Гиромидошти об дар фарҳанги миллӣ

Чунин ном дошт Конфронси илмие, ки дирӯз дар толори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, таҳлилгарон, роҳбарият, кормандони ПИТФИ ва намояндагони воситаҳои ахбори чопӣ ва электронӣ баргузор гардид. Директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар сухани ифтитоҳии худ ба муҳиммият ва аҳамияти  мавзўи конфронси илмӣ таъкид намуд.

Зимни суханронии муқаддамотӣ вай аз якчанд ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об мухтасар ёдовар шуд ва оид ба дастгирӣ ёфтани пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ ҷиҳати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 маълумоти муфассал дод.  

Мудири  бахши фарҳанги моддии ПИТФИ Лайло Носирова дар мавзуъи “Гиромидошти об дар афсонаҳои халқӣ” суханронӣ кард.  Вай аз ҷумла иброз дошт, ки “дар бахши афсонаҳои сеҳромези тоҷикӣ як силсила ашёи сеҳрнок ва унсурҳое амал мекунанд, ки қисми зиёдашон ба қувваҳои некӣ (ё қаҳрамони афсона) ва баъзеашон ба образҳои манфӣ ҳамчун ёвар ё воситаи таъсир хидмат мекунанд. Об аз ҷумлаи унсурҳое мебошад, ки дар афсонаҳои тоҷикӣ низ мавқеи худро пайдо кардааст.

Эҳтиром ба об ва муқаддас донистани он аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Зеро он асоси зиндагии тамоми мавҷудоти рўи замин мебошад. Дар гузашта ва имрўз мардуми тоҷик хусусан оби чашма, дарё ва кўлҳоро муқаддас медонанд”.

Ба андешаи ин пажӯҳишгар “дар бисёре аз ривояту афсонаҳо нақл карда мешавад, ки гўё оби чашмаҳои муайян чашми нобиноро бино мекунад, мўйсафедонро ба ҷавонӣ бармегардонад, ба занҳои бефарзанд фарзанд ато мекунад, хулоса дардҳои мухталифро даво мебахшад”.

Ходими калони илмӣ Акобир Абдуллоев мавзуъи “Корбурди об дар зарбулмасалу мақолҳои халқӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Вай гуфт, ки дар фарҳанги ниёгони мо чор унсури муқаддас, мавҷуд аст: обу, хок, ва оташу бод, вале муқаддастарини онҳо, ки инсоният ба он бештар эҳтиёҷ доранд, об мебошад. Олимон муайян кардаанд, ки 70 % - и организми одамро об ташкил медиҳад. Дар байни мардум як мисра шеър хеле машҳур ва маъмул аст, ки дар бисёр ҳолатҳо ин мисраро ҳамчун мақол истифода мебаранд: «Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност».

Пайвандии инсон бо об то ҳамон андозааст, ки ҳатто дар дами марг яъне то нафаси охирин ба об майл дорад. Дар ин бора андешаҳои мардум чунин аст, ки инсон аз ҳама чиз сер шавад, вале аз об серӣ надорад. Ин аст, ки инсоният пеш аз марг низ ба нушидани об майл дорад.

Баъдан Гулзира Каримова дар мавзуъи “Расму ойинњои марбут ба об дар мисоли ашаглон” суханронӣ кард. Ба андешаи пажӯҳишгар ҳангоми наборидани борон дар фасли баҳор ва беоб мондани зироатҳову ғалладона деҳқонон андуҳгин мегарданд. Зеро табиист, ки ояндаи заҳмати яксола дар минтақаҳои кўҳӣ аз сари вақт боридани борон вобастагӣ дорад. Аз ин рў, мардум дар айёми беборишӣ зуд аз пайи ҷустани чораву тадбир мегарданд. На ҳама вақт ва на дар ҳама мавзеъ шароити обёрӣ кардани заминҳои васеи кишт муяссар мегардад. Мардуми куҳансол дар ин мавридҳо аз донишу таҷрибаҳои суннатӣ истифода менамоянд.

Ашаглон ё сусхотун як навъ маросимест, ки бо маслиҳати калонсолони деҳа ё русто занеро дар симои пайкараи Ашаглон омода месозанд.

Ходими калони илмии ПАТФИ Гулҳаё Мадимарова об дар бовару эътиқодҳои мардуми Бадахшонро ба баҳс кашид. Вай зимни баромадаш аз муқаддас шуморидани об дар байни халқ, ба вижа бовару эътиқоди мардуми Бадахшон нисбат ба об маълумоти муфассал дод.

Дар музокира Директори пажўҳишгоҳ Ш. Комилзода, муовини директор Д. Раҳимӣ, мудири шуъбаи фаъолияти китобдорӣ М. Ҷалилов, мудири шуъбаи илмӣ-методӣ А. Аминов, мудири бахши фарҳанги ғайримоддӣ З. Холмуродов ва дигарон ширкат карданд ва фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро вобаста ба мавзўи мавриди назар баён намуданд.

Ширкаткунандагони Конфронс ба хулосае омаданд, ки  мавзўи гиромидошти об дар фарҳанги миллӣ комил таҳқиқ нашудааст ва ин мавзўи муҳим таҳқиқоти амиқу густурдаеро тақозо дорад.  

Мувофиқи мақсад дониста шуд, ки матолиби конфронси мазкур дар шаклимаҷмўаи алоҳида мураттаб ва интишор карда шавад.

Маводи конференсияи илмӣ боз ҳам такмил дода шуда, барои нашр дар маҷаллаи “Паёмномаи фарҳанг” ва “Осор” пешниҳод гардад.

Дар анҷоми чорабинӣ намоиши китобу мусаввараҳо доир ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об баргузор гардид.

М. Ҷўраев

барчасп: