Осорхонаҳо мактаб дар замони Истиқлолият

Барои ҷамъоварии ашё ва коллексияи осорхонавӣ, омўзгорон, хонандагон ва дигар ашхосӣ фарҳангдўст саҳмгузоранд. Дар ин раванд ҳисси масъулияти наврасон, барои ҳифзи бойгариҳои табиат, сарватҳои фарҳангӣ, ифтихор аз Ватан, оила, мактаб, бедор мегардад, ки омили муҳиммӣ худогоҳию худшиносии онҳо мебошад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Осори кўҳан ва ёдгориҳои таърихӣ забони гўёи фарҳанги миллат мебошанд. Қарзи мову шумост, ки ин гуна осори нодири фарҳангиро ҷустуҷўву пайдо намоем, онҳоро ҳифз кунем, омўзем, омўзонем ва барои болоравии сатҳи умуми маърифату эҳсоси худшиносии миллӣ истифода барем” [1]. 

Натиҷаи тадқиқот нишон дод, ки дар таркиби фонди осорхонаҳои мактабии кишвар, ашё ва коллексияи бостоншиносӣ, рузгор ва мардумшиносӣ, сиккашиносӣ, китобҳо, ҳуҷҷатҳо ва дигар ашё ба монанди қубури обгузаронӣ ва тангаҳои асри V, хуму кўзаҳои асри XVII, XVIII ва маснуоти заргарии асри XIX, ҳуҷҷатҳо ва дигар ашё нигоҳдорӣ мешаванд.

Аз ҳисоби хонандагон гурўҳҳои ҷустуҷўйӣ-ҷамъоварии кишваршиносон, таърихчиён ташкил карда шудаанд, ки барои такмили фонди осорхонаҳои мактабӣ ҳисса мегузоранад. Инчунин, наврасон тавассути кори ҷустуҷуйӣ-ҷамъоварии осорхона, ба ёдгориҳои таърихӣ- фарҳангӣ, захираҳои табиӣ, собиқадорони ҷангу меҳнати маҳалли зист, ошно мегарданд, ки барои ташаккули маънавиёти онҳо кумак мерасонад.

Идомаи матлаб: Назаре ба фаъолияти осорхонаҳои мактабӣ дар замони истиқлолият