Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол

Ба истиқболи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо иштироки васеи роҳбарият ва кормандони ПИТФИ, мизи мудаввар дар мавзўи “Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони Истиқлолият”  баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро директори ПИТФИ номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ оғоз карда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Номбурда зикр кард, ки дар тӯли 29 соли Истиқлолияти кишвар, соҳаи фарҳанг ба муваффақиятҳои зиёде ноил гашт.  Дар ин радиф масъалаҳои нақши фарҳанг дар таҳкими соҳибистиқлолии кишвар, баланд гардидани рўҳияи худогоҳию хештаншиносӣ ва ҳифзи таъриху ҳуввияти миллӣ низ зикр шуд. Дар мизи муддавар ҳамчунин  кормандону устодони соҳибтаҷриба дар мавзӯъҳои «Нақши Истиқлолият дар рушди матбуоти миллӣ», «Дастовардҳои миллати тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар», «Таҳаввулоти санъати тоҷик дар даврони истиқлол», «Истиқлолият ва масъалаҳои омӯзиши мероси фарҳанги халқи тоҷик» суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки маҳз дар замони истиқлол бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон соҳаҳои матбуот ва табъу нашр рў ба рушд ниҳод.

Дар фарҷоми чорабинӣ директори ПИТФИ Дилшод Раҳимӣ аҳли нишастро даъват намуд, ки чун қишри пешқадами ҷомеа бояд барои боз ҳам амиқтар дарк намудан ва бедор кардани шуури мардум дар мавриди хештаншиносии миллӣ ва муқаддасоти он, фарҳангу таърих ва ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намудани Истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор бошанд, то ояандаи давлату миллати тоҷикон аз ин ҳам дурахшонтару сулҳу суббот ҳукмфармо бошад.

 Г. Мадимар

барчасп: