ФАРҲАНГИ ҲАМСОЯДОРӢ АЗ НИГОҲИ НИЁГОН

Маълум аст, ки халқи тоҷик аз қадим на саҳрогарду кучманчӣ, балки шаҳрдору деҳнишин буда, аз одобу фарҳанги шаҳрдорию деҳдорӣ ва қавмдорию ҳамсоядорӣ хуб бархўрдор гаштааст. Албатта, дар касби маърифати фарҳанги шаҳрдорию қавмдорӣ, ба хусус фарҳангу одоби ҳамсоядорӣ саҳми ниёгони андешамандонамон зиёд аст. Онҳо ин мавзўъро дар осори худ матраҳ карда, орову афкори худро ҷиҳати беҳбудии ҳаёт ва риояи қонунҳои зиндагии иҷтимоии одамон, аз ҷумла ҳамсоядорӣ баён доштаанд. Ҳамсоя касест, ки ба ҳамсояи худ наздик, дар канор ва сояи якдигар зиндагӣ намуда, аз ҳолу аҳволи ҳам огоҳ ва дар шодию нишот, ғаму ғусса бо ҳам шарику ҳоҷатбароранд. Одатан розу ниёз ва дарду алам ба ҳамсояи хубу қарин гуфта мешавад. Ҳамсоя роздону ҳолдони ҳамсоя аст, зеро дар ҳолатҳои сахту душвори зиндагӣ бештари одамон дарду аламашонро ба ҳамсоя иброз дошта, аз ў ёрию кумак ва маслиҳату машварат мепурсанд. Ҳамеша дар тую маъракаҳои хурсандӣ ё мусибату азодорӣ дар баробари хешу таборон ва дўстону наздикон ҳамсоягон низ ба хизмату дастгирӣ омодаанд, ки ин аз хислатҳои хуб ва адои ҳаққи ҳамсоягӣ дарак медиҳад. Дар урф гуфтаанд: «Ҳамсояи хуб беҳ аз хеши дур» ё «Ҳамсояи наздик беҳ аз бародари дур». Воқеан дар ҳолатҳои зарурӣ то он замоне, ки хешу таборон аз дур бирасанд, ҳамсоягон аллакай ҳозир мебошанд.

Бузургон дар асоси ривоятҳои мавҷуда ҳадду ҳудуди ҳамсояро аввалан аз ҷониби рост баъдан аз чап, аз боло, поён то ба чил хонаро баршумурда, ба ҳадду ҳуқуқи ҳамсоягӣ даровардаанд [6, С. 76]. Аммо аз ҳамаи онҳо қарибтару ҳақдортар онест, ки дарвозааш наздик аст. Оиша ҳамсари пайғамбари Худо (с) гуфт: аз Муҳаммад (с) пурсидам, ки ду ҳамсоя дорам ба кадом якеи онҳо ҳадя диҳам? Фармуданд: Оне ки дари хонааш ба ту наздиктар аст [4, С. 465]. Аз ин ҳадис бар меояд, ки агарчи ҳамаи хонаҳои гирду атроф ба ҳадди ҳамсоягӣ дохиланд, лекин онҳое, ки дар масофаи наздиктар ҷойгиранд ҳаққу ҳуқуқи бештаре доранд, чунки ҷараёни ҳама гуна ҳодисаву руйдодҳои ҳамсоягӣ, пеш аз ҳама, ба онҳо алоқаманд мегардад. Масалан, дар ягон хона дуздӣ, сўхтор, муноқишаи сахти оилавӣ ё зарарҳои офати табиӣ ва амсоли ин руй диҳад, албатта зиёни он ба ҳамсоя низ мерасад…

Ба хотири амну осоиш ва зарару озор надодан ба ҳаёту фаъолияти дигарон дини мубини ислом баъзе ҳуқуқу қоидаҳоеро роҳандозӣ кардааст, ки ҳангоми иҷрои онҳо миёни одамон, ба хусус миёни ҳамсоягон меҳру муҳббат, дустию бародарӣ, садоқату вафодорӣ ва муносибатҳои неку ҳасана барқарор мегардад. Аввалан накўи кардан ба ҳамсоягон (чи хеш бошаду чи бегона) ва тарки кибру худситоӣ нисбати онҳо: «Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики Ӯ муқаррар макунед ва ба падару модар ва ба хешон ва ятимон ва гадоён ва ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишини наздик ва мусофир ва он, ки дасти шумо молик шуд, накӯкорӣ кунед! Ҳамоно Худо касеро дӯст намедорад, ки ботакаббури худсито бошад;» (Нисо, 36). Дар ҳадиси имом Муслим омадааст: Пайғамбари Худо Муҳаммад (с) фармуданд: «Ҳар кас ба Худо ва рўзи қиёмат бовар дошта бошад, бояд ба ҳамсояаш некӣ кунад». Дар накўи кардан ба ҳамсоя натанҳо хурсандию миннатдории ўро дармеёбем, балки ба аҷру савоб низ ноил мегардем. Ҳазрати Муҳаммад (с) ба Абўзар чунин хитоб карданд: «Ҳаргоҳ шурбо бипазӣ оби онро бисёр кун ва ҳамсоягонатро низ ёд бикун».

Сониян аз ҳолу аҳволи ҳамсоягон пурсидан, ба хусус дар тангдастию парешонҳолӣ, дарду ранҷурӣ ва ғаму ғусса:

 

Гуфт: Заҳмат нест? Гуфто: миннат аст,

                          Дар хабар ҳамсояпурсӣ суннат аст.

 

Дар ҳолатҳои мазкур ҳамсоя дар худ қуввату қудратеро пайдо карда, аҷзу нотавонӣ, ғаму дард ва танҳоияшро то андозае фаромўш месозад, вале агар ўро танҳо гузошта дар канораш набошем, албатта ў эҳсоси танҳоӣ карда, таҳқиру хиҷолат мекашад. Ба худ мепиндорад, чи коре кардааст, ки он боиси нафрати ҳамсоягон шудааст ё гумон мебарад, ки ба хотири инсони бад буданаш дар ҳолатҳои сахт ўро танҳо мондаанд…

Бузургон аз рўйи ҳаққу ҳуқуқ ҳамсоягонро ба се навъ ҷудо кардаанд: 1. Дорои як ҳақ. Ҳамсояи ғайримусулмонест, ки бо ҳамсояи худ дар дин ихтилоф дорад, бо вуҷуди ихтилофи диниву ақидавӣ болои ҳамсояи худ ҳаққи ҳамсоягӣ дорад ва бояд он ҳақ дар нисбати ў риоя гардад. Қайд кардан ба маврид аст, ки ислом дини поку одамсоз буда, пайваста одамонро ба некию накукорӣ ва ободию ҷомеасозӣ фаро мехонад. Дар масъалаи ҳамсоягиву ҳамсоядорӣ сарфи назар аз дину ойин, миллату нажод ва макону минтақа қоил ба эҳтироми ҳамсоя буда, ба адои ҳаққи ҳамсоягӣ дастури ҳатмӣ медиҳад; 2. Дорои ду ҳақ. Ҳамсояест, ки ҳам ҳаққи ҳамсоягӣ ва ҳам ҳаққи мусулмонӣ дорад ва ин ду ҳақ дар нисбати ў бояд адо гардад; 3. Дорои се ҳақ. Ҳамсояест, ки қаробати насабию хешу таборӣ дошта, дорои ҳам ҳаққи ҳамсоягӣ, ҳам ҳаққи мусулмонӣ ва ҳам ҳаққи хешовандӣ мебошад. Албатта дар риоя кардани одоб ва ҳаққи ҳамсоягӣ натоиҷи хубу манфиати бузургест, ки инсонро ба хўшию хотири ҷамъ ноил месозад. Пайғамбари Худо Муҳаммад (с) чунин фармудаанд: «Ҷабраил он қадар дар ҳаққи ҳамсоя ба ман таъкиду супориш карданд, ки гумон бурдам ба зудӣ ҳаққи мерос бурдани ҳамсояро низ эълон мекунад» [4, С. 1082].

Ғайр аз ин вақте ки Пайғамбари Худо Муҳаммад (с)-ро аз ҳаққи ҳамсоя пурсиданд [2, С. 66] ў дар посух чунин фармуд: 1. Агар талаби қарз кард ўро қарз бидеҳ.

Пушида нест, ки қарз додан амали неку савоб буда, қарзгиранда баъди гирифтани қарз мушкилоти зиндагии худро бартараф месозад ва аз қарздиҳанда хурсанд шуда, худро мадюни ў меҳисобад. Подоши қарз доданро аз подоши садақа чанд баробар зиёд гуфтаанд, зеро шахси садақадиҳанда бо хоҳиши худ бе талабу дархости садақагир ба ў маблағ ё ашёи доштаашро пешниҳод мекунад, вале қарздиҳанда дар додани қарз бо дархост ва талабу ҳоҷати қарзгир маблағи пулӣ ё ашёи мавриди ниёзро ба ў ато мекунад. Инчунин ҳангоми қарз хостани қарзгир як навъ шарму ҳаё дар вуҷуди ў эҳсос карда мешавад. Солҳои пешин одамон якдигарро бо додани қарз ёрию мадад мерасониданд ва аз оқибати он ҳеҷ хавфу ҳаросе надоштанд, аммо тайи солҳои охир ин амал хеле коста шудааст. Ин сабабҳои зиёд дорад, вале сабаби асосиро дар ду чиз гуфтаанд; ё фоидаву судёбӣ аз қарз ба тариқи фоизгузорӣ (протсент) ҳол онки ин амал ноҷоиз буда, дар шариат мамнуъ эълон шудааст; ё барнагардондани қарз аз тарафи қарзгиранда дар вақташ ва сарсону саргардон сохтани қарздиҳанда, ба қавле «Ба даст додану ба пой давидани қарздиҳанда». Ба ҳар ҳол ҳангоми қарз хостан ба хусус қарз хостани ҳамсоя бояд ба ў қарз дод, зеро ин амал аз ҷумлаи адо намудани ҳаққи ҳамсогӣ ва кори хайру савоб мебошад.

 2. Агар даъват кунад иҷобат фармо. Дар қабули даъват ва ҳозир шудан ба макони даъват нишонаи эҳтиром ба ҳамсоя зоҳир мегардад. Агар ба дархосту даъвати ҳамсоя ба манзилаш ё ягон макони барқарории ҷашну маросими ў бе сабаб ҳозир нашавем, ў худро маломат намуда, маъюсу ноумед мегардад. Мепиндорад ки рафтор ё гуфтори нописанде карда ё хислати баде доштааст, ки ҳамсоя даъвати ўро напазируфтааст. Ба ин тариқ ғамгину озурда мегардад, ки дилозорӣ ҳам кори зишт аст. 3. Агар бемор шавад ба аёдаташ бирав. Дар аёдати бемор ҳам хушнуд сохтани ҳамсоя, ҳам адои ҳаққи ҳамсоягӣ ва ҳам дарки неъмати саломатию тандурустии хеш аст:

 

Чу ранҷ натвони гирифтан аз бемор,

Қадам зи рафтану пурсиданаш дареғ мадор.

 

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар дафтари аввали Маснавӣ доир ба аёдати ҳамсояи бемор ва ба ҷо овардани ҳаққи ҳамсоягӣ ҳикоятеро зикр кардааст, ки мазмунаш чунин аст: Марди ношунавоеро ҳамсояаш бемор мегардад. Он мард қасди аёдати ҳамсояи бемор карда, ба худ мегуяд, ки ҳангоми аҳволпурсии бемор бо ин гўши кар чи гуна суханҳои ўро дарк мекарда бошам:

 

Он кареро гуфт афзун мояе,

Ки туро ранҷур шуд ҳамсояе.

Гуфт бо худ кар, ки бо гўши гарон,

Ман чӣ дарёбам зи гуфти он ҷавон.

 

Ниҳоят ба хулосае мерасад, ки аз руйи қиёс ва одат метавонад, суханҳои ҳамсояи беморашро дарк кунад, зеро одатан ҳангоми аёдати бемор чанд ҷумлаи маъмулӣ пурсидаву ҷавоб дода мешавад. Вақте аз бемор пурсам, ки ҳолат чи гуна аст? Ў дар посух хоҳад гуфт: неку хубам. Чун бипурсам, ки чӣ хурдаӣ? Гуяд: шарбат ё мошбо (Шурбо). Чун бигуям: Табибат кист? Гуяд: Фалонӣ. Пас он марди кар бо ин хотирот зеҳни худро омода сохта, ба аёди ҳамсояи бемор меравад.

 

Ин ҳисоботи қиёсӣ рост кард,

Пеши он ранҷур шуд он некмард.

Гуфт: «Чунӣ» Гуфт «Мурдам». Гуфт «Шукр»,

Шуд аз ин, ранҷур пурозору нукр.

К-ин чӣ шукр аст? Ў магар бо мо бад аст?

Кар қиёсе карду он каж омадаст.

Баъд аз он гуфташ: «Чӣ хўрдӣ?» Гуфт: «Заҳр»,

Гуфт: «Нўшат бод». Афзун гашт қаҳр.

Баъд аз он гуфт: «Аз табибон кист ў,

Ки ҳамеояд ба чора пеши ту?»

Гуфт: «Азроил меояд. Бирав»,

Гуфт: «Пояш бас муборак. Шод шав».

Кар бурун омад, бигуфт ў шодмон:

«Шукр, к-иш кардам муроот ин замон»…

Ҳамчу он кар , к-ў ҳаме пиндоштаст,

К-ў накўӣ карду он баръакс ҷаст.

 

  Дар ин ҳикоя дар баробари баёни ҳадафи аслӣ (қиёси нодуруст) ҳатмӣ будани аёдати ҳамсояи бемор ва адои ҳаққи ҳамсоягӣ ба назар мерасад, чуноне ки он шахси кар бо вуҷуди мушкилоти заъфи шунавоӣ ҳаққи ҳамсояро воҷиб дониста, дар адои он кўшидааст ва ба андешаи худ ҳаққи ҳамсояро адо кардаву осуда шудааст.

 

Ў нишаста хуш, ки хидмат кардаам,

Ҳаққи ҳамсоя ба ҷо овардаам [5, С.101].

 

 4. Агар ёрӣ хост кумакаш бикун. Кумаку ёрӣ феъли хубу писандида аст, бахусус агар ба ҳамсоя равона гардад, чунки аз ҳама дида ў ба ёрию кумак сазовору ҳақдортар аст ва ин амал боиси мустаҳкам шудани алоқаи ҳамсоягӣ мегардад. 5. Агар мусибате расад таъзияташ бикун. Дар ҳолатҳои сахтию душворӣ ва мусибату азодорӣ одамон бениҳоят ба дастгирию тасалияти дигарон, ба вижа ҳамсоягон ниёз пайдо мекунанд. Дар чунин ҳолатҳост, ки чигунагии ахлоқи одамон ва симои воқеии онҳо маълум мегардад. Пас чигунагии ҳамсоя дар чунин ҳолатҳо зоҳир мегардад. 6. Агар хайре ёбад таҳнияташ бигуй. Дар хайру хушии ҳамсоя худро шарик сохтан ин ифодагарӣ бухлу ҳасад надоштан ба ҳамсоя аст. Умуман, дар пешрафту музаффариятҳои ҳамсоя ҳамеша шод бояд буд ва ўро дастгирӣ бояд кард. Дар зиндагӣ баъзе нохушию зиддиятҳои ҳамсоягӣ аз бухлу ҳасади ҳамсояи бахил сар мезанад. Ашхоси бахилу бадхоҳе ёфт мешаванд, ки дар сарвату дороӣ ва пешрафту дастовардҳои ҳамсоя хушнуд нагашта, бо ҳар роҳе нисбати ҳамсоя бухлу ҳасад меварзанд ва аз оқибати нохуб бархўрдор мешаванд, чунки бухлу ҳасад иртиботи ҳамсоягиро коста, соҳиби худро месузонаду хокистар месозад ба мисли сухтану хокистар сохтани оташ ҳезумро…  7. Агар фавтад дар ҷанозаву дафнаш ҳозир бош. Бузурге фармудааст:

Эй ки мавъиза хостанат ҳавас аст,

Марги ҳамсоя воизи ту бас аст.

8. Агар ғоиб бошад манзил ва дороии ўро муҳофизат бикун. Ҳифзи хона ва молу ашёи ҳамсоя василаи дигарест, ки робитаи ҳамсоягиро қавию мустаҳкам месозад, вале на ҳама ин ҳақро риоя менамоянд. Дар ин айём, ки фарҳанги ҳамсоядорӣ коставу адои ҳаққи ҳамсоягӣ камаҳамият шудааст, бисёр одамон ба қавли «Ба харе бор надорӣ чи кор дорӣ» нисбати молу ашё ва манзил ҳамсоя бепарво шудаанд. Баъзе одамони бад дар ҳолати ғоиб будани ҳамсоя мақсадҳои худро амалӣ месозанд. Масалан нафаре шикоят кард, ки дар вақти набудани ў ҳамсояаш бе маслиҳат дар ҷойи номуносиб чанд тана дарахт шинонидааст, дигаре чунин шикоят дошт, ки ҳамсояаш маҳз дар набудани ў ҷуйбори хонаашро дар ҷойе кандааст, ки боиси норозигии ў шудааст, нафари дигаре мегуфт, ки ҳамсояааш чанд муддат ғоиб шудани ў ва аҳлу хонаводаашро мунтазир шуда, ниҳоят чунин фурсатро пайдо карда, таҳкурсии девори ҳавлиашро рехтааст, ки сабаби малолату ранҷиши ў шудааст, вале ў ба хотири сар назадани ҷангу ҷидол ва сарсон нашудан сабр намудааст. Дар чунин ҳолатҳо худ мебуд, агар бо ҳамсоягон маслиҳату машварат карда, хушнудию розигии онҳо ба назар гирифта мешуд, зеро касоне ҳастанд, ки дурандешию хотирбиниро сарфи назар карда, аз роҳи қонун ва адлу инсоф кор мегиранд, ки оқибат ба заиф шудани робитаи ҳамсоягӣ мерасонад. 9. Ҳаргиз озори ҳамсоя макун. Озору азияти ҳамсоя навъҳои зиёд дорад, аз ҷумлаи онҳо таҳқир, масхара, суханчинию суханбарӣ, туҳмат, ғайбат, дуздӣ, дашном умуман аз ҳар амал ё рафтору гуфторе, ки боиси ранҷишу озор ва нороҳатии ҳамсоя мегардад аз онҳо худдорӣ бояд кард. Дар ин бора ҳадисе аз Пайғамбари Худо (с) омадааст: «Ба Худо қасам (се бор такрор карданд) имон надорад. Асҳоб пурсиданд. Кӣ имон надорад? Фармуданд: Касе, ки ҳамсояаш аз бадию зарари ў дар амон нест» [4, С. 1082].

 

С. Пиров

Идомаи  ин мақоларо шумо метавонед аз “Паёмномаи фарҳангӣ”, №1 (41), 2018 бихонед.

барчасп: