Профессор Алмос Абдуллоев аз олам даргузашт

Алмос Абдуллоев — мутриб, оҳангсоз, омӯзгор, донандаи мусиқии мардумӣ ва Шашмақом, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон, профессор, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов  дирӯз бар асари беморӣ  дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт. Алмос Абдуллоев аз зумраи шахсиятҳои маъруфи фарҳангии кишвар буд, ки дар рушди фарҳанги мамлакат хизматҳои шоиста кардааст.

Алмос Абдуллоев соли 1947 дар шаҳри бостонии Самарқанд дида ба олам кушодааст. Фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи мусиқии Самарқанд (1956), Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1983) мебошад.

Ӯ солҳои тулонӣ навозанда, мутриби Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1970-1975), муддате дар институти мусиқии мардумии Ироқ тадрис намуда, ромишгар, роҳбари мусиқӣ, роҳбари бадеӣ, муаллим – ромишгари дастаи мақомхонон, ансамбли давлатии «Шашмақом» (Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон1979-2002, 2004-2005), муаллими гурӯҳи мусиқии суннатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1983-2002), досент ва мудири кафедраи мусиқии суннатии Консерваторяи миллии Тоҷикистон (2003-2007) буд.

 Алмос Абдуллоев ширкаткунанда дар даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар РСФСР, Узбекистон, Қирғизистон, Белоруссия, рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар Русия (2005), ЮНЕСКО (Порис, 2005), 2 – симпозиуми байналмилалии мусиқишиносӣ (Самарқанд, 1983,1987), симпозиум ва фестивали байналмилалии мусиқӣ ба ифтихори 1400-солагии Борбад (Душанбе, 1990), Исфара (2003).

 Ӯ мусаннифи чандин суруду оҳангҳо ва асари силсилавии мусиқии «Ҳиҷоз» (2000) буда, дар инкишофи мусиқӣ, толибони ҷавони мусиқӣ саҳми хоса дошта, барои хидматҳои шоёнаш бо ифтихорномаю мукофотҳои ҶТ, мамолики хориҷӣ (Эрон, Ироқ) сарфароз шудааст.

Алмос Абдуллоев ба кишварҳои зиёди Шарқу Ғарб, ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ дар ҳайати дастаҳои ҳунарӣ сафар намудааст.

То охири умр устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов буд.

Хотираш пояндаву хонаи охираташ обод бод!

барчасп: