Чойхона ва чойхонанишинӣ дар Тоҷикистон

Дар замони Шўравӣ чойхонаҳо ба маркази таблиғоти ғояҳои давлат табдил ёфтанд. Ҳамчун воситаи истироҳату фароғати мардум дар чойхонаҳои деҳот, колхозу савхоз, муассисаву корхонаҳо аз тарафи давлат рўзномаву маҷалла, радио, телевизор, домино, шатранҷ, шашка гузошта мешуданд. Чандин чойхонаҳо ба клубҳои вохўриҳои шавқовар бо собиқадорони ҷангу меҳнат, депутатҳо, олимону шоирон табдил ёфтанд.

Чойхона, ҷойи ҷамъиятиест, ки дар он ҷо анвои чой ва хўрокиҳои гуногуни миллӣ пухта мешаванд ва мардум аз он истеъмол менамоянд. Чойхона аз самоворхона ва хонаи чойнўшию  хўрокхўрӣ иборат аст.

Дар гузашта корвонсаройҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ вазифаи чойхонаро иҷро мекарданд.  Ин маконҳо табиист, ки номи чойхонаро надоштанд. Баъдтар маконҳое, ки мардум ба он ҷо бештар барои чой нўшидан меомаданд, чойхона ном гирифтанд.

Чойхонаҳо дар Осиёи Миёна баъди маъмул гардидани чой аввал дар Бухоро, минбаъд дар Самарқанду, Тошканд, Хуҷанду Уротеппа (Истаравшан), Конибодому Панҷакент, Хўканд, тақрибан охири асри XIX дар водиҳои Фарғонаю Зарафшон, баъдтар дар навоҳии Бухорои Шарқӣ пайдо гардиданд. Чойхонаҳо маъмулан, дар маҳалла, бозору чорроҳаҳо ва кўчаҳои серрафтуой бино мешуданд.

Дар Аморати Бухоро ва кишварҳои дигари ҳамсоя чойхона яке аз марказҳои муҳими  фарғати мардум ба шумор мерафт. Мардум дар он ҷо на фақат чою нону дигар шириниҳо истеъмол мекарданд, балки машғули дилхушӣ, вақатгузаронӣ ва истироҳати маданӣ мешуданд. Дар чойхонаҳо гаштак, ҳарифона, дангона ва дигар ҷамъомадҳои дўстони наздик низ баргузор мешуд. Тавре, ки устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо» ишорат кардааст, дар Бухоро «самоворхона» низ будааст, ки дар он ҷо ҳам мардум баштар чой менўшиданд.

Садриддин Айнӣ дар асарҳои худ ҳар ду калима (ҳам самоворхона ва ҳам чойхонаро ба кор бурда, зимнан ишорат намудаанд, ки «дар раставу бозорҳо ва чойхонаҳо ҳофизон сурудхонӣ менамуданд ва дар баъзе ҷойҳо қиссахонӣ мешуд».

Дар охири асри XIX ва нимаи аввали асри XX дар чойхонаҳои баъзе шаҳрҳо шоҳномахонӣ, қиссахонӣ ва қиссгўӣ аз китобҳои «Шоҳнома», «Барзунома», «Абумуслимнома», «Чор дарвеш», «Ҷомеъ-ул- ҳикоёт», Ҳофиз, Бедил, Машраб ва амсоли ин баргузор мешуд.

Чойхонаҳо маъмулан дар ҷойҳои серодам ҷойгиранд. Чойхонаҳои махсуси шаҳрҳои калон чанд кат бо кўрпачаву такяболиштҳо, самовор, чойнику пиёла доштанд. Дар чойхонаҳои асри XX васоили вақтгузаронӣ ба мисли шатранҷ, шашка, домино низ буд. Чойхоначӣ ҳангоми овардани чой ҳатман дар лаълӣ ширинӣ ҳам меовард. 

Барои мўйсафедони вилояти Суғд чойхона ҷои муҳим аст. Ҳатто онҳо дар миёнбанди худ мавиз, тут, донак ва дигар шириниҳоро гирифта ба чойхона мебаранд ва бо чой хўрда, сўҳбат карда менишинанд.

Баробари ташкили чойхонаҳо зарфҳои чойнўшӣ  низ пайдо шуданд.  Дар аввал тоҷикон дар чойхонаҳо аз чойҷўшҳое, ки оҳангарону мисгарони маҳаллӣ месохтанд, истифода мкарданд. Ин чойҷўшҳо ду навъ буданд, дар яке  чой меҷўшониданду дар дигаре чой дам мекарданд. Дар деҳот аввал чойро дар ҳамон чойҷўшҳо меандохтанду андаке ба рўйи оташдон ё дегдон гузошта дам медоданд. Баъд дар чойхонаҳои шаҳрҳо зарфҳои махсуси чойдамкунии нақшунигордор  ва пас аз замоне чойникҳои чинӣ пайдо шуданд.

Дар чойхонаҳо бедонабозӣ, шатранҷбозӣ, қиссаву афсонагўӣ, аскиягўӣ, латифагўӣ ва ҳатто мушоара низ баргузор мешуд.

Дар замони Шўравӣ чойхонаҳо ба маркази таблиғоти ғояҳои давлат табдил ёфтанд. Ҳамчун воситаи истироҳату фароғати мардум дар чойхонаҳои деҳот, колхозу савхоз, муассисаву корхонаҳо аз тарафи давлат рўзномаву маҷалла, радио, телевизор, домино, шатранҷ, шашка гузошта мешуданд. Чандин чойхонаҳо ба клубҳои вохўриҳои шавқовар бо собиқадорони ҷангу меҳнат, депутатҳо, олимону шоирон табдил ёфтанд.

Солҳои 60–90 асри 20 дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон чойхонаҳои зебову мунаққаш сохта шуданд. Дар пойтахти кишварамон Душанбе чойхонаҳои «Роҳат»,  «Саодат»,  «Истарфшан»  пайдо шуданд, ки зебо ва макони асосии истироҳати мардуми шаҳр буданд.

Ба хусус чойхонаи «Роҳат» дар солҳои 50-80 яке аз ҷойҳои дилхушии мардум буд. Дар ин чойхона дар канори воситаҳои мухталифи фароғат,  бедонабозӣ, шатранҷбозӣ, даминобозӣ, дар рўзҳои Наврўз тухмҷанг, аскиягўӣ, латифагўӣ ба мушоҳида мерасид.

Ҳоло чойхонаҳои мунаққашу зебои шаҳри Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Кўлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ, Нуробод ба макони истироҳату тафреҳ ва мулоқоти ёрону дўстон табдил ёфтанд. Дар ин чойхонаҳо имрўзҳо ҳамчунин маросимҳои гуногуни шаҳрвандон баргузор мегарданд. Аз ҷиҳати ороиши миллӣ чойхонаҳои «Роҳат», «Саодат»,(Душанбе),  «Панҷшанбе», (Хуҷанд), «Сино», (Исфара), «Гули Сурх», (Истарафшан), «Дилкушо», (Қурғонтеппа), «Хуррамшаҳр», (Данғара), «Бадахшон»,  (Хоруғ) беҳтарин ба ҳисоб мераванд.

Аз «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми дуюм).

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, соли 2017

барчасп: