Ҳифзи фарҳанги миллӣ

Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади ҳифз ва гиромидошти мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи мероси гаронбаҳои фарҳангии миллиро ба нақша гирифта, дар ин раванд силсилаи сафарҳои хизматиро ба шаҳру навоҳиии гуногуни кишвар ба роҳ мондааст. Инчунин, дар асоси нақшачорабиниҳо аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳ дар минтақаҳои гуногуни кишвар семинар-тренингҳои омӯзишӣ бо иштироки мутахассисони соҳаи фарҳанг доир гардида истодаанд.

Семинарҳои навбатӣ тибқи барномаи қаблан тарҳрезишуда рӯзҳои 7-8 июни соли равон  дар  толори меҳмонхонаи ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки намояндагон ва мутахассисони соҳаи фарҳанги водии Рашт ва рӯзҳои 13-14 июн дар толори Китобхонаи вилоятии ба номи Абӯабдулло Рӯдакии шаҳри Хоруғ бо иштироки аҳли фарҳанги ВМКБ  баргузор гардиданд.

Силсилаи семинар-тренингҳои доиргардидаи кормандони гурӯҳ дар асоси лоиҳаи ҳамкориҳои ПИТФИ бо Маркази байналмилалии иттилоотию шабакавии мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором (ICHCAP) оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва мавзӯъҳои марбут ба он,  сурат гирифта буд.

Семинарҳои зикршуда бо суханони директори ПИТФИ Ш.Комилзода оғоз гардиданд. Ӯ дар суханронҳоияш дар бораи таҷрибаҳои кории кормандони ПИТФИ ва саҳми онҳо он дар ҳифз ва рушди мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар  маълумоти мухтасар дод ва мақсади баргузории семинар-тренингҳоро ба ҳозирин баён намуд.

Сипас тибқи барномаи таҳиягардида семинар идома меёфт. Муовини директори ПИТФИ, коршиноси мероси фарҳанги ғайримоддӣ Раҳимӣ Д. бо истифода аз проектор дар бораи ЮНЕСКО ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи байналмиллалӣ, Конвенсияи 2003 оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ маълумоти мухтасар дод. Иштирокчиён дар охири гузориш тавассути суолҳо қисматҳои нофаҳмои Конвенсияро аз ӯ пурсида, посухи муносиб гирифтанд.

Пас аз гузориши Раҳимӣ Д. мудири бахши Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ Холмуродов З. низ дар мавзӯи “Инвентаризатсияи унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ” гузориши ҷолиберо бо истифода аз проектор манзури ҳозирин намуд. Ӯ дар раванди гузориш ба иштирокчиёни семинар чӣ гуна пур кардани варақаи инвентаризатсиониро бо овардани намунаҳо нишон дод ва чи тавр дар оянда ба ин кор машғул шуданро ба онҳо фаҳмонид.

Баъди дарси омӯзишии Холмуродов З. аз рӯи барнома мудири шуъбаи илмӣ-методӣ Аминов А. оид ба Феҳристи миллӣ ба ширкаткунандагони семинар-тренинг дарси омӯзишӣ гузаронид. Ӯ дар анҷоми маърӯзаи худ ба онҳо маслиҳат дод, ки онҳо ҳам метавонанд мавод ҷамъоварӣ намуда, феҳристҳои маҳаллии худро тартиб диҳанд, зеро ин амал яке аз талаботҳои Конвенсия буда, барои такмили минбаъдаи Феҳристи миллӣ низ хеле зарур аст.

Рӯзи дигари семинарҳо тибқи барнома Раҳимӣ Д  дар бораи тарзи таҳия ва усули пешниҳод намудани номинатсияҳои унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО гузориш медод. Раҳимӣ Д. дар гузоришҳояш оид ба усули ҳуҷҷатгузорӣ, пур кардани мактубҳои ризоият аз тарафи ҷамъиятҳо ва дигар талаботҳои тарзи таҳияи ҳуҷҷатҳо мисолҳо оварда, мавзуъро шарҳ дод, ки ҳозирин хуб дарк менамуданд.

Дар ҳарду семинарҳо ҳам пас аз хӯроки нисфирӯзӣ ва анҷоми гузоришу машғулиятҳо иштирокчиён ба пажӯҳишҳои майдонӣ сафарбар гардиданд. Ҳайати тренерон иштирокчиёни семинарро ба гурӯҳҳо тақсим намуда, ба хонаҳо ва коргоҳҳои ҳунармандон роҳнамоӣ намуданд. Баъди вохӯрӣ бо ҳунармандон ва ҷамъоварии мавод, иштирокчиён ба толори дарсӣ баргашта, натиҷаи корҳои майдониашонро баррасӣ намуданд. Дар анҷом, ҳар як иштирокчии семинар таассуроти худро дар мавриди семинарҳои баргузоргардида баён намуда, нақшаҳои ояндаашонро дар ин самт иброз намуданд. Инчунин, муваззаф гардиданд, ки дар оянда барои ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ пайваста ба пур кардани варақаҳои инвентаризатсионӣ ва таҳияи феҳристҳои маҳаллӣ машғул мешаванд. Дар охири семинар ба иштирокчиён ҳамчун мутахасиси соҳаи фарҳанги ғайримоддӣ  “шаҳодатнома” (сертификат)-ҳо  супорида шуд.

Дар давоми сафари корӣ ҳайати гурӯҳ ба ҷамоатҳои деҳот ва деҳаҳои гирду атрофи ноҳияи Тоҷикобод ва шаҳри Хоруғ сафар намуда, бо ҳунармандони касбу кори гуногун вохурӣ намуданд. Ҷараёни суҳбатҳо бо ҳунармандон тавассути дастгоҳҳои аксбардорӣ ва сабти овозӣ барои бойгонии ПИТФИ ва нашри мақолаву китобҳои минбаъда, таҳияи феҳристҳо ҷамъоварӣ шуданд.

Аминов Абдулфаттоҳ

Мудири шуъбаи илми-методии ПИТФИ