маъмул мебошад. Чунончӣ муҳаққиқ Д. Раҳимӣ ин навъи бозиродар мақолаи худ, “Ҳавзак - ҳавзак” аз минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ тасвир намудааст.[5]

Бояд ёдовар шуд, ки бархе аз бозиҳои дар боло зикргардида ба гӯшаи фаромӯши рафтаанд. Ҳатто ҳангоми мусоҳиба бо гӯяндаҳо мушоҳида мегардид, ки баъзе амалҳои бозӣ ва ё мисраҳои шеъриро фаромӯш кардаанд. Аммо байни наврасону хӯрдсолон кам андар ками бозиҳои номбурда дида мешаванд. Бозии дигаре, ки дар ин ноҳия то имрӯз нисбатан пойбарҷост, ин чиликдангал мебошад. Чиликдангал як навъ бозиест, ки дар саросари кишварамон ба таври васеъ иҷро мешавад ва анқариб дар ҳама ҷо маҳз бо ҳамин ном маъмул аст. Бояд гуфт, кидар ҷараёни иҷрои бозӣ баъзе дигаргуниҳо дида мешавад.

Дар бозӣ гурӯҳи бачаҳо ҷаъм гашта, барои иҷрои бозӣ аз чӯби андаке ғафстар ду чӯб тайёр мекунанд, ки якеаш чилик ном дораду дигараш дангал. Андозаи чилик 8 – 10 см ва андозаи дангал 40 – 50 см мебошад. Чилик аз дангал 10 маротиба хӯрдтар мешавад. Зеро ҳангоми ҳисоби партофта шудаи чилик андозаи онро бо дангал ҳисоб карда мешавад. Бозингарон дар оғоз андозаи муайянро, аз 10 то 20 марра ва ҳатто аз он зиёдтар, барои охири бозӣ муқаррар менамоянд. Бояд гуфт, ки бозӣ дар саҳрои кушод иҷро мегардад. Дар майдончаи ҳамворе бачаҳо ба андозаи диаметри 1 – 1,5 м давра мекашанд. Акнун шумораҳоеро ҳамчун марра интихоб мекунанд, ки масофаи он 2000 ё 3000 – ро дар бар мегирад, ки аз завқу хоҳиши бозингарон вобастагӣ дорад. Пасон нафаре аз дохили давраи кашидашуда дар як даст дангал ва ба дасти дигар чиликро мегирад. Баъдан чиликро каме баболо партофта, бо дангал онро ба масофаи дӯр мезанад. Дар ҷое, ки чилик афтода истод, аз ҳамон ҷой боқади дангал то нуқтаи марказӣ масофаро ҳисоб карда меоянд. Бачаҳо чилики партофта шудаи рафиқашонро то шумораи муайяншудаи марра ҳисоб карда, ӯро аз бозӣ мебароранд. Ба ҳамин тарз бачаҳо бозиро идома медиҳанд ва дар охир холи ҳар як бозингарро алоҳида мешуморанд. Холи шахсе аз бозингарон агар ба шумораи муайяншудаи марра дуруст ояд ва ё аз он гузашта бошад, ҳамон нафар бозиро бурд кардааст. Ин шакли бозӣ инчунинба тариқи гурӯҳӣ низ иҷро мегардад.Яъне маррраи ҳар гурӯҳ болои ҳам шуморида мешавад. Гурӯҳ ва ё нафари мағлуб аз мавзеъи охири ҳавододаи дангал чиликро болои гӯш гузошта бо як пой зууу гӯён то дохили давра меояд. Дигарон ба ҳоли ӯ хандида чапак задан мегиранд.

Тӯт пӯхт, ҷав расид  ҳам яке аз бозиҳои суннатии мардуми ин ноҳия ба ҳисоб рафта, байни наврасону кӯдакон то имрӯз дида мешавад. Дар чаҳор фасли сол бачаҳо ба ин навъи бозӣ машғул мегарданд. Дар хона ё рӯи ҳавли кӯдакон якҷо ҷаъм омада, менишинанд, яке аз онҳо андаке баландтар панҷаи дасти худро бо ангуштони кушода ба шакли бом гирифта, нигоҳ медорад. Боқимондаи бозингарон ангуштони ишоратии худашонро дар таги дасти шахси бомшуда рост медоранд. Сипас шахсе, ки дасти худро мисли бом нигоҳ доштааст, матни бозиро мехонад:

                                                           Тӯт пӯхт,

                                                           Ҷав расид.

Ҳангоми ба охир расидани мисраи дуюм ҳама бояд чолок бошанд, яъне шахси гӯянда вақте феъли“расид” – ро гуфт, бояд бачаҳо зуд ангуштони худро кашида гиранд, то ин ки дасти бомшуда онҳоро нақапад. Агар ангушти дасти яке аз бозингарон қапида шуд, мувофиқисупориши шахси аввала амали рақсидан ё ин ки бо як пой рост истоданро иҷро мекунад. Ё шахси гӯянда, ки бештар мири бози ном дорад, як ҷониби латта ва ё сачоқро сахт гиреҳ намуда, бо он шахси мағлубшударо як маротиба мезанад.

  •   низ аз бозиҳои фаъоле ба шумор меравад, ки бештар байни духтарбачагон онро иҷро менамоянд. Аз рӯи мушоҳидаҳо ва нақли гӯяндагон ҷараёни бозӣ чунин аст:
  •  

Аз ном ва ҳатто ҷараёни бозӣ муайян мегардад, ки он аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондааст. Чунки дар раванди бозӣ калимаҳои рӯсӣ истифода мегарданд. Худи калимаи “педна” шакли тағйирёфтаи “педно” ба маънои хол ё доғ мебошад. Шояд дар русҳо нафари мағлуб ҳарифонро бо ягон тубча зада доғдор мекардааст. Ба ҳар сурат ин навъи бозӣ алакай шакли тоҷикӣ гирифта алоқамандони худро дорад. Ва метавон онро ба таври васеъ таҳлилу баррасӣ намуда, ба насли наврас пешниҳод намуд.

  • , яке аз бозиҳои маъмулии ин ноҳия дониста шуда, иҷрои он то кунун фаъол ба назар мерасад. Ин навъи бозӣ бештар дар охири фасли баҳор, тобистон ва аввали фасли тирамоҳ иҷро мегардад.  Рафти бозӣ чунин аст:

Гурӯҳи кӯдакон дар ягон ҷои берун аз ҳавлӣ ҷамъ меоянд. Ҳафт санги ҳамвори тунукшакли гирдро, ки диаметрашон 10-12 см мебошад, пайдо мекунанд. Барои нишон санги лулашакли мувофиқи даст ва тахминан диаметри 6-7 см бударо интихоб менамоянд. Баъзан ба ҷои чунин санг тубчаро ба кор мебаранд. Дар ҷои ҳамворӣ ҳафт сангро болои ҳам мегузоранд ва дуртар аз сангҳои гузошта шуда, масофаи муайянеро интихоб мекунанд, ки дуриаш аз сангҳо тахминан 4 ё 5 қадам бошад. Акнун аз ҳамон масофаи интихобшуда, як хатти рости дароз мекашанд. Сипас ҳар яке аз иштирокчиён аз паси хати муайяншуда бо санги дигар сангҳои болои ҳам хобондаро мезананд. Нафареаз бозингарон сангҳои хобондашударо чапа карда натавонад, мағлуб шуда, посбон таъйин мешавад. Бачаҳо кӯшиш мекунанд, ки аз дидбон санги партофташударо гирифта ба ҷои хаткашида баргарданд. Агар сангро яке аз бозингарон гирифта тавонаду ба ҷои муайяншуда баргардад ва бо овози баланд чанд маротиба ҷанбул гӯяд,боз посбон такроран дидбон шуда, сангҳоро болои ҳам мегузорад. Бачаҳо амали бозиро такроран иҷро мекунанд, яке аз онҳо агар сангҳоро афтонда натавонад, мағлуб шавад, вазифаи посбониро ба уҳда мегирад. Бозии мазкур аслан барои чолокӣ ва зиракии ҳам ҷисмонӣ ва ҳам фикрии кӯдак хеле мусоид мебошад.

  •   як навъ бозиҳое мебошад, ки байни духтаракон ва ё писаракони 10 – 12 сола иҷро мегардад. Ин бозӣ мавсими муайян надошта, дар чор фасли сол баргузории он дида мешавад. Ҷараёни бозӣ чунин аст:

Дар хона ё берун аз ҳавлӣ гурӯҳи кӯдакон як ҷо ҷаъм меоянд. Барои бозӣ ҳар як бозингар бо худ тугма меорад. Бархе аз бозингарон аз бозиҳои пештара тугмаҳои зиёде ҷамъ намудаанд, ки ҳамаашро бо худ меоранд. Бархе дигар метавонад ҳамагӣ як тугма дошта бошад. Ба ҳар сурат нафаре шомили бозӣ мегардад, ки тугма дошта бошад. Мусаллам аст, киҳар як тугма тарафи росту чапа дорад. Яке аз ин ду иштирокчӣ тугмаро дар замин мехобонад. Шахси дигар тугмаи худро бо ду ангушташ дошта, дар болои тугмаи рақиби худ мезанад. Агар тугма ба дигар тараф гардад, ин шахс ғолиб омада, тугмаи рақибашро мегирад.Вале тугма агар чапагардон нашавад, ҳамон шахси тугмазананда мағлуб шуда, тугмаи худро дар замин мехобонад ва рақибаш амали бозиро такрор мекунад. Аз ин ду иштирокчи яке тугмаҳои худро ба дигаре бой диҳад, аз бозӣ мебарояд ва навбат ба нафари дигар мерасад, ки бозиро бо шахси ғолибомада давом медиҳад.

Ба таври хулоса гуфтан мумкин аст, ки вазъи бозиҳои суннатӣ дар шароити имрӯза дар саросарикишвар, аз он ҷумла дар ноҳияи Панҷ нигаронкунанда мебошад. Яке аз сабабҳои асосии аз байнравии баъзе аз намунаҳои фарҳангӣ, алалхусус бозиҳои бачагона таъсири техника ва технологияи ҷадид мебошад. Мутаасифон феълан тақлид ба фарҳанги бегона ва ё машғул гардидан ба бозиҳои компютерӣ моро аз таърихи аҷдодии хеш дур намуда истодаанд. Истифодаи техналогия аз як ҷониб барои пешрафти ҷомеа мусбӣ арзёбӣ гардида бошад ҳам, вале ҷанбаҳои манфии он низ хеле зиёд аст. Тарбияи нодурусти тифл дар оила ва муҳити ҷамъият боис мегардад. Феълан мактабачагон бо роҳи ғалат, истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ, тамошои филмҳои ваҳшиёнаву пастмазмун ва бозиҳои компютериро машғуланд, ки оқибатҳои нигаронкунанда дорад.

Хуб мешуд, ки барои баргардонидани наврасон аз ин мушкилиҳои номбурда, дар барномаҳои таълимии дарсӣ, махсусан дарсҳои варзиш маҳз бозиҳои қадимаи бачагонаро аз нав ҷой намоянд. Дар қатори бозиҳои тасвирёфта боз садҳои бозиҳои шавқовару мантиқӣ, аз қабилӣ, чистон-булбулон, ҷагирак, савораҳо пиёдамавҷуданд, ки имрӯзҳо дар ҳоли фаромӯшӣ қарор доранд. Чуноне зикр гардид, бозиҳои номбурда ҳам малакаи ҷисмонӣ ва ҳам ахлоқи зеҳнии наврасонро инкишоф хоҳад дод. Аз ҷониби дигар барои ҳифзу густариши фарҳанги ниёгон ин раванд мусоидат хоҳад намуд.

Каримова Шаъмигул

ходими калони ММФТ

 

[1] Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ. / Зери назари Шариф Комилзода; мураттиб Дилшод Раҳимӣ; муқарриз Қурбоналӣ Буриев., - Душанбе. – «Аржанг». – 2018. -394 с.

[2] Гӯянда Назаров Ҳоҷиқурбон, сокини дехаи Вахиёи ҷамоати Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ (с. тав. 1950).

[3] Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Душанбе – 2017, ҷилди 2, саҳ 476 – 477.

[4] Гӯянда Носиҳова Рӯшан, сокини деҳаи Вахиёи ҷамоати Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ (с. тав. 1967).

[5] Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Душанбе – 2017, ҷилди 2, саҳ 554 – 555.