«Ғояҳои Ваҳдати миллӣ дар матбуоти маҳаллӣ»

Чунин ном дошт мизи мудаввар, ик ахиран дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-татқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, коршиносон, кормандони Пажӯҳишгоҳ ва рӯзноманигорон баргузор гардид.

Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода оғоз карда, аҳли нишастро ба Рўзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола дар ҷумҳуриамон 27 июн таҷлил карда мешавад, шодбош гуфтанд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки маҳз ба шарофати саъю кўшиш ва иродаи матини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади тақдирсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон имзо шуда, саҳифаи наверо дар таърихи давлатдории навинамон оғоз бахшид. Ин санади тақдирсози миллат рамзи баҳамоӣ, ҳамдилӣ ва ҳамбастагии мардуми кишвар, пирўзии хирад бар ҷаҳолат ва тантанаи сулҳу субот бар низоъу адоват гардида, ба амалӣ гардидани нақшаҳои бузург ва ҳадафҳои наҷиби минбаъда асос гузошт.

Сипас, дар идомаи мизи мудаввар мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашр, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродов “Доир ба вазъи имрўзаи матбуоти маҳаллӣ ва дурнамои он”, ходими пешбари илмӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бахтиёр Қутбиддинов роҷеъ ба мавзўи “Тараннуми Ваҳдат дар нашрияҳои маҳаллӣ”, ходими калони илмӣ Қадриддин Исоев дар мавзўи “Фарҳанг- таҳкимбахши Ваҳадти миллӣ”, ходими илмии пажўҳишгоҳ Саъдӣ Мирзоев доир ба мавзўи “Нигоҳе ба нашрияи “Набзи Файзобод” маърўза намуда, тараннуми ғояҳои Ваҳдати миллиро дар матбуоти маҳаллӣ, ҳамчунин мушкилот ва дурнамои рушди матбуоти маҳаллиро тавзеҳ доданд.

Дар бахши музокира директори пажўҳишгоҳ Шариф Комилзода, муовини директор Абубакр Зубайдов, сармуҳарирри нашрияи “Насими айём”-и ноҳияи Рўдакӣ Рухшона Шобуддинова, сармуҳаррири рўзномаҳои “Сомон”-и ноҳияи И.Сомомнӣ ва “Фурўғи Фирдавсӣ”-и ноҳияи Фирдавсӣ Мирзошариф Шарифов ва дигарон  роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни Ваҳдати миллӣ, саҳми Пешвои миллат дар таҳкимбахшии он, нақши матбуоти маҳаллӣ дар инъикоси ғояҳои Ваҳдати миллӣ ва ғайра фикру андешаҳои худро баён доштанд.

Дар анҷоми чорабинӣ намоиши китобу нашрияҳои даврӣ доир ба Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.