БАДЕҲА ЧИСТ?

Бадеҳа (арабӣ, сухани закитабъона), сухан ё шеъри закитабъонаи шавқангез, ки бадоҳатан гуфта мешавад. Дар фолклор яке аз навъҳои  суруди халқӣ мебошад, ки аз тарафи  ду нафар дар ҳузури тамошобинон иҷро карда мешавад. Иҷрокунандагон бояд зану мард бошанд, ки бо хондани суруди шўх рақскунон лавҳае аз зиндагиро тасвир намуда, камбудиҳои ҷомеаро бо ҳазлу танз интиқол мекунанд.

Бадеҳа асари бадеии шавқангез, диққатҷалбкунанда ва қадимитарини халқи тоҷик буда, ба мисли анвои дигар фолклор воситаи муҳими ифодакунандаи рўҳ ва ҳиссиёти баланди инсонист.

Бадеҳахонӣ шарту хусусиятҳои худро дорад. Риояи онҳо дар саҳна боиси пуробуранг ва барҷаста ифода шудани нақш мебошад. Яке аз вижагиҳои асосии бадеҳагўӣ дар он аст, ки матн бояд дар ягон мавзўи мушаххас гуфта шуда, шахси дуюм бо гуфтору рафтор фикри шахси якумро тасдиқ ва ё рад менамояд. Инчунин, иҷрокунандагон вобаста ба мазмуни ҳар як бадеҳа  сару либос мепўшанд.

 Гўяндаи бадеҳа бо ишораи даст, чашму абрў, қадамгузорӣ ва ғайра мазмуни бадеҳаро бояд ифода карда тавонад. Агар ин шартҳо иҷро карда нашаванд, бадеҳа таровату назокати худро гум мекунад, ба тамошобин завқи бадеӣ бахшида наметавонад. Ба воситаи бадеҳаҳо, аз як тараф, одобу ахлоқи ҳамида таблиғ гардад, аз тарафи дигар нуқсонҳои ашхоси алоҳидаву камбудиҳои ичтимоӣ ҳаҷв карда мешаванд.

 Бадеҳаҳо дар вазнҳои ҳиҷоӣ ва арўз гуфташуда, аз 16 то 40 мисраъро дар бар мегиранд. Бадеҳа фарогири мавзўъҳои иҷтимоӣ, маишӣ, ишқӣ-лирикӣ ва ҳаҷвӣ мебошад.  Дар бадеҳа муколамаи байни  иҷрокунандагон унсури муҳими иҷро ҳисоб меёбад:

Мард:  –        Шоҳдухтар, шакар духтар, шоҳи духтарон,
Чашмакат ба ман бинму, шавум бар ту ғулом!

Зан:   –   Чашмакам чӣ мебинӣ, ёри бадгумон!
Дар бозор сурма надидӣ? Ин ҳам мисли ҳамон.

Мавзўи қисми зиёди бадеҳаҳоро изҳори ишқи поку самимии дилбохтагон,  рози дилҳои пуртуғён, тасвири нозу ишваи мафтункунандаи маъшуқа, ҳазлу шўхиҳои ширину намакин,  васфи вафодорию покдоманӣ аст. Аз ҷумла, бадеҳаҳои «Секинак», «Гулпарӣ», «Бозубанд», «Дари дарвоза», «Шоҳдухтар» ва чанде дигар намунаҳои машҳуру навъи Бадеҳа ба шумор мераванд.

Бадеҳагўйӣ  ва бадеҳахонӣ дар байни халқҳои ҳамсоя бо номҳои гуногун вуҷуд дорад.  Он дар Афғонистон бо номи «Дугона», дар Ўзбекистон бо номи «Лапар» маъмулу машҳур аст.

Аз Энциклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. – саҳ. 250.

 

барчасп: