Фарҳанги сулҳофарии пешвои миллати тоҷикон

Дар ин пажўҳиш нақши сулҳофаринии пешвои миллати тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф дар заминаи таҳлили марҳилаҳои раванди сулҳи тоҷикон, иқдомҳои давлату ҳукумат дар роҳи эҳёи анъанаву суннатҳои мардумӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, барқарор намудани мавзеъҳои таърихӣ ва амсоли ин нақши калиди доштани Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули фарҳанги сулҳофарӣ, арҷгузории фарҳанги миллӣ ва ба ин васила бедор намудани ҳисси ватандўстӣ, худшиносӣ ва қавигардонии рўҳияи созандагии мардум нишон додааст.

Фарҳанг доманаи густурда дорад ва дар ҳама замонҳо рисолати созандагии миллатҳову халқиятҳоро дорост. Ҷомеаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар ҳама талошҳо муваффақанд. Мо ин гуфтаро дар ҳаёти кишварҳои абарқудрати имрўза дида метавонем, ки маҳз тўли садсолаҳо бо гиромидошти фарҳанг ва тақвияти ҷабҳаҳои фарҳангӣ тавонистаанд, ки дар арсаҳои ҷаҳонӣ нуфузу эътибор пайдо намоянд. Имрўз наметавон дарёфт он кишвари абарқудратеро, ки бидуни ҷилои фарҳанги аҷдодиву мулкии худ арзи ҳастӣ дошта бошад. Онҳо дар навбати аввал дар роҳи «системасозиҳо»-и минтақавию ҷаҳонӣ маҳз ба фарҳанги худ такя менамуданд ва менамоянд. Асри гуфтугўи тамаддунҳо, ки чанд даҳсола боз аҳли башар аз он барои худ мазмунҳоро ҷўё мешавад, давоми мантиқии андешаи болост, ки иртиботи қавӣ ба авзои иҷтимоиву сиёсии ҷаҳони имрўза дорад. Дар ҳақиқат фарҳанг ба як омили созандаи шоҳроҳҳои бузурги иҷтимомиву сиёсӣ низ табдил ёфтааст, ки ин ҳукмро қисман раванди ҷаҳонишавии имрўза собит мекунад. Аксар қазияҳои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрўз ба бархўрди фарҳангҳо иртибот доранд.

Боиси фараҳмандиву қаноатмандист, ки давлату ҳукумати кишварамон ин ҷиҳати ҳассосиятдоштаро бо хубӣ дарк намудааст. Алалхусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як роҳанамои миллат бо қадрдонӣ намудани фарҳанги миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, алакай қадамҳои устувори худро дар ин ҷабҳа гузоштааст. Пешвои миллатамон тавонист, ки мо тоҷиконро чун соҳибу молики фарҳанги воло дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Дар аввалин рўзҳои вазифаи пурмасъулияти роҳбарии давлатро ба дўш гирифтан, ки Тоҷикистон дар ҳолати нобудӣ қарор дошт ва миллат парокандаву муҳоҷиру сарсон буд, ба ҳамватанони дар ғурбат қарор дошта аз минбари баланди ВАО иброз дошта буд: «…Ба ватан биёед. Шуморо хонаву даратон интизор аст. Ба иғво дода нашавед. Ман ба шумо кўҳи тилло ваъда намекунам. Танҳо онро мегўям, ки агар як пора нон ҳам дошта бошем, онро бо ҳам мебинем». Мантиқи ин даъвати кўтоҳ дар худ фарҳанги бузургеро нигоҳ медошт. Ин оҳанг аз фарҳанги инсондўстонаи чандинҳазорсолаи машриқзамин бармеояд, ки саршори ҳикматҳои бузург аст. Ин садо аз олами пурғановати фарҳанг танин дошт ва ин ҷумларо он рўзҳо фарде гуфта метавонист, ки агар дар замири ў оташи фарҳангу маънавиёти баланде ниҳон буд. Аввалин даъват дар аввалин рўзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати фарҳангӣ дошт. Фарҳанги ҳадису қуръонӣ, фарҳанги бародарӣ, фарҳанги дўстӣ, фарҳанги рафоқат ва фарҳанги сулҳу ваҳдат, ки миллат он рўз ба он шадидан ниёз дошт, имрўз низ ба он ниёз дорад ва фардоҳои дигар низ ба он ниёз хоҳад дошт. Фарҳанг барои миллати тоҷик сулҳро асос гузошт ва ин аст, ки фарҳанг барои миллати тоҷик чун ганҷи муқаддас бебаҳост. Ҳар ки ин ганҷро гиромӣ медорад, Худованд ўро комёбу фотеҳи ҳаёт мегардонад. Ин марди Худододро низ фарҳангӣ буданаш ва гиромидошти фарҳангияш дар ақсои олам шуҳрат бахшид. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо бо фарҳанги баланди худ тавонист, ки дар дили садҳо ҳазор ҳамватанони муҳоҷир шўълаи умед бахшад. Дар ваҳдати миллати тоҷик на молу амвол, на тиру туфанг ва на таҳдиду фишор, балки фарҳанг нақш дошт. Ин пешвои аз байни халқи одии заҳматкаш рўида тамоми паҳлуҳои давлатсозиву таҳкимбахшии миллатро дарк кард ва гуфт: «Фарҳанг ҳастии миллат аст». Ҳамин буд, ки бо ин фарҳанг давлат бунёд намуд, сулҳ офарид, ваҳдати миллатро таъмин намуд ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон аз нав бо ин фарҳанг халқи тоҷикро неруву тавони аз дастрафтаро бахшид. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат кори давлатдории худро бо фарҳанг оғоз намуд. Далели ин гуфта авзои иҷтимомиву иқтисодии соли 1999 мебошад, ки дар он солҳо кишвари акнун аз оташи низову нооромиҳо раҳогаштаамон дар роҳи бунёду барқарорсозиҳо аввалин қадамҳоро мегузошт. Бо вуҷуди ҳама мушкилот дар маркази пойтахти ватанамон қад афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ ба тамоми ҷаҳониён мужда дод, ки миллати кўханбунёди тоҷик буд, ҳаст ва талошҳо дар роҳи маҳви он як хаёлу ҳадафи ботил аст. Эмомалӣ Раҳмон нахуст гўё пайкари ин миллатро тавассути як навъи фарҳанг барқарор кард, ки тўли садсолаҳо дар миёни тирагиҳову ғубор қарор дошт. Ин худ як падидаи бузурги фарҳангӣ буд, ки халқи тоҷик дар оғози ҳазорсолаи нав чун як фоли нек – Исмоили Сомонии худро пайдо намуд. Аз ҷониби сарвари давлат ин иқдом як омили бузурги баланд бардоштани маънавиёти миллат буд. Исмоили Сомонӣ бо фарҳанги баланди худ  аввалин давлати тоҷиконро сохта буд, ки ҳанўз ҳазор сол қабл намуна барои дигарон дониста мешуд. Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш  аз парокандагӣ наҷот бахшад. Маҳз ў буд, ки имрўз тоҷик сарҷамъ аст ва нагузошт, ки «табартақсим»-и дигаре мулки аҷдодии моро пора созад. Фарҳанги сулҳофарии ў ибратомўз ва ҳамзамон мояи ҳасади тангбинон аст. Пешвои миллат сипари фарҳангиеро сохт, ки кафолати бақои миллату халқи тоҷик аст. Ин фарҳанги сулҳофарии ў мўҷиби ҳайрати ҷаҳониён аст ва ин сифат буд, ки имрўз не, имсол не, балки алакай бист сол қабл ў чун пешвои аслии миллати тоҷик шинохта шуда буд. Имрўз баъзан мешунавем, ки бо пешниҳоди фалону фалон ба ў унвони пешвои миллат дода шуд. Ин андешаву гумон саҳеҳ нест. Касе бояд имрўз бо ин андеша миннат бунёд насозад, балки  Эмомалӣ Раҳмонро фарҳанги сулҳу ваҳдатофаринияш пешво намуд. Фарҳангҳои аз дастрафтаро эҳё бахшиданаш ўро роҳнамои миллат сохт. Ин ҳам падидаи фарҳангист, ки ўро акнун пешво меномем. Зеро ин падида боз як омили муттаҳид гаштани тоҷикон дар атрофи ў мебошад.

Пешвои миллат аз нахуст ба фарҳанг такя менамуд ва имрўз низ корбаст аз фарҳанг шеваи фаъолияти доманадори ўст. Таҷлили чорабиниҳои фарҳангӣ, симпозиуму конференсияҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили солгарди фарзандони барўманди миллат, таҷлили санаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди иншоотҳои замонавӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои ҳазорсолаи миллӣ, қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, тавассути баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ тарғиб намудани фарҳанги пурғановати миллӣ дар кишварҳои бурунмарзӣ, баргузории  рўзҳои фарҳангиву ба роҳ мондани сафарҳои ҳунарӣ ва амсоли он аз аввалин рўзҳо дар маркази таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор доштанд ва доранд.

Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус, Пешвои миллат аҳли ҳунару санъат пайваста зери таваҷҷуҳи хоса қарор доранд. Арҷгузориву қадрдонии заҳмату хизматҳои онҳо аз маркази диққати Пешвои миллат дур нестанд. Бунёди муассисаҳои муҳташами фарҳангӣ, мақоми давлатӣ гирифтани як қатор муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили ансамблҳои “Шашмақом”, “Фалак” ва таҷлили ҳамасолаи ҷашнҳои “Наврўз”, “Меҳргон”, “Рўзи Шашмақом”, “Рўзи Фалак”, “Рўзи Китоб”, инчунин дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ гувоҳи талошҳову нақшҳои Пешвои миллатанд. Ҳангоми гузоштани хишти аввалин ва нома ба наслҳои оянда дар бунёди  бузургтарин театри замонавӣ дар маркази пойтахт Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буд: “Имрўз Парлумон ба бинои нав ниёз дорад, аммо мо сарфи назар аз ин эҳтиёҷот бунёди ин театри замонавиро заруртару муҳим медонем. Зеро ки он моли фарҳангии миллат мешавад.” Ин нуқта баёнгари он аст, ки ў фарҳангро дар сиёсати худ муқаддам мешуморад.

 Бо тасмими бевоситаи Пешвои миллат бунёди яке аз бузургтарин масоҷиди Осиёи Марказӣ дар як гўшаи пойтахт босуръат идома дорад, ки рухдоди бузурги фарҳангӣ дар тамоми ҷаҳони исломӣ хоҳад буд. Ҳайкали Исмоили Сомонӣ, осорхонаву китобхонаи миллии замонавӣ, парчаму нишони миллии партавнишон, бинои муҳташами Қасри Миллат ва чанде дигар, ки дар маркази шаҳр ба таври рамзӣ дар як ҳудуд қомат афрохтаанд,  худ як гувоҳномаву маълумотномаи бузурги фарҳанги миллати кўҳанбунёди мост. Ин бунёдҳо барои наслҳои минбаъда рисолатҳои ҳазорсола дошта, дар роҳи шинохту ҳастии миллати тоҷик чун як кафолат ва ҳуҷҷат мебошанд.

Бо эътимоду қаноатмандӣ иброз медорем, ки зери роҳнамоии ин абармарди замон маънавиёту маърифати миллат дар роҳи худшиносиҳо ба маротиб боло рафта истодааст. Таҷлили солгарду мавлудҳои фарзандони шоиставу фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абўабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абўҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 680 ва 700-солагии олим, шоир ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, 100-солагии Бобоҷон Ғафуров, 100-солагии Мирзо Турсунзода, 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ, 100-солагии Ғаффор Валаматзода ва монанди ин  худ як омили бузурги таконбахшанда дар роҳи баланд гаштани маънавиёти ҳамдиёрони мост. Таҷлили ин солгардҳо ба мақсади тавлиду камоли ин гуна фарзандони миллат мебошанд, ки бо гузашти вақт боиси ифтихори наслҳои оянда хоҳанд шуд. Миллати тоҷик таъриху фарҳанги ҳазорсолаҳоро соҳиб аст. Барои шинохти ин таърих санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кўлоби Бостон, 3000- солагии Ҳисори Шодмон дар сатҳи байналмилалӣ бо иштироки ҳазорон нафар меҳмонони хориҷӣ  ҷашн гирифта шуд. Рушди фарҳангу маънавиёти ҷомеа, асли ҳадафи ин ҳама тасмимҳост.

Сарвари давлатамон  шахсияти фарҳангдўстест, ки дар самти эҳё ва дастгирии анъанаҳои миллии ниёгон аҳамияти хоса зоҳир менамояд. Зинданамоии намунаҳои беҳтарини суннатҳо ва анъанаҳои аҷдодӣ дар замони истиқлол суръати хосро пайдо кардааст. Ҳамин аст, ки зина ба зина номгўӣ анъанот ва суннатҳои мардумӣ эҳё ва дар байни мардум густариш мебанд, ки ин як омили муҳимми дигар дар роҳи бештар гаштани маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон дар байни халқаш мебошад. Махсусан солҳои охир намунаҳои беҳтарини фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллӣ дар кулли минтақаҳои кишвар инкишоф меёбанд, ки аз воситаҳои беҳтарин дар мусоидат кардани пешрафти маънавии ҷомеа ба шумор мераванд. Ҷои инкор нест, ки дар давоми даҳ соли охир ҳунари чакандўзӣ, гулдўзӣ, зардўзӣ, кандакорӣ, кашидадўзӣ, қолинбофӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, алочабофӣ, намадмолӣ, бурёбофӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, косаву қошуқтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, достонсароӣ, қиссахонӣ, фалаксароӣ ва дигар намуди суннат ва анъанаҳои миллӣ дар қолаби қадимӣ ва шаклу услуби нави миллӣ зинда гаштаанду дар паи рушд қарор доранд. Пешвои миллат дар сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз саҳнаҳои намоиши ин ҳунару анъанаҳо махсусан дидан менамояд. Бо аҳли ҳунар суҳбату пурсишҳо анҷом медиҳад. Аз асрори касбу ҳунарҳои мардумӣ воқиф мешавад ва дастуру маслиҳатҳои худро барои пешрафту нумўи ин ҳунарҳо дареғ намедорад. Ҳамин аст, ки бо дастгирии моливу маънавии Сарвари давлат маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳҳои дохилу хориҷи кишвар ба тамошо гузошта мешаванд, ки як навъ муаррифгари фарҳанги тоҷикон дар миқёси ҷаҳон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон чун роҳнамои оқили миллат тавонистааст, ки фарҳангро ба як омили таҳкимбахши ваҳдату ҳамдигарфаҳмии ҳамватанон табдил диҳад. Маҳз бо таъкиду дастури ў сол ба сол дар ҷумҳурӣ шумораи чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ зиёд гашта истодаанд, ки мардумони ҳама минтақаҳои кишварамонро гирди ҳам меоранд. Махсусан чун як мактаби бузурги тарбияи фарҳангии наврасону ҷавонон ин иқдомҳо натиҷаҳои мусбатро соҳибанд. Чунончӣ  баргузории Фестивали байналмилалии дастаҳои ҳунарии касбии этнографии «Садои дилҳо» бахшида ба «Соли тамаддуни ориёӣ», Фестивали ҷумҳуриявии кўдакони болаёқат «Сапеда»,  Фестивал – озмуни эҷодиёти бадеии халқ – «Андалеб», «Чакомаи Гесў», Фестивали ансамблҳои тарона ва рақс – «Бўйи ҷўйи Мӯлиён», Фестивал – озмуни «Оши палов», Фестивали «Ҷилваи чакан», Фестивали ҷумҳуриявии наътхонӣ, Фестивали ҷумҳуриявии Ҳафтаи китоби бачагон ва наврасони Тоҷикистон», Фестивал – озмуни вилоятии бачагонаи «Донак»  (вилояти Суғд), Озмуни вилоятии «Ғунчаҳои санъат» (ВМКБ), Фестивал – озмуни ансамблҳои оилавӣ (ВМКБ), Фестивали «Таронаи чакан» (вилояти Хатлон) ва ғайраҳо боис гаштаанд, ки худшиносии маънавии наврасон  босуръат боло равад. Тадбирҳо ва дигар ибтикороти фарҳангии Пешвои миллат низ дар роҳи ваҳдату дўстӣ ва худшиносиву баланд гаштани сатҳи маънавию фарҳангии аҳли ҷомеа мусоидат намуда истодаанд. Таҷлилу эҳёи суннатҳои мардумӣ ва баргузории чорабиниҳои васеи фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадаанд, ки шодиву нишот ва қаноатмандии тамоми қишрҳои  имрўзаи ҷомеаи мо мебошад.

Равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалии фарҳангӣ бо кишварҳои дуру наздик имрўз бозгўи симои миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин ҳамаро мо дар шартномаҳои фарҳангии байнидавлатӣ, бо кишварҳои аъзои СҲШ (ШОС) ва ҳамкориҳо дар сатҳи СММ, ЮНЕСКО, ИСЕСКО ва монанди он дарёфт менамоем, ки дар ин самт низ заҳматҳои Роҳбари давлат мавриди зикр мебошанд.  Дар ин роҳ заминаҳои зиёд муҳайё гаштаанд, ки намунаи беҳтарини он қабул гаштани «Консепсияи рушди фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2005 мебошад. Консепсияи мазкур равандҳои мақсадноки илмию амалии соҳаҳои мусиқӣ, драматургия, санъати тасвирӣ, хореографӣ, фаъолияти осорхонаву китобхонаҳо, хонаҳои фарҳанг, боғҳои истироҳат, муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъатро фаро мегирад. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо», «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ», «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ», «Дар бораи табъу нашр», барномаҳои давлатии «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» ва амсоли онҳо заминаи устуворе дар ташаккули фарҳанги миллӣ гузоштаанд...

Имрўз ба симои пойтахти кишварамон менигарем ва пеши назар як шаҳри фарҳангие ҷилва менамояд, ки бозгўи таърихи ҳазорсолаҳост. Биноҳои муҳташами гунбазшаклу дорои манораҳо шаҳрҳои қадимии миллатро ба ёд меоранд. Зебу зиннати миллӣ ва баъзан нақшҳое дар болои гунбазҳо ифодаву мафҳуми “тоҷик”-ро кушодан мехоҳанд. Ин ҳама хидматҳои шоистаи Пешвои миллат мебошад, ки фарҳангро арҷгузорӣ кардааст. Ин таҳаввулот ба ҳамаи мо умед бахшида метавонад, ки ин сиёсати фарҳангии Эмомалӣ Раҳмон давлату миллату марзу буми моро чун сипари тавоно тўли ҳазорсолаҳо боқӣ мемонад.









Шамсиддин  Орумбекзода,
Вазири фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон