Дар Байтулмуқаддас Борис Наматиев аз олам даргузашт

Борис Наматиев, яке аз чеҳраҳои тобноки санъати “Шашмақом”, Ҳунарманди шоиста ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон бар асари беморӣ дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт.
Бино ба иттилои набераи ӯ Стелла Наматиева ҳунарманди маъруф рӯзи 19 январ дар Байтулмуқаддас тарки олам кард ва дар ҳамин шаҳр ба хок супурда шуд.
Борис Наматиев аз ҷумлаи ҳунармандони яҳудитабори Тоҷикистон буд, ки аввали солҳои 90 асри гузашта, баъди иҷозаи кӯчиши яҳудиён аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба Исроил рафт ва то ин ҳамин шабу рӯз бо таъсиси як театри тоҷикӣ аз мубаллиғони фарҳанг ва тамаддуни миллати мо ба шумор мерафт.  
Стелла Наматиева ҳамчунин гуфтааст, ки дар маросими видоъ ҳамаи ҳамкорони собиқаш, дӯстонаш, аз ҷумла яҳудиёни Бухорои муқими Байтулмуқаддас ширкат кардаанд.  
Борис Наматиев (Або) Давидович 10-уми январи соли 1930 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Аз синни 14-солагӣ дар театри тамошобини ҷавони Бухоро ба фаъолият пардохтааст. Ба шаҳри Душанбе бо даъвати театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ соли 1948 омадааст ва дар оғоз ҳамчун доирадаст кор мекардаст.
Аммо нақшофаринӣ дар саҳна ба ҳукми тасодуф сурат гирифтааст. Мегӯянд аз қазо рӯзе иҷрокунандаи нақши асосии намоишномаи  “Шаби ҳафтум”, ки бар пояи ҳикояҳои дилфиреби “Ҳазору як шаб” таҳия шуда буд, бемор шуд ва иҷрои онро ба Наматиев супурданд. Ӯ хуб бозид ва ин сабаб шуд, ки ба ӯ низ чун ҳунарманди саҳна нигаранд.   
Чун истеъдодаш ҳувайдо гашт, ба зудӣ қатори актёрони асосӣ ҷой гирифт. Беш аз чил сол саҳнаи ин боргоҳи бузургро обод кард, дар қариб 60 намоишнома – «Дил-дили Зайнаб», «Духтари ноком», «Дохунда», «Шоҳ Лир», «Фарёди ишқ», «Ҳаёт ва ишқ», «Лаҳзаи ҷовид», «Ҳуррият», «Дасти дўст» ва амсоли инҳо нақшҳои  хотирмон иҷро кард. Аз хонандагони хуби «Шашмақом» маҳсуб меёфт, мақомҳои «Ироқи Бухоро», «Чапандози Ушшоқ», «Чапандози Гулёр», «Зулфи парешон», «Шаҳнози Гулёр», «Сарахбори Ороми ҷон» ва ғайраро накў адо мена¬муд.
Соли 1990 ба Исроил кўч баст ва он ҷо театри тоҷикии «Бухоро» созмон дод ва хеле муваффақ буд.

 

барчасп: