Нигоҳе ба таомҳои маҳаллии мардуми ноҳияи Ҷайҳун

Хатлон яке аз вилоятҳои гармтарини кишвар ба шумор меравад. Аз сарчашмаҳо ба мо маълум аст, ки вазъи ҷуғрофӣ ва иқлим ба фарҳанг ва ба тарзи зисту зиндагонии одамон таъсир мерасонад. Дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Шаҳритўси вилояти Хатлон анвои таомҳо ва хўроквориҳо мутобиқ ба иқлиму табиати он ҷо вобастагӣ дорад. Ин минтақаи гармтабиат маҳалли тарбузу харбуза ба ҳисоб мераванд. Яъне дар ин минтақаҳо мардум бештар ба зироаткорӣ ва корҳои полезӣ машғул мебошанд.

Қайд кардан лозим аст, ки ҳангоми экспедитсияҳо таомҳое, ки маҳз хоси ҳамин ноҳияҳо бошад, кам дарёфт шуданд. Бо вуҷуди ин номгўи таомҳои миллӣ ва маҳаллие, ки дар «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» омадааст, дар деҳаҳои ин ноҳияҳо ба чашм мерасанд.

Ширкаду ё кадубашир. Таомест, ки қариб дар саросари кишвар онро мепазанд ва ҳама кадбонувон аз уҳдаи пухтанаш мебароянд. Аз номаш аён аст, ки маҳсулоти асосии он шир ва каду мебошад. Усули пухтани он чунин аст: аввал кадуро тоза карда, мувофиқи завқ пора менамоянд. Онро дар об то пухтан меҷўшонанд ва сипас ба он қадри зарурӣ шир илова менамоянд. Сипас онро дубора муддати 20-25 дақиқа меҷўшонанд. Табиист, ки таъми каду ширин аст, аммо баъзан ба он шакар ё қанди сафед низ илова менамоянд.

Ордбирён. Ин таом низ ба мисли ширбат аз орд, равған, намак, об ва шир омода мешавад, аммо усули омода кардан ва таркиби он тамоман дигар аст. Ордбирёнро вобаста ба лаҳҷаҳои ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо номҳои гардсуз, ордоб низ мардумшиносон ба қайд гирифтаанд.

Усули омода карданаш чунин аст: аввал дар зарфи хушк ордро бо каме равғани зағир ё баъзан зард то нимсўз шуданаш бирён менамоянд. Сипас ба он об андохта то пухтан меҷўшонанд. Баъд аз ҷўшида пурра омехта шудани орду об барои хуштамъ шуданаш ҳатман шир омехта менамоянд. Аз рўйи нақли гўяндагон дар ҳар се литр об як литр шир муайян шудааст. Дар ин муддат ба он каме намак низ мепартоянд. Баъзеҳо мувофиқи завқи худ баъди ба косаҳо бардоштан иловатан равғани зағири доғшуда ҳамроҳ менамоянд.

Хомшўрбо  таоми миллӣ ба ҳисоб рафта, ин таомро зуд – зуд омода месозанд. Ин таомро аз гўшт сабзӣ картошка пиёз ва об омода месозанд. Нахуст дар дег об мерезанд ва гўштро ҳамроҳ мекунанд. То нимпухт шудани гўшт таом меҷўшад. Баъдан пиёз ва сабзиро ҳамроҳ мекунанд, ки боз муддати 30 дақиқа меҷўшад. Картошкаро баъд аз пухтани сабзӣ меандозанд. Чунки картошка дар муддати на камтар аз 20 дақиқа мепазад. Аз зиравориҳо низ истифода бурда мешавад. Ҳамин ки таом омода гардид дар косаҳо мебардоранд ва ба болояш кабудӣ мепошанд. Хомшўрборо дар тўю маъракаҳо низ мепазанд. Хомшўрбо аслан аз гўшти гов, гусфанд ва буз пухта мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон гўштро танҳо бо пиёз меҷўшонанд ва он дар табақи чўбин болои нони резакардашуда бардошта мешавад.    

 Оши бурида яке аз таомҳое, мебошад, ки мардуми тоҷик хеле зиёд меписанданд ва мавриди истифода қарор дорад. Оши буридаро низ маъмулӣ омода мекунанд. Пиёзу картошка ва сабзию гўштро дар равған бирён мекунанд. Аз орду обу намак зувола гирифта, муддати 10 дақиқа дам медиҳанд. Баъдан тунук карда, бо корди махсус маҳину борику нозук реза мекунанд. Ба деги зирбак об андохта як сар меҷўшад. Хамири резакардашударо дар таом меандозанд. То пухтани оши бурида, таом меҷўшад омода мегардад. Оши буридаро дар коса ё дар табақи чўбин мебардоранд. Чаккаро об карда, ҳамроҳи кабудӣ ба косаи таом меандозанд. Ин таоми хушхур ва сабук аст. Бинобар ин ин таомро зиёдтар дар фасли гармо яъне тобистон тановул мекунанд.

Шўрбо таоми маъмулии мардуми тоҷикон буда, дар саросари кишвар дида мешавад. Як навъи таоми миллӣ ва маъмулии мардуми тоҷик буда, дар  саросари кишвар дида мешавад. Ин таомро занони тоҷик зуд-зуд омода месозанд. Ин таомро аз гўшт сабзӣ картошка пиёз ва об омода месозанд. Дегро тасфонида равған мерезанд. Пиёзро гўштро доғ карда, пиёзро омехта мекунанд. Пиёзу гўшт хуб бирён, ки шуданд картошка ва сабзиро бо намак омехта мекунанд. Баъдан  каме об ҳамроҳ мекунанд ва таом каме бо об бирён мешавад. Сипас таом муддати ним ё 1 соат меҷўшад омода мегардад. Мувофиқи табъ кадбону метавонад аз кабудиҳо истифода барад.  Ногуфта намонад, ки шўрбо якчанд навъ мешавад. Шўрбо бо гўшт, шўрбо бе гўшт, пиёба, хомшўрбо, шурбои гусфандӣ, шўрбои мурғӣ ва ғайраҳо шомиланд. Шўрбо низ дар навбати худ зудҳазм мебошад. Ҳангоми бемориҳои узвҳои ҳазмкунандаи бадан маҳз ин таомро тавсия медиханд.

Ялама таоми маъруфи бириниҷии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад ва инчунин ўзбекҳо низ ин таомро хеле зиёд мепазанд. Чи тавре, ки дар боло зикр шуд, дар ин минтақаҳо мардуми ўзбекзабон бисёр аст. Бинобар ин  онҳо ин таомро зиёд дўст медоранд ва мунтазам дар хонаашон таҳия мекунанд. Ялама аз биринҷ, анвои ғаладона, картошка пиёз, сабзӣ гўшт ва равған тайёр мекунанд. Аввал зирбаки ин таомро омода мекунанд. Сипас ба он об мерезанд, як сар меҷўшад. Баъдан биринҷро тоза шуста, ба он ҳамроҳ мекунанд. Муддати 20-25 дақиқа меҷўшад, таом омода мегардад. Яламаро баъзан танҳо аз пиёзу сабзӣ омода месозанд. Яъне сабзӣ дар шакле, ки ба оши палав реза карда мешавад, ҳамон тавр барои ялама тайёр карда мешавад. Дар ин маврид пиёзро бо гўшт бирён мекунанд ва сабзиро хамроҳ карда, нағзакак мезирбонанд. Сипас об ҳамроҳ карда, биринҷро омехта мекунанд. Ин навъи ялама ба оши палав шабоҳат дорад вале аз мулоимтар будани худ фарқият мекунад.

 Оши туппаро низ мисли оши бурида мардуми ин минтақаҳо ба хубӣ қабул кардаанд ва зиёд истифода мебаранд. Ин таомро занони тоҷик мунтазам омода месозанд. Оши туппа аз пораҳои хамир ва пиёзу чакка тайёр карда мешавад. Хамирро зувола карда, ба шакли чоркунҷа дароварда, бо корд мебуранд. Мувофиқи хоҳиш ва ҳисоби истеъмолкунандагон кадбону ба дег об мерезад ва баъдан намак ҳамроҳ мекунад. Об меҷўшад, пораҳои хамири зуволакардаро ба оби дег меандозанд. Муддати 15 дақиқа меҷўшад, таом омода мегардад. Дар табақи чўбин таомро мебардоранд. Чаккаро мисли қаймоқ об карда, ба болои табақ мерезанд. Сипас кабудиҳои маҳин резакардашударо ба болои таом мерезанд.  Ин таоми хушхўр буда, қаламфур низ ҳатман болои он гузошта мешавад. Ин таом ду навъ мешавад: яке оши туппае, ки танҳо дар об пухта мешавад. Дуюм,  оши туппае, ки аввалан дар равған бо гўшту пиёз ва картошка зирбак омода мекунанд. Пас аз хуб бирён шудани зирбак об ва лўбиё ҳамроҳ мекунанд. Лўбиё, ки хосияти дер пухтанро дорад, бояд хеле биҷўшад. Аз ҳамин сабаб то пухтани лўбиё кадбону пораҳои туппаро тайёр мекунад. Дар охир туппаҳои резакардашударо ба дег ҳамроҳ мекунад. Барои он, ки туппа бо ҳамдигар начаспад онро бо кафгир ё қошуқ аз якдигар ҷудо мекунанд. Баъд аз пухтан онро ба табақи чўбин мебардоранд ва бо чакка ва кабудиҳои тару тоза ороиш медиҳанд.

Фатирмаскаро чуноне, ки аз номаш маълум аст аз фатир ва маска тайёр мекунанд, вале харбуза низ инҷо нақши муҳимро мебозад. Аз равғани зард, об ва орду намак фатир мешуранд. Одатан муддати муайян хамир дам мехўрад. Онро дар танўри тафсон ё тафдон мепазанд. Дар табақи чўбин бо равғани маска ва харбузаи пухтаи ширин бо даст молиш медиҳанд. Он чуноне молиш дода мешавад, ки фатир равған ва харбузаро ба худ ҷабида мегирад. Ин таоми хеле калориянок аст, аз  ин сабаб дар фасли зимистон хўрдани ин таом бисёр муфид аст. Ба касоне, ки фишори хун доранд ё ба касалии қанд дучор шудаанд, тавсия намедиҳанд.

 Манту навъи хўроки хамирӣ буда, аз хамири нафис буридашуда, об, гўшт, равган пиёз ва адвиёт омода месозанд. Манту вобаста ба маҳсулоти гўштӣ, кадугӣ, алафӣ ва бо картошка тайёр карда мешавад. Аввал хамири бо обу орду намак омода мекунанд. Сипас каме дам дода, онро бо ғелак тунук мекунанд. Хамири манту бояд маҳину нафис тайёр карда, шавад. Сипас зиравориҳои даруни мантуро тайёр карда, даруни мантуро пур мекунанд. Ҳамин тавр мантуро дар мантупазак дар лаълиҳои махсусаш ҷобаҷогузорӣ мекунанд. Мантуро муддати 25-30 дақиқа дар буғи об мепазонанд.     

Ҳамчунин мардуми ўзбекзабони ин ноҳияҳо таомҳои ба худ хос доранд: аз қабили гўштфатир, таом аз ширинии тарбуз, ғалминдӣ аз худи харбуза ва қаракулча ва бешбармоқ мебошад.

Гўштфатир, яъне нони гўштӣ, ки хеле болаззат буда баҳри аҳли оила омода карда мешавад. Аз орду обу намак хамир карда, онро низ муддате дам медиҳанд. Гўштро хурд-хурд чоркунҷа реза карда, бирён мекунан. Хамирро зувола гирифта, тунук мекунанд. Бояд дар шакли нон ва ҳаҷмаш тунуктар гирифта шавад. Чунки зуволаи якумро тунук карда, гўшти бирёнро ба болои зувола мемонанд. Зуволаи дуюмро тунук карда, ба болои нони гўштӣ мегузоранд ва бо ангуштон гирди нонро бо ҳам пайваст мекунанд.  Ҳамин  тавр нонро ба тафдон гузошта мепазанд.

Ширинии тарбуз субҳонаи зимистона ба хисоб рафта, мардуми ноҳияи Ҷ. Балхӣ ва Ҷайҳун васеъ истифода мебаранд. Аз сабабе ки дар ин ноҳияҳо аслан ба зироаткории полезӣ машғуланд, мардум аз ин навъи меваи заминӣ дигар навҳои шириниро омода мекунанд. Мағзи тарбузро аз қабати сабзаш ҷудо карда, бо қошуқӣ чўбин лат мезананд. Ҳангоми лат задан тарбуз ба пуррагӣ об мешавад. Онро аз докаи сафеди пок мегузаронанд. Баъд аз оби тарбузро соф кардан онро дар деги калони пок мерезанд. Ин ширинӣ тақрибан дар муддати 3-4 соат ва оташи муътадил пухта мешавад. Оташи дегро паст карда, бо қошуқи чўбин мекобанд, то дар таги дег начаспад. Ҳамин, ки  ширинӣ пухт, сурхча мешавад.

Қоракулча ҳамчун нон буда, аз меваи олучаи пухта расида ва харбузаи пухтаи ширин тайёр мекунанд. Қоракулчаро бисёртар мардуми ўзбекзабони Шаҳритўс мепазанд. Аз харбуза қоракулчаро чунин месозанд. Харбузаро аз пўсти болояш ҷудо карда, реза-реза мекунанд. Баъдан ба воситаи санг лат мезананд. Ҳамроҳи орд омехта карда, ба шакли кулча медароранд. Дар тафдон дар ҳарорати 150 дараҷа мепазанд. Ин нонро бе орд, танҳо аз харбуза низ омода мекунанд. Тафовут танҳо дар он аст, ки ин қоракулчаро дар гармӣ зери нурҳои офтоб тайёр мекунанд. Аз олуча низ тайёр карда мешавад. Олучаро аз донааш ҷудо карда, дар табақи чинии калон гирифта, зери нурҳои офтоб мемонанд. Дар гармии офтоб олуча сахт мешавад ва ба қоракулча мубаддал мегардад. Қоракулчаро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ғалминдӣ ном мебаранд. Дар ин ҷо қоракулча айнан чуноне, ки дар боло зикр гардид тайёр карда мешавад.                    

Аз нонҳо нони калон, гирдача, кулча фатир, фатири ба мағз,  фатири қат-қат, чаппотӣ ва ғайраҳоро мепазанд. Аслан дар ин ноҳияҳо нонро дар танўр мепазанд.

  Дар охир инро қайд кардан лозим аст, ки бонувони тоҷик аз даврони гузашта занҳои ҳунарманд ва бо маҳорат буданд. Ин малакаву маҳорати онҳо аз насл ба насл омада истодааст. Модарон ба духтаронашон омўзондаанд ва онҳо дар навбати худ ба фарзандони худ меомўзонанд. Мо бояд ҳаматарафа кўшиш намоем, ки ин унсурҳои фарҳангӣ аз байн нараванд, баръакс рушду такомул ёбанд. Барои ин мо дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем. Тавассути радио ва телевизион аҳамияти онҳоро таъкид намоем, то ҳисcи миллӣ ва ватандўстии мардум баланд гардад.

барчасп: