Донишмандони 15 кишвари олам масъалаҳои Наврӯзро дар шаҳри Душанбе баҳс карданд

19-уми март дар шаҳри Душанбе Симпозиуми илмии байналмилалӣ бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ баргузор шуд, ки  суннатҳои ҷомеасозиву инсонсозии ин оини ниёконро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ин Симпозиум  донишмандону муҳаққиқони 15 кишвари ҷаҳон иштирок ва суханронӣ намуда, нақши Наврӯзи ҷаҳониро дар таҳкими ҳамзистии осоишта, дӯстиву рафоқат, ваҳдат ва дигар арзишҳои бузурги инсонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳадафи ин чорабинӣ таҳлил ва баррасии масоили марбут ба Наврӯз, аз ҷумла таърих ва фалсафаи Наврӯз, тарғиби суннатҳои фарҳангии ин ҷашни ҷамшедӣ дар кишварҳои Наврӯз, тараннуми Наврӯз дар адабиёти тоҷик ва нақши Наврӯз дар роҳи Абрешим мебошад.
Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, зимни суханронӣ  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонд ва баргузории симпозиуми байналмилалиро ба ифтихори Наврӯз дар Душанбе қадами муассир дар шинохти ҷойгоҳи Наврӯз дар ҷаҳони муосир арзёбӣ кард.
Гуфтанист, ки бори нахуст дар симпозиуми байналмилалию илмии муҳаққиқону адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз масоили назарии омӯзиши таъриху фалсафа, суннатҳои ҷомеасозиву инсонсозии Наврӯз дар ҷаҳони имрӯз, таҷассуму бозтоби ғояҳои Наврӯз дар адабиёти ҷаҳон, мусиқӣ дар ҳавзаи кишварҳои Наврӯз ва шоҳроҳи Бузурги Абрешим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ширкаткунандагон беш аз 40 суханронию гузоришҳои илмиро роҷеъ ба арзишҳои таърихию фалсафӣ, иртиботи инсону табиат, бадеию зебоишиносӣ, фарҳангию ҷомеасозии гузаштаю имрӯзи Наврӯз шуниданд.
Таъкид шуд,ки минбаъд ба таҳқиқи масоили фалсафию эстетикӣ ва мардумӣ, аз ҷумла, мероси фарҳангии мардумӣ ҳамчун омили муҳими густариши неруи ҷомеасозиву тавҳидии Наврӯз авлавият дода шавад.
Маврид ба зикр аст, ки Симпозиуми илмии байналмилалӣ бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи баргузории нахустин
Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз доир гардид.

Расмҳо аз “Ховар”

барчасп: