Гиреҳ, яъне чӣ?

     ГИРЕҲ - навъи нақш дар санъати меъморӣ ва ҳунармандӣ, ки мувофиқи нусхаи асл нақшҳо бо ҳам пайвасту такрор меоянд. Ҳунари гиреҳбандӣ дар асрҳои IX – XIX дар Осиёи Миёна, Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Миср, Тунис, Марокаш, Қафқоз маъмул буда, хусусан асрҳои XII – XYI дар Осиёи Миёна ривоҷ ёфтааст.
     Мақбараи Мирсаид Баҳром (Кармина), корвонсарои Работи Малик (Хева), Афросиёб (Самарқанд), манораҳои Вобканду Ҷарғон, Манораи Калон (Бухоро), мадрасаҳои Улуғбек, Тиллокорӣ, Шердор, масҷиди Бибӣ Хонум, аксари биноҳои маҷмааи Шоҳи Зинда, Ишратхона (Самарқанд) ва ғайра беҳтарин намунаҳои гиреҳро дороянд. Гиреҳ дар ороишоти меъморӣ қисми маҷмӯии  нақшҳоро ташкил медиҳад. Навъҳои мухталифи гиреҳ дар ороиши меҳроб, пештоқ, гумбаз, шифт, дару дарвоза, панҷара ва дигар қисматҳои мадрасаву масҷид ва хонақову манзилгоҳ ба назар мерасанд. Мавриди гиреҳбандӣ аз чӯб, гаҷ, санги мармар ва кошӣ истифода мебаранд. Дар кандакорӣ ва наққошии асрҳои Y – YIII (Панҷакент, Кофирқалъа, Аҷинатеппа, Шаҳристон) содатарин намунаҳои гиреҳ ба назар мерасанд. Дар давраи ислом гиреҳ ривоҷ ёфта, боз ҳам мукаммалтар гардид. Дар асрҳои XIY – XY гиреҳбандӣ ривоч ёфт.
     Дар давраи ҳокимияти Темур дар Самарқанд беҳтарин устодони Шероз, Табрез, Исфаҳон, Бухоро, Самарқанду Бағдод ва дигар шаҳрҳои калони машриқзамин ҷамъ омда, нақшҳои гиреҳ ва ислимиро такмил доданд. Таркиби гиреҳ мураккаб бошад ҳам, аз порчаҳои маъмулии муқаррарӣ иборат аст, ки ҳар якеро «тақсим» меноманд. Гиреҳбандӣ дар гач (асрҳои X – XI), хишт, сафол (асри XII), кошӣ, чӯб, санг (асри XIY) ва ғайра вомехӯрад. Секунҷа (гунёи форсӣ), коғаз (чоркунҷа, росткунҷа), гарда, сӯзан, паргор ва ғайра лавозимоти асосии гиреҳбандӣ мебошанд. Гиреҳ аксар аз тасвирои гуногуни чорхона, сесара, чорлинга, ғозпой, барги чинор ва ситораҳои бисёргӯша иборат буда, тасвироти мураббаъро гиреҳи чор, ситораҳои панҷгӯшаро гиреҳи панҷи тез ва ғ. меноманд. Гиреҳ чанд навъ дорад: гиреҳи чорхона, чоркалид, бодом, панҷ, шаш, ҳашт, даҳ, дувоздаҳ, сиву ду ва ғ. Гиреҳҳои мазкур дорои ашколи мухталифанд: Гиреҳи панҷи кунд, панҷи тез, шаши кунду тез, шаши кунд, шаши панҷнок, шаши тез, шаши секунҷа, шаши чорхона, ҳашту тезу панҷи тез ҳашти сесардор,даҳи ғозпой, дувоздаҳи панҷдор, дувоздаҳи барги чанор, дувоздаҳи чорлинга ва ғайра. Агар дар байни нақш ситораҳои даҳгӯша ва дар атрофи он ситораҳои панҷгӯша ҷо гирифта бошанд, он «Гиреҳи тезу панҷи тез» номида мешавад. Шумораи гӯшаи ситораҳо аз 3 то 32-то мешавад.
     Дар наққошӣ бештар гиреҳи  5, 6, 8..., 16-қира ба назар мерасад. Гиреҳи 24, 26, 28, 32-қира танҳо дар ороиши гунбазҳо дида мешавад. Қираҳо аксар ҷуфт буда, дар натиҷаи баробар тақсим кардани давра ба вуҷуд меоянд. Давраро имконияти ба 7, 9,11, 13 ва ғ. баробар тақсим кардан набуда, вале сарфи назар аз он устодони моҳири асрҳои гузашта гиреҳи даҳи ҳафти панҷ ва дувоздаҳи нӯҳи панҷдорро ихтироъ намудаанд, ки ин нақшҳо шакли нусхаҳои такрорнашавандаро гирифтаанд Барои боз ҳам беҳтар намудани сифати нусхаҳо наққошони накӯтабъ шаклҳои чорлинга, барги чанор, бодом, тавл, тӯморча ва ғозпойро илова мекарданд.
Гиреҳ дар нақшу нигори арақа, шарафа, ҳавза, муқарнас ва дигар ҷузъҳои дохилӣ ва берунии бино истифода мешавад. Дар санъати меъмории водии Фарғона (Исфара, Ашт, Конибодом, Истаравшан, Қӯқанд), сутунҳои чӯбинро бо калламуқарнас оро медоданд.
     Дар гиреҳбандӣ хатҳои росту шикаста бо ҳуруфоти кӯфӣ навишта шуда, нусхаҳои хеле мақбулу аҷибро ба вуҷуд меоварданд. Номҳои «Аллоҳ», «Муҳаммад», «Алӣ», «Аҳмад» в ғайраро дар ситораи шашгӯша ба шакли давра ва мураббаъ ҷой медоданд.
     Дар сохтмонҳои боҳашамати Бухорою Самарқанд гиреҳи нисбатан васеъ ва калонтар истифода мешуд. Дар ин сурат наққошон дохили гиреҳро бо нақшҳои ислимӣ пур мекарданд (мас., равоқи Мадрасаи Улуғбек, ки танҳо аз санги мармари Ғазғон (панҷгӯша, шашгӯша ва ғайра) бо нақши ислимӣ зинат дода шудааст.

барчасп: