Сарчашмаи ҳамаи ҳунарҳо дар фарҳанги мардум аст (Нигоҳе ба «Андалеб – 2016»)

Фарҳанг ва ҳунари воло дар ҳама давру замон
ҳамчун василаи муҳими муаррифии халқу кишвар
ба ҷаҳониён шинохта шудааст…
Фарҳанг чун падидаи бузург ва арзишманду муассири
рўзгори иҷтимоӣ дар таърих ва рушди маънавии
ҷомеаи муосири Тоҷикистон нақши босазо дорад».

Эмомалӣ Раҳмон

Забон ва фарҳанги мардум

Ҳазору сад сол пеш устод Рўдакӣ дар замони салтанати давлати Сомониён мегуфт: «Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рав туву ин ганҷ неҳ», «Бирав зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир, Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд», «Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон, Гирд карданду гиромӣ доштанд, То ба санг андар ҳаме бингоштанд». Пас аз 1100 сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мегўянд: «Фарҳанг ҳастии миллат аст». Ҳамчунин эшон пайгирона талқин менамоянд, ки дар тамоми зиндагии мо бояд фарҳанги асили тоҷикӣ ҷойгоҳи худро ёбад. Ин сиёсати оқилона сол то сол дар тамоми масири фарҳангӣ дар рушду инкишоф аст. Аз ин рў, ҳадафи аслии Вазорати фарҳанги кишвар амалӣ намудани барномаҳоест, ки барои пешрафти фарҳанги мардум мусоидат менамоянд.

Имрўзҳо забоншиносони дунё ба чунин натиҷа расидаанд, ки таърихи пайдоиши нутқи инсон тақрибан 40-50 ҳазор сол аст. Аз он рўзе, ки инсон гап заданро ёд гирифт, то ба имрўз аз тариқи сухани гуфторӣ фарҳанги моддӣ ва маънавии худро инкишоф дода меояд. Ҳар он чизеро, ки дар рўзгораш муҳим аст, аз тариқи сухан аз касе ба касе, аз насле ба насле меомўзонад. Ин аст, ки башар ҳама гуна падидаҳои фарҳангиро аз тариқи сухан дар ҳофизааш нигоҳ дошта, аз даҳон ба даҳон нақл карда, то рўзгори мо овардааст. Тоҷикон низ як ҷузъи фарҳанги башарӣ ҳастанд, маҳз ба воситаи забони худ, ки дар гузашта номҳои гуногун дошт, то имрўз дар фарҳанги рўзмарраи хеш нишонаҳое аз он даврони асторӣ, афсонавӣ, ҳамосавӣ ва ҳатто воқеӣ бо худ овардаанд. Ҳанўз ҳам дар шаклҳои гуногун аз ин фарҳанги воло дар ҳаёти моддӣ ва маънавии мардум истифода мешавад.

Яке аз вазифаҳои муҳими давлат ба ин осори гуфторӣ таваҷҷуҳ намудан ва барои аз дасти фаромўшӣ наҷот додани он аст. Беш аз сад сол аст, ки мардумшиносон, фолклоршиносон, мусиқишиносон, ба таври куллӣ ҷомеашиносон ба мероси гуфтории фарҳанги мардум, ки дар хотираҳои мардум аст, диққат медиҳанд, чи хубу чи бад, ҳамаро гирд меоваранд ва мавриди баррасии илмӣ қарор дода, барои дарки бештари решаи башарият ҳисса мегузоранд.

Дар Тоҷикистони азизи мо низ Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои дигари фарҳангию илмӣ машғули ин кор буда, то ба имрўз ба дастовардҳо ноил гардида, аз ҳофизаи мардум чизҳои зиёдеро сабт карда, мавриди баррасии илмӣ қарор медиҳанд.

Гузаронидани фестивалҳо, озмунҳо, намоишҳои ҳунарӣ, барномаҳои зиёди консертӣ ва амсоли ин аз ҷумлаи он аст, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диққати махсус тарроҳи ин корҳо буда, барои ғизои маънавӣ бахшидани мардуми Тоҷикистон ва меҳмонон талош меварзад. Бояд ёдовар шуд, ки барои омўзиш ва пажўҳиши ин дурдонаҳои фарҳангии тоҷикон на фақат фарҳангиён ва олимон, балки пажўҳандагоне аз кишварҳои хориҷӣ низ аз он баҳра бурда, барои таҳлил ва таҳқики он кўшиш менамоянд. Бале, дар солҳои охир сайёҳон, ҳунармандон ва муҳаққиқони зиёде ба кишвари мо ташриф оварда, ба ҳунарҳои мардумӣ диққати махсус дода, намунаҳои дилрабои онро мавриди баррасии илмӣ ва ҳамчунин омўзиш қарор медиҳанд.

Мо, тоҷикон дар канори миллатҳои дигари дунё дар ин асри пешрафтҳои воситаҳои техникӣ ва ҷаҳонишавӣ дар канори фарҳанги миллатҳои дигари дунё барои ҷойгоҳи худро доштан бояд фарҳанги чандҳазорсолаи гуфторӣ ва навиштории хешро барои имрўзиён нишон бидиҳем ва ҳамчунин барои сохтани тамаддуни башарӣ, ба мисли ниёгони худ ҳиссае дошта бошем.

Пас аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кор таваҷҷуҳ бештар шудааст. Сол то сол шароити беҳтар муҳайё мешавад, ки яке аз он ҳамин баргузор намудани «Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» мебошад.

«Андалеб» бистсола шуд

Имсол бист сол аст, ки фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» баргузор мешавад ва ин озмун барои фаромўш нашудани суннатҳои шифоҳии мардумӣ ва идома доштани он нақши арзандаеро бозӣ мекунад. Мардум ба ин восита одатҳо, оинҳо, ҳунарҳо ва дигар анъанаҳои худро, ки реша бар таърихи ниёгон доранд, нигаҳ медоранд ва барои бозсозии бархе аз онҳо талош меварзанд, аз ин тариқ гузаштаро ба имрўз, имрўзро ба оянда мепайванданд.

Дар ҳар кадоме аз ин ҳунарнамоиҳо рангорангиҳои махсусе ба назар мерасанд, ки дорои омилҳои мухталифанд. Ҳар минтақа ва ҳатто гоҳе ҳар деҳа, дар фарҳанги суннатии худ тафовутҳои ҷолибе дорад. Агар яке марбути муҳити зист, яъне экологӣ бошад, дигаре бо фарҳанги ҳамсояҳо омезиш ёфтааст ва сеюмӣ шояд аз воқеаҳо ва ҳодисаҳои ногаҳонӣ таъсире бардоштааст. Аз ин рў, дар канори фарҳанги умумимиллии муштараки тоҷикӣ ҳар минтақа фарқиятҳои ҷолиби фарҳанги хешро дорад, ки ин табиӣ аст ва яке дигареро пурра месозад ва дар «Андалеб» метавон ин нишонаҳоро мушоҳида кард.

«Андалеб» номи рамзии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ аст. Ин озмун идомаи «Бўстон» аст, ки ҳамагӣ се бор- солҳои 1971, 1981, 1986 баргузор шуда буд. «Андалеб» пас аз Истиқлолияти ҶТ тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ аз соли 1996 шурўъ шуд. Бо вуҷуди мушкилоти он солҳо дар «Андалеб-1996» ҳунарҳои мардумии зиёд пешкаши аҳли назар гардид. Тибқи қарори ҳукумат «Андалеб» бояд дар ҳар ду сол як бор баргузор мегардид.

«Андалеб-1999» ба бузургдошти ҷашни 1100- солагии Давлати Сомониён бахшида шуда буд. Дар он ғолибони мусобиқа бештар аз ҳазор нафар барои ҳунарнамоӣ ба пойтахт (Душанбе) омада, намудҳои гуногуни санъати мардумӣ, ба монанди суруд, тарона, оҳанг, ҳаҷв, намоиши театрӣ, ҳунарҳои дастӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, нуқракўбӣ, оҳангарӣ, қаннодӣ, чакандўзӣ, дўзандагӣ, кандакорӣ, қаламзанӣ, гулдўзӣ ва амсоли инро пешкаши мардум намуданд. Дар даври хотимавии «Андалеб-1999» 12 ноҳия ҳунари худро ба маърази намоиш қарор доданд. Намоишҳои театри халқии ноҳияҳои Кофарниҳон, Панҷакент, Фрунзе (ҳоло Синои ш.Душанбе) сазовори ситоиш буд. Дар «Андалеб-1999» осорхонаи кишваршиносии ба номи Беҳзод бо нигораҳои нав зиннат ёфт. Дар ҳунари тасвирӣ ҳамчун эҳтиром суратҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Исмоили Сомонӣ кашида шуд. «Андалеб-1999» дар таърихи 10 июли соли 1999 ҷамъбаст гардид. Дар даври ниҳоӣ Ҳисор, Хоҷамастон, Файзобод, Маскав (ҳоло Ҳамадонӣ), Турсунзода, Роштқалъа, Фрунзе (ҳоло Сино), Ғарм (ҳоло Рашт), Ўротеппа (ҳоло Истаравшан), шаҳрҳои Хоруғ, Панҷакент, Кофарниҳон иштрок намуданд. Ҷои аввал созовори ш.Панҷакент, ду ҷои дуюм ба н.Фрунзе (Сино) ва Турсунзода, се ҷои сеюм ба Ҳисор, Маскав (Ҳамадонӣ) ва Ўротеппа (Истаравшан) дода шуд. Ҳамаи ноҳияҳо сазовори «Дипломи лауреати озмун Андалеб-1999» гардиданд. Раиси доварон Т.Сатторов буд.

Фестивал-озмуни навбатии «Андалеб» дар соли 2001 бахшида ба 10-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ баргузор шуд. Дар он сол ғолибон – шаҳру ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Хуҷанд, Исмоили Сомонӣ, Тоҷикобод, Кўлоб, Конибодом, Рўдакӣ, Маскав (ҳоло Ҳамадонӣ), Ҳисор ва Вахш ба пайтахт- шаҳри Душанбе омада, ҳунарнамоӣ намуданд. Раиси доварон С.Аюбӣ буд.

Фестивал озмуни навбатии «Андалеб» дар соли 2004, ба 13-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ва ҷашни 2700-солагии ш.Кўлоб бахшида шуда буд, ки дар он 15 шаҳру ноҳияҳо ғолиб омаданд. Натиҷаи ниҳоии «Андалеб-2004» дар шаҳри Кўлоб баргузор шуд. Дар он озмун шаҳри Кўлоб ва ноҳияи Данғара сазовори ҷои аввал, Вахш ва Зафаробод ҷои дуюм, ш.Панҷакент ва Файзобод ҷои сеюм гардида, бо дипломҳо ва ҷоизаҳои пулӣ ва молӣ қадр карда шуданд. Раиси доварони «Андалеб-2004» Ҷ. Обидпур буд.

Фестивал-озмуни навбатӣ ба истиқболи ҷашни 15-солагии Истиқлоли давлатии ҶТ, бузургдошти соли тамаддуни ориёӣ дар соли 2006 баргузор шуд. Барнома аз табрикот, хор, суруди якка, рақси якка, бадеҳа, намоиши театрӣ, сюита, ҳунарҳои мардумӣ, ободии фарҳангӣ иборат буд. Дар «Андалеб-2006» намоиши сўзаниҳои зебо, сандуқу бор, кўрпачаҳои қуроқӣ, рақсҳои «аспбозӣ» ва «чўббозӣ», маросимҳои «гаҳворабандон», «саршўён», «сартарошон», «ордбезон», «хирманкўбӣ» ва монанди ин диққати аҳли назарро ба худ ҷалб намуд. Дар ҷамъбаст «Шоҳҷоиза» ба ш.Панҷакент, ҷои аввал ба н.Рўдакӣ, ҷои дуюм ба ноҳияҳои Зафаробод ва Фирдавсӣ, ҷои сеюм ба ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Тоҷикобод, ҷоизаҳои ҳавсмандгардонӣ ба ноҳияҳои Ҳисор ва Роштқалъа бо диплом ва маблағҳои пулӣ дода шуд. Раисони доварони даври аввал Р.Раҳмонӣ ва даври дуюм К.Ҳалимов буданд.

Фестивал-озмуни навбатӣ дар соли 2008 дар байни 67 ноҳия, дар шаш минтақа аз авоили моҳи апрел то 9 май барои сазовор пешвоз гирифтани 17- солагии Истиқлолияти ҶТ, 1150-солагии зодрӯзи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ ва бузургдошти Соли забони тоҷикӣ, баҳри баланд бардоштани кори созмондиҳӣ, маънавӣ ва тарбиявӣ, худфаъолиятӣ, пайдо намудани чеҳраҳои нав дар ҷодаи фарҳанг, равнақ бахшидани суннатҳои мардумӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба кори эҷодӣ, мустаҳкам намудани дўстиву бародарии миллатҳои сокини Тоҷикистон баргузор шуд.

Даври дуюми он аз 4 июн то 21 июн дар шаҳри Душанбе пешкаши ҳаводорони ҳунари мардумӣ гардид. Тамоми иштирокчиён кўшиш доштанд, ки намунаҳоеро аз ҳунарҳои мардумии минтақаи худ пешкаши аҳли назар намуда, барои густариш ва равнақи бештари он ҳисса гузоранд.

Ҳунармандони даври дуюм, чун пирўз ба пойтахти кишвар ҳунари худро намоиш доданд. Аз диду боздидҳо на фақат мардуми шаҳр, балки меҳмононон аз кишварҳои хориҷӣ – Аврупо, Эрон, Амрико низ ба тамошои «Андалеб-2008» омада, лаззати маънавӣ бурданд ва намунаҳои ҳунарҳои мардумиро ба навор гирифтанд, акс бардоштанд, бо ҳунармандон ҳамсуҳбат шуданд. Дар «Андалеб-2008» ноҳияи Темурмалик соҳиби шоҳҷоиза, н.Рўдакӣ ҷои аввал, ноҳияҳои Тоҷикобод ва Исфара ҷои дуюм, ноҳияҳои Шоҳмансур ва Ишкошим ҷои сеюмро гирифтанд.

Баъд то соли 2014 ин озмун дигар баргузор нашуд. Ниҳоят соли 2014 «Андалеб-2014» багузор гардид. Дар он 14 ноҳия аз минтақаҳои кишварамон ба пойтахт бо ҳунарҳои худ омаданд. Дар натиҷа ба ҷои аввал гурўҳи ҳунрамандони ноҳияҳои Синои ш.Душанбе, Ҳисор ва Ваҳдат; ба ҷои дуюм ноҳияҳои Тоҷикобод, Зафаробод ва Фархор, ба ҷои сеюм Хуҷанд, Кўлоб, Шуғнон сазовор дониста шуда буданд. Раиси ҳакамони «Андалеб-2014» С.Қурбонов буд.

Дар ин ҷо ба як нукта ишорат бояд кард, ки дар саҳнаи «Андалеб» дар тўли 20 сол даҳҳо ҳунармандон баромада, сазовори баҳои баланд шуданд ва ҳар кадоми онҳо имрўзҳо дар ноҳияҳо ва шаҳрҳои кишварамон фаъолият доранд. Барои мисол аз ду чеҳраи дурахшон ёдовар мешавем: Нигина Амонқулова (2006), Ситораи Кароматулло (2008). Ин ду сарояндаи хушсадо маҳз дар «Андалеб» сазовори баҳои баланд шуда буданд. Албатта, дар бораи чеҳраҳои «Андалеб» дар тўли бист сол метавон мақолаи ҷудогона навишт.

Вазифаи ҳакамони «Андалеб-2016»

Аз ҷониби Вазорати фарҳанг теъдоди ҳакамон дар даври дуюм иборат аз шаш нафар буданд: Равшан Раҳмонов (раис), Шариф Бедаков, Нуралӣ Мирзоалиев, Шаҳодат Абдураҳмонова, Дилафрўз Раҳматова, Абдумаҷид Боймуродов (котиби масъул). Фаъолияти озмун аз ҷониби сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ Қурбон Ғуломзода ва директори Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» Салоҳиддин Разоқов назорат мешуд. Тибқи низомнома (ба ғайр аз доварӣ) ҳамаи масъулият бар дўши директори «Андалеб» буд.

Ҳакамон ба ҳар бахш, ки аз ҷониби шаҳру ноҳияҳо пешкаш мешуд, одилона баҳо медоданд. Дар даври аввал нуқсонҳои назаррасро дар толор аз тариқи баландгўяк мегуфтанд. Ҳамчунин аз ҳунармандон хоҳиш менамуданд, ки агар касе бештар дар бораи нуқсони кори худ донистан хоҳад, ба назди онҳо омада, пурсон шавад. Дар даври аввал пас аз иҷрои барнома ҳакамон ба ҳунармандоне, ки ба назди онҳо омада, камбудии хешро пурсон мешуданд, ба таври муфассал ҷавоб мегуфтанду хурсанд мешуданд. Аз як тараф ин тарзи кор барои пешрафти ҳамон ҳунарманд муҳим бошад, аз тарафи дигар як иртиботе барои омўзишу ҳамкории оянда байни мутахассис ва ҳунарманд ба вуҷуд меомад. Аз ин тариқ ҳакамон кўшиш менамуданд, ки ҳар як ҳунари ба маърази тамошо гузошташударо холисона баҳо диҳанд ва маҳорату мавқеи ҳунармандонро дар иҷрои ин ё ҳунар муайян намоянд.

Барои он ки дар даври дуюм озмун одилона бошад, тибқи низомнома директори «Андалеб – 2016» ва раиси ҳакамон ба вилояти Хатлон ва Суғд сафар карда, барномаи ғолибони вилоятҳо- ноҳияи Вахш, шаҳрҳои Кўлоб ва Панҷакентро диданд. Ба ғайр аз барномаи ноҳияи Рӯшон ҳамаи барномаҳои дигар барои ҳакамон маълум буд.

Дар тўли 20 соли баргузории фестивал-озмуни «Андалеб» тарзи баҳодиҳӣ чунин буд. Намоишро медиданд ва сипас ба хонае гузашта, нуқсонҳои ҳар бахшро мавриди баррасӣ қарор медоданд. Баъд ҳар кас баҳои худро мегузошт дар натиҷа баҳои умумӣ ба теъдоди ҳакамон, масалан шаш нафар, тақсим мешуд. Пас аз ин амал, ки гоҳе ним соат вақт мегирифт, ҳакамон ба толор даромада, холҳоро эълон мекарданд ва нуқсонҳоро низ мегуфтанд. Вале боз ҳам баъзеҳо аз баҳогузорӣ норизо буданд.

Аз ин рў, имсол дар даври дуюми «Андалеб-2016» ин тарзи баҳогузориро дигар кардем. Машварат кардем, ки меъёри баҳоро аз 7 то 10 таъйин намоем. Ҳар аъзои ҳакам дар толор, дар байни мардум, аз рўи адолат тахтачаҳои баҳоро мебардорад. Агар касе аз ҳакамон, ки мутахассис бошад ва баҳои паст диҳад, нуқсонҳои ба мушоҳида гирифтаашро дар байни мардум мегўяд, то ки баҳо нисбатан одилона бошад. Ба нуктае низ бояд ишорат шавад, ки ҳакамон бештар ба баҳои мутахассиси аслӣ такя мекарданд.

Фаъолияти «Андалеб – 2016»

andaleb_004.jpg

Дар чанд соли охир мувофиқи қарори ЮНЕСКО дар тамоми кишварҳои дунё таваҷҷуҳ ба фарҳанги ғайримоддӣ бештар шуд. Тоҷикистон низ ба он аҳамияти ҷиддӣ дод. Инак, бо мақсади иҷрои нишододи банди 14-уми нақшаи чорабиниҳои «Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020», ки бо қарори Ҳукумати ҶТ (аз 31.05.2012, №263) тасдиқ гардидааст, ҳамзамон барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳо ба муносибати таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ҷаласаи муштараки ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, соли 2016 Фестивал-озумуни навбатии ҷумҳуриявии телевизонии эҷодиёти халқ «Андалеб – 2016» дар ду давр баргузор гардид. Раванди баргузории фестивал-озмун ба таври мунтазам таҳти назорати бевоситаи Вазири фарҳанги ҶТ муҳтарам Шамсиддин Орумбекзода буд. Эшон борҳо бо масъулони фестивал-озмун мулоқот карданд ва гаштаву баргашта таъкид намуданд, ки ҳар шарти озмун одилона мавриди арзёбӣ қарор гирад.

Дар ин озмун мувофиқи низомнома бахшҳои зерин пешниҳод шуда буд, ки бояд дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти ҶТ-ро низ дар бар мегирифт: 1) намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ; 2) навозиши умумӣ; 3) намоиши сару либос; 4) рақси якка; 5) суруди якка; 6) навозиши якка; 7) суруди халқҳои  сокинони Тоҷикистон, 8) саҳначаи ҳаҷвӣ; 9) лапар; 10) порча аз анъанаҳои мардумӣ; 11) сюитаи овозию рақсӣ; 12) ҳолати ободонии муассисаҳои фарҳангӣ.

Ғайр аз ин дар низомнома омадааст: «ҳолати ободонии муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби директори Фестивал-озмун бо санҷишу таҳлили ҳамаҷониба баҳогузорӣ гардида, вобаста ба вазъи ободонии муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ширкаткунанда ба унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ахбор манзур мегардад. Баҳогузорӣ то 10 хол. Ҳамзамон оид ба саҳми раисони шаҳру ноҳияҳое, ки нисбат ба ободонии муассисаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, муассисаҳои фарҳангиро бо биноҳои замонавӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз, муҳаррикҳои барқӣ, созҳои мусиқӣ, китобҳои тозанашр, либоси саҳнавӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин намудаанд, иловатан то 5 хол баҳогузорӣ мешавад».

Дар маҷмўъ, ҳадди аксари холҳои дар даври аввал 125 бояд мебуд. Тибқи низомнома аз 125 хол, бояд 15 хол аз ҷониби директори Фестивал-озмун гузошта мешуд.

Ҳамин тавр аз охири моҳи апрел дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҶТ Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» шурўъ шуд. Дар ин фестивал-озмун дар натиҷаи озмун ба даври дуюм 10 ноҳия роҳхат гирифт.

Аз 12 августи соли 2016 даври дуюми Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» оғоз гардид. Фестивал-озмун дар толори Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷўраев бо ҳунарнамоии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шурӯъ шуд. Дарвоқеъ, ҳаваскорони ноҳияи Сино бо роҳбарии раиси ноҳия кўшиш намуданд, ки барномаи ҷолиби рангин нишон диҳанд. Аксари иштирокчиёни ноҳия ҷавонон буданд, ки ин кори нек буд. Ҷавонон кўшиш мекарданд, ки вазифаи худро сидқан иҷро намоянд. Ба хусус ҳунари дастии талабагони мактаб барои ҳакамон ва бинандагон ҷолиб буд. Маълум шуд, ки хурдсолон ва ҷавонон дар мактабҳо ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ алоқаи зиёд доранд. Ин кори неки онҳо боиси он мегардад, ки ҳунари мардумӣ равнақ ёбад. Бахши навозиши якка сазовори баҳои баланд дониста шуд.

Рўзи 13 август навбати шаҳри Роғун буд. Ҳаваскорони Роғун низ бо сарварии раиси шаҳр муҳтарам Билол Иброҳим дар фестивал ширкат намуданд. Онҳо кўшиш намуданд, ки дастовардҳои ҳунарҳои мардумии худро пешкаши тамошобинон намоянд. Ба хусус ҳунари духтараки дуторнавоз Сабринаи Мирзо, ки ҳанўз дар мактаб таҳсил мекунад, хеле ҷаззоб буд. Ба ҳунараш муҳаббати зиёд дошт. Аз ҷониби ҳакамон низ баҳои баланд гирифт. Бахшҳои дигар заиф буданд.

Рўзи 14 август ноҳияи Вахш бо сарварии раис Шарбатулло Аззизулло дастовардҳои ҳунарии худро пешкаш намуд. Ҳама кӯшиш намуданд, ки аз сидқи дил маҳорати худро нишон диҳанд. Аз ин ноҳия рақси Парвина Одинаева таваҷҷуҳи ҳамаро ба худ кашид. Ин духтараки моҳир дар ҳалқаи духтарон, ки бо либоси миллии тоҷикии худ рамзи парчами Тоҷикистонро сохта буданд, хеле зебо рақсид. Рақсаш мазмун ва маънии рамзии ҷаззоберо ифода мекард.

Рўзи 15 август ҳунармандони шаҳри Кўлоб ҳунари худро нишон доданд. Онҳо низ кўшиш намуданд, ки маҳорати худро пешкаш намоянд. Сароянда Бахтиёри Комил шеъри Хайрандешро хеле зебо сароид. Дар ҳақиқат ин ҷавон садои беҳтарин дорад. Бахтиёри Комил яке аз падидаҳои нодири «Андалеб-2016» аст. Рақси Садбарг Қосимова низ ҷаззоб буд, ки ҳар ду сазовори баҳои баланд дониста шуд.

Рўзи 16 август навбати ноҳияи Рўдакӣ буд. Дар даври аввал ноҳияи Рўдакӣ воқеан ҳунари худро дар сатҳи баланд пешниҳод карда буд. Дар даври аввал аз ҷониби ҳакамон намоишҳои ҳунарҳои мардумии ноҳия «шаҳраки андалеб» номида шуд. Он хеле рангин ва ҷолиб буд. Дар он ҳунармандони гаҳворасоз, табақтарош, заргар, оҳангар, қўроқдўз, гулдўз, дўзанда ва даҳҳо пазандагони моҳири ноҳия маҳорати худро пешкаш намуда буданд. Яке аз нуктаҳои назарраси ҳунарҳои мардумии ин ноҳия дар он буд, ки ваҳдат ва дўстии қавмҳои гуногуни ноҳия ба пеши назар ҷилвагар мешуд. Масалан, ҳангоми намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар канори русҳо, узбекҳо нишон додани сару либос, зебу зинат ва рақсу таронаи лақайҳо хеле ҷолиб буд. Вале дар даври дуюм намоиш ва ҳунарнамоӣ суст бошад ҳам, «навозиш» ва «сюита»-и онҳо сазовори баҳои баланд гардид.

Рўзи 17 август ноҳияи Ҳисор барномаи худро пешкаш намуд. Ҳунарнамоии ҳам ҳаваскорон ва ҳам ҳунарҳои мардумии шаҳри Ҳисор дар маҷмўъ хуб буд, вале нисбат ба даври аввал сусттар ба назар расид. Аз ин ноҳия сарояндаи суруди якка Раваш Додарбеков сазовори баҳои баланд гардид. Ў сурудро бо маҳорати хеле хуб иҷро кард.

Рўзи 18 август ноҳияи Файзобод ҳунари худро пешкаш намуд, ки ҷаззоб буд. Ин ноҳия чандин навъ ҳунари сўзанидўзӣ, гулдўзӣ, намадбофӣ, сандуқсозӣ, либосдўзӣ ва амсоли инро намоиш дод. Ҷолиб он буд, ки занон, духтарон ва наврасони ҳунарманд маҳорати худро нишон медоданд. Маълум шуд, ки дар ин ноҳия ҳунарҳои мардумӣ аз насл ба насл интиқол меёфтааст. Баъзе бахшҳо нисбат ба даври аввал суст бошанд ҳам, рақси Хушбўи Ҳамидзод ва саҳнаи ҳаҷвӣ баҳои баланд гирифт. Ба хусус саҳнаи ҳаҷвӣ аз ҷиҳати мавзўъ хуб буд ва ҳам бо маҳорат иҷро гардид. Дар саҳнаи ҳаҷвӣ хизмати аскарӣ тасвир шуда буд.

andaleb_005_0.jpgРўзи 19 август шаҳри Панҷакент ҳунарнамоӣ кард. Ҳунармандони шаҳри Панҷакент, ки ҳунарҳои дастии худро ба пойтахти кишварамон ш.Душанбе оварда, пешкаши фестивал-озмун ва тамошобинон карданд, сазовори ситоиш буданд. Ҳамчунин бо сарварии раиси ноҳия Ислом Шафеиён барои мардуми пойтахт чандин тонна гўшт, сабзавот ва меваҷот бо нархи арзон ба фурўш бароварда шуд. Дар даври дуюм ягона минтақае, ки ҳунармандони зиёди мардумии худро бо намунаҳои корашон овард ва онҳо тарзи иҷрои кори хешро низ нишон доданд, ин шаҳри Панҷакент буд. Аъзои ҳакамон бо ҳар кадоме аз ин ҳунармандон суҳбат карда, дар бораи кору шогирдонашон саволҳо доданд: қуроқдўз Бурҳонова Парвина ва Бобоева Абрўнисо, сӯзанидўз Раҳимова Собира, бофанда Замонова Нигора, зардўз Абдураҳмонова Мавлуда, қолинбофон Ҳамроева Хиромон ва Файзиева Дилбар, адрасбоф Турсунова Каромат, ҷиҳакдўз Султонова Майсара, якбанддўз Яҳёева Мавлуда, сабадбоф Нарзуллоева Робия, сандуқсоз Исрофилов Манучеҳр, кордсоз Назаров Маҳкам, заргар Бобоев Фирдавс, попурчӣ Луъбат Зарифова, кулол Каримов Облобердӣ, оҳангар Умаров Аҳмад, занҷирадўз Раҳмонова Бибинисо, дўзанда Бобокалонова Зарина, чакандўз Юсупова Анна ва ғайра. Ҳамаи инҳоро муовини раиси шаҳр Маҳбуба Ҳабибӣ шинос кард ва худи ҳунармандон низ кори хешро шарҳ доданд. Барои мо ҷолиб буд, ки як зани рус Анна Юсупова, ки тамоми умр дар Панҷакент зиндагӣ карда, ба забони тоҷикӣ хеле зебо суҳбат мекунад, навъҳои ҳунари дўзандагии худро шарҳ дод. Ҳакамон ба намоиши ҳунарҳои мардумӣ, сюита ва намоиши сару либос (тарроҳ Мавзуна Абдураҳмонова), порчаи анъанавии хатнасур баҳои баланд доданд.

Рўзи 20 навбати ноҳияи Тоҷикобод буд. Ҳаваскорони ноҳия бо роҳбарии раиси ноҳия Ҳусейн Ализода ширкат доштанд. Ин ноҳия солҳост, ки бо талоши М.Шукуров ба ҳифз ва эҳёи фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кўшиши зиёд дорад. Ҳамеша бо қадамҳои устувор талош бар он менамояд, ки як чизи нав пайдо кунад. Пас аз Истиқлолияти кишварамон ноҳияи Тоҷикобод соли 2003 дар яке аз фестивалҳои байналмилалии фолклорӣ ва этнографӣ, ки дар ноҳияи Бойсуни Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, соҳиби ҷоизаи ГРАН-ПРИ гардида буд. Аз ин ноҳия бахшҳои навозиши умумӣ ва рақс хеле хуб буданд, ки сазовори баҳои баланд гардиданд.

Рўзи 21 август навбати ноҳияи Рӯшон буд. Агарчи ҳунарҳои мардумии онҳо хеле заиф буд, вале дар иҷрои бахшҳо маҳорати хуб нишон доданд. Навозиш ба воситаи созҳои маҳаллӣ ва навозиши якка дар рубоби бадахшонӣ дилнавозу рўҳнавоз буд. Шунавандаро шунидани садои зебо ва оҳангҳои маҳаллӣ ба таърихи дури ниёгон мебурд. Бояд ёдовар шуд, ки ҳанўз ҳам дар байни мардуми озодаи Бадахшон нишонаҳои фарҳанги пешини ориёии мо ба тарзи махсус аз замонҳои бостон то рўзгори мо ба назар мерасанд, ки инро дар тамоми анъанаҳои моддӣ ва маънавии онҳо метавон мушоҳида кард.

Ҳамин тавр, ба ҳар бахш аз 7 то 10 хол баҳогузорӣ шуд. Нуқсонҳо пас аз эълони ҳар баҳо дар толор ташреҳ ёфтанд. То таърихи 21 август барномаҳо баҳогузорӣ гардид. Рўзи 22 ҳакамон ба қарори зерин омаданд:

ҚАРОРИ № 11

аз ҷаласаи ҳайати ҳакамони  даври дуюми
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии
эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»
аз 22 августи соли 2016

Дар ҷаласа ҳамаи ҳайати ҳакамон – Раҳмонов Равшан (Равшан Раҳмонӣ) — раис, Мирзоалиев Нуралӣ-аъзо, Бедаков Шариф-аъзо, Абдураҳмонова Шаҳодат-аъзо, Дилафрўз Раҳматова-аъзо, Боймуродов Абдулмаҷид-котиби масъул иштирок намуда, фаъолияти ҳунармандони даҳ минтақаҳои шаҳру ноҳияҳоро (Сино, Роғун, Вахш, Кўлоб, Рўдакӣ, Ҳисор, Файзобод, Панҷакент, Тоҷикобод, Рушан) мавриди баррасӣ қарор дода, ёдовар шуданд, ки дар даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» ҳамаи шаҳру ноҳияҳои номбаршуда тибқи низомнома иштирок доштанд.

Ба муносибати 25-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваҳдату пайванди бештари мардуми шарифи кишвар ҳакамон ба чунин натиҷа расиданд, ки ба ҳамаи ноҳияҳо ҷойҳо мувофиқи холҳои бадастовардаашон ба таври зерин тақсим шаванд:

НОМИ НОҲИЯ ВА ШАҲР

БАҲО

Ҷой

0

Панҷакент

102,5

Шоҳҷоиза

1.

1.

1.

Ноҳияи Сино ш.Душанбе

Ноҳияи Файзобод

Ноҳияи Тоҷикобод

100,6

100,6

100

Ҷои аввал

Ҷои аввал

Ҷои аввал

2.

2.

2.

Ноҳияи Рўдакӣ

Шаҳри Кўлоб

Ноҳияи Вахш

98,8

98,4

97,6

Ҷои дуюм

Ҷои дуюм

Ҷои дуюм

3.

3.

3.

Ноҳияи Рӯшон

Ноҳияи Ҳисор

Шаҳри Роғун

95,3

95

93,2

Ҷои сеюм

Ҷои сеюм

Ҷои сеюм

0

Панҷакент

102,5

Шоҳҷоиза

1.

1.

1.

Ноҳияи Сино ш.Душанбе

Ноҳияи Файзобод

Ноҳияи Тоҷикобод

100,6

100,6

100

Ҷои аввал

Ҷои аввал

Ҷои аввал

2.

2.

2.

Ноҳияи Рўдакӣ

Шаҳри Кўлоб

Ноҳияи Вахш

98,8

98,4

97,6

Ҷои дуюм

Ҷои дуюм

Ҷои дуюм

3.

3.

3.

Ноҳияи Рӯшон

Ноҳияи Ҳисор

Шаҳри Роғун

95,3

95

93,2

Ҷои сеюм

Ҷои сеюм

Ҷои сеюм

ҚАРОР КАРДА ШУД:

  • 1.Қарор карда шуд, ки дар даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016», мувофиқи холҳои бадастоварда, шаҳри Панҷакент бо 102,5 хол сазовори «Шоҳҷоиза» дониста шавад.
  • 2.Қарор карда шуд, ки дар даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016», мувофиқи холҳои бадастоварда, ноҳияҳои Сино бо 100,6 хол, Файзобод бо 100,6 хол, Тоҷикобод бо 100 хол сазовори ҷои аввал донита шаванд.
  • 3.Қарор карда шуд, ки дар даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016», мувофиқи холҳои ба даст оварда, ноҳияи Рўдакӣ бо 98,8 хол, шаҳри Кўлоб бо 98,4 хол, ноҳияи Вахш бо 97,6 хол сазовори ҷои дуюм донита шаванд.
  • 3.Қарор карда шуд, ки дар даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016», мувофиқи холҳои бадастоварда, ноҳияи Рўшон бо 95,3 хол, ноҳияи Ҳисор бо 95 хол, шаҳри Роғун бо 93,2 хол сазовори ҷои сеюм дониста шаванд.

Ҷамъбаст ва ҷоизаҳо

Рўзи 23 август Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» ҷамъбаст гардид. Дар гулчини он бо навозиши умумӣ «Субҳи Рӯшон», оҳанги Сайид Файзов ҳаваскорон аз ноҳияи Рўшон, Шаҳноза Ҳусейнова (талаби синфи 11) лапар аз ноҳияи Тоҷикобод, Далер Исматилло, суруди якка аз шаҳри Панҷакент, Сабрина Мирзоева (талабаи синфи 11), навозиши якка аз Роғун, Парвина Одинаева, рақси якка аз ноҳияи Вахш, намоиши сару либоси миллии мардумӣ (муд)-дар таҳияи Мавзуна Абдурахмонова аз шаҳри Панҷакент, саҳнаи ҳаҷвӣ «Виҷдон», муаллиф ва ба саҳнагузоранда Ҳабибуллои Мирзошариф,  гурӯҳи ҳаҷвнигорон аз ноҳияи Файзобод, Равшан Додарбеков, суруди якка аз шаҳри Ҳисор, сюитаи овозию рақсӣ «Ҳумоюн бод Истиқлоли тоҷик», оҳангҳо аз халқ, шеърҳо аз Меҳринисо Бобобекова ва Фарҳоди Исозод аз шаҳри Панҷакент иштирок намуданд. Ҳамчунин Ситораи Кароматулло, ки худ дар «Андалеб-2008» сазовори баҳои баланди 10 хол гардида буд, бо суруди табрикӣ баромад кард. Дар ҷамъбаст ба ҷавонони соҳибистеъдод ва чеҳраҳои нави санъати миллии «АНДАЛЕБ-2016» дипломҳо, туҳфаҳо, сипосномаҳо, ифтихорномаҳо, нишони Аълочии фарҳанги ҶТ, Аълочии матбуоти ҶТ супорида шуд.

Баъдан бо тантана ба ғолибони ҷои сеюм- ноҳияҳои Рӯшон, Ҳисор, Роғун; ҷои дуюм Рўдакӣ Вахш, Кўлоб; ҷои якум Сино, Файзобод, Тоҷикобод ва шоҳҷоиза ба шаҳри Панҷакент супорида шуд.

Нуқсонҳо ва пешниҳодҳо

Тамошобинони толор аз нигоҳи шахсии худ ҳам ба ҳунармандон ва ҳам ба ҳакамон баҳо медиҳанд. Баҳои толор ду гуна аст: яке бо эҳсосот ҳунарманди минтақаи худро хуб шуморидан; дигаре мутахассисоне, ки дар толор нишастаанду нуқсонҳоро мебинанд ва худ ба худ, ё ба якдигар он бахшро мавриди арзёбии мантиқӣ қарор медиҳанд.

Вале афсўс, ки гоҳе чунин намешавад. Кори ночизу нохуби худро аз кори беҳтари дигарон боло мегузоранд. Худ ба худ баҳо намедиҳанд, иштибоҳоти худро дарк намекунанд, аз паси ислоҳаш намешаванд. Ҳатто баҳсу даъво мекунанд, ки «кори ман хуб аст», «ё ман аз ҳама зўр ҳастам». Ва ҳол он ки дигарон низ нуқсонҳоро мебинанду баҳо медиҳанд. Ба хусус ин нуқсонҳо агар аз ҷониби мутахассисон баҳо дода шаванд ва барои пешрафти кор муҳим бошанд, бояд онҳоро пазируфт.

Дигар ин ки ҳакамон низ баҳои мутлақи ягонаи дурустро ба  ин ё он бахш сазовор дониста наметавонанд. Онҳо низ мувофиқи низомнома, иштбоҳоте, ки ба назарашон мерасад ва дар муқоиса ба ҳунар ва маҳорати минтақаи дигар баҳо медиҳанд, то ҳадде, ки  адолат барқарор бошад.

Кор бидуни нуқсон намешавад. Барои ҳамин дар канори бурдҳо бохтҳои онро низ бояд гуфт, то дар оянда ислоҳ шавад. Ислоҳ кардани нуқсонҳо ин пешрафт аст. Нуқсонро аз худи ҳакамон шурўъ менамоем. Аз сабаби он ки ҳакамон тахтачаҳоро ба боло бардошта, баъд бояд зуд ҳисоби миёнаи баҳоро (холро) ҳисоб мекарданд, шояд гоҳе ба саросемагӣ роҳ доданд.

Аксари ноҳияҳо нисбат ба даври аввал дар даври дуюм андаке суст баромад карданд. Шояд онҳо дар саҳнаи нав одат накарда буданд, ки онҳоро воҳима зер кард ва шояд камтар машқ карданд. Мумкин сабабҳои дигар ҳам дошта бошад.

Баъзе ноҳияҳо ҳангоми намоиши ҳунарҳои мардумӣ, шояд барои пур кардани ҷо бошад, намунаҳоеро аз музейҳо ба тамошо гузоштанд. Осори дар музейҳо мавҷуд буда, мероси таърихии мост. Вале дар «Андалеб» чизҳои халқӣ ва эҷодкориҳои тоза бояд ба намоиш гузошта шаванд.

Мушоҳида шуд, ки баъзеҳо норизо буданд. Пас аз поёни барнома ба назди ҳакамон омада, иштибоҳи худро пурсон шуданд ва ҷавоби қонеъ гирифтанд. Аммо баъзеҳо иштибоҳоти ҷиддӣ доштанд, ҳакамон нуқсонҳои онҳоро бо далелҳо фаҳмонанд ҳам, қабул намекунанд. Албатта, ин аз камдонишӣ аст. Агар ҳунарманд дар соҳаи худаш дониш дошта бошад, сухани мантиқиро қабул мекунад.

Дар раванди ҳунарнамоӣ гоҳе дар толор беназмӣ, ҳуштак кашидан, мағал ва беодобӣ дида шуд. Ба хусус навҷавононе, ки дар толор буданд, рафтори ношиста доштанд. Ин моро водор месозад, ки ба тарбияи ҷавонон бештар машғул шавем.

Дар охир барои беҳбудии кор ба чанд нукта ишорат мекунем ва умед дорем, ки дар озмунҳои баъдӣ мавриди истифода қарор мегиранд:

Баргузор намудани фестивал-озмунҳо ва дигар маъракаҳои фарҳангӣ барои чӣ лозим аст? Барои он лозим аст, ки инсон аз он чизе омўхта, лаззати маънавӣ барад ва дар зиндагӣ одами некмаништар шавад. Аз ин рў, барои амалӣ намудани ин кор, пеш аз ҳама, кадри масъулиятшинос ва донандаи кори худ лозим аст. Агар кадр кори худро хуб надонад, мудирият карда натавонад, аз ҳама муҳим- донишу фаросат ва муносибати баланди одоби мушоират надошта бошад, он кор самари хуб ба бор намеорад. Барои ҷобаҷо кардани кадри масъулиятшинос аз минтақа то мақомоти боло бояд фикр кард. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки як кадри хуби бофаросат аз сад шахси бемасъулият болотар аст.

2.Дар оянда барои беҳтар гузаштани фестивал-озмуни «Андалеб» гурўҳе аз ҷавонони кордону ҳушёри  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  бояд омўзонида шаванд, ки онҳо барои сари вақт расонидани даъватномаҳо, пешвоз гирифтани меҳмонон, тақдими ҷоизаҳо ва корҳои дигар ёрӣ расонанд, то маърака бо назми баланд гузарад. Ба тартибу одоби нек гузаронидани ин ё он ҷашн, озмун, маҳфил, фестивал ва монанди ин як навъ омўзиш ва пешрафти ахлоқии ҷомеа аст. Ҳадафи аслии «Андалеб» ҳам бояд ҳамин бошад.

Низомнома як навъ санади муҳим аст барои бо тартиби муайян гузаронидани коре. Низомномаи «Андалеб-2016» то ҳадде такрори низмономаҳои пешин аст. Дар низомнома вазифаҳо бояд дақиқ муайян бошанд. Масалан, дар низомнома вазифаи ҳакамон ба таври дақиқ мушаххас нест. Бояд дар як модда фаъолияти ҳакамон мушаххас гардад.

Имсол ҳам дар аксари ноҳияҳо ҳангоми иҷрои порча аз анъанаҳои халқӣ бештар аз расму оинҳои арўсӣ истифода шуд. Ин кор 20 сол аст, ки дар «Андалеб» такрор мешавад. Ҳатто тибқи қонуни танзими расму оинҳои мардумӣ бояд баъзе аз расму оинҳо дар хонавода бо теъдоди кам (бо хешовандон) гузаронида шаванд, вале мо мушоҳида кардем, ки дар иҷрои баъзе аз саҳнаҳои анъанавӣ то 50-60 нафар иштирок намуданд. Яъне мо аз тариқи фестивал-озмун хилофи қонун амал менамоем.

Дар оянда дар «Андалеб» ба эҳё ва тақвияти чизҳои суннатии қадимӣ бояд кўшиш кард. Масалан Наврўз, Меҳргон, Сада, ялдо, гулгардонӣ, суманак, афсонагўӣ, шоҳномахонӣ, ҳофизхонӣ, бедилхонӣ, маснавихонӣ ва даҳҳо расму оинҳою бозиҳои зебо ва ғайра.

Дар оянда бояд ба тамоми мероси суннатии гуфтории мардум таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Бо ташаббуси Вазорати фарҳанг, ДДМТ, АИ ҶТ ва пажўҳандагони донандаи илми мусиқии мардумӣ, этнология (этнография), фолклор ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги мардуми ҳар ноҳия бояд гирдоварӣ шавад. Ҳамчунин бойгонии фарҳанги мардуми тоҷик ба вуҷуд оварда шуда, он тавассути воситаҳои техникии пешрафтаи ҷаҳон аз тариқи ИНТЕРНЕТ таблиғ гардад. Тибқи барномаи махсус суннатҳои халқии тамоми минтақаҳо (ҳар ноҳия) дар шакли маҷмўаи илмӣ ва оммавӣ ба нашр расад.

Умед аст, ки дар фестивал-озмунҳои минбаъда барои эҳё ва рушди бештари суннатҳои ниёгон ва истифодаи расму оинҳои дилнишини мардумӣ, ба лаҳзаҳои ҷолиби наврўзиҳо, меҳргон, сада афсонагўӣ, қиссахонӣ, наққолӣ, бозиҳо ва амсоли ин диққати махсус дода мешавад.

Хулоса, агар ҳар фарди ҷомеа бо сарварии Пешвои миллат ҳар кореро, ки ба уҳдаи ў гузошта мешавад, бо масъулият иҷро намояд, он гоҳ Тоҷикистон дар канори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор мегирад ва бо дастовардҳои фарҳангии худ барои пешрафти тамаддуни башарӣ ҳисса мегузорад. Умед дорем, ки ҳар дам, ба гуфти устод Рўдакӣ, аз «таҷибаи рўзгор» дарси одамият ва ибрат меомўзем.

Равшан Раҳмонӣ,
раиси ҳакамони «Андалеб-2016»