Манораи Конибодом

МАНОРАИ КОНИБОДОМ, ки як ёдгории меъморӣ ва амали санъати бинокорони халқист,  ибтидои асри 20 дар паҳлӯи намозгоҳи майдони Машҳад (ҳоло дар боғи шаҳрӣ) аз хишти пухта сохта шудааст.

Баландии он 24 метр, қутраш 4, 2 метр аст. Манора аз 6 қисм иборат буд. Бунёдгарон ба мустаҳкамӣ ва устувории манора аҳамияти зиёд медоданд, то ки ба зилзила тобовар бошад. Устоҳо барои таҳкурсии манора хандақи 6 – 7-метра кофтанд, ба зери он санги хорою чӯби зарангу туту арчаро хобонида, онҳоро бо ҳам васл намуданд, байни чӯбҳоро бо оҳаксангу рег шибба намуда, баъд корҳои хиштчиниро сар карданд.

Дар дохили манора 60 зинаи морпеч сохта шудааст, дохили онро даричаҳо, равзанҳо равшан мекунанд. Девори манора аз хишти суфтае, ки нақшу нигори ҳандасӣ доранд, чида шудаанд. Ин тарзи хиштчинӣ услуби санъати меъмории манорасозии асрҳои 11 – 12 -ро ба хотир меоварад ва аз истеъдоди баланди устоҳои тоҷик, ки анъанаҳои классикиро моҳирона истифода мебурданд, шаҳодат медиҳад.

Аз рӯи маълумоти Усто Инъомӣ (1990 – 2004), раиси колхоз Аҳмадҷон Шарифов (1893 – 1967), Усто Юлдоши гаҷкор (1880 – 1958), Усто Абдусаломи таъмиргар ва чанд ҳуҷҷати мактуб манора Конибодомро устоҳои манорасоз аз шаҳри Қӯқанд Усто Ҳайдархон ва Усто Камолиддин бо ҳамкории Усто Юлдоши гачкори конибодомӣ солҳо 1914 –16 сохта буданд.

Баъзеҳо санаи  бунёди онро солҳои 1923 – 1924 меҳисобанд. Ин манора бо ташаббуси Норчабой ном марди орифе сохта шуда буд, аз ин рӯ, онро то кунун манораи Норчабой меноманд.

Соли 1935 манора осеб дид. Ин солҳо чанде аз ҷаҳолатпарастон онро ҳамчун боқимондаи замони гузашта вайрон карданӣ буданд. Хушбахтона, манора бо ҳимояти раиси шаҳр Амирбек Қиёбекови Бадахшонӣ аз харобӣ нигоҳ дошта шуд.

 То имрӯз ин манораро ду маротиба таъмир кардаанд. Дафъаи дуюм солҳои 1991 – 1994 усто Бобоҷон Мавлонови кулолгар ҳамроҳи писараш Тӯрабой онро 7 метри дигар боло бардоштанд ва шакли аввалаашро барқарор карданд. Ин ёдгорӣ дар ҳимояи давлат аст.