Ҳотам Ҳакимови 91-сола дар озмуни байналмилалии гуруғлисароии Туркманистон беҳтарин эълон шуд

Аз миёни намояндагони 13 кишвари олам, ки дар Фестивали байналмилалии гуруғлисароӣ ширкат доштанд, намояндаи Тоҷикистон Ҳотам Ҳакимов беҳтарин гуруғлисаро эълон шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин Фестивали байналмилалӣ дар Туркманистон баргузор шудааст ва Ҳотам Ҳакимов бо ҳунари гуруғлисароии худ байни иштирокчиёни чорабинӣ беҳтарин дониста шуд.
Ҳотам Ҳакимов зодаи деҳаи Оби Ҳирфи ноҳияи Варзоб буда, 91 сол дорад. Мавсуф шаст сол аст, ки гуруғлисароӣ мекунад ва шаш банд достони машҳури “Гуруғлӣ”-ро аз ёд медонад. Барои пурра сароидани бандҳои кӯтоҳи достон чор соат ва бандҳои дигар то ҳафт соат вақт лозим аст.
Ҳотам Ҳакимов мегӯяд, баъзан дар чорабиниҳои мардумӣ оғози шаб ба гурӯғлихонӣ шурӯъ менамояду субҳ ба итмом мерасонад. Матни пурҳаводис ва шавқовари достон мисли сенамо диққати шунавандаро ба худ мекашад.
Ҳотам Ҳакимов гуруғлихониро аз бобояш Лойи Кучакшо омӯхтааст. Сипас, даҳ соли дигар пеши гуруғлисарои машҳури замон Бобои Ҳусейн шогирдӣ карда, ҳама нозукиҳои и н санъатро аз худ кардааст. 
Алҳол Ҳотам Ҳакимов барои иштирок дар чорабинии гуруғлисароӣ ба ИМА ва Ҳинд даъват шудааст.

барчасп: