Аз Паёми Пешвои миллат

Бо пешниҳоди мо чанд рӯз пеш Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кард. Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.

Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем.

Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад.

Бо пешниҳоди мо чанд рӯз пеш Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кард. Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.

Яъне мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.

Ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори муассисаҳои фарҳанг мо бояд ба таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа, мусоидат ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи самарабахши нерӯи фарҳангӣ ва маънавии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунем.

Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ҳар сол баргузор карда шавад.

Ҳамчунин, сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд.