Ҳунари ТАНЎРСОЗӢ

Тарзи шинондан ва ба истифода додани танўр дар ҳавлиҳо нозукии махсус дорад. Аз хишт ё лой дуто деворчаи баландиашон 80-90 см, дарозиашон 1 м ва фосилаи байнашон 120 см сохта ба болояш тахта мегузоранд. Сипас ба болои тахтаҳо  хок рехта танўрро ба тарзи уфуқӣ рўи он хок мениҳанд. Одатан  рўйи танўр бояд ба самти қибла набошад, баръакс пушти танўрро ба тарафи қибла мегузоранд, ки нонпаз ҳангоми нончаспонӣ рўй ба қибла оварда, нон пазад.

Танўр оташдони нонпазӣ буда, аз гил сохта мешавад ва онро дар зери замин ба таври амудӣ  ва ё  болои чаҳорпоя ба тарзи уфуқӣ устувор мекунанд. Танўрсозӣ ҳунари суннатӣ буда, ба пешаи кулолӣ иртибот дорад.

Барои лойи танўр хокҳои махсуси ширадор ва ё гили бўта истифода мешавад. Ҳангоми лой шўридан барои мустаҳкам шудан ва накафидани девораи танўр ба он каме пашми чорво илова менамоянд. Яке аз амалҳои муҳими танўрсозӣ зери по сум задани лой мебошад. Онро такрор ба такрор гардонида сум мезананд, то ки ҳавои дохилаш берун шавад ва лой шакли яклухти часпакро гирад. Маъмулан, онро барои ин ки хоку хас омехта нашавад, дар болои шол ё ҷойҳои поку рўфташуда тунук карда сум мезананд. Пас аз сум хурдан лойро ба шол (имрўзҳо ба пардаи полиэтиленӣ) печонида ба мудддати ду рўз дам медиҳанд.

Танўр аз се қисм иборат аст. Қисми аввалро «тахтаи аввал» меноманд, ки дарозиаш 3 м ва бараш 35-40 см мешавад. Тахтаи аввалро баъд аз тунук кардан ва дарозшакл намудан, нўгҳояшро ба ҳам оварда мепайванданд. Пас аз 4-5 соат, ки он каме сахт шуд, деворҳояшро бо асбоби ғундак ва аз берун ба даст мекўбанд, то ки мустаҳкаму ҳамвор гардад. Сипас қисм ё тахтаи дуюмро ба ҳамин тарз тайёр карда, аз боло ба тахтаи якум пайванд месозанд. Тахтаи дуюм андаке қонусшакл буда, аз қисми поёнии худ ба тахтаи якум ба воситаи дандона пайваст карда мешавад. Деворҳои тахтаро боз ба даста ё ғундак куфта пайвандии онҳоро қавӣ мегардонанд. Қисми сеюмро «даҳана» меноманд, ки деворхояш бориктар аз тахтаҳои дигар аст. Шакли даҳана низ ба қонус монанд мебошад. Пас аз ба ҳам овардани нўгҳои даҳана ва ба болои тахтаи дуюм устувор намудан бо даставу ғундак аз даруну берун зада, пайвандҳоро маҳкам менамоянд. Гили даҳони танўрро ба об андаке мулоимтар карда, ба шакли давра лаб мебароранд. Маъмулан андозаи даҳони танўри нонпазӣ 50 см ва танўр барои самбўсапазӣ ба 65-70 см баробар аст. Баъзан мувовиқи супориши мизоҷон андозаҳо тағйир меёбанд.

Танўрро барои хушк намудан дар ҷои офтобӣ гузошта андаруни он замин  каме  ангиштро оташ медиҳанд, то ки бо алангаи  паст ангишт ду шабонарўз  сўхта танўрро аз дарун хушк намояд. Баъд аз ду рўз 3-4 адад хиштро барои ҳаво гузаштан пурра хушкониданаш аз зери танўр мениҳанд.

Тарзи шинондан ва ба истифода додани танўр дар ҳавлиҳо нозукии махсус дорад. Аз хишт ё лой дуто деворчаи баландиашон 80-90 см, дарозиашон 1 м ва фосилаи байнашон 120 см сохта ба болояш тахта мегузоранд. Сипас ба болои тахтаҳо  хок рехта танўрро ба тарзи уфуқӣ рўи он хок мениҳанд. Одатан  рўйи танўр бояд ба самти қибла набошад, баръакс пушти танўрро ба тарафи қибла мегузоранд, ки нонпаз ҳангоми нончаспонӣ рўй ба қибла оварда, нон пазад.

Баъд аз шинонидани танўр ба даруни он ҳезумреза андохта  оташ мезананд. Оташ бояд бо алангаи паст 15-18 соат сўзад. Чун гилу андоваи болои танўр хушк шуд, ба танўр ҳезуми хушки чубро андохта 6 соат беист оташи баланд меафрўзанд. Дар натиҷаи деворҳои танўр сурх шуда ба сафол табдил меёбанд. Баъди як соати он ба танўр нони аввалинро мепазанд.Танўр вобаста ба сифат маҳорати усто ва тарзи истифода бурданаш то 10-15 сол хизмат мекунад.

барчасп: