Activities calendar

22 июня 2016

Васфи ваҳдат ва ватан дар намунаҳои фолклори тоҷик

Як сол қабл, дар ҷашни 18-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши баланд доштани падидаи таърихии Ваҳдати тоҷикон ва зарурати омўзиши онро чунин таъкид намуда буданд:
«Таҳлилҳои таърихӣ, илмӣ ва муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки мо метавонем роҳи дар даврони истиқлолият тайкардаи худ, инчунин ваҳдати миллиро ҳамчун бозёфти нодири халқамон муаррифӣ намоем. Зеро таҷрибаи ваҳдати

Се воқеаи сарнавиштсоз дар таърихи навини Тоҷикистон

Дар таърихи навини Тоҷикистон се воқеаро тақдирсозу фаромўшнопазир метавон арзёбӣ кард: Рўзи истиқлолияти давлатӣ, баргузор гардидани Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ. Агар гўем, ки тамоми дастоварду комёбиҳо ва пешрафту тараққиёти замони замони истиқлолият ба ҳамин воқеҳои таърихӣ марбутанду аз онҳо сарчашма мегиранд, хато нахоҳад шуд. Аз ин рў ин се воқеаи тақдирсоз бояд дар таърихи навини кишвари соҳибистиқлоли мо бо хатти заррин сабт карда шаванд.

Омилҳои пойдории Ваҳдати миллӣ

Ваҳдат–неъмати бебаҳои лоязолист, ки чун обу хоку ҳаво ва нури хуршед барои ҳаёти одамон зарур буда, омили асосии сарҷамъии миллат, пойдории давлат, тинҷию амонии кишвар ва зиндагии хушу осудаи мардуми тоҷик мебошад. Ин ваҳдати ҷовидонӣ, ки армони чандинасраи миллати ҷафокашидаи тоҷик буд, дар пояҳои сулҳу оштӣ ва бахшиши тарафҳо устувор гардида, чун навҷавони солиму нерўманд, бо дили пур аз меҳру орзу ба сўи ояндаи дурахшон қадам мезанад.
Дар солҳои пурошўби ҷанги шаҳрвандӣ роҳи ягонаи наҷоти миллати тоҷик ва давлати