Ҳунарҳои мардумӣ: ТОҚИДЎЗӢ

Нақшу нигори тоқиҳо вобаста ба минтақаҳо гуногун мебошанд. Нақшҳои маъмултарини тоқиҳои ироқӣ: садбарг, лола, кабўтар, анор, баргак, ғунча, занҷирак, гули алав ва ғайра мебошанд. Нақшҳои бодому анор рамзи баракату фаровонӣ ва бодавлат шуданро ифода мекунанд. Инчунин нақшу тасвири гулҳо ва баргҳои гуногун дар тоқиҳо орзуву омоли рангини мардумро бозтоб менамоянд

Тоқидўзӣ ҳунари анъанавии бонувони тоҷик мебошад, ки ба дўхтан ва нақшу нигори тоқӣ марбут аст. Тоқӣ – каллапўши суннатии тоҷикон ва баъзе халқҳои Осиёи Миёна ба шумор меравад, ки асосан ду шакл дорад: мудаввар ва чоркунҷа. Онро дар шимоли кишвар “тўпӣ” ва дар водиҳои Ҳисору Рашт, вилоятҳои Хатлону Бадахшон “тоқӣ” меноманд. Тоқӣ навъҳои мардона, занона ва кўдакона дорад. Тоқиҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва инчунин тоқиҳои тоҷикони мамлакатҳои ҳамсоя аз ҷиҳати шакл, тарзи дўхт, нақшу нигор, анвои матоъ ва якдигар тафовут доранд. Чунончи, дар байни тоҷикон намудҳои тоқии чакан, ироқӣ, зардўзӣ, тўрдўзӣ, чортарк, чустӣ, чамандигул, муҳрадор, арўсӣ, кулута, тоқисарак, арақчин ва амсоли инҳо маъмуланд.

Тоқиро на танҳо барои ороиш ва ҳимоят аз нурҳои офтоб ва ё сармо мепўшанд, балки пўшидани он тибқи боварҳо ҳатмӣ мебошад. Мардҳо то ба солҳои 60-70 садаи ХХ бе тоқӣ намегаштанд ва сари луч дар сари дастархон нишастани мардҳо як навъ гуноҳ ҳисоб мешуд. Имрўзҳо дар байни ҷавонон суннати тоқипўшӣ камтар шудааст, тоқиро ҳоло бештар калонсолон мепўшанд. Инчунин тибқи одатҳо, мардҳои хонаводаи азодор то гузаштани маросими чил ба сар тоқӣ мегузоранд ва бо ин нишона азодор будани худро баён менамоянд.

Дар ҷараёни экспедитсияи мардумшиносие, ки мо олимони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар соли 2016 ба ба як қатор навоҳии вилояти Суғд анҷом додем, бо якчанд ҳунарманди тоқидўз ҳамсуҳбат гаштем ва дар бораи тоқидўзӣ маълумоти этнографӣ ба даст овардем. Аз ҷумла, камина дар ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич бо ҳунарманди чирадаст Назаралиева Туҳфа (с.тав. 1940) дар мавзўи тоқидўзӣ мулоқот намудам. Аз гуфтаи ў бармеояд, ки дар ноҳияи Деваштич алҳол камтари ҳунармандоне ҳастанд, ки тоқидўзӣ мекунанд. Онҳо низ тоқиҳои мардонаи чустӣ медўзанд. Зеро талабот ҳоло ба ҳамин намуди тоқӣ дар ин ҷо вуҷуд дорад. Худи Назаралиева Т. қаблан ба дўхтани тоқиҳои ироқӣ машғул будааст ва имрўзҳо танҳо дар сурати мавҷуд будани супориши мизоҷон ў тоқиҳои духтаронаи ироқӣ медўхтааст.

Мувофиқи иттилои ў, тоқии ироқиро дар матои канва (матои сафеди катакчадор) ва ё дар сўф медўзанд. Тоқии ироқӣ иборат аст аз қисмҳои теппа – қисми болоӣ ё гунбази тоқӣ, кизак – чор тарафи қисми поёни гунбаз, мағзӣ – навори сиёҳранге, ки поёни кизакро ба астар мепайвандад ва астар, ки аз даруни тоқӣ насб карда мешавад.

Дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷануби кишвар қисми теппаро – тора ва кизакро гирда меноманд. Бояд қайд кард, ки тоқиҳои навоҳии шимоли кишвар ва инчунин баъзе вилоятҳои Ҷумҳурии Ўзбекситон шаклан чоркунҷа мебошад, ки онро чортарк ҳам мегўянд. Аммо  тоқиҳои мардумони водиҳои Ҳисору Рашт, Кўлоб, Хатлону Бадахшон ва тоҷикони вилоятҳои Сурхондарёву Қашқадарё, Шаҳрисабз, Бухоро ва баъзе ҷойҳои дигар шаклан гирд мебошад. Тафовути дигар дар ин аст, ки тоқиҳои гирдшакл бо шероз дўхта мешаванд. Вале дар тоқиҳои чоркунҷа вазифаи шерозро мағзӣ иҷро мекунад.

Тарзи дўхтани тоқии ироқӣ чунин мебошад: нахуст дар матои канва  ё сўф нақши чоркунҷаи теппа бо гулҳояш кашида мешавад. Онро бо сўзан ва риштаҳои ранга гулдўзӣ мекунанд. Тора ё теппаро бо қайчӣ бурида, аз таги он астар мегузоранд ва бо сўзан аз маркази теппаи тоқӣ то канорҳои он ба тарзи мувозӣ хатҳо медўзанд, ки ин амалро тепчӣ меноманд. Чун ин кор ба анҷом расид, бо сими дароз пораҳои пахта ё коғазро тобида, пилта карда, ба тепчӣ меандозанд. Дар натиҷа теппаи тоқӣ мустаҳкам ва ғафс мешавад. Ҳоло тоқидўзон барои осонии кор ба ҷои пилтагузорӣ аз болои астар ду-се қабат коғаз монда, бо мошина аз марказ то ба канори теппа хатҳои мувозӣ медўзанд.

Дар давоми ҳамин матоъ ё пораи матои дигар нақши кизак ё гирда кашида ва гулдўзӣ мешавад. Кизак ба даври тоқӣ насб карда мешавад. Ба кизак низ аз таги астар пилта ё коғаз дўхта мешавад. Пас аз он ки қисмҳои теппа ва кизак омода шуд, теппаро болои кизак гузошта, ҳар ду қисмро аз дарун дўхта, ба ҳам мепайванданд. Мағзӣ наворест, ки матои сиёҳи пахтагин ва ё абрешимӣ бурида мешавад ва онро дар қисми поёни тоқиҳои чоркунҷаи чустӣ, ироқӣ, зардўзӣ ва муҳрадўзӣ ба ҷойи шероз дўхта мешавад.

Тоқии таёршударо дар қолиби махсус, ки аз ду тахта иборат аст, мегузоранд ва чархи қолибро тоб дода, тоқиро дар байни тахтаҳои фишор медиҳанд, то ки он росткунҷаву ҳавор гардад. Баъд аз он тоқиро гирифта, аз дарун ширеш мемоланд, ки дар натиҷа ҳамаи тарафҳояш шахшўл мешаванд.

Нақшу нигори тоқиҳо вобаста ба минтақаҳо гуногун мебошанд. Нақшҳои маъмултарини тоқиҳои ироқӣ: садбарг, лола, кабўтар, анор, баргак, ғунча, занҷирак, гули алав ва ғайра мебошанд. Нақшҳои бодому анор рамзи баракату фаровонӣ ва бодавлат шуданро ифода мекунанд. Инчунин нақшу тасвири гулҳо ва баргҳои гуногун дар тоқиҳо орзуву омоли рангини мардумро бозтоб менамоянд

Дар тоқиҳои мардонаи чустӣ, ки дар Хуҷанду Истаравшан, Конибодом, Ашт, Исфара ва қисман баъзе навоҳии дигар дўхта мешаванд, асосан нақшҳои қаламфур ва бодом тасвир шудаанд. Нақшҳои қаламфур, бодом, тўмор ва гулхор бештар бо мақсади ҳимоят аз чашми бад, таъсири махлуқоти фавқуттабиӣ дар тоқиҳо нақш мешаванд.

Хулоса, дар шароити  имрўза суннати тоқипўшии мардҳо каме коста шудааст, танҳо тоқиро дар сари мардони калонсол дидан мумкин аст. Ҷавонон танҳо дар вақти азодорӣ ба сар тоқӣ мегузоранд. Аз навъҳои тоқӣ дар вилояти Суғду Хатлон, водии Ҳисор ва қисман Рашт тоқии чустии чоргула бештар истифода мешавад.

Падидаи дигари ташвишовар ин аст, ки арақчинҳои сафеди синтетикӣ, ки ҳама истеҳсоли Чин мебошанд, миёни мардон хеле паҳн шудааст. Бояд пеши роҳи ин равиши номатлуб гирифта шавад, зеро тоқиҳои сафеди синтетикӣ барои саломатии пўсти сари инсон зарари калон доранд. Аз ҷониби дигар, мардҳо онҳоро ҳамчун моли арзон харидорӣ карда, ба тоқиҳои миллӣ майл намекунанд.

Тоқиҳои ироқии духтарона низ, ки толибаҳо ва донишҷўдухтарон мепўшанд, асосан аз кишвари ҳамсояи Ўзбекистон ворид мешаванд. Чунин тоқиҳо дар баъзе ноҳияҳои шимоли кишвар дўхта мешаванд, аммо хеле кам. Бояд ҳунари тоқидўзиро ривоҷ дод, чунки ҳам як суннати фарҳанги ғайримоддӣ  ҳифз мешавад ва ҳам бонувони зиёд ба он машғул шуда, метавонанд даромаде ба даст оранд.

Дилшод Раҳимӣ