Ёдгориҳои бостонии Вахш: АҶИНАТЕППА

Номи асосии ин ёдгор аслан Аҷинатеппа нест ва ин унвон солҳои 40 ум асри ХХ дар натиҷаи боронҳо як ҷои тепа фурў рафта, сўрохе ба вуҷуд омадааст ва нафаре аз маҳалиён вориди сўрох шуда, бути якпаҳлу хобрафтаеро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд маҳалиён онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшаклу бадкирдори афсонавӣ) пиндошта Аҷинатеппаро номгузорӣ кардаанд. Ваҷҳи тасмияаш аз аҷина аст.

Аҷинатеппа боқимондаи ёдгории меъмории дини будоӣ аст. Мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 фаъолият доштааст.

Аҷинатеппаро дар ноҳияи Бохтари (15 км дуртар аз шахри Қўрғонтеппа) вилояти Хатлон соли 1959 бостоншинос Т. И. Зеймал ҳафр кард. Номи асосии ин ёдгор аслан Аҷинатеппа нест ва ин унвон солҳои 40 ум асри ХХ дар натиҷаи боронҳо як ҷои тепа фурў рафта, сўрохе ба вуҷуд омадааст ва нафаре аз маҳалиён вориди сўрох шуда, бути якпаҳлу хобрафтаеро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд маҳалиён онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшаклу бадкирдори афсонавӣ) пиндошта Аҷинатеппаро номгузорӣ кардаанд. Ваҷҳи тасмияаш аз аҷина аст.

        Аз соли 1961 Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ (Бо роҳбарии  Б. А. Литвинский ва Т. И. Зеймал) мунтазам ҳафриёт доир карда соли 1973 таҳқиқи он комилан ба итмом расид. Аҷинатеппа бинои росткунҷашакли вусъаташ 100х50 м, баландиаш 6 м мебошад. Аз ду қисмати мутаносиб иборат буда, бо роҳрав қисмҳо бо ҳам мепайванданд, ки қисмҳоро дар рафти таҳқиқ шартан «дайр» ва «маъбад» ҳован ҷой дорад. Иморати ҳар як қисми бино аз рўйи тарҳи сохтмонии чорайвона бино ёфта, аз похса ва хишти хом, таҳкурсии он аз хишти пухта сохта шудааст. Фарши ҳуҷраҳо, рўйи ҳавлӣ ва девори биноҳои ибодатгоҳ бо хишти пухта рўйкаш шудаанд. Равоқҳо камбар ва биноҳо гумбаздор будаанд.

           Дар маркази нимаи «дайр» ҳавлии чоркунҷае ҳаст (19х19), ки дар атрофии он ҳуҷраҳо, ибодатгоҳ, толор ва биноҳои хоҷагӣ ҷой гирифтаанд. Ҳамаи ин биноҳоро роҳрав бо ҳам мепайваст. Ороиши меъмории ибодатгоҳи «дайр» мураккаб буда, шифту девор нақшу нигор ва муҷассамаҳои бисёр дошт. Ҳангоми ҳафриёт пораҳои муҷассамаи калони баландиаш 4м, ки маркази бино воқеъ буд, ёфт шуд. Поини деворҳо, рўйи суффаҳо ва пояи ҳайкалҳо бо нақшу нигор оро доранд. Дигар биноҳои «дайр» ва ҳуҷраҳои роҳибон намуди одӣ доранд.

          Дар яке аз роҳравҳо муҷассамаи 14 – метраи якпаҳлу хобидаи Будо дар ҳолати нирвана ва дар тоқчаҳо муҷассамаҳои хурди Будоӣ нишаста ёфт шуданд. Муҷассамаҳоро аз гил сохта, рангубор додаанд. Тасвироти Аҷинатеппа дар асоси анъанаҳои наққошии ҳамонзамонаи Осиёи Миёна иҷро шудаанд.

           Нақши иблис, роҳиб ва одамони одӣ низ ҳаст. Дар вақти ҳафриёти Аҷинатеппа бисёр бозёфти шайъӣ – сафол, маснуоти  шишагӣ, филиззӣ ва сиккаҳо ёфт шудаанд. Хусусан сиккаҳо ҷолиби диққатанд. Аҷинатеппа такроран сад сол фаъол буд ва ба тахмин дар солҳои 40 асри 7 дар рафти истилои арабҳо тадриҷан хароб гардид. Ҳафриёти Аҷинатеппа аҳамияти илмӣ дорад. Аҷинатеппа нахустин ёдгорӣ будоӣ  дар Осиёи Миёна аст, ки пурра таҳқиқ шудааст.

        Минбаъд дар роҳи корвонгарди аз Балх ба сўи шаҳрҳои Шумон (Ҳисор), Вашгирд, Ғуркан (Ғарм), Чин, Ҳулбук, Фархор, Бадахшону Ҳиндустон ҷой дошт ва ба тоҷирони будоии ҳинду ва чинӣ хидмат менамуд. 

Бозчоп: аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2013. – Ҷ.2. – С.182-183.

Муаллифон: Яқубов, Ю., Соловев, В.