Дар Кубан обидае бо навиштаҷоти шоҳи Форс Дорои I ёфтанд

Дар ҷараёни як кофтукови бостоншиносӣ олимони Пажуҳишгоҳи археологияи Кубан обидае кашф карданд, ки навиштаҷоти шоҳи Форс Дорои I дорад. Ин пажуҳиш аз ҷониби хазинаи Олег Дерипаска “Волное дело” сармоягузорӣ мешавад. Бостоншиносон мегӯянд агар бозёфти тозаи онҳо тасдиқи таърихиву илмӣ пайдо кунад, пас ин метавонад дар олам ҳангома барангезад.
— Навиштаҷот дар як пора обида бо хати мехӣ ҳаккокӣ шудааст ва олимон мегӯянд онро танҳо шоҳи Форс истифода мекард. То ин замон ҳамагӣ I0-I5 дарсади навиштаҷот ҳифз шудааст.
Рамзкушоии навиштаҷот нишон додааст, ки он аз номи шоҳи машҳури иқлими Форс Дорои I ҳаккокӣ шудааст. Ҳатто матни он ба замони он мухолифат надорад – обида дар қабате кашф шудааст, ки  метавон онро аз қабл мутааллиқ ба нимаи аввали асри Y то солшумории мо мутааллиқ донист,-хабар медиҳад хадамоти матбуотии хазинаи Олег Дерипаска.
Манбаъ мегӯяд дар олам ин гуна навиштаҷоти шоҳона наздик ба 200 адад кашф шудаву нигаҳдорӣ мешавад.
Таҳлилгарони ин бозёфт бар ин назаранд, ки обидаи дар Кубан пайдошуда дар таркиби навиштаҷоташ калимаи “Милет” дорад, ки ки ин ба шаҳри бузург ва қадимии Иони Юнон ишора дорад. Дар замони ҳукмронии Дорои I  дар шаҳр шӯриши азим сар зад ва онро сарбозони шоҳ пахш карданд. Олимон мегӯянд эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки ба шарафи ин пирӯзӣ Дорои I фармон додааст, ки обидаи хотиравиро омода созанд. Баъдан пораи харобшудаи ин обида дар яке аз киштиҳо ба сифати сарборӣ хидмат кард. Ин киштӣ ба бандари Фанагор низ расида буд.
Дар айни замон обидаи кашфшуда лабораторияи таъмирии илмӣ-фарҳангии маркази “Фанагория” нигаҳдорӣ мешавад ва олимон рӯйи он ташхисҳои илмӣ анҷом медиҳанд.