Гиромидошти Сада дар Тоҷикистон

Ҳангоми доир намудани ягон чорабинӣ ё таҷлили ин ё он ҷашн бояд рамзи ҳар як ҷашн аз ҷашнҳои дигар фарқкунанда бошад. Тамошобин бо дидани саҳнаи мазкур байни ҷашнҳои аҷдодӣ тафовут гузошта тавонад. Насли наврас дарк кунад, ки барои чӣ ҷашни Садаро махсусан дар фасли зимистон таҷлил мекунанд. Баробари эҳё гаштани як ҷашни миллӣ бояд унсурҳои вобаста ба он низ риоя карда шавад.

Боиси ифтихор аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар баробари рушди соҳаи фарҳанг, як қатор анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик эҳё гардида, арҷгузорӣ ва омўзишу таҳқиқ дар бораи онҳо сол то сол ҳарчи беҳтару хубтар меафзояд. Чунки ҳар як ҷашн мероси гаронбаҳои миллати тоҷик буда, ҳамчун ҷузъи ногусастании фарҳанги миллӣ бе шумор меравад.

Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ва таҳқиқоти адибону муҳаққиқон бармеояд, аз 18 ҷашни ориёиёни қадим дар мо се тои он – Сада, Наврўз ва Меҳргон омада расидаааст. Сада дар қатори Наврўзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимии тоҷикон буда, маросиму ойинҳои он миёни мардуми мо мақоми махсусро касб кардааст, зеро Сада аз давраҳои пеш ифодагари умеду орзуҳои гузаштагони мо буд.

Дар фасли зимистон бо нияти омадани баҳор одамон дар як ҷои муайян ҷамъ омада, гулхан меафрўхтанд, ҳар гуна расму одатҳоро баргузор мекарданд, базм меоростанд, шодиву хурсандӣ мекарданд ва бо ин роҳ мехостанд сарморо зудтар паси сар намоянд. Бо ҳамин далел оташ яке аз рамзҳои асосии ҷашни Сада ба шумор меравад. Ба ин хотир, донишмандону коршиносон Садаро ҷашни оташ, яъне манбаи гармиву нур номидаанд.

Дар замони истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мардуми тоҷик умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад. Ва аввалин маротиба 30-юми январи соли ҷорӣ бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Дўстии пойтахт он дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар таҷлили ҷашни мазкур аз тамоми гўшаву канори мамлакат ҳунармандон ва соҳахои касбу кори гуногун иштирок доштанд. Чорабинии мазкур дар сатҳи ниҳоят баланд доир гардид. Аммо аз ҷиҳати омодагии нопурра ва ҳамкорӣ накардан бо мутахассисону кормандон ба талабот он қадар ҷавобгў набуд. Чунки дар намоиш маҳсулотҳое, ки хоси ҷашни Сада бошанд, ё рамзу маънии онро ифода кунанд, қариб ки ба назар намерасид. Аз ҷиҳати дигар бошад, соли гузашта Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллӣ ба қонунгузории мамлакат ворид гардида буд ва он бояд ҷашни мардумӣ бошад. Вақте ки ин ё он ҷашн куллан хусусияти расмӣ касб мекунад, омма муҳтавои онро дуруст фаҳмида наметавонад. Аз мушоҳидаҳои рўзи таҷлили Сада маълум гардид, ки мардуми оддӣ ин ҷашнро ҳам ба монанди Наврўзу Меҳргон дарк карда, баҳодиҳии онҳо якранг буд. Зеро ҷашни Сада чун рамзи гармиву нур аз ҷовидонагии хуршеди оламтоб башорат дода, бо баргузории чорабиниҳои оммавӣ истиқбол мегардад.

Агар байни ин ҷашнҳо тафовут намебуд ва хусусиятҳои хоси худро намедошт, ниёгони мо аз қадим онро дар се давраи муайян ҷашн намегирифтанд. Аз таърих ва пайдоиши ҷашнҳои мазкур маълум аст, ки ҳар як ҷашн замина ва сабабҳои пайдоиши худро дорост.

Масалан, пайдоиши Наврўзро ба давраи Ҷамшед мепайванданд. Ва омодагӣ ба корҳои саҳро, об додану нигоҳубин кардани заминоҳои кишт, ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав ва сарсабзу зебо гардонидани кўчаву хиёбонҳо яке аз ҷанбаҳои бисёр муҳими ҷашни Наврўз ба ҳисоб меравад.

Меҳргонро ба замони Фаридун иртибот дода, ҷамъоварии ҳосили фаровон, анҷомёбии кишту кор, ранги зард, хазонрезро рамзи он медонанд.

Садаро ба Ҳушанг нисбат медиҳанд, ки дар бораи он ривоятҳои мухталиф мавҷуданд. Дар бештари сарчашмаҳо омадааст ва мардумшинос Д.Раҳимов низ дар мақолаи хеш қайд кардааст, ки: «Вақте ки Ҳушанг ба шикор мебарояд ва ҳангоми сайдро бо санг задан, сайд мегурезад ва санги Ҳушанг ба санги дигар бархўрда оташ мепарад». Аз ҳамин сабаб оташро ба ҷашни Сада нисбат дода, онро меҳвари ин ҷашн мегўянд. Набояд расму ойинҳои онро бо Наврўз ва ё Меҳргон омезиш дод. Ин масъаларо мутахассисони соҳибтаҷриба хуб медонанд, ки ҳар як иду ҷашн хусусиятҳои фарқкунандаи худро дошта, дар марҳилаҳои гуногун доир мегардад.

Ҳангоми доир намудани ягон чорабинӣ ё таҷлили ин ё он ҷашн бояд рамзи ҳар як ҷашн аз ҷашнҳои дигар фарқкунанда бошад. Тамошобин бо дидани саҳнаи мазкур байни ҷашнҳои аҷдодӣ тафовут гузошта тавонад. Насли наврас дарк кунад, ки барои чӣ ҷашни Садаро махсусан дар фасли зимистон таҷлил мекунанд. Баробари эҳё гаштани як ҷашни миллӣ бояд унсурҳои вобаста ба он низ риоя карда шавад.

Лайло Носирова,
к
орманди илмии ПИТФИ

барчасп: