Activities calendar

18 июля 2019

Маънии "Фалак"-ро зи фалак бояд ҷуст

Дар нимаи дувуми қарни 20-ум дар суннати фалаксароӣ як таҳаввулоти беандоза нодир рух дод. Ба олами фалаксароӣ бонуи хеле ҳунарманду хушовоз ва шахсияти тавоно - Гулчеҳра Содиқова ворид гардид. То ин замон на дар мақомхонӣ ва на дар ҳунари фалаксароӣ занон кӯшиш намекарданд. Бо амри тақдир, дар равиши пурэъҷози рушди мусиқии миллӣ дар мақомсароӣ Барно Исҳоқова ва дар фалакхонӣ Гулчеҳра Содиқова бо як олами нав, назокати дилангез ва нолаҳои ҷонсӯз арзи ҳастӣ намуданд. Воқеан, Гулчеҳра Содиқова