Ансамбли тарона ва рақси Помир

Ансамбли тарона ва рақси Помир дастаи ҳунариест, ки замонешуҳрат дошт, вале баъдан пароканда шуд.
Ин дастаи ҳунарӣ, ки аз сарояндагон, навозандагон, раққосаҳо ва ҳаҷвнигорон иборат буд, соли 1955 дар заминаи Ансамбли этнографии бачагонаи Помир дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Аз оғоз беҳтарин ҳунармандни минтақаи Помири кишвар дар он гирд омаданд ва ҳудудан 60 нафар бо таронаву рақс ва саҳнаҳои дилнишини дар қалби ҳазорон шефтагони санъат маъво гирифтанд.
Ҳадафи аслии ин гуруҳи хуби ҳунарӣ таблиғу ташвиқ ва рушди санъати Бадахшон буд. Вале он дар барномаи худ даҳҳои таронаву рақси манотиқи дигари кишвар ва таронаву рақси халқҳои гуногуни Шӯравиро низ ҷо дода буд.
Дар замони худ ҷиҳати тарғиби санъати тоҷик дар байни халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷи дуру наздик хизмат кардааст.
Аз ширкаткунандагони фаъоли Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Маскав (соли 1957), Фестивали VI умумиҷаҳонии ҷавонону донишҷўён дар шаҳри Маскава (соли 1957) буд.
Сюитаҳои созию овозии «Шодиёна», «Суруд ва муҳаббат», бадеҳаҳои «Акрамҷони сеторӣ», «Дилбари ҷон», «Умеди ман», сюитаи бисёровозаи мусиқӣ-рақсии «Эй парӣ», саҳначаҳои ҳаҷвии «Ялалбобо», «Як гурбаю ду гурба», таронаҳои «Имшаб қамар ин ҷост», «Нола кунам», «Салом аз Бадахшон», «Маҳбуба», «Баҳори Бадахшон» ва ғайра маҳсури кори аъзои ин ансамбл буд, ки ҳанӯз ҳам аз ёдҳо зудуда нашудааст ва аксари он дар хазинаи тиллоии радио ва телевизиони тоҷик маҳфузанд.
Ҳунармандони маъруф Нуқра Раҳматова, Хушназар Майбалиев, Улфатмоҳ Мамаданбарова, Устоқадам Машрабов, Мастибек Паллаев (Усто ва Масто) ва дигарон аз зумраи фаъолони ин ансамбл буданд.
Соли 1961 баъди  фавти роҳбари бадеӣ ва мусиқии он, Артисти халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев пароканда шуд.

барчасп: