Ҳунари кандакорӣ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд

Барои инъикос намудани фарҳанги миллӣ, на танҳо расму одатҳо, касбу ҳунарҳои мардумӣ, балки тамоми ҷузъиёти миллию маҳаллии ҳар як пеша нақш ва ҷойгоҳи худро дорад. Ба ҳама маълум аст, ки рўз то рўз мардуми дунё нисбат ба ҳунарҳои дастӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодаанд. Дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба ҳунармандони соҳибистеъдод диққати махсус дода, барои пешбурди фарҳангу тамаддуни миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои асилу қадимии аҷдодиашон кўшиши бештареро ба харҷ медиҳанд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ барои муаррифӣ кардани эҳё ва тараққии касбу ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус равона гардидааст. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ба ҳайси «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» метавонад далели чунин гуфтаҳо бошад. Бояд зикр кард, ки ҳунарҳои мардумии ҳар як миллат хусусияти аёният дошта, онҳо воситаи хубе барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи сайёҳон мебошанд.

Яке аз чунин намунаи ҳунарҳои волои тоҷикон кандакорӣ мебошад, ки аз замонҳои пеш то инҷониб маъмул буда, дар ороиши хонаву иморатҳо ва ҷойҳои дигари фароғатӣ хидмат кардааст. Кандакорӣ, асосан, мансуб ба чўбкорӣ буда, барои ороиш ва зебу зинат додани сутунҳо, дарвоза, дару тирезаи мадрасаву маҷмааҳо, масҷидҳо ва хонаҳои истиқоматӣ истифода мешавад. Ҳунари  кандакориро дар саросари кишвар мушоҳида кардан мумкин аст ва тибқи мушоҳидаҳо, дар ҳар як хонаи тоҷик маснуоти кандакорӣ ба назар мерасад.

Ноҳияи Айнӣ аз ҷумлаи он ноҳияҳое мебошад, ки бо ҳунармандони касбу кори мухталифаш маълуму машҳур гаштааст. Хусусан кандакорони ин ҷо ҳам барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷи мардум ва ҳам барои завқу салиқаи хеш ин пешаро идома дода истодаанд. Дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд устоҳои оилавӣ зиндагӣ мекунанд, ки ба ҳунари кандакории рўи чўб машғуланд. Инҳо устокалон Дўстов Шавқат (с.т. 1960), писаронаш Дўстов Шоҳин (с.т. 1986), Дўстов Комрон (с.т. 1997) ва инчунин шогирди боистеъдодаш Кенҷабой Нозимов (с.т. 1972) аз деҳаи Пишанзаи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи мазкур мебошанд.

Маҳсули ҳунари кандакории рўи чўб, ки то ба мо расидааст, таърихи хеле қадима дошта, намунаҳои он ба замони Сомониён тааллуқ дорад. Масалан, меҳроби чўбини Искодар бузургтарин меҳробе мебошад, ки он соли 1925 аз деҳаи Искодари ноҳияи Фалғар (имрўза ноҳияи Айнӣ) ёфт шудааст ва соли 1946 онро ба шаҳри Душанбе овардаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ин гуна бозёфтҳои кандакоришуда далели он аст, ки аз давраҳои қадим то ба имрўз ҳунари кандакорӣ дар марзи Тоҷикистон, аз ҷумла водии Зарафшон мавқеи хоса доштааст.

Дўстов Шавкат, ки  миёни мардуми маҳаллӣ бо лақаби «Шавқати кандакор» машҳур аст умри худро сарфи ҳунари кандакорӣ намудааст. Дар таҷрибаи 30-солаи ҳунари ифтихориаш ба чандин муваффақиятҳои касбӣ ноил гаштааст. Ў дар давоми фаъолияти хеш ҳамеша китобҳои олимону муҳаққиқону русу тоҷикро, ки вобаста ба ҳунари кандакорӣ аст, мутолиа менамояд. Ин ҷустуҷўҳои пай дар пай ўро боз ҳам бештару беҳтар ба омода намудани маҳсулоти кандакорӣ ва офаридани намунаҳои наву замонавии ороишӣ водор сохтааст. Ғайр аз нақшҳои гуногуни кандакорӣ, ки намунаашон дар китобҳо мавҷуданд, навъҳои дигари нақшу нигорро бо омезиш додани ду ва ё се нақш меофарад.

Ҳунармандони ноҳияи Айнӣ санъати кандакориро бештар дар ороиши сутунҳо, дару дарвозаҳои чўбин, панҷараҳо ва ғайра васеъ истифода менамоянд. Мувофиқи маълумоти ҳунармандон мардуми маҳаллӣ ин намуди ашёи рўзгорро бисёртар фармоиш медиҳанд. Аксари фармоишгарон аз сохтани маҳсулоти зарурӣ то зебу зинат додани он бар зимаи кандакор мегузоранд. Зеро ашёи хоме (асосан, чўб), ки ҳунармандон барои кандакорӣ кардан истифода мекунанд аз кишвари Русия дастрас менамоянд, ки сифати хеле хуб дорад ва ҳангоми кандакорӣ кардан ҳунарманд ба мушкилоти гуногун дучор намешавад. Ба ин хотир арзишаш каме баландтар буда, солиёни зиёд метавонад хидмат кунад. Фармоишгароне ҳастанд, ки ашёи хомро худашон таҳия мекунанд ва баъзан дар вақти гулкорӣ кардани он аз ҷониби ҳунарманд меҳнати зиёде сарф мегардад. Бо вуҷуди нозук ва заҳматталаб будани кандакории рўи чўб маҳсули дастони муъҷизаофари ин ҳунармандон хеле зебою диданӣ аст. Кас аз тамошои онҳо як ҷаҳон ғизои маънавӣ мегирад.

Устоҳои кандакор бо санъати баланд то имрўз бо тарзу услуби ба худ хос дар баробари дигар навъи ҳунарҳо кандакориро рушд дода натиҷаи маҳсули хешро муаррифӣ кардаанд. Кандакорӣ ҳунари зебою нозук буда, бо асбобу олотҳои гуногун нақшҳои хурду бузургро анҷом медиҳанд. Дар кандакории тоҷикӣ нақшҳои маъмултарин ислимӣ, гиреҳ, катиба ва ҷонварнусха ба шумор меравад. Дар радифи нақши гиреҳ нақшҳои ҳандасӣ, секунҷа, чоркунҷа ва ғайра хеле зиёд корбаст мешаванд.

На фақат дар Айнӣ, дар навоҳии дигари кишвар ҳам ҳунармандони зиёде  ба намудҳои гуногуни ҳунари кандакорӣ машғуланд. Масалан, дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Суғд аз қабили Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Конибодом ва ғайра кандакорони моҳир кору фаъолият дошта, намунаи маҳсули дасташон берун аз Тоҷикистон низ шинохта шудааст. Аз ҷумла дар шаҳри Гулистон низ ҳунармандони кандакоре ҳастанд, ки бо истифодаи тарзу усулҳои номбурда фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, Иброҳимова Д. – кандакор (с.т. 1983, муаллимаи мактаби санъат, аз ҷамоати Хистеварз) иброз дошт, ки: «ҳунари дастӣ ба инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро талаб менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад». Ў чунин меандешад, ки тасмими Пешвои миллат дар мавриди ба ҳунарҳои мардумӣ рў овардану онҳоро аз сари нав эҳё намудан хеле зарур ва бомаврид буда, он ҳунарҳое, ки ба гўшаи фаромушӣ рафта буданд, аз сари нав зинда кунониданашон кори хайр ва наҷиб аст.

Кандакорӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, аз қадим бо ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мардуми тоҷик алоқаманд мебошад. Он ҳисси зебоипарастии ҳар як халқ ва миллатро таҷассум намуда, муҳаббатро нисбати касбу ҳунар афзун менамояд. Бартариятҳои дигари ҳунарҳои дастӣ, бахусус кандакорӣ инсонро аз бекорию дилтангиҳо раҳоӣ мебахшад. Ин қабил ҳунармандонро аз хурд то бузург ҳурмату эҳтиром карда доимо номашонро ба некӣ ёд мекунанд.

Абдуллоев Акобир

ходими калони илмӣ

барчасп: