Сафар Ҳақдодов: Синамо дар таҳлили сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ пеши мардум қарздор аст

Суҳбати ихтисосӣ бо Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов дар бораи синамои замони Истиқлолият ва мушкилоти он.
Зарфи панҷ соли охир синамои тоҷик оё тавонист расолати худро иҷро кунад?

-  Пӯшида нест, ки кино як ҷузъи таркибии шуури ҷамъият аст. Аз ин дидгоҳ яке аз вазифаҳои асливу ҳатмии он – инъикоси масоили умда, мубраму доғи ҷомеа ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар кино ҳамчун ҳунари синтетикӣ молу ғизои маънавие гаштааст, ки дар шакли моддӣ бо намудҳои гуногуни технологияҳои муосир (намоиш дар толорҳои синамоӣ, CD, DVD- дар васоили намоиши хонагӣ,YOU TUBE дар интернет...) - бо сифати гуногун ба бозори истеъмолӣ ворид гаштааст, то талаботи афзояндаи истеъмолкунандаро қонеъ созад.  

Боиси тазаккур аст, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна дар як сол аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ на камтар аз 20 филми достонӣ (ҳунарӣ, бадеӣ) ва зиёдтар аз ин филмҳои кўтоҳу мустанад (ҳуҷҷатӣ) тавлид мешаванд. Ман танҳо филмҳоеро дар назар дорам, ки бинанда онҳоро дар синамохонаҳо мебинад ва ба ин сериёлҳои телевизионӣ дохил нест, чун онҳо моли фармоишии худи шабакаҳои телевизионианд.  

 Тавлидкунандаи асосии филмҳо фақат киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” нест. Яъне монополияи истеҳсоли филм ба шакле, ки дар замони шўравӣ буд, вуҷуд надорад. Студияҳои ғайридавлатӣ ва телевизионӣ дар вилоятхои Суғду Хатлону Бадахшон низ фаъолият мекунанд ва ҳар кадом, новобаста ба мушкилоти дарёфти муҷовиз имконияти истеҳсоли филмро доранд. Воқеан ин падида нишони пирўзии ҳаёти нав, пирўзии Истиқлолияти давлатии мо аст, ки 25-солагиашро имсол ҷашн хоҳем гирифт.

Вале дар баробари ин бояд иқрор шавем, ки бештари филмҳои дар ин зайл студияҳо тавлидшуда, характери тиҷоратӣ ё фармоишӣ дошта, масоили умдаву мубрами зисти ҷомеаро хеле ночиз ва ё ғалат инъикос менамоянд. Аксарияти ин филмҳо “худсонсуршуда”мебошанд. Ҷасорати муаллифон дар инъикоси воқеъбинонаи масъалаҳои иҷтимоӣ дида намешавад, ошкорбаёнӣ зери пардаи ҳамин худсонсоркунӣ мемонад. Вақе­ият­ро тавре инъикос мекунанд, ки гўё ягон мушкилоте дар зиндагии мову шумо вуҷуд надорад, ба ҷуз бевафоии ошиқу маъшуқ ва ё тасвири “коррупсия”, “мафия”, “фурўшандагони маводи наъшадор”, ки онҳо ҳам муфрад (абстрактӣ) хиёливу чеҳраи воқеъӣ надоранд.  

Худсонсурӣ гаштани чунин асарҳо заминаи иҷтимоӣ дорад. Яъне ин ҳолат бесабаб нест. Он филмҳое, ки ошкоро аз муаммоҳои ҷомеа баҳс мекунанд, на танҳо тавассути кинотеатрҳо, ки шумораашон хеле кам аст, намоиш дода намешаванд, балки аз ҷониби шабакаҳои пайваста зиёдшавандаи телевизионҳои давлативу ғайридавлатӣ низ харидаву ба намоиш гузошта намешаванд. Ҳамаи ин таҳиягарони ин зайл филмҳоро ба конъюнктураи “лаббайгўӣ” оварда мерасонад ва худсонсуркунӣ боло меравад...

- Ба ҳар ҳол дар ин чанд соли охир филмҳое ҳам ба вуҷуд омаданд, ки то ҳадде дард доранд, воқеъияти ҳаёти моро инъикос мекунанд.

- Бале, шумо дуруст мегӯед. Хушбахтона, ба ин нигоҳ накарда, дар ин панҷ соли ахир филмҳое сохта шудаанд, ки дарду шодӣ ва мароми миллатро шинохтан мехоҳанд, роҳи раҳоӣ аз мушкилиҳоро меҷўянд. Аммо тибқи мушоҳидаи мо ҷасорати ошкоро гуфтани муаммоҳои ҷомеа бештар дар филмҳое зоҳир мегарданд, ки бо ташаббус ва маблағи хусусӣ рўи навор омадаанд ва ё фармоишианд ва бештар аз ҷониби сохторҳои байналмилалӣ буҷа дарёфт кардаанд.

Филми мустанад ҳам бояд фазо ва имконияти намоиш дошта бошад...

-  Иддае аз филмсозон, аз ҷумла Сафарбеки Солеҳ бар ин назаранд, ки фазо барои таҳияи филмҳои хуби мустанад танг аст. Назари шумо дар ин бора.

-  Бояд иқрор шуд, ки солҳои охир филмҳои ҳуҷҷатӣ хеле кам таҳия мешаванд, чун бозори намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ ҳам вуҷуд надорад. Ба ёд оред солҳои Шуравиро. Пеш аз намоиши филми ҳунарӣ як филми ҳуҷҷатӣ намоиш медоданд. Ва билети тамошои онҳо арзиши хосу муайян дошт. Филмҳои мустанадро шабакаҳои телевизионӣ низ харидорӣ мекарданд ва нишон медоданд. Ҳоло на мехаранд ва на нишон медиҳанд. Филмҳои мустанаде, ки дар дохили шабакаҳои телевизионӣ (ба мисли бахши “Тоҷиктелефилм”- и Шабакаи “Тоҷикистон”) бо сабки телевизионӣ сохта мешаванд, мавзўъи баҳси дигаранд. Дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ созандагони филмҳои мустанади тоҷик хеле маъруф буданд. Ҳар сол дар жанрҳои гуногун то 25 – 30 филм сохта мешуд.

Аз синамогарони ҳирфаӣ ва маъруфи мо Георгий Дзалаев, Орзу Шарифов, Сафарбек Солиев ва Озод Маликов ғолибан дар сабки филми синамоии мустанад асар меофаранд.

 Солҳои охир чанд филми мустанади фармоишиву тарғибӣ низ таҳия шуданд. Ва одатан ҳар чизе, ки фармоишӣ аст, дар он чизеро, ки фармоишгар мехоҳад, нишон медиҳанд. Вале дар баробари ин ҳуҷҷатнигорони асилу ҳирфаии мо ҳатто дар филмҳои фармоишӣ тавонистаанд роҷеъ ба масоили мубрами инсон ва ҷомеа сухани наву ҷолиб ва аз ҳама муҳим воқеӣ гўянд. Ва дар асл тарзе бояд бошад, ки таҳиягар ё  коргардони  мустанадсоз, озодона филм биофарад, вазъи аслии ҷомеаро воқеъбинона инъикос намояд.

Аз сӯйи дигар дар баъзе мавридҳо таҷриба сензураи даврони Шӯравӣ дар интихоби филмҳои мустанад ҳоло ҳам истифода мешавад. Агар ёд  дошта бошед, замоне филми “Суруди алла”-и Давлат Худоназаров  ба он хотир аз намоиш гирифтаву сӯзонда шуд, ки дар он саҳнаи шудгори замин дар Бадахшон ба воситаи ҷуфти гов инъикос шудааст, на бо трактор. Замини корам дар Бадахшон кам аст ва қитъаҳои он мисли водиҳо чандон фаррох нест. Ва ҳамин тарзи коркарди замин то ҳанўз ба тарзи бобоӣ сурат мегирад. Вале роҳбарони вақт коргардони маъруфро ба куҳнапарастӣ муттаҳам карда буданд. Ҳамин шева имрӯз ҳам дар интихоби филмҳо барои намоиш истифода мешавад. Чунончӣ, дар филми “Арўсак”(муаллиф ва коргардон Р. Атоева) ҳанўз мардум таппак мекунанд, ё дар филми “Ватан ширин” занҳо либоси обшуставу фарсуда ба бар доранд. Дар шабакаҳои телевизионии кишвар намоиши филмҳое, ки мавзўъи камбизоатӣ ё муҳоҷирати меҳнатиро бо сабки синамоӣ инъикос кардаанд, комилан мамнўъ аст. Чаро? Мантиқ дар ин тарзи муносибат нофаҳмост...Филми мустанади синамоӣ ҳам (сухан дар бораи филмҳои телевизионӣ намеравад!) бояд фазо ва имконияти намоиш дошта бошад.

- Метавонед баъзе аз филмҳои хуби мустанадро таҳлил кунед, то рушан шавад, ки бурд дар куҷову бохт дар куҷо?

- Албатта. Яке аз ин филмҳо, ки ба инъикосу  баррасии як мавзуъи хеле муҳим бахшида шудааст, “Бозори мусиқӣ дар Тоҷикистон” ном дорад. Муаллифони филм Роман Буряк, Салимҷон Тоҳиров буда, он дар Марка­зи фарҳангии “Бактрия" бо дастгирии молиявии Бунёди “Кристенсен” тавлид шудааст.  

Тавре аз номаш пайдост, филм масъалаи мураккаби мавҷудияти бозори мусиқӣ ва муносибати ҷомеаи тоҷикистониро нисбат ба он таҳлил кардааст. Ростӣ, камина сари ин чиз пештар андеша накарда будам. Дарвоқеъ, тиҷорати мусиқӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст? Оё мусиқӣ арзиш ва тавре, ки дар тамоми ҷаҳон аст, бо риояи низоми пазируфташудаи ҳуқуқи муаллиф, қонунҳои мутамаддини тиҷорати асарҳои зеҳнӣ, дар кишвари мо ҷой дорад? Таҳиякунандагони филм ақида ва мушоҳидаҳои мухталифи мутахассисон ва коршиносони мусиқиро аз Душанбе ва Хўҷанд дар ин раванд ҷо дода, тамошобинро ба хулоса меоранд, ки дар Тоҷикистон фазои мутамаддини бозори мусиқӣ вуҷуд надорад. Аз тамошои филм мо мебинем, ки дар ин ҷода доштани истеъдоди фавқулодда кофӣ набудааст. Ҳоли ҳозир дар соҳаи мусиқӣ ҳар каси ҳаваскор, метавонад фаъолият кунад. Ин кор мушкилие надорад. Мусиқӣ ба ҳар кас дастрас аст. Вале тафовут миёни мусиқии оригиналии муаллиф ва мусиқии тиҷоратӣ намондааст. Ва норўшан аст, ки шахсони бо мусиқии ҳирфаӣ машғул буда, бо имкони даромад аз ҳисоби касбашон қаноатбахш зиндагӣ мекунанд, хонаводаашонро бо маводи зарурии рўзгор таъмин менамоянд ё не?.

Аз тамошои филми номбурда маълум мешавад, ки бизнеси мусиқӣ дар кишвари мо дар шакли бисёр дағал ва примитив  вуҷуд дорад, ҳаққи бастакорону иҷрогарон дар вазъи берун аз низомҳои маъмулӣ қарор гирифтааст. Филм мавазўи муҳими маънавиёти ҷомеаи имрўзаро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор медиҳад. Ва ҳарчанд на ҳама паҳлўҳои ин мавзўъ амиқан муҳокимаву баррасӣ шудаанд, лекин тамошобинро ба андеша мебарад, ўро ба қиёси вазъи вуҷуддоштаи кишвари худ ва ҳолати нисбатан боадолати бозори мусиқии кишварҳои мутамаддин маҷбур месозад.  

Ҳарчанд аз назари ҳирфаият филм комил набошад ҳам, аммо рисолати худро иҷро кардааст. Боварам бар он аст, ки ҷомеа ба масоили бардоштаи филм мавқеи худро ҳатман дигар хоҳад кард. Табиист, ки фаврӣ не, оҳиста-оҳиста. Вале муҳим он аст, ки зиндагии мо беҳтар хоҳад шуд. Мусиқӣ ва аҳли он мавқеи арзанда пайдо хоҳад кард... 

 Аз дастоварҳои дигари назаррас дар соҳаи кинои мустанад, филми “Комил”-и Сафарбек Солиев ба ҳисоб меравад. Филм дар бораи ҳасбу ҳоли яке аз асосгузорони синамои Осиёи Марказӣ – Комил Ёрматов мебошад ва он бо ташаббуси худи Сафарбек дар чанд кишвар, аз он ҷумла дар Руссия ба маърази тамошо гузошта шуд. Тамошобинон бо тақдири мураккаби арбоби кинои Тоҷикистон ва Ўзбекистон, устод Комил Ёрматов, ки 110-солагии ўро синамогарони тоҷик, соли 2014 дар рўзҳои Шашумин Синамобазми “Дидор” ҷашн гирифта буданд, ба воситаи ин филм ошно шуданд.

Филми “Комил” (то ҷое хабар дорем) комилан бо ташаббус ва маблағи худи Сафарбек рўи навор омадааст. Номбурда корманди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон аст ва аз имкониятҳои шахсиаш истифода бурда, дар вақти сафарҳои хидматиаш ба Тошканду Русия, маводҳои нодири ҳаёт ва фаъолияти Комил Ёрматовро аз бойгониҳои давлативу хусусӣ пайдо намуда, бо нафароне ҳамсўҳбат шудааст, ки устодро мешинохтанд. Дар маҷмўъ филм хеле ҷолиб ва комил ба назар мерасад ва боиси қадрдонии ин ташаббуси ибратбахш низ ҳаст. Филм чеҳраи нотакрори Комил Ёрматовро дар сурати хеле бамаврид овардани сўҳбатҳо ва пайдо кардани маводҳои таърихӣ (аксҳо, мактубҳо ва ғайра) баррасӣ намудааст. Аз ҳама муҳим ин аст, ки Сафарбек қаҳрамонашро танҳо бо обуранги мусбӣ нишон надодааст. Ёрматов бо тамоми хислатҳои мураккаби инсониаш, ки ҳам хубӣ дошту ҳам костагӣ, ҳам ғамхор буду ҳам бераҳм, инъикос ёфтааст ва боиси эътимоди тамошобини нуктасанҷ шудааст. Ҳамаи ин аз соҳибкасбии Сафарбек аст, ки ўро муваффақ кардааст.

- Бубахшед, суханатонро мебуррам. Сафарбек Солиев то ҷойе медонам ва дар як суҳбат ҳам иброз дошта буд, танҳо коргардоне ҳаст, ки аз оғоз табъу завқи офариниши филмҳои мустанад дорад ва аз оғоз то ба имрӯз ҳар коре кардааст, бо истифода аз имкониятҳои худ кардааст. Аз ҷониби дигар шояд ман иштибоҳ кунам, вале аз маъдуд синамогаронест, ки метавонад филмҳояшро бештар ба хориҷ барад ва дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ намоиш диҳад.

- Оре, фаъолияти Сафарбек Солиев дар синамо як хусусияти назаррас дорад: вай ҳар кореро, ки пеш мегирад, ҳатман мекўшад ба тариқи маҷмуъӣ ҳал кунад. Яъне, вай на танҳо филм меофарад, балки боз барномаи мураккаби ба тамошобин расондани (дистрибутсияи) онро ба ўҳда мегирад. Яъне ў ҳам муаллиф, ҳам режиссёр, ҳам таҳиякунанда, ҳам продюсер, ҳам тарғибгари филм мешавад. Дар замоне, ки бозори байналмимлалии филм ҳамин тарзи корбариро тақозо дорад, фаъолияти Сафарбек низ ба ҳамин талабот мутобиқ шудааст. Сафарбек баъди таҳияи филмаш тавонист онро ба тамошобинони Руссия ва ИМА ва кишварҳои дигар бо доир кардани шаби ёдбуди устод Комил Ёрматов баррасӣ кунад. Аммо, мутаассифона, на ҳамаи синамогарони мо бо ин тарзи муносибат ошноянд ва ё мехоҳанд ин корро бикунанд...Аз ҷониби дигар ин ҳолат нишондиҳандаи адами институти “дистрибутсия” дар кинематографияи Тоҷикистон аст.  

Ин ҷо боз аз филмҳои мустанади “Иноят” (коргардон Орзумурод Шарифов) “Маҳмадулло –аз кишвари хуршед аст” (коргадон Аловуддин Абдуллоев), “Як рўзи Душанбе” (филми хатмкардагони “мастер-класс” (муаллиф ва доиркунандаи лоиҳа Робия Атоева) ва чанд филми дигар ҳам, метавон ёд кард, ки ҷолиб ва омӯзандаанд.

Муаммои ҷангро синамо то ҳол накушодааст

-  Миллати мо як ҷанги панҷсолаи хонумонсӯзро пушти сар гузошт. Ва агар ман гӯям, ки  он даҳшатбортар аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, иштибоҳ намекунам. Чаро? ҶБВ барои Тоҷикистон ҷонҳои қурбоншуда, захмҳо ва тифлони ятим дошт. Насли ақибгоҳ даҳшатро танҳо аз забони ширкаткунандагонаш ва аз филмҳо  мешуниданду медиданд.  Вале даҳшати ҷанги Тоҷикистонро бо чашмони худ дидем ва шоҳиди на танҳо қатли одамону бепарастор мондани тифлон шудем, балки харобии садҳо шаҳру деҳотро низ шоҳидем. Инъикоси ин ҷанг дар синамо то куҷо  муваффақият доштааст?

- Дар воқеъ мебоист ин саҳифаи фоҷеабори таърихи миллат инъикоси хеле густардаву воқеъбинона медошт. Аммо то ҷойе таҳлилҳо нишон медиҳанд, то ҳол ягон филме, ки таърихро бидуни таҳриф ба навор оварда бошад, надорем. Ҳар чизе рӯйи кор омадааст, боз ҳам комил нест ва дар аксар маврид рӯйдодҳои сатҳӣ наворбардорӣ шудаанд ва ҳақиқати ҷанг то ҳол пушти саҳна мондааст. Ин ҷо метавонам аз филми мустанади  киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” – “Даҳшати ҷанг” (муаллифи сенария Орзухон Исоев, коргардон Носир Саидов) шуруъ кунам, ки соли 2012 арзи вуҷуд карадааст. Муҳтавои филмро мактубҳои шахсоне ташкил медиҳанд, ки дар рафти ҷанг наздикони худро гум кардаанд. Ба воситаи мазмуни ҳамин мактубҳо муаллифони филм даҳшати ҷангро фош мекунанд. Дар экран мо гуруснагии гурезаҳо, мотами модарон аз марги фарзанд, бепарастор мондани кўдакон, бенавоию танҳо мондани пиронсолонро мебинем. Ин саҳнаҳои фоҷиабор моли хаёлии муаллифон нестанд. Ин саҳнаҳо воқеиятанд, ки тақдири шахсони воқеиро инъикос мекунанд. 

Ин саҳнаҳои воқеии ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандии Тоҷикистон дар радифи Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҷангҳои Ироқу Эрон, Афғонистон, Вйетнам ва дигар ҷангҳои замони пеш рухдода, дар қиёс гузошта шуда, омори натоиҷи манфии даҳшатҳои ҷанг: шумораи ғамангезкунандаи қур­­бон­шудагон, поён рафтани сатҳи зиндагӣ, иқтисодиёт, фарҳанг, зиёд шудани маризону маҷрўҳон ва ғайраро ба муҳокимаи тамошобин мегузорад.

Филми мазкур зарурати доимии ба ин мавзўъ даст заданро ёдрас мекунад. Аммо мутассифона, ин танҳо як зарраест дар таҳлили сабабҳо ва дар хотираи таърихии мардум нигоҳ доштани “дарсҳои” даҳшатбор ва нангини Ҷанг. Синамои тоҷик дар таҳлили сабабҳои ин фоҷеа пеши мардум қарздор аст. Маҳз ба хотири ҳуҷҷатнигорӣ, солҳои ин фоҷиаи бузург, банда филми “Душанбе шаҳри нонҳо”–ро сохтам ва Орзумурод Шарифов  филме таҳия  карда буд, хеле рамзӣ, бо номи “Бачаҳои давраи ҷанг” (фармоиши ЮНИСЕФ, 1995). Ин филм тамошобинро мутаассир мегардонад. Дар навор мо кўдакони бе падару модарро медидем, кўдаконеро, ки ҷанг онҳоро ҳам ҷисман ва ҳам рўҳан маҷрўҳ карда буд. Ва онҳо аз экран қиссаҳои даҳшатборро нақл мекарданд, бо дасту рўи сўхта ва чашмони аз азият хасташуда ба сўи мо калонсолон хомўшона менигаристанд, гўё аз мо чизеро пурсидан мехостанд: ки “Эй бузургони давр, шумо чӣ кор кардед?! Чаро моро ба ин аҳвол гирифтор намудед?!” Ҳоли ҳозир мо бо ин насли бузургшуда ҳамроҳ зиндагӣ дорем. Ин насл камшумор нест. Каме монда, ки ин насл сари қудрат биояд, ҷои насли пиршударо бигирад. Чиро умедвор шудан мумкин аст аз ин насл?! Ў ки дар мактаб дуруст таҳсил накардааст, муҳаббати модару падарро кофӣ эҳсос накардааст, ташнаву нимгуруснаву дар ҷойҳои вайрона шабро рўз карда, ба воя расидааст. Вуҷудаш пур аз алам, пур аз таассуб ва ғазаб. Мо, аҳли ҳунар вазифадорем, ки ақалан ҳозир ба қадри имкон ба ин насл падар шавем, ба онҳо дарси одамият биомўзем...

Оре, имрўз филмҳои дигар низ дар ин раванд пайдо шуданд. Масалан, филми пурраметражаи ҳунарии Марги бегуноҳ” (истеҳсоли “Тоҷикфилм”, соли 2013, аз рўи асари Кароматуллоҳи Мирзо, коргардонҳо Юнус Юсупов ва Асланшоҳ Раҳматуллоев). Устод Юнус Юсупов ва ҳамсабақашон Асланшоҳ Раҳматуллоев аз ҷумлаи коргардонҳои заҳматкашидаи мо ва хеле заковатманду соҳибҳаунранд. Вале мутаассифона, ин филмашон натавонист даҳшати он солҳоро тавре боястӣ ба намоиш гузорад. Фоҷеаи хеле бузург дар филм хеле хурд нишон дода шудаву муаллифон бо наворбардории лаҳзаҳои кутоҳ ва боз то ҳадде нобоварибахш иктифо кардаанд. Дар филм ба умқи воқеа, ботини инсон, сабабҳои он  кор  нагириафтаанд. Ва чаро ин филм, ки бо заҳмату харҷи зиёд, бар асоси романи нависандаи маъруфи тоҷик сохта шуд, натонист мисли филмҳои даврони шуравии ба мавзўъи ҷанг бахшидашуда маъруфу писанди тамошобин гардад? Ҳангоми баррасии ин филм аз ҷониби созандагон (шояд ба иштибоҳи ман бошад) мешунидам, ки мегуфтанд “ҳич ҷанги шаҳрвандӣ қаҳрамон надорад” ва бинобар ин онҳо низ аз ҳич ҷониби даргир қаҳрамоне насохтаанд...

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдиҷангӣ, солҳои бесарусомонӣ ё ба истилоҳ “беқиблагӣ” аз ҷумлаи асарҳои ҷолибу рўзмарра он филмҳое ба ҳисоб мерафтанд, ки мақоми инсонро ҷавҳар ва қутбнамои ҳамаи арзишҳо медонистанд. Маҳз дар ҳамин солҳо филмҳои барҷаста тавлид шуданд: “Қош ба қош” ва “Падари маҳтобӣ”-и Бахтиёр Худойназаров (Олмон), “Командировка”-и М. Юсуфова (Русия), “Бозгашт ба Душанбе”-и Гулбаҳор Мирзоева (Фаронса), “Ҳузур”-и Т. Ҳомидов (киностудияи “Синамо”) ва “Бозгашт”-и Ф. Абдуллоев (“Хаома”,), “Хоки Ватан”-и Орзумурод Шарифов ва Гуландом Муҳаббатова. Ҳамаи ин филмҳо бо қатъият ҷангро маҳкум ва бозгашт ба муҳаббат ва хирадмандиро ҳидоят менамуданд ва аз нигоҳи бозёфти ҳунарӣ ва эстетикаашон нотакрор, пурэҳсос, бо мавқеи гражданиашон хотирнишин буданд.

Боиси ифтихор аст, ки узви бурунмарзии Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон (минбаъд ИСТ) Мўҳсини Махмалбоф дар мазуъи ҷанги шаҳрвандии мо ду филм офарида буд, ки хеле ҷаззоб ва диди инсонгароӣ доранд. Ман филми “Сукут” ва “Марде ки бо барф омад”-ро дар назар дорам.

-  Як вазифаи синамо ҷавоб гуфтан ба талаботи маънавии мардум аст. Яъне, тамошобин бояд на танҳо саҳна бинад, балким аз онҳо лаззати маънавӣ бардорад. Синамои замони истиқлол то куҷо  ҷавобгӯи ниёзҳои маънавии мардум аст?

- Аз филмҳои достонии пурраметражи дар ҳамин панҷсолаи гузашта ба ҷуз ду – се филми истеҳсоли “Тоҷикфилм” ва ё  якҷоя бо он, бештар филмҳои гузаро, хира, бе нур ва бештар тиҷоратии пастсифатро мемонанд, ки арзишу эътимоди синаморо пеши мардум боло набурдаанд. Аз зумраи филмҳои хуб “Оинаи беҷило”, “Сафари ҳавоӣ” ва “Муаллим” мебошанд, ки ба масоили инсон ва ҷомеа нисбатан ҷиддӣ ва бо ҳирфияти арзанда ва ҳам дар қолаби жанр мувофиқ эҷод шудаанд. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки онҳо ҳамчун моли боарзиш дар бозори синамо новобаста аз мақомашон рақобатпазиранд.

Филми “Оинаи беҷило” ҳарчанд тиҷоратӣ ба назар мерасад, аммо тиҷоратии хуб аст. Ба он маънӣ, ки дар он унсурҳои ҷўяндагӣ, ҳирфияти баланд, ҷустуҷўи чизи нав, бозии ҷолиби ҳунармандон, кори хуби наворбардорӣ, истифодаи мусиқӣ – ҳама ба мавқеъ ва пурмаънӣ истифода шудааст.  

 “Сафари ҳавоӣ” (муаллифон ва коргардонони филм Далер Раҳматов ва Гуландом Муҳаббатова, продюсер Акмал Ҳасанов, студияи “Арт-вижен” дар шарикӣ бо “Тоҷикфилм”, 2015) – комилан тиҷоратӣ аст ва нисбати ин филм низ мегўям, ки моли хуби ҳирфаӣ аст. Дар қиёс бо филми “Оинаи беҷило” филми “Сафари ҳавоӣ” дар жанри мураккаб – мазҳака рўи навор омадааст. Дар кулли саҳнаҳо созандагони филм кўшидаанд, ки меъёр ва сифати жанр риоя карда шавад.
Ва ниҳоят, филми Муаллим”, ки чун муаллифи филмнома ҳастам, намехоҳам атрофаш зиёд ҳарф занам. Вале як нуктаро ногуфта наметавонам, ки ин филм устод Марат Орифовро баъди солҳои тӯлонии сукунат дубора ба саҳнаи синамо баргардонд. Ва дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо шуд. Аз ҷумла, дар Иннсбрук (Австрия)   Шоҳҷоизаи “Беҳтарин филм”, дар Эрон ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”, дар Кинофестивали байналмилалии кинои мусулмонии Қазон (Федератсияи Русия) низ соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филмнома” гардид.  Умед аст, Носирҷон минбаъд аз ин қабил филмҳо зиёд эҷод хоҳад кард. Дар воқеъ, бо омадани Носир Саидов ба ҳайси директори “Тоҷикфилм”, фаъолияти студия тамоюли хуби ҳирфаиро касб кард. Новобаста ба ин баъзе ашхоси ба ном “ҳирфаӣ ва донандаи синамои асил” таъна мезананд, ки филмҳои Тоҷикфилм дар кинофестивалҳои байналмилалӣ кам ширкат мекунанд ва дар сатҳи филми оммаписанди С. Қодирӣ “Дар орзўи падар” сохта намешаванд. Вале намегўянд, ки кадом коршиноси байналмилалӣ  ингуна филмҳоро пазируфтаву дар кадом ҷашнвораи байналмилалӣ соҳиби ҷоиза гардидаанд? Мо фаъолияти эҷодии киностудияи “Тоҷикфилм”-ро  хуб арзёбӣ мекунем ва новобаста ба  монополияи истеҳсолиро аз даст доданаш, онро ягона  маркази муаянкунадаи равияхо, сабкҳои кинои миллӣ медонем, ки метавонад онро дар арсаи байналмилалӣ ва бозори ҷаҳонии синамо, муаррифӣ намояд.

Ҷавонон омодаи шуни­дани фикру ақидаи ғайр дар бораи филми худ нестанд

 -  Мехостам аз ҷойгоҳи ҷавонон дар синамо суҳбат кунед. Аз насли ҷавон мо киро дорем?

- Тамоиюлҳое эҳсос мекунем ва моро умедвор мекунад, ки аз миёни ҷавонон дар ояндаи хеле наздик коргардонҳо ва ҳунармандони хуб аз худ дарак медиҳанд ва нишонаҳои он аз ҳоло пайдост. Бахусус, “Тоҷикфилм” таҳри роҳбарии Носир Саидов ҳоло як зумра ҷавононро дастгирӣ мекунад, ки филмҳои хубашон касро аз ояндаи дурахшони онҳо умедвор месозад. Ба назарам филмҳои “Тасфия”, “Ҳамаҷойӣ”, “Гунҷишки сафед”, “Паймон”, ки дар ду барномаи аслии Синамобазми шашуми байналмила­лии “Дидор” 2014:  “Озмуни байналмилалии филмҳои кўтоҳу баланд” ва “Синамои форсизабонҳо” интихоб шудаву  ширкат доштанд, меъёри муаянкунандаи арзанда будан аст ва намунаҳои барҷастаи синамои ҷавони тоҷик дар ду соли охир буда метавонанд. Созандагони аслии ин филмҳо, ки коргардонҳояшон маҳсуб мешаванд,  ба синну сол аз 25 то 35 солаанд.

Ва ҷавонтарини онҳо Румӣ Шоазимов аст, ки соли 2014 коргоҳи В.Меншов ва В. Тумаевро дар ВГИК-и Москва бо филми “Ҳамаҷойӣ” бо баҳои аъло хатм намуд. “Ҳамаҷойӣ” аз назари ман на танҳо дар эҷодиёти коргардони ҷавон балки кинои муосири тоҷик низ асари марҳилавӣ аст. Арзиши аслии ин филм дар ҳама рукнҳои профессионалии он – драматургия, коргардонӣ, ҳунари актёрӣ, тадвин, мусиқӣ ва хусусан наворбардориаш бараъло намоён аст...

Румӣ бо ҳаммаслаконаш мусаввараи тезутунди равониеро эҷод кардааст, ки перостаи асрор ва аз он сўи зеҳн аст. Воқеан Баҳодур Миралибеков бо ширкати Назирмат Мусоев  ва Моҳпайкар Ёрова симои мардеро, ки ба дарди таъқиб гирифтор мешавад, дар ҳамоҳангӣ бо драматургияи фазои ниматорик ва хеле дақиқ сохтаи коргардон, мусиқии ҳаяҷоновару таҳлукабарангези Далер Назаров, наворбардории мўъҷаз, офаридааст. 

Филми дигар “Гунҷишки сафед”, аз рўи ҳикояи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, филмномаи Мўҳсини Махмалбоф, коргардонӣ ва тадвини Диловар Султонов, наворбардор Станислав Макиевский, рассоми таҳиягар Далер Михтоҷев, мусиқии Далер Назаров, коргардони овоз Ҳасан Маҳдавист. Тадвини филм ҳам хеле дақиқу ҳирфаист, ки нишона аз малакаҳои ба дастовардаи коргардони ҷавон дар мактаби Мўҳсини Махмалбоф аст.

“Паймон” бошад филмномаи Бахтиёр Каримов аст, ки бо коргардонии Муҳиддин Музаффар (Ҷўраев), истеҳсоли ТВ  “Сафина” ва Студияи “Танин” (вилояти Суғд) арзи вуҷуд кардааст.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                           

-   Аз ин гуфтаҳои шумо ман метавонам хулоса кунам, ки филбардорони ҷавони мо муваффақанд?

- Албатта, на ҳамаашон. Ҷавонони боистеъдод ба мисли Шарофат Арабова, Румӣ Шоазимов, Диловар Султонов барои расидан то ба ҷои дигар ва манзалати коргардони асил,  бо ҷасорат чунин таҷрубаҳо мекунанд. Аз Мурод Тӯйчиев, ки ҳанӯз донишҷӯ аст, метавонам ном барам, ки бо аввалин филмаш “Қатра” муваффақиятҳое дорад.

Вале ин ҷавонон камбудиҳои зиёде доранд, ки яке аз он тасвири умумиятёфтаи ишқ дар асарҳои онҳост. Дар маҷмўъ ҳамашон аз ишқ мегўянд, ки бастагӣ ба синну соли онҳо дорад. Вале аҷиб он аст, ки ҳам Румӣ, ҳам Муҳиддин ва ҳам Шарофат хиёнат дар роҳи Ишқро бештар, калонтар мебинанду инъикос менамо­янд. Гузашта аз ин “психоаналитикҳои санъат” таъкид кардаанд, ки зинда­гии шахсӣ ва сарнавишти эҷодкор дониста, огоҳона ва бештари маврид ноогоҳона мавзўъ ва заминаву асоси асарҳои офаридгорон мебошанд.

Ва рава­н­­ди нигаронкунандаи дигар он аст, ки аксарияти ин филмсозон қобилият ё таҳаммули нақди осори худро надоранд. Чунин хулосасабарориҳо аз мушоҳидаҳоям дар рўзҳои баргузории синамобазми “Дидор” аст. Ками кам иттифоқ меафтод, ки истеъдодҳои ҷавони мо филмҳои “бегонагон”-ро таҳаммул кунанд. Ҳар кадоми онҳо бештар дар фикру талвосаи он буданд, ки филми ўро чӣ гуна нишон медиҳанд ва маҳз ба филми ў чӣ гуна бархўрд мекунанд. Дидам, ки бештари ҷавонони мо омодаи шуни­дани фикру ақидаи ғайрро дар бораи филми худ, ҳатто агар объек­тивӣ ҳам бошад, надоранд. Ин масъалаи ниҳоят ҷиддӣ аст! Воқеан вақте, ки равандҳои филмсозӣ дар Тоҷикистон чун як системаи муназзам шакл нагирифтааст, ҷавонон ҳам бештар ба худу волидайни худ, ки онҳоро барои расидан ба мақсадҳошон дастгирӣ кардаанд, бештар бовар меку­нанд. Ҳатто ба ҷавононе, мисли Р.Шоазимов ва Ш. Арабова, ки мактаб­ҳои синамоиро бомуваффақият хатм намудаанд, хатари дар зеҳнашон нишастани фикри “дар Ватани худ қадр надоштан” таҳдид мекунад ва мета­вонад боиси тарк кардани он гардад, чуноне ки бо бархе аз синамо­гарони таҳсилдидаву муваффақи кинои тоҷик рух дода буд.

- Шумо дуруст фармудед. Солҳои пеш як зумра филмсозони ҷавон бар асари идомаи ҷанги дохилӣ ва вазъи нобасомони зиндагӣ кишварро тарк карда буданд, ки иддае дар хориҷ дар филмсозӣ муваффақ ҳам шуданд.

- Оре, ба мисли Ҷам­шед Усмонов, Бахтиёр Худойназаров, Фарҳод Абдуллоев, Оқил ва Толиб Ҳомидовҳо, Ҳалима Ҳасанова, Гулбаҳор Мирзоева, Майрам Юсупова, Ҷамшед ва Ардашер Мансуровҳо ва даҳҳо нафар ҷавонони ди­гар. Онҳо Тоҷикистонро тарк карданд ва баъзеҳошон мақоми худро дар синамои Русияву Аврупо пайдо намуданд, вале мутассифона ҳоло дар бораи Тоҷикистон филм намесозанд... Балки филмҳое месозанд, ки дар онҳо манфиатҳои миллӣ ва фарҳангии мо, дарду шодиҳои мо инъикос намешаванд. Зарур аст, ки дар  кинои мо, дар кинои тоҷикӣ низ ҳамон имконоти кинои аврупоӣ ва ё русӣ мавҷуд бошад. Зарурати “падарӣ” кардан ба ҷавонони боистеъдоди мо пеш омадааст. Фазое зарур аст, ки дар он барномаҳои ба нақша гирифтаи ҷавонон амалӣ шаванд.  

- Замоне шумо дар бораи адами бозори дохилии филмҳо изҳори назар карда будед. Ҳоло дар ин самт вазъ чӣ гуна аст?

- Мутасифона, вазъ рӯ ба беҳбудӣ наовард. Аз набудани бозори дохилии филмҳо (дистрибутсия – кино­прокат) на фақат ин маҳсулоти бо машаққат истеҳсолгардида, балки беҳтарин филмҳои ҷаҳонӣ низ барои тамошобинони ватанӣ пешниҳоди саривақтӣ ва фоидаовар карда намешаванд. Сабаби аслӣ– мавҷуд набудани Сохтори давлатии комил ва ягона аст, ки тавонад сиёсати давлатии кинематографияи миллиро идора карда, ба танзим дарорад ва бо равандҳои ҷаҳонии синамо мувофиқ гардонад.

Баъди пошхўрии Шўравӣ ин сохтор бо мушкилоти пешомадаи иқтисо­ди­ву иҷтимоӣ ба ташкилоти худмаблағузори «Тоҷиккино» табдил дода шуда, то соли 1994 зерсохтори Вазорати фарҳанг буд ва баъдан тобеи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Омилҳои асосии таназули ин сохтор ба ҳама маълум аст, вале умдатарини онҳо, фарогир шудани телевизион ва дигар технологияҳои ҷадиди муосир аз қабили  видеои диҷитолӣ ё рақамӣ ва интернет аст, ки бо рақобати шадид ҷойи синаморо то андозае танг кард. Аз омори охири­не, ки мавҷуд аст, шумораи умумии  тамошобинон дар соли 2001 ба 220 ҳазор расид ва 01.01. 2001 – дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 602 кинотеатр боқӣ монда, аз онҳо фақат 74 -тоашон каму беш фаъолият мекарданд.

Новобаста ба ин таҷрубаи давлатҳои соҳибистиқлоли собиқ Шуравӣ гу­во­ҳӣ медиҳанд, ки синамои миллӣ метавонад, дар баробари ин раванд­ҳои шадидан рақобаткунанда, ҳамчун ҳунари хеле муассир ва муҳим по­бар­ҷо бимонад, шаклҳои нави фаъолият пайдо карда, рушд намояд.

Синамобазми “Дидор” аз оғоз то имрӯз

 - Як дастоварди Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ташкили синамобазми “Дидор” аст, ки ҳамакнун ҳар ду сол як маротиба бо ширкати густардаи филмсозони ватаниву хориҷӣ доир мешавад. Ғояи ин киноҷашнвораи байналмилалӣ чи гуна тавлид шуд?

 - Синамобазми (кинофестивали) байналмилалии «Дидор» аввалин ва ягона Ҷашнвораи байналмилалии филмҳост, ки дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзи вуҷуд кардааст. Онро соли 2004, узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, бо собиқаи бештар аз 30 соли фаъолият дар соҳаи синамо, доктори илмҳои фалсафа, синамошинос, узви ФИПРЕССИ, котиби Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон-Раҳимов Саъдулло Хайруллоевич ва бандаи камтарин таъсис додаем ва то соли 2016  шаш давраи онро  ҳамчун барномаи мустақил дар Хонаи кинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, асосан бо сармоягузории Грантҳои Дафтари швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷомеаи кушода” Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва сарпарастии Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон баргузор намудем.

  Чунонки зикр кардем, то кунун  шаш давраи Синамобазми байналмилалии « Дидор» дар шаҳри Душанбе  баргузор шуданд ва барномаи ҳамсафари он «Акси садои Дидор», бо беҳтарин намунаҳои филмҳои давраҳои гуногунаш дар шаҳри Душанбе, шаҳри Хоруғи ВМКБ, шаҳри Курғонтеппаи Вилояти Хатлон, шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва Панҷакенти Вилояти Суғд  ба  намоиш гузошта  шуданд. Тӯли баргузории  давраҳои қаблии  фестивали «Дидор» ба тамошобини тоҷик ва алоқамандони синамои ҷаҳонӣ зиёда аз 500 (панҷсад) филмҳои намуду жанрҳои гуногун намоиш дода шуданд ва зиёда аз 200 нафар меҳмон бо шумули коргардонҳо, ҳунарпешаҳои синамоӣ, синамошиносон ва мунаққидони синамо, таҳиягарони (продюсерони) ҷаҳонии филмҳо ба сарзамини мо ташриф  оварда, аз фарҳанг ва мардуми наҷиби он фақат хотироту тассуроти нек ироа намудаанд.

Аз соли 2006, Синамобазми байналмилалии «Дидор» ба феҳристи Ҷашнвораҳои байналмилалии филмҳои ИДМ ворид гардида, замони баргузориаш 16 октябр- Рўзи кинои тоҷик- то 20 октябр,  собит  шудааст ва дар миёни синамогарони ҷаҳон маъруф гашта, ҳар ду сол  баргузор мешавад.

Ширкаткунадагони аслии ин фестивал аз давраи аввал то кунун, синамогарони Тоҷикистон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Муғулистон, Федератсияи  Русия буданд ва дар чанд давраи он аз Аврупо: Словакия, Фаронса, Маҷористон, аз Осиё: Туркия ва Чин, аз Африқо - Мали, Буркина Фасо ва аз Амрико ширкат доштанд  ва ҳар дафъа то 30-40  нафар меҳмон ба Ватани мо ташриф меоварданд.

 Ҳар Ҷашновораи байналмилалии филмҳо дорои Регламент-талаботи вижаву  шиорест ва шиори аслии Синамобазми «Дидор» иқтибоси маъмулие  аз осори нависандаи ҷаҳонӣ- Р. Киплинг:  «Ғарб ғарб аст, Шарқ шарқ…», гирифта  шуда, барои ширкат дар  барномаҳои аслии он, аз он ҷумла Озмуни байналмилалии филмҳо  синамогарони тоҷик ва давлатҳои хориҷие даъват мешаванд, ки филмҳои ду соли охир офаридаашон ҷавобгўи чунин бартариҳо бошанд:

- то куҷо тасаввуроту фаҳмиши қолабиву шахшудаи «Шарқ»-ро, аз он ҷумла сокинои Осиёи Марказиро шикастаанд;

- то куҷо филми офаридаашон навоваронаву ҳирфаӣ аст;

- то куҷо бинандаро бо инсондўстӣ  фаро мегирад, то ҷонҳоро мунаввар ва қалбҳоро пок созад;

- дар интихоб ба филмхое бартарӣ дода мешавад, ки дар онҳо муколамаи созандаи «Шарқу Ғарб» мавҷуд бошанд, на ҷудоиандозӣ;

- бартарӣ барои интихоб ба филмҳое дода мешаванд, ки дар ду соли охир, то баргузории Синамобазми навбатии «Дидор» сохта шудаанд ва талаботи зикршударо ифода намуда, зернависи инглисӣ доранд;

- барои ширкат дар фестивал яке аз муаллифони аслӣ- коргардон ё таҳиягари филми интихобшуда аз ҳисоби фестивал даъват мегарданд.

Дар баробари ин талабот,  доиркунандагони ин Ҷашнвора  иддио доранд, ки ба ин васила арзишҳои фарҳанги асили дунявиро тақвият мебахшанд ва пеши роҳи фарогир шудани экстремизми диниву  мазҳабӣ  ва хурофотпарастиро мегиранд. Ин иддаои раҳнамои Синамобазми байналмилалии «Дидор» аз фаъолият ва талошҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон сарчашма дорад, то дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тавсеаи арзишҳои демократӣ ва  фаъолияти пурсамари Ҷомеаи шаҳрвандӣ  тамоми шароит фароҳам оварда шаванд.

Инчунин бартарӣ дар интихоб ба  филмҳое дода  мешаванд, ки мақоми зан дар ҷомеа, алалхусус  ҷомеаи суннатии Осиёи Марказиро воқеӣ ва бо ҳирфавияти олӣ инъикос месозанд.

Барномаҳои асосии ин фестивал: Озмуни байналмилалии филмҳои кўтоҳу баланди бадеӣ- то 30 филм буда, бо Ҷоизаҳои қимматнок  дар  се бахш бо қазовати Доварони байналмилалӣ (то панҷ  нафар) эҳдо мешаванд; барномаи вижаи «Синамои муосири форсизабонҳо - Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон» ва инчунин барномаҳое, ки барои бузургдошти синамогари маъруфи ҷаҳонӣ бахшида мешаванд, ё  синамои  муосири давлати ширкаткунадаро дар бар мегиранд,  иборат мебошанд ва дар маҷмуъ дар ҳар фестивал то 100 (сад)  филмҳои гуногунҳаҷму гуногунжанр ба намоиш гузошта мешаванд. Инчунин аз бахшҳои муҳими ин фестивал - Мизҳои мудаввар бо ширкати меҳмонон, мутахасисони ҳирфаии синамо ва алоқамандони он дар мавзўъҳои муҳимми синамои муосири ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ,  мастер-классҳои онҳо бо синамогарони ҷавони тоҷик мебошанд.

Баргузории Синамобазми ҳафтуми байналмилалии «Дидор» аз 16 то 20 октябри соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.

 Одатан ҳар чашнвораи навбатӣ ба бузургдошти синамогари маъруфи ҷаҳонӣ ва тоҷик эҳдо мегардад. Синамобазми ҳафтуми байналмилалии «Дидор» ба Ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  бахшида шуда ва ба бузургдошти коргардони  маъруфу ҷаҳонии синамои миллии тоҷик- Бахтиёр Худойназаров, ки мутассифона  хеле  ҷавон, дар сини 50  солагӣ вафот кард, эҳдо мешавад.

-  “Дидор” чӣ гуна сармоягузорӣ мешавад? Барои тавсеъаи минбаъдаи он чӣ корҳо дар назаранд?

- Бояд зикр кунам, ки бо Карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 31.01.2015, №36,  ба “Нақша чорабиниҳои таҷлили Ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” ворид шудааст ва мо бояд дар хамкорӣ бо Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, онро дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор намоем. Дар ҷаласаи ҳамоҳангсозие, ки чанд рӯз қабл бо ширкати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода А.А., рохбарону масъулони идораҳои марбута доир шуд ва ба ин нукта таъкид гардид.

Алъон Гуруҳи кории Синамобазми “Дидор” машғули барномасозӣ, интихоби филмҳо барои бахшҳои гуногуни давраи ҳафтуми он  хастанд.

Умедворем, ки аз кӯмаку дастгирии бевоситаи сохторхои давлатӣ, сармоягузорони ватанӣ бебахра намемонем. Инчунин, мисли ҳарвақта ба ташкилоти байналмилалие, ки барномаҳои фарҳангии моро дастгирӣ менамоянд, муроҷиат кардаем, то онро сармоягузорӣ намоянд.

Имкон дорад, ки намоиши филмҳо, барномаҳои гуногуни Синамобазми “Дидор” ба ғайр аз толорҳои Хонаи кинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон (собик кинотеатри “Зебуннисо”), боз дар толорҳои тозабунёди “Кохи Наврӯз” ва Маркази савдои “Ашан” (чор толори синамоии муосир) ба намоиш гузошта шаванд. Ба ин васила  сифати намоиши филмҳо бо дастгоҳҳои навтарини ин толорҳои муҷаҳҳаз беҳтар гашта, Синамобазми “Дидор” аз канори шаҳр ба маркази он кашонда шавад ва муҳимтар аз ҳама шумораи тамошобинони ин Ҷашнвораи байналмилалӣ дучанд гардад. Мо дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио, киносдудияи давлатии “Тоҷикфилм” барои амалӣ шудани ин нақшаҳо талош мекунем.

 Мусоҳиб Бобоҷони Шафеъ

барчасп: