Субҳони Сайид-овозхони саршиноси тоҷик даргузашт

Субҳони Сайид-овозхони саршиноси мусиқии поп дар синни 56-солагӣ, баъди бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт. Ҳамчуноне писари марҳум Амиршои Субҳон, гуфт, падараш панҷ рӯзи охир дар бемористони маъруф ба “Медгородок” бистарӣ буд ва аз бемории асаб ранҷ мекашид.
Фурқати Сайид, овозхони номдори тоҷик ва яке аз шогирдони муваффақи Субҳон Сайид хабари марги бармаҳали устодашро аз аввалинҳо шуда дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод. Бино ба навиштаи ӯ Субҳони Сайид субҳи бармаҳали рӯзи сешанбе, дар остонаи Иди Фитр ва охирин рӯзи моҳи шарифи Рамазон олами фониро тарк гуфт ва роҳ ба сӯйи олами боқӣ гирифт.

Субҳони Сайид зодаи Ҳисори шодмон буда, сар аз аввали солҳои 1980 ба саҳнаи мусиқии поп ворид шуд ва бо аввалин сурудаҳои дилнишин ва садои марғубаш ба дили ҳазорн шунаванда ва мухлисони тарона ҷо гирифт.

Субҳони Саид моҳи сентябри соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, таълими 8-соларо дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъдан, се соли боқимондаи таҳсилро дар Омӯзишгоҳи санъати ноҳияи Рӯдакӣ идома додааст. Солҳои 1979 то 1981 дар шаҳри Маскав хидмати сарбозӣ карда, баъд аз он фаъолиятро ба ҳайси киномеханик дар шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор шуруъ намудааст.

Солҳои 1983-85 дар ҳайати ансамбли эстрадии “Суғдиён” кор карда, соли 1986 барои кор ба дастаи ҳунарии устоди зиндаёд Зафар Нозим - “Ганҷина”   даъват шудааст. Баъдан ба дастаи Кароматуллоҳи Қурбон пайваст ва дар кутоҳмуддат ба яке аз сарояндагони муваффақи мусиқии под дар дастаи ҳунарии “Гулшан” табдил ёфт.

Тирамоҳи соли 1992 Кароматуллоҳи Қурбон ва дастаи ҳунарии ӯ шабонгаҳ ҳини бозгашт аз ноҳияи Ёвон аз дасти ғосибон кушта шуд ва баъди ӯ сарварии ансамбли овозадори “Гулшан” ба уҳдаи Субҳони Сайид уфтод.

Аввали солҳои 2000 муддате бо сабабҳои номаълум аз саҳна дур шуд. Баъдҳо худи ӯ иттилоъ дод, ки нашъманд шуда буд ва табобат гирифт. Гумон меравад ҳамин иртибот бо мухаддирот тадриҷан аввал ӯро аз саҳна дур кард ва баъдан мубталои бемориҳои зиёд шуду дигар ба саҳна барнагашт. Дарду ранҷи танҳоӣ ва дурӣ аз олами санъату ҳампешагон ба дардҳои ӯ илова шуданд. Вале соли 2011 дӯстон ва шогирдонаш як барномаи консертиро бо ширкати Субҳони Сайид роҳандозӣ карданд ва чуноне аз суҳбатҳои ошкораш дар матбуот бохаб шудем, овозхони мумтоз аз ин талошҳо руҳу илҳом гирифт ва азмашро барои бозгаштан ба саҳна қавӣ кард. Вале боз ҳам бемориву ранҷурӣ барояш он имконро фароҳам намеовард, ки орзуҳояшро амалӣ созад.

Тадриҷан Субҳони Сайид аз хуруҷи бемориҳои гуногун хонанишин шуд. Охирин навори ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, ки бо хондани шеър дар бораи муҳоҷират ҳамаи муҳоҷирони кориро даъват мекард, ки зудтар ба Ватан баргарданд ва аз сарнавишти фарзандонашон бехабар намонанд. Шеъри пуралам ин мисраъҳоро дошт:

“Попӯши ягонаам даридаст, додо,
Ҳ
уш аз сари сахти ман паридааст, додо.
Пойҳои кафидаам чунон хуншоранд,
Ин ҳоли маро саге надидаст, додо...

Фурқати Сайид дар таъзияи дардомезе навишт: “Ду соат кабл дили поки хунарманди нексиришту баландпарвоз Субҳони Саид аз тапидан бозмонд...Ӯ орзуҳои ширинашро бо худ ба домони хок бурд...Таронаҳои носурудааш дар гулӯяш бозмонд...”

Сайидабдуллоҳ Нуриддинов, як корбари Фейсбук навишт: “Дар рӯзҳои нек, дунёи фониро падруд гуфтанду рафтанд! Охирин эчодиёти эшон, ин шеьр дар бораи муҳочирон буд. Дар вақти хондани ин шеър медидем, ки борони ашк аз дидаҳояшон берун мерехт. Руҳашон шоду қабрашон пурнур ва хонаи охираташон обод бошад”!

Барот Қодиров, як корбари дигар Фейсбук низ навишт: Имрӯз сарояндаи эстрадаи тоҷик Субҳони Сайид зи мо рафтанду ба Ҳақ пайвастанд. Худованд биҳиштӣ гардонад ин санъаткори асили эстрадаи тоҷикро. Чӣ сурудҳову орзуҳои худро ба хок бурд. Бо сабабҳои беморӣ ду соли охир натавонистанд, то суруду оҳангҳои худро сабт намоянду ба саъми мардум бирасонад. Номи некашон ҷовидони бодо!”

Бино ба гуфтаи худи Субҳон соли 2002 аз ҳамсараш ҷудо шуд ва чор писарашро ба танҳоӣ калон кард.  “Худо ба ягон инсон дард надиҳад. Ягон мӯи сараш осебе набинад. Инсон, ки ба ягон касалӣ гирифтор мешудааст, дову датсгоҳе, ки дорад, ҷӯраҳо... ҳамааш фақат гап будааст, - шиква карда буд ӯ.

барчасп: