Ширкати Пешвои миллат дар Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ»

11-уми ноябри соли  равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» иштирок ва суханронӣ намуд.
Ин Намоишгоҳи байналмилалии рассомон дар Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд ва дар он  меҳмонон ва рассомони хориҷӣ аз 30 давлати дунё иштирок карда, маҳсули эҷоди худро ба маъраз гузоштанд.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Президенти Тоҷикис тон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи иштирокчиён баргузории ин ҳамоиши фарҳангиро муборакбод гуфта, оид ба мақоми санъати тасвирӣ, рушди он ва саҳми рассомон дар тарғиби фарҳанг изҳори назар намуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди фарҳанг дар солҳои Истиқлолият сухан ронда, аз ҷумла гуфт: “Дар зарфи чоряк аср дар мамлакат барои инкишофи тамоми бахшҳои фарҳанг замина муҳайё гардид ва муассисаҳои махсуси таълимӣ ва эҷодӣ таъсис ёфтанд, ки ҳар сол садҳо нафар ҷавонони болаёқат ба ин муассисаҳо дохил шуда, на танҳо барои ба даст овардани касб талош меварзанд, балки ҷиҳати тарғиби ғояҳои муҳимми фарҳанг корҳои шоистаро ба анҷом мерасонанд. Имрӯз дар кишвари мо тамоми навъҳои санъат, аз ҷумла санъати рассомӣ ташаккул ёфта, маҳсули эҷодии рассомони тоҷик ҳоло дар ҷаҳон машҳур мебошад.
Онҳо дар даҳҳо намоишҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, фестивалҳо ва озмунҳо иштирок карда, бо маҳорат ва асарҳои офаридаашон шуҳрати хосса пайдо кардаанд. Бо таъсис ёфтани Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, инчунин, Академияи мусаввирон дар кишвар барои рушди рассомиву ҳайкалтарошӣ заминаи хуб пайдо шуда, шогирдони ин муассисаҳо ва таълимгоҳҳои соҳаи фарҳанг ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
Барои рассомон ва ҳайкалтарошон имрӯз дар мамлакат майдони фарохи эҷодӣ муҳайё шуда, онҳо дар ороиши иншооти мухталиф иштирок менамоянд ва маҳсули офаридаи худро амалӣ месозанд.
Барои рассомон дар Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллӣ шароити хуби баргузор кардани намоишҳо муҳайё гардида, дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳо ҷойҳои тарғиби асарҳои рассомон ва ҳайкалтарошон таъсис ёфтаанд, ки сокинон ва меҳмонони кишвар бо офаридаҳои онҳо шинос шуда, таассуроти хешро нисбат ба зебоиҳои дунёи инсон ва табиат бою ғанӣ мегардонанд.
Боиси хушнудист, ки дар идомаи ҷашни 25 - солагии истиқлолияти давлатӣ имрӯз дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе Намоиши байналмилалии рассомон барои сулҳ таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» кори худро оғоз намуд, ки он марҳалаи нав дар рушди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг, бахусус, санъати рассомӣ мебошад”.

Бо матни комили суханронии Президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон аз ин ҷо ошно шавед: www.president.tj