Activities calendar

02 мая 2019

Ташвиқ ва таблиғи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Суғд ва Хатлон

Бо мақсади ҳифз ва гиромидошти мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар олимони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот рўзҳои 16-18 апрели 2019  дар  Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхўҷа Асирии шаҳри Хўҷанд ва рўзҳои 20-22  апрели соли равон дар Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Бохтар семинари омўзишӣ баргузор намуданд, ки дар он намояндагони шуъбаҳои фарҳанг ва осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Хатлон ширкат доштанд. Семинар-тренинги мазкур дар доираи лоиҳаи ҳамкориҳои ПИТФИ бо Маркази байналмилалии иттилоотию шабакавии мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором (ICHCAP) оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва мавзўъҳои марбут ба он  созмон ёфтаанд.

барчасп: