Шоҳҷоизаи «Парасту-2019» насиби Театри Лоҳутӣ гардид

Шоми 22 апрели соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими пўшидашавии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «ПАРАСТУ – 2019» бо тантана ва шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён иштирокчиён ва меҳмонони ҷашнвораро бо анҷоми он табрик гуфт: «Ин ҳамоиши бошукўҳ бори дигар собит сохт, ки санъати театрии тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ вобаста ба пешрафти ҷомеа ба комёбиҳои назаррас ноил гашт».

Обид Назариён аз аҳли ҳунар ва санъат даъват ба амал овард, ки барои рушди санъати театрӣ саҳм гузоранд: «Мебояд бо асарҳои баландмазмуну баландғояи худ дар дили аҳли ҷомеа, махсусан насли наврас шуълаи меҳру муҳаббат ва ифтихор аз ватани аҷдодӣ, худшиносиву худогоҳии миллиро фурўзонтар созем. Ҳамагон шоҳидем, ки ин нуктаҳо дар тамоми суҳбату мулоқотҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегарданд»- иброз дошт Обид Назариён.

Ӯ инчунин зикр намуд, ки на ҳамаи асарҳои дар ин Фестивал-озмун пешниҳодшуда яксон буданд. «Онҳо аз якдигар бо хосагиҳои худ, интихоби мавзуъ, сатҳи касбият, шакли пешниҳодоту нақшофарии ҳунарпешаҳо, вижагиҳои кори режиссёрон, саҳнаофарию нақши мусиқӣ тафовут доштанд. Ҷиҳати хубу муҳими дигар он аст, ки намояндагони театрҳои касбии ҷумҳурӣ дар тўли ин ҳамоиш барои дидору мулоқотҳо, табодули андешаву таҷрибаҳои якдигар фурсати муносиб пайдо намуданд»- зикр намуд муовини якуми вазири фарҳанг.

 Cипас, муовини якуми вазири фарҳанг Обид Назариён ва муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода барои саҳми назаррас дар рушди театр ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов ҳамчун асосгузори Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту», ки соли равон аз таъсиси он 30 сол пур мешавад, ҷоизаи махсуси навтаъсисро бо номи «Насли пуршараф» супориданд.

Обид Назариён ва Зевар Давлатзода инчунин профессор Тамара Абдушукурова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Ғуломова, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Турахон Аҳмадхонов, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Марям Исоева, Сайрам Исоева, Носир Ҳасановро бо диплом барои садоқат ба касб ва саҳми назаррас дар рушди санъати театрӣ қадр намуданд.

Сипас лаҳзаҳои ҳассоси ҷашнвора, яъне эълони ғолибони Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «ПАРАСТУ – 2019» фаро расид.

Шоҳҷоизаи озмун ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ барои намоиши «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода дар таҳияи Султон Усмонов супорида шуд.

Ҷои якум барои ду намоиш, яъне барои операи Амирбеки Мусоев -«Хусрав ва Ширин», либреттои Гулназар Келдӣ дар таҳияи Шавкат Халилов (Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ) ва намоиши «Қорӣ Ишкамба» аз рўи асари Садриддин Айнӣ дар таҳияи Музаффар Муҳиддин (Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом) насиб гардид.

Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл.Маяковский барои намоиши «Тартюф» - и Жан Батист Молйер дар таҳияи Баҳодур Миралибеков ва Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов барои намоиши «Вақте ки кўҳҳо сукут мекунанд»- и Чингиз Айматов дар таҳияи Нозим Меликов сазовори ҷои дуюми ҷашнвора гардиданд.

Ҳамчунин ҷои сеюм низ насиби ду театр: Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд барои намоиши «Пораи дили модар»- и Ҳалим Шариф дар таҳияи Эҳсон Ҳомидов ва

Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барои намоиши «Карим Девона» -и Турахон Аҳмадхонов дар таҳияи Қурбонмуҳаммад Шукуров гардид.

Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон бо асари Намоиши «Зумрад ва Қиммат» аз рӯи асари Наргиза Маҳкамова дар таҳияи Фатҳулло Хоҷаеви Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон «Беҳтарин намоиши лўхтак»- Фестивал-озмуни «Парасту-2019» дониста шуд.

Бо номинатсияи «Коргардони беҳтарин» Нозим Меликов барои таҳияи намоиши «Вақте ки кўҳҳо сукут мекунанд» аз рўи асари Чингиз Айматов қадр карда шуд.

Бо Диплом дар номинатсияи «Беҳтарин нақши мардона» Фирдавс Қосимов барои иҷрои нақши шоир дар намоиши «Ватандорӣ» аз рўи ашъори Лоиқ Шералӣ ва Хуршед Мустафоев барои иҷрои нақши Аргон дар намоиши «Тартюф» - и Жан Батист Молйер мукофотонида шуданд.

Марина Ярмолик барои иҷрои нақши Дарина дар намоиши «Тартюф» - и Жан Батист Молйер ва Шогун Давлатбекова барои иҷрои нақши Элес дар намоиши «Вақте ки кўҳҳо сукут мекунанд» аз рўи асари Чингиз Айматов бо диплом дар номинатсияи «Беҳтарин нақши занона» сарфароз гардиданд.

Бо номинатсияи «Беҳтарин ороиши мусиқӣ» Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд сазовор гардиданд.

Номинатсияи «Беҳтарин ороиши саҳна» ба Вафо Назаров барои операи Амирбеки Мусоев «Хусрав ва Ширин» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ насиб гардид.

Диплом аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин асари драматургӣ» ба Тоҳир Мамадризоев барои пйесаи «Баҳори Фаронса» супорида шуд.

Номинатсияи «Беҳтарин нақши эпизодӣ» ба Надима Юсупова барои иҷрои нақшаи Офелия дар намоиши «Ҳамлет» -и У.Шекспир дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ лоиқ дониста шуд.

Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кўлоб бо асари Ҷумъа Қуддус- «Баҳори Ваҳдат» дар таҳияи Раҳмоналӣ Одинаев бо диплом дар номинатсияи Барои «Мавқеи шаҳрвандӣ ва муҳимияти мавзўъ» сазовор гардид.

Ҳамчунин Абдураҳмон Ғаниев барои иҷрои нақши Шерзод дар намоиши «Пораи дили модар» -и Ҳалим Шариф бо ҷоизаи «Умед», Абдураҳмонов Абдураҳим аз Театри лухтаки «Афсона»-и шаҳри Бохтар бо диплом барои дебюти коргардонӣ ва Фарзона Абдураҳмонова аз Театри ҷумҳуриявии драмаи мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бўстон бо диплом барои дебюти ҳунарпешагӣ қадр карда шуданд.

Боиси зикр аст, ки Фестивал – озмуни Ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019» ба 80 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 22 апрел идома ёфта, дар доираи фестивали мазкур 18 театриҳои касбии кишвар намоишномаҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, пешниҳоди ҳакамони озмун ва тамошобинон намуданд.

Манбаъ: Сомонаи Вазорати маориф

барчасп: