Бостоншиносони ҷавони ИДМ Саразмро омӯхтанд

Як гуруҳ аз бостоншиносони ҷавони давлатҳои аъзои ИДМ давоми як ҳафта мавзеи таърихии Саразмро омӯхтаанд.
Аз Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, ки бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуминитарии ИДМ аз 11 то 17-уми июли соли равон дар мавзеи ёдгории кишоварзии Саразм  Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои ИДМ – ро баргузор гардид.
Дар Академия мегӯянд, ин маротибаи сеюм аст, ки Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои узви ИДМ – ро баргузор мешавад ва олимони ҷавони бостоншинос аз кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. “Дар Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон олимони бостоншиносони варзидаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда ба олимони ҷавони ИДМ аз таҷрибаи кории худ ва дастовардҳои бостоншиносони тоҷик суҳбатҳо оростанд.”
Дар кори Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон 26 олимони ҷавони ИДМ аз ҷумла 5 нафар аз Федератсияи Россия, 5 нафар аз Ҷумҳурии Молдова, 5 нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 4 нафар аз Ҷумҳурии Арманистон, 4 нафар аз Ҷумҳурии Белорусия, 3 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва 11 нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати 7 рӯз дар ёдгории таърихии қадимаи Саразм, Панҷакенти қадим ва ёдгории Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакенти бостонӣ таҷрибаи корӣ омӯхтанд.